ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ БОЗСОЗИИ МИНБАЪДАИ ИНФРАСОХТОРИ РАҚАМӣ БО МАҚСАДИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ

Солҳои охир бобати рушди иқтисодиёти рақамӣ чораҳои мустақим андешида мешаванд, дар мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигар давра ба давра низоми коркарди электронии ҳуҷҷатҳо ҷорӣ ва барои хидматрасонӣ ба ашхоси ҷисмониву ҳуқуқӣ тиҷорати электронӣ истифода мешаванд.

Баробари ин таҳлили ҳолати воқеӣ аз номукаммалии маҳсулоти ҷории барномавӣ шаҳодат медиҳанд, ки ба набудани платформаи ягонаи иттилоотиву технологӣ, ки қаробати марказонидашудаи низоми маълумотро таъмин мекунад, вобастааст.
Ба мақсади фароҳам овардани шароит барои рушди ҳарчи зудтари иқтисодиёти рақамӣ, минбаъд такмил додани низоми идораи давлатӣ, баланд бардоштани дастрасии он барои истифодаи инфрасохтори замонавӣ:
1. Ба маълумот гирифта шавад, ки:
Оҷонсии миллии идораи лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Оҷонсӣ) мақомоти ваколатдори соҳаи ҷорӣ кардан ва инкишоф додани иқтисодиёти рақамӣ ба шумор меравад;
Бунёди дастгирии рушди иқтисодиёти рақамӣ «Эътимоди рақамӣ» дар шакли муассисаи давлатӣ (минбаъд – Бунёд) таъсис дода шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии он ҷалб ва муттаҳид кардани маблағҳои сармоягузорон барои дар шароити шарикии давлативу хусусӣ татбиқ сохтани лоиҳаҳои соҳаи рушди иқтисодиёти рақамӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои «блокчейн» маҳсуб меёбад.
2. Ба таклифи Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо (минбаъд – Вазорат), Кумитаи давлатӣ оид ба кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат, Оҷонсӣ, Вазорати иқтисодиёт, Вазорати молия, Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи бидуни подош ба Бунёд додани саҳмияҳои давлатии сармояи оинномавии ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Universal Mobile Systems» (минбаъд – оператор) дар ҳаҷми 100 фоиз ризоият дода шавад. 
3. Муқаррар карда шавад, ки:
молу мулки мувофиқи қарори мазкур гирифташудаи Бунёд мавриди андозситонӣ бинобар андоз барои даромади шахсони ҳуқуқӣ қарор намегирад;
саҳмияи сармояи оинномавии оператор, ки мувофиқи қарори мазкур дода мешавад, ба андозситонӣ аз даромади шахсони ҳуқуқӣ ва андоз барои арзиши иловагӣ ҷалб намегардад.
4. Ба Оҷонсӣ ва Бунёд супурда шавад, ки бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ дар зарфи ду моҳ Консепсияи рушди ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Universal Mobile Systems» (минбаъд - Консепсия)-ро барои солҳои 2019-2021 кор карда барояд ва тасдиқ кунад, ки баробари нишондиҳандаҳои асосии самаранокӣ (KPI) ва фароҳам овардани пойгоҳи зарурии техникӣ дар мамлакат ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ:
ҷорӣ кардани менеджменти инноватсиониро дар низоми идораи оператор, аз ҷумла аз тариқи ҷалби мутахассисони ботаҷриба, ки дар соҳаи хидматрасонии мобилӣ таҷрибаи зарурӣ доранд;
сафарбар кардани нирӯ ва маблағҳои дихилӣ, бозсозӣ ва муҷаҳҳазсозии технологии таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ;
давра ба давра ба таври пурра дар сатҳи кишварҳои пешқадам таъмин кардани фарогирии ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо шабакаи ҷаҳонии Интернет;
таъмин кардани тамоми хидматҳои давлатиро комилан аз ҷониби марказҳои коркарди маълумоти оператор пешбинӣ менамояд.
5. Тартибе муайян карда шавад, ки мувофиқи он:
идораи саҳми давлатӣ ба сармояи оинномавии оператор аз ҷониби Бунёд комилан бинобар ризоияти Шӯрои Бунёд татбиқ карда мешавад;
даромадҳо аз саҳми давлат ба сармояи оинномавии оператор, ҳамчунин мабалағҳои молие, ки аз пешниҳоди имтиёзҳои мақсаднок озод карда шудаанд, дар давраи татбиқ намудани Консепсия  барои бозсозии таҷҳизоти технологӣ ва рушди иқтисодиёти рақамӣ дар мамлакат ба ҳисобсурати Бунёд гузаронида мешаванд;
чорабиниҳое, ки аз Консепсия пешбинӣ менамояд, аз ҳисоби маблағҳои худии оператор ва Бунёд, маблағҳои ҷалбшавандаи вомӣ, ҳамчунин маблағҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, сармоягузорӣ мешаванд.
6. Оператор ба муҳлати то 1 декабри соли 2021 аз пардохти боҷҳои давлатӣ барои додани рухсатномаҳо бинобар татбиқ намудани фаъолият дар соҳаи телекоммуникатсияҳо, пардохт барои истифодаи соҳаи радио, ҳамчунин боҷи кор барои истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ озод карда шавад.
7. Ба оператор ҳуқуқи:
баромади бевосита ба шабакаҳои байналхалқии телекоммуникатсияҳо (шабакаҳои пешниҳоди маълумот ва овоз), аз ҷумла бо истифодаи технологияҳои «IP-телефонная» танҳо барои эҳтиёҷоти ҳудии тиҷоратӣ, бидуни ҳуқуқи хидматрасонӣ ба операторон ва провайдерони дигар бобати ташкил кардани шабакаҳои байналхалқии телефонҳои овозӣ ва интернет-трафикҳо дода шавад;
бинобар ризоияти Бунёд барилова ба мақсади иҷрои босифати вазифаҳои гузошташуда мушовирон ва коршиносони мустақили хориҷиву, миллиро дар асоси шартнома ҷалб намояд.
Муқаррар карда шавад, ки таснифгари вазифаҳои асосии хидматӣ ва касбии коргарон дар қисмати дараҷаи камтарини маълумот ҳангоми ба кор қабул кардан, муқаррар намудани таснифи разрядҳо бинобар ихтисоси коргарон, ба тарзи мустасно, барои истифода нисбати мутахассисони самтҳои дахлдоре, ки муассисаҳои таълими олии хориҷиро хатм кардаанд, ҷиҳати тавсиявӣ дорад. 
8. Бинои Вазорат, ки дар нишонии: шаҳри Тошканд, ноҳияи Миробод, кӯчаи Нуқус, хонаи 22-юм ҷойгир мебошад, ба Оҷонсӣ ба сифати хоҷагидорӣ барои ҷогузин кардани оператор дода шавад.
9. Ба Оҷонсӣ супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.
10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва муовини аввали директори Оҷонсии миллии идораи лоиҳаи назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Д. Р. Ли гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
21 ноябри соли 2018.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: