ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ДАР АСОСИ ОЗМУН БА РОҲ МОНДАНИ НИЗОМИ ЗАМОНАВИИ ИНТИХОБИ КАДРҲОИ ПЕШОМАДНОК

Тӯли давраи сипаришуда бобати тайёр кардани кадрҳои идоравӣ барои соҳаҳои идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, судиву ҳуқуқӣ ва ғайра корҳои муайяне анҷом ёфтанд.

Аз ҷумла, фаъолияти Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба ташаккул додани захираи кадрҳои баландихтисоси идоравӣ таъсири мусбат мерасонад, ислоҳ шуд, ҳамчунин дар назди Академия Пажӯҳишгоҳи омӯзиши мушкилоти ҷавонон ва тайёр кардани кадрҳои пешомаднок, ки кори бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони ҷавони пешомадноки ҷумҳуриро татбиқ менамояд, ташкил ёфт.
Баробари ин, ислоҳоти васеъмиқёсе, ки алҳол дар мамлакат бобати такмил додани асосҳои ҳуқуқии демократикунонии минбаъдаи ҳокимияти давлатӣ, таъмин сохтани волоияти қонун, ҷорӣ намудани механизмҳои муассири ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ татбиқ мешаванд, такмил додани низоми интихоб ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси идоравӣ, ҳамчунин ташаккул додани захираи онҳо, аз ҷумла аз тариқи коркарди муносибатҳои замонавии ҳаллу фасли масъалаи мазкурро тақозо менамоянд.
Бо мақсади мунтазам таъмин сохтани интихоби кадрҳои пешомадноки идоравӣ, ҳамчунин кӯмакрасонӣ барои муттасил баланд бардоштани иқтидори касбии онҳо дар низоми мақомоти идораи давлатӣ ва хоҷагӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, мақомоти дигари давлатӣ ва ташкилотҳо (минбаъд – ташкилоти давлатӣ):
1. Таклифи Вазорати рушди инноватсионӣ, Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва созмони байналхалқии ғайридавлативу ғайритиҷоратии «Буюк келажак» бобати дар 3 сол як бор баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба интихоби кадрҳои пешомадноки идоравӣ «Тараққиёт» (минбаъд – озмун) маъқул дониста шавад.
2. Ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявӣ бино бар ташкил кардани баргузорсозии озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба интихоби кадрҳои пешомадноки идоравӣ «Тараққиёт» мувофиқи замимаи №1 (минбаъд – Комиссияи ҷумҳуриявӣ);
Дастур дар бораи тартиби ташкил кардан ва баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба интихоби кадрҳои пешомадноки идоравии «Тараққиёт» мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шаванд.
3. Муайян карда шавад, ки:
дар озмун шаҳрвандони аз 30 то 45-солаи  Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки маълумоти пойгоҳии олӣ ва таҷрибаи на камтар аз сесолаи вазифаи роҳбарӣ дар соҳаи дахлдор доранд, метавонанд иштирок кунанд;
Комиссияи ҷумҳуриявӣ ҳақ дорад ба чорабинии вобаста ба гузаронидани озмун намояндагони вазорату идораҳо, дигар созмонҳои давлатӣ, ҳамчунин олимон ва мутахассисони пешқадам, аз ҷумла хориҷиро ҷалб намояд;
Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Академия) мақомоти кории Комиссияи ҷумҳуриявӣ ба шумор меравад;
масъулият барои холисона ва ба тариқи шаффоф баргузор кардани озмун, ҳамчунин интихоби босифату воқеъбинонаи номзадҳо ва мувофиқаткунии онҳо ба талаботи пешниҳодшуда ба зиммаи Комиссияи ҷумҳуриявӣ гузошта мешавад.
4. Муқаррар карда шавад, ки:
барои иштирокдороне, ки дар созмонҳои давлатӣ кор мекунанд, дар давраи иштирокашон дар озмун вазифа ва музди миёнаи моҳонаашон нигоҳ дошта мешаванд;
ба ғолибони озмун дар ҳаҷми 50 каратаи музди камтарини меҳнат ва барои онҳое, ки дар ҳадди ниҳоии озмун иштирок кардаанд, дар ҳаҷми 25 каратаи музди камтарини меҳнат мукофоти якдафъаинаи пулӣ пардохта мешавад. Дар ин маврид иштирокдорони ҳадди ниҳоии озмун ба захираи кадрҳои идоравии соҳаи дахлдор ворид карда мешаванд;
ғолибони озмун дар курсҳои семоҳа оид ба «Барномаи президентии тайёркунии кадрҳои идоравӣ» бо иштироки роҳбарони вазоратҳо, идораҳои соҳавӣ, ширкатҳои бузург, мутахассисону олимони баландихтисоси ватанӣ ва хориҷӣ дар пойгоҳи Академия ва Маркази илмиву таълимии идораи корпоративӣ, ки такмили ихтисосро дар созмонҳои соҳавии кишварҳои пешқадами хориҷӣ бино бар номгӯйҳои дахлдори озмун дар бар мегирад, таълим мегиранд;
ғолибони озмун пас аз гузаштани курсҳои семоҳа оид ба «Барномаи президентии тайёркунии кадрҳои идоравӣ» дар созмонҳои давлатӣ бино бар самтҳои дахлдор ба мансабҳои роҳбарӣ таъин карда мешаванд;
татбиқсозии чораҳо бино бар таъин кардани ғолибони озмун ба мансабҳои дахлдори роҳбарӣ, ҳамчунин мониторинги фаъолияти онҳое, ки ба ҳадди ниҳоӣ расиданд, ба захираи кадрҳои идоравӣ барои минбаъд бино бар хидмат ё худ таъинот ба мансабҳои роҳбарӣ гузошта шуданашон таҳти назорати умумии дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор мегиранд.
5. Ба Вазорати рушди инноватсионӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати оид ба рушди технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, Маркази давлатии тести назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Академия дар муҳлати ду моҳ:
ба роҳ мондани веб-портали махсуси озмунро бо имкониятҳои бақайдгирии довталабон, коркарди ҳуҷҷати иштирокдорон, баргузор намудани имтиҳон ва санҷишҳои дигари озмунӣ, ҳамчунин пешниҳоди натиҷаҳои онҳо;
коркарди низоми иттилоотӣ, захираҳо, маълумотҳо, маҳсулоти барномавӣ, ҳамчунин бо маҷмӯи зарурии дастгоҳу барномаҳо муҷаҳҳаз сохтани мақомоти кории Комиссияи ҷумҳуриявиро барои ба роҳ мондан ва гузарондани озмун таъмин кунад.
6. Инҳо манбаъҳои бо маблағтаъминкунии озмун муайян карда шаванд, дар қисми:
ба роҳ мондани баргузории озмун – маблағҳои буҷавие, ки ба Академия бино бар сметаи харҷҳо ҷудо карда мешаванд, ҳамчунин маблағҳои васоятгарии ашхоси ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ, гранти идораҳои байналхалқии молиявӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст;
гузаронидани курсҳои семоҳаи таълим оид ба «Барномаи президентии тайёркунии кадрҳои идоравӣ» барои ғолибони озмун – маблағҳои буҷавие, ки ба Академия бино бар сметаи хароҷот ҷудо карда мешаванд ва маблағҳои бунёди захиравии Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба Маркази илмиву таълимии идораи корпоративӣ ҷудо карда шудаанд;
ба ғолибон ва онҳое, ки ба ҳадди ниҳоии озмун расидаанд, мукофоти якдафъаинаи пулӣ-маблағҳои бунёди захиравии Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст;
барои такмили ихтисоси ғолибони озмун дар созмонҳои соҳавии кишварҳои пешқадами хориҷӣ бино бар номгӯйҳои дахлдор – маблағҳои Бунёди дастгирии рушди инноватсионӣ ва ғояҳои нав, гранти идораҳои байналхалқии молиявӣ, маблағҳои васоятгарии ашхоси ҳуқуқиву ҷисмонӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст;
ба роҳ мондани веб-портали махсуси озмун, коркарди низомҳои иттилоотӣ, захираҳо, маълумотҳо, маҳсулоти барномавӣ, ҳамчунин муҷаҳҳазсозии мақомоти кории Комиссияи ҷумҳуриявӣ бо маҷмӯи зарурии дастгоҳу барномаҳои барои ташкил кардан ва гузаронидани озмун – маблағи Бунёди рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, пардохта мешаванд.
7. Ба Вазорати рушди инноватсионӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академия бобати ҷалби гранти идораҳои байналхалқии молиявӣ ва маблағҳои васоятгарии ашхоси ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ барои бо маблағ таъмин кардани чорабиниҳо дар доираи баргузор кардани озмун чораҳо андешад.
8. Ба Маркази «Стратегияи рушд» тавсия дода шавад, ки:
мониторинги ҷамъиятӣ барои баргузор кардани озмун ва коркарди тавсияҳо оид ба минбаъд такмил додани он;
тайёр кардан, ба забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ интишор намудан, ҳамчунин васеъ тарғибу ташвиқ кардани хулосаҳои иттилоотиву таҳлилии бахшида ба натиҷаҳои озмунро ба роҳ монад.
9. Ба Оҷонсии миллии идораи лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати рушди инноватсионӣ, Академия ва дигар идораҳои манфиатдор бино бар натиҷаи баргузории озмун ба дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати такмил додани низоми интихоби кадрҳои пешомадноки идоравӣ дар доираи озмун, аз ҷумла ҷорӣ кардани талаботи замонавӣ нисбат ба довталабон таклиф пешниҳод кунад.
10. Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати адлия, Академия ва дигар идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
лоиҳаи Дастур дар бораи тартиби ташаккул додани захираи кадрҳои идоравӣ аз ҷумлаи ба ҳадди ниҳоии озмун расидагон барои сарпур сохтани вазифаҳои холӣ дар мақомоти давлатӣ;
дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.
11. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои вобаста ба гузаронидани озмун, ҳамчунин натиҷаҳои он, аз ҷумла ба роҳ мондани интишороти мавзӯӣ, силсилаи барномаҳои телевизионӣ ва радиоиро васеъ равшан кунанд.
12. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон – ректори Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. С.Қосимов ва муовини аввали Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
30 майи соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: