ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ДАР МИНТАҚАҲО БА РОҲ МОНДАНИ ТАТБИҚИ ҲАРЧИ ЗУДТАРИ ТАШАББУС ВА ЛОИҲАҲОИ СОҲИБКОРӢ

Қайд карда шавад, ки чораҳои қабулшуда бино бар таъмин кардани рушди ҳарчи зудтари иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо, фароҳам овардани шароити мусоиди бештар барои татбиқ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармояҳо, аз ҷумла сармояҳои бевоситаи хориҷӣ бо як қатор мушкилот ва камбудиҳои мунтазам дучор мешаванд.

Аз ҷумла, роҳбарони мақомот ва ташкилотҳои навтаъсиси давлатӣ, муовинони ҳокимҳо, ки ба ҷалби сармояҳо, рушди иқтисодиёт ва соҳибкорӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатӣ, ҳамчунин сайёҳӣ масъул мебошанд, аксар вақт бобати ҳаллу фасли мушкилоти ҷиддии соҳибкорон, коркарди пешниҳодот бино бар беҳтар кардани муҳити корӣ дар минтақаҳо, ҳамчунин истифодаи бештари имкониятҳои мавҷуда муносибати сард доранд.
Зуҳуроти коғазбозӣ, бюрократизм ва бесарусомонӣ ҳангоми баррасӣ ва татбиқ кардани ташаббус ва лоиҳаҳои соҳибкорӣ, ҷудо кардани иншооти зарурии истеҳсолӣ, қитъаҳои замин ва маблағҳои вомӣ, ҳаллу фасли масъалаҳои инфрасохтори муҳандисиву коммуналӣ ва ғайра, ки дар мақомоти давлатии идораҳои ҷумҳурӣ ва маҳалҳо васеъ паҳн шуда, аз байн бардошта намешаванд, ҷалби фаъоли субъектҳои соҳибкориро ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо, зиёд кардани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, истеҳсолоти саноатӣ ва рушди соҳаҳои хидматрасониро таъмин намекунанд.
Ғайр аз ин, дараҷаи нокифояи ихтисос ва таҷрибаи амалии мансабдорони ваколатдори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои маҳаллӣ, суст ба роҳ мондан ва ҳамоҳанг кардани фаъолияти онҳо аз ҷониби мақомоти идораҳои давлатии ҷумҳурӣ ба иҷрои самарабахши қарорҳои қабулшуда ва муваффақ шудан ба нишондиҳандаҳои мақсадноки рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо таъсири манфӣ мерасонанд.
Ба мақсади ҷалби васеи субъектҳои соҳибкорӣ ба рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо, таъмин кардани татбиқи саривақтии ташаббус ва лоиҳаҳои соҳибкорӣ, ҳамчунин истифодаи самарабахш ва сарфакоронаи иншооти холӣ, қитъаҳои замин ва инфрасохтори дигар:
1. Комиссияи оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳо (минбаъд – Комиссия) дар ҳайати мувофиқи замимаи №1;
гурӯҳҳои минтақавӣ оид ба дастгирӣ кардан ва инкишоф додани соҳибкорӣ (минбаъд – гурӯҳҳои минтақавӣ) дар ҳайати мувофиқи замимаҳои №2-14 таъсис дода шаванд.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
роҳбарон ва кормандони мақомот ва ташкилоти давлатӣ, ки ба ҳайати гурӯҳҳои минтақавӣ дохил карда шудаанд, аз иҷрои ӯҳдадориҳо бино бар ҷойи асосии кор озод карда мешаванд ва мунтазам дар ҳудуди вобастакардашуда кор мебаранд;
ба кори Комиссия ва гурӯҳҳои минтақавӣ метавонанд намояндагони дигари мақомот ва ташкилоти давлатӣ бино бар қарори роҳбарони Комиссия ва гурӯҳҳои минтақавӣ ҷалб карда шаванд;
талаботе, ки аз ҷониби Комиссия ва гурӯҳҳои минтақавӣ ба тарзи хаттӣ пешниҳод шудаанд, барои иҷрои бечунучаро аз ҷониби роҳбарон ва мансабдорони тамоми мақомот ва ташкилоти давлатӣ ҳатмӣ ба шумор мераванд.
3. Инҳо вазифаҳои асосӣ муайян карда шаванд:
а) барои Комиссия:
дар ҳар даҳ рӯз на камтар аз як бор баррасӣ намудани масъалаҳои душвор ва аз байн бардоштани монеаву саддҳои мавҷудаи бюрократӣ, ки ба рушди соҳибкорӣ ва татбиқ намудани ташаббусу лоиҳаҳои соҳибкорӣ, ки дар сатҳи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои маҳаллӣ ҳаллу фасл нашудаанд, монеа мешаванд;
ба роҳ мондани назорати мунтазам барои иҷрои қарорҳои қабулшуда бино бар рушди соҳибкорӣ ва татбиқ намудани ташаббусу лоиҳаҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла супоришҳои нишонадори мақомот ва ташкилоти давлатӣ;
коркарди таклифҳо бино бар минбаъд такмил додани қонунгузорӣ ба мақсади аз байн бардоштани монеа ва саддҳои бюрократии роҳи рушди соҳибкорӣ ва татбиқ намудани ташаббусу лоиҳаҳои соҳибкорӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои минтақавӣ дар пояи таҳлилҳои ҷиддӣ ошкор шудаанд;
б) барои гурӯҳҳои минтақавӣ:
омӯхтани ҳолати рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо, аз ҷумла инфрасохтори муҳандисиву коммуникатсионӣ, истеҳсолӣ ва ғайра, ҳамчунин пешниҳод намудани таклиф бино бар рушд ва такмил додани минбаъдаи онҳо, аз ҷумла бо ҷалби маблағи идораҳои байналхалқии молиявӣ ва бонкҳои тиҷоратии хориҷӣ;
омӯхтан ва муайян намудани лоиҳаҳои пешомадноке, ки сармоягузориро тақозо доранд, ҳамчунин ошкор кардани иншооти холии моликияти давлатӣ ва қитъаҳои замин, бо назардошти талабот ва имконияти (захиравӣ, табииву иқлимӣ, меҳнатӣ ва ғайра)-и минтақаҳо;
қабул кардани чораҳо бино бар баррасии ҳарчи зудтари лоиҳаҳои пешомаднок, ки аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ дастгирӣ карда мешаванд ва барои татбиқ намудан дар ҳудудҳои дахлдор, гуфтушунидҳо ва вохӯриҳо бо сармоягузорони воқеӣ пешниҳод мегарданд;
таъмин намудани иштироки бонкҳои тиҷоратӣ дар татбиқ намудани ташаббус ва лоиҳаҳои соҳибкорӣ, аз ҷумла аз ҳисоби маблағи хатҳои вомии идораҳои байналхалқии молиявӣ ва бонкҳои тиҷоратии хориҷӣ;
таъмин намудани ҳаллу фасли ҳарчи зудтари масъалаҳо бинобар ба савдои музояда гузоштани иншооти холии моликияти давлатӣ ва қитъаҳои замин;
ба Комиссия пешниҳод намудани масъалаҳои душвор, ки дар сатҳи мақомоти давлатӣ ва ташкилоти маҳаллӣ ҳаллу фасл нашудаанду ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мебошанд, ҳамчунин, дар зарурат пешниҳод кардани таклифҳо бино бар татбиқ намудани ташаббус ва лоиҳаҳои пешомадноки соҳибкорӣ;
татбиқ намудани фаъолияти мутобиқсозии вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, ҳамчунин маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатӣ бобати рушди ҳарчи зудтари ташаббус ва лоиҳаҳои соҳибкорӣ дар онҳо.
4. Вазифаи мақомоти кории:
Комиссия – ба зиммаи Раёсати оид ба ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва сармояҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
гурӯҳҳои минтақавӣ – ба зиммаи котибияти мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо бино бар масъалаи сармояҳо, инноватсияҳо, кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда, рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатӣ гузошта шаванд.
5. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
гурӯҳҳои минтақавӣ ҳақ доранд ӯҳдадориҳоро бино бар дар асоси шартнома ҷалб намудани созмонҳои лоиҳавӣ барои коркарди ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ доир ба лоиҳаҳои воқеие, ки барои татбиқ намудан ба ҳудудҳои дахлдор бо муайян кардани манбаи маблағ (буҷаи маҳаллӣ, бунёдҳои ғайрибуҷавии вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳои дигар бино бар соҳаҳои дахлдори фаъолият) тавсия карда мешаванд, ба зиммаи мақомот ва ташкилоти давлатӣ гузоранд;
иншооти холии моликияти давлатӣ ва қитъаҳои замине, ки  мувофиқи тартиби қонунгузорӣ муқаррар намуда, ба савдои музояда гузошта мешаванд, бояд бо ӯҳдадориҳои мушаххаси сармоявӣ ва иҷтимоии субъектҳои соҳибкорӣ гузошта шаванд;
лоиҳаҳои муайяне, ки барои дар ҳудуди дахлдор татбиқ намудан, аз ҷумла бо истифодаи иншооти холии моликияти давлатӣ ва қитъаҳои замин тавсия мешаванд, ба Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин телевизион, веб-сайтҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия ва дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ҷойгузин карда мешаванд;
субъектҳои соҳибкорӣ ҳангоми интихоб кардани лоиҳаҳои воқеие, ки барои дар ҳудудҳои дахлдор татбиқ намудан тавсия мешаванд, метавонанд ба Маркази хидматрасонии давлатӣ барои минбаъд равона кардани ҳуҷҷатҳои дахлдор ба мақомоти кории гурӯҳҳои минтақавӣ ё худ бевосита ба мақомоти кории гурӯҳҳои минтақавӣ равона кунанд;
гурӯҳҳои минтақавӣ ба савдоҳои музоядаи электронӣ гузоштани иншооти холии моликияти давлатӣ, ё худ қитъаҳои заминро бо нишон додани ӯҳдадориҳояшон бино бар дар онҳо татбиқ намудани лоиҳаҳои пешомаднок, ки аз ҷумла ӯҳдадориҳои сармоявӣ ва иҷтимоиро дар бар мегиранд, таъмин менамоянд;
гурӯҳҳои минтақавӣ, дар зарурат, ҳақ доранд ҷустуҷӯ ва дарёфти сармоягузорони имконпазири хориҷиро барои татбиқ намудани ташаббус ва лоиҳаҳои сармоявӣ, аз ҷумла, аз тариқи сафар ба хориҷа ва иштирок дар анҷуману конфронсҳои байналхалқии сармоявӣ бо ҷалби намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давлатҳои хориҷӣ татбиқ намоянд;
муҳлати умумии баргузор кардани музоядаи электронӣ, ки мувофиқи талаботи қарори мазкур гузаронида мешавад, ба тарзи мустасно, наметавонад аз 10 рӯз бештар бошад, аз ҷумла бар иловаи тамоми тартиботе, ки дар соҳати электронии  савдои «E-IJRO AUKSION» амалӣ мешавад;
иншооти холии моликияти давлатӣ  ё худ қитъаҳои замин ба ғолибони музояда ба шарти муайян намудани муҳлати пешакии то як сол (бо эҳтимоли тамдид кардани он бо назардошти мураккабиҳои лоиҳа) бо қайди минбаъдаи ҳуқуқи соҳибӣ кардан ва истифода бурдан пас аз ҷониби онҳо иҷро шудани шартҳое, ки дар шартномаи сармоявӣ зикр шудаанд. Ҳангоми аз ҷониби сармоягузор иҷро нашудани ӯҳдадориҳое, ки дар шартномаи сармоявӣ нишон дода шудаанд, ба захирагузории муқарраршуда бидуни пардохти хароҷоти сармоягузор бекор карда мешавад;
Комиссия ҳар моҳ ҳисоботи гурӯҳҳои минтақавиро дар бораи корҳои иҷрошуда бо маърӯзаи минбаъдаи роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мешунавад.
6. Маҳакҳои асосии баҳодиҳӣ ба фаъолияти самарабахши гурӯҳҳои минтақавӣ:
зиёд шудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хидматрасонӣ дар ҳудуди дахлдор бо назардошти ҳазор нафар;
ҷойҳои доимии корӣ, бахусус барои ҷавонон ва табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночори аҳолӣ дар ҳудудҳои дахлдор;
ташаббусҳо ва лоиҳаҳои татбиқгардидаи соҳибкорӣ, ҳамчунин азхуд кардани сармояҳо, аз ҷумла сармояҳои бевоситаи хориҷӣ;
ҷалби иншооти холӣ ва қитъаҳои замин ба фаъолияти истеҳсолӣ;
татбиқ намудани лоиҳаҳо дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатӣ муайян карда шаванд.
Муқаррар карда шавад, ки бино бар ҷамъбасти ҳар кадом семоҳа бо назардошти натиҷабахшии корҳо:
ба аъзои Комиссия ва гурӯҳҳои минтақавӣ мувофиқи қарори Комиссия мукофоти якдафъаина дар ҳаҷми то 30 каратаи миқдори музди камтарини меҳнат, ба роҳбарони онҳо бошад, дар ҳаҷми то 50 каратаи музди камтарини меҳнат  пардохта мешавад;
дар нисбати аъзои Комиссия ва гурӯҳҳои минтақавӣ, ҳамчунин шахсони мансабдори мақомот ва ташкилоти давлатӣ дар шакли аз маоши вазифавӣ дар ҳаҷми аз 30 то 50 фоиз нигоҳ доштан ё худ аз вазифа сабукдӯш кардан чораҳо дида мешаванд.
7. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ ба Маркази хидматрасонии давлатӣ низоми электронии ҳисобу китоби ташаббус ва лоиҳаҳои ташаббускориро барои татбиқ намудани онҳо дар пойгоҳи иншооти холии моликияти давлатӣ ва қитъаҳои замин, аз ҷумла бо шарти шарикии давлативу хусусӣ ҷорӣ намояд, ки имкон медиҳад барои ҷараёни баррасии онҳо мониторинг ҷорӣ гардад.
8. Ба роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (З.Низомиддинов) супурда шавад, ки дар муҳлати як ҳафта регламенти кори Комиссия ва гурӯҳҳои  минтақавиро тасдиқ намояд, дар ин маврид ба муайян кардани маҳаки баҳодиҳӣ ба фаъолияти самарабахши Комиссия ва гурӯҳҳои минтақавӣ эътибори махсус диҳад, ҳамчунин рағбатноксозӣ ва дидани чораҳои ҷавобгариро нисбат ба аъзои онҳо, мансабдорони мақомот ва ташкилоти дахлдори давлатӣ таъмин кунад.
9. Таклифи Вазорати сохтмон, Кумитаи давлатӣ оид ба захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ, РПИ «ӮзИнжиниринг»-и назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсис додани Иттиҳодияи муҳандисону мушовирони Ӯзбекистон маъқул дониста шавад, инҳо вазифаҳои асосии он муайян карда шаванд:
инкишоф додани хидматрасониҳои лоиҳавӣ, инжинирингӣ ва машваратӣ;
ҷалби аъзои он ба фаъолият оид ба татбиқ намудани лоиҳаҳои пешомадноки сармоявӣ;
пешниҳод кардан ва ҳифз намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии аъзои он;
баланд бардоштани ихтисоси муҳандисону мушовирон, кормандони гурӯҳҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳое, ки аз ҳисоби сармояи идораҳои байналхалқии молиявӣ бо маблағ таъмин карда мешаванд;
ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълими олӣ бино бар дар барномаҳои таълимӣ ҷорӣ намудани дастовардҳои навтарин ва муносибатҳои инноватсионӣ ба лоиҳасозӣ ва сохтмон;
ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои хориҷии муҳандисон, ташаккул додани консорсиумҳо барои баргузор намудани корҳои босифати лоиҳавӣ, аз ҷумла дар хориҷа.
10. Ба Девони Вазирон супурда шавад, ки якҷо бо Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ бобати ташкил кардани ширкати махсуси сармоявӣ, аз ҷумла бо ҷалби шарикони хориҷӣ таклиф пешниҳод кунад, аз ҷумла инҳоро пешбинӣ намояд:
ҷалби захираҳои сармоягузорон аз ҷониби ширкатҳои сармоявӣ;
иштироки ширкатҳои сармоявӣ дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидорӣ барои зиёд кардани нишондиҳандаҳои самаранокӣ ва даромаднокии онҳо;
ҷойгир намудани маблағҳои озоди ширкатҳои сармоявӣ барои татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ;
ҷалби мушовирони ватанӣ ва хориҷӣ барои коркарди лоиҳаҳои сармоявӣ.
11. Ба Шӯрои  Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимияти вилоятҳо супурда шавад, ки фароҳам овардани шароитҳои заруриро барои сари вақт ва пурра татбиқ намудани вазифаҳое, ки ба зиммаи гурӯҳҳои минтақавӣ,  аз ҷумла бино бар ҷойгиркунӣ ва пешбурди онҳо гузошта шудаанд, таъмин намоянд.
12. Муайян карда шавад, ки бо маблағтаъминкунии чораҳои вобаста ба татбиқ намудани қарори мазкур, аз ҷумла хароҷоти нақлиёт, хароҷот барои буду бош, ташкил кардани сафари гурӯҳҳои минтақавӣ ба кишварҳои хориҷӣ, ҷалби мушовирон, ҳамчунин пардохти мукофотҳои якдафъаина ва чорабиниҳои дигар аз ҳисоби маблағи бунёди захиравии Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба буҷаи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва буҷаҳои маҳаллии вилоятҳо мувофиқи аризаҳои Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимияти вилоятҳо ҷудо карда мешаванд, амалӣ карда мешаванд.
13. Ба Оҷонсии миллии иттилооти Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, марказҳои мултимедии вазорат, идора ва ташкилотҳо супурда шавад, ки аҳамият ва моҳияти қарори мазкур, ҳамчунин фаъолияти гурӯҳҳои минтақавӣ ва таклифҳои мавҷудаи лоиҳавиро васеъ равшан кунанд.
14. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов ва муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.М.Мавлонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
11 сентябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: