ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ МУСОИДАТИ ИЛОВАГӢ БА АҲОЛӢ ҲАНГОМИ ПАРДОХТИ ҶАРИМАҲОИ МАЪМУРӢ ВА АЗ БАЙН БАРДОШТАНИ ОМИЛҲОИ ТАМАЪГАРӢ ДАР СОҲАИ МАЗКУР

Ба мақсади фароҳам овардани мусоидати иловагӣ ҳангоми пардохти ҷаримаҳои маъмурӣ ва коҳиш додани бори ҷарима барои аҳолӣ, минбаъд соддатар кардани низоми иҷрои санксияҳои қабулшудаи ҷаримаҳо, ҳамчунин аз байн бардоштани монеаҳои барзиёди бюрократӣ ва омилҳои тамаъгарӣ дар муносибатҳои мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ:

1. Аз 1 майи соли 2023-юм низоми пардохти ихтиёрии санксияҳои қабулшудаи ҷаримаҳо барои қонунвайронкунии маъмурӣ соддатар карда шавад. Дар ин маврид: 
қонунвайронкунанда аз пардохти қисми боқимондаи ҷарима дар мавриди ихтиёран пардохтани 50 фоизи миқдори ҷарима дар тӯли понздаҳ рӯз аз рӯзи ба ӯ додани қарор оид ба ҷаримагузорӣ ва 70 фоиз дар тӯли сӣ рӯз озод карда шавад;
тартиби мазкур ҳамчунин ба санксияҳои ҷаримавӣ, ки дар асоси қарорҳои суд истифода мешаванд, ҷорӣ карда шавад.
Ба Девони Вазирон супурда шавад, ки дар муҳлати як ҳафта бо дарназардошти талаботе, ки боби мазкур пешбинӣ менамояд, дар тартиби муқарарршуда ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи дахлдори қонунро ворид кунад.  
2. Ба мақсади пешгирии суиистифода дар соҳаи иҷрои иҷбории ҳуҷҷатҳои суд ва ҳуҷҷатҳои мақомоти дигар, ҳамчунин ҳаллу фасли мушкилоте, ки шаҳрвандон ва соҳибкоронро ба ташвиш овардаанд, муайян карда шавад, ки:
миқдори ҷаримаи маъмурӣ, ки Бюрои иҷрои иҷборӣ истифода мебарад, наметавонад аз миқдоре, ки дар ҳуҷҷати иҷроия барои ситондан муқаррар карда шудааст, зиёд бошад; 
дар бораи қонунвайронкуниҳои маъмурӣ ва истифодаи ҷазои маъмурӣ аз номи Бюрои иҷрои иҷборӣ танҳо Сариҷрогари давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сариҷрогарони давлатии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, муовинони онҳо, ҳамчунин роҳбарону шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и Бюрои иҷрои иҷборӣ ҳуқуқи баррасии парвандаро доранд. 
Ба Прокуратураи генералӣ супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ бо дарназардошти талаботе, ки боби мазкур пешбинӣ кардааст, бо тартиби муқарраршуда ба Палатаи қонунгузории  Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи дахлдори қонунро ворид намояд. 
3. Ба мақсади аз байн бардоштани бюрократия ва коғазбозӣ, ҳамчунин куллан кам кардани тартиботи кӯҳнашуда ва ба талаботи кунунӣ номувофиқ  дар боби аз байн бардоштан ва гирифта партофтани маҳкумӣ бо пешниҳоди Суди олӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати адлия бобати дар соҳаи мазкур ҷорӣ намудани равандҳои хидматрасонии давлатӣ дар шакли ташаббускор ризоият дода шавад. 
Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он аз 1 сентябри соли 2023:
а) маълумот дар бораи аз байн бардоштани маҳкумӣ ё худ гирифта партофтани маҳкумӣ дар Низоми ягонаи иттилоотии «Маълумоти оҷил»-и Вазорати корҳои дохилӣ дар режими онлайн ба тартиби бевосита ташаккул меёбад;
б) маълумотнома дар бораи аз байн бардоштани маҳкумӣ ё худ гирифта партофтани маҳкумӣ ба тарзи бевосита ба дафтар (кабинет)-и расмии шахси дахлдор дар Сомонаи ягонаи хидматрасониҳои интерактивии давлатӣ дар асоси беподош на дертар аз рӯзи дигари аз байн бардоштан ё худ гирифта партофтани маҳкумӣ фиристода мешавад. 
Ба Вазорати корҳои дохилӣ супурда шавад, ки якҷо бо Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ ва Вазорати технологияҳои рақамӣ дар муҳлати то 1 июли соли 2023 тамоми чораҳоеро, ки барои таъмин намудани иҷрои боби мазкур зарур мебошанд, қабул кунад. 
Дар ин маврид инъикоси бевоситаи маълумот дар Низоми ягонаи иттилоотии «Омори электронии ҷиноятиву ҳуқуқӣ» дар бораи:
ҷаримаҳои ихтиёран пардохташуда, баррасии мавод дар судҳо, ки бо ҳаллу фасли масъалаҳое алоқаманданд, ки ҳангоми иҷрои қарорҳои судӣ ба миён меоянд, аз тариқи татбиқ сохтани қаробати тарафайни низомҳои иттилоотии Суди олӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ; 
ситондани ҷаримаҳо аз тариқи татбиқ намудани қаробати тарафайни низомҳои иттилоотии Бюрои иҷрои иҷборӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ;
шахсоне, ки аз ҳисобу китоби озмоишӣ хориҷ карда шудаанд, аз тариқи татбиқ намудани қаробати тарафайни Пойгоҳи электронии «Ҳисобу китоби озмоишӣ» ва Низоми ягонаи иттилоотии «Омори электронии ҷиноятиву ҳуқуқӣ» таъмин карда шавад.
4. Ҷавобгарии шахсӣ барои самарабахш ба роҳ мондани иҷрои қарори мазкур ба зиммаи вазири корҳои дохилӣ П. Р. Бобоҷонов, раиси Суди олӣ Б. Д. Исломов ва Прокурори генералӣ М. Т. Йӯлдошев гузошта шавад. 
Назорати иҷрои қарори  мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон С. У. Умурзоқов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 

23 марти соли 2023.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: