Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди минбаъдаи боркашонии байналхалқӣ бо нақлиёти автомобилӣ

Дар тӯли солҳои охир чораҳои аҳамиятноке, ки ба такмил додани пойгоҳи шартномавиву ҳуқуқӣ оид ба танзими масъалаҳои ҳамкорӣ бо давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи ҳамлу нақли байналхалқии автомобилӣ, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои навсозӣ ва бозсозии сарои воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаши калони нақлкунандагони миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозори байналхалқии хидматрасонии нақлиётӣ нигаронда шудаанд, андешида мешаванд.

Баробари ин баланд гардидани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ ва зарурати мақбулсозии хароҷоти нақлиёт дар арзиши маҳсулоти содиротӣ қабул намудани чораҳои иловагиро бинобар афзун гардондани иқтидори сарои воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаши калон ва такмил додани фаъолияти боркашонандагони ватаниро тақозо менамояд. 
Ба мақсади фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ барои навсозӣ ва бозсозии минбаъдаи сарои воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаши калони нақлкунандагони миллӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин такмил додани низоми ҳамроҳии нақлиётиву логистикии фаъолияти савдои хориҷии субъектҳои соҳибкорӣ:
1. Таклифи Вазорати нақлиёт ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҷорӣ намудани тартиби расондани ёрии давлатӣ ба боркашонандагони миллӣ дар хариди воситаҳои нақлиёти боркаши калон, ядак ва нимядакҳои истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ, ки дар давраи солҳои 2019-2021 барои боркашонии байналхалқии   автомобилӣ истифода мегарданд, бобати ба субъектҳои соҳибкорӣ, ки бо боркашонии нақлиёти автомобилӣ шуғл меварзанд, аз ҷониби Фонди давлатии дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон додани инҳоро пешбинӣ менамояд:
товон барои пӯшондани хароҷотҳои фоизӣ бинобар вомҳои ҷалбшавандаи бонкҳои тиҷоратӣ ба миқдори 25 фоизи ставкаҳои аз ҷониби онҳо муқарраршуда, аммо на беш аз банди 5 фоиза – бинобар вомҳо дар асъори миллӣ ва дар миқдори 40 фоизи ставкаи аз ҷониби бонкҳо муқарраршуда, вале на беш аз банди 3 фоиза –  бинобар вомҳо дар асъори хориҷӣ;
замонат бинобар вомҳои бонкҳои тиҷоратӣ дар миқдори то 50 фоизи ҳаҷми вом, аммо на беш аз 2 миллиард сӯм маъқул дониста шавад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон зина ба зина ҷудо намудани маблағҳои заруриро дар давраи солҳои 2019-2021 ба Фонди давлати дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон,  ба мақсадҳое, ки дар банди мазкур нишон дода шудаанд, таъмин намояд. 
2. Муқаррар карда шавад, ки:
воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаши калон, ки аз давраи истеҳсолашон аз 4 сол зиёд нагузаштааст, инчунин ядакҳо ва нимядакҳо, ки аз давраи истеҳсоли онҳо аз 6 сол зиёд нагузаштааст, метавонанд аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ба сифати таъминоти гарав ҳангоми харидани онҳо ба вом бинобар розигии ҳар ду ҷониб қабул карда шаванд;
ба мақсади андозандозӣ меъёри солонаи баландтарини амортизатсияи автомобилҳои боркашонӣ (ба ғайр аз самосвалҳо), ки массаи баландтарини имконпазирашон  беш аз 12 тонна мебошанд, ядакмошини нишасгоҳдор, инчунин ядакҳо ва нимядакҳо, ки массаи имконпазири баландтаринашон беш аз 10 тонна мебошанд, 10 фоизро ташкил медиҳанд;
воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаши калон, ядакҳо ва нимядакҳо барои фурӯши онҳо ба боркашонандагони миллӣ бидуни экспертизаи ҳатмӣ ва қайди вазифаҳои техникӣ дар КДУ «Маркази экспертизаи маҷмӯгии лоиҳаҳо ва қарордотҳои воридотӣ»-и назди Вазорати иқтисодиёт ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ гардонда мешаванд.
3. Муайян карда шавад, ки ба нақлкунандагони миллӣ, ки бинобар содироти хидмати кашондани борҳо аз ҳисоби як воситаи нақлиёти автомобилӣ соле беш аз 20 000 доллари ИМА фоида дидаанд,  бинобар аризаашон ба ҳар як воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки барои боркашонии  байналхалқӣ истифода мешаванд, то 2-то рухсатномаи давлати аниқ барои боркашонии байналхалқии автомобилӣ дар доираи рухсатномаи ба семоҳаҳо тақсимшуда дода мешавад.
Дар ин бобат шарти ҳатмии истифодаи меъёри мазкур ба кор бурдани на кам аз 70 фоизи миқдори рухсатномаи хориҷӣ ё ки бисёрҷонибаи боркашонанда барои боркашонии байналхалқии автомобилӣ дар соли ҳисоботи  гузашта ба ҳисоб меравад.
4. Миқдори  боҷ барои додани рухсатномаи хориҷӣ ва (ё ки) бисёрҷониба то аз чоряки андозаи базавии ҳисобу китоб, ки то санаи додани рухсатнома дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар шудааст, кам карда шавад. 
5. Ба нақлкунандагони миллӣ (резидентҳо):
а) аз ғайрирезидентҳо дар берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гирифтани асъори нақди хориҷӣ ба ҳисоби пардохт бинобар шартномаҳои экспедитсияи нақлиётӣ (кашондани борҳо) бо гузарондани маблағҳои гирифташуда ба ҳисобсурати дархостии депозитии худ дар асъори хориҷӣ, кушодан дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Ӯзбекистон рухсат дода шавад. Бо ин  ҳуҷҷате, ки иҷрои боркашонии байналхалқиро тасдиқ менамояд, борхати моливу нақлиётии байналхалқӣ ба ҳисоб меравад;
б) ба ронандагоне, ки боркашонии байналхалқии автомобилиро амалӣ менамоянд, хароҷоти бинобар иҷораи бинои истиқоматӣ ва пули харҷи рӯзмарра ҳангоми сафар,  аз он ҷумла вақти дар роҳ будан, барои ҳар як шабонарӯз дар шакли пардохти умумӣ бидуни пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқшаванда, ба миқдори то:
50 фоизи андозаи муқарраршудаи ҳисобу китоби базавӣ  – дар вақти қарор доштан дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
60 доллари ИМА – вақти қарор доштан дар берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон рухсат дода шавад.
6. Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ якҷоя бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати 3 моҳ бинобар дар давраи солҳои 2019 - 2021 ҷалб намудани захираҳои дарозмуҳлати вомии институтҳои хориҷии молиявӣ ба миқдори на кам аз сад миллион доллари ИМА ҳар сол барои бо маблағ таъмин намудани хариди воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаши калон, ядакҳо ва нимядакҳои истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ, ки аз давраи истеҳсоли онҳо аз 4 сол зиёд нагузаштааст, аз он ҷумла дар асоси лизинг чораҳо андешад. 
7. Ба эътибор гирифта шавад, ки байни КМ ҶММ «JV MAN-AvtoUzbekistan» ва ширкати «MAN TruckandBus AG» (Олмон)  дар бораи:
аз ҷониби Олмон кам кардани нарх ба миқдори 10 фоиз ва қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузвҳо барои истеҳсоли воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар доираи мақбулсозии арзиши ядакмошинҳои истеҳсоли ватанӣ ба мақсади баланд бардоштани рақобатпазирии онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ;
ба таври мутамарказ расонда додани воситаҳои нақлиёти автомобилии боркаши калони тамғаи «MAN»-и  истеҳсоли Аврупо, ки аз давраи истеҳсоли онҳо аз 4 сол зиёд нагузаштааст, бо таъмин кардани хидматрасонии пурраи сервисӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишнома ба даст омад.
8. Бо таклифи ҶС «Ӯзавтосаноат» дар бораи фурӯши маҳсулоти нави истеҳсоли КМ ҶММ «JV MAN-AvtoUzbekistan»  ва ҶММ «UzAvtoTrailer»  дар шароитҳои додани муҳлати бефоизаи пардохт ба муҳлати то 2 сол бо имконияти ислоҳи арзиши маҳсулот дар доираи дараҷаи инфлятсия розигӣ дода шавад. 
9. Вазорати корҳои дохилӣ якҷоя бо Вазорати нақлиёт, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамроҳ намудани Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Созишномаи Аврупо оид ба боркашонии байналхалқии борҳои хавфнок (ДОПОГ), ки дар шаҳри Женева 30 сентябри соли 1957 имзо шудааст, таклиф тақдим намояд. 
10. Вазорати молия якҷоя бо Фонди кафолати пардохт бинобар суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт дар мӯҳлати се моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки фароҳам овардани шароитро ба боркашонандагони миллӣ барои дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба даст овардани полисҳои суғурта оид ба низоми байналхалқии «Харитаи сабз» пешбинӣ менамояд, таклифот тақдим намоянд. 
11. Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати ду моҳ бинобар ҷалб намудани субъектҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои хориҷӣ барои воридот ва дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон фурӯши сӯзишвории дизелии стандартҳои Евро-3, Евро-4 ва Евро-5 бо фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои фаъолияти самарабахши онҳо чораҳои муассир андешад. 
12. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии  Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар тартиби муқарраргардида бинобар дархости нақлкунандагони миллӣ, ки боркашонии байналхалқии автомобилиро амалӣ менамоянд, додани биноҳои истифоданашаванда ва майдонҳои истеҳсолӣ, инчунин қитъаҳои замини таъиноти ғайрикишоварзиро, ба ғайр аз заминҳои кишт таҳти ҷойгир намудан ва сохтмони корхонаҳои нақлиёти автомобилӣ, ки барои нигоҳ доштан, хидматрасонии техникӣ ва таъмири таркиби ҳаракаткунанда нигаронда шудаанд, таъмин намоянд.
14. Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои дигари манфиатдор дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи Консепсияи рушди шабакаи интегратсияи марказҳои логистикӣ ва объектҳои инфрасохтори наздироҳӣ, инчунин Нақшаи чорабиниҳо бинобар татбиқи онҳоро тақдим намоянд.
15. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тағйироту иловаҳо дохил карда шаванд.
16. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
дар муҳлати ду моҳ ташаккул додани феҳристи ягонаи нақлкунандагони миллиро, ки дар бораи хусусиятҳои асосии воситаи нақлиёти автомобилӣ маълумот дошта, дар низомҳои электронии умумпаҳншуда барои мунтазам хабардор намудани фармоишгарони боиқтидори боркашонандагон ҷойгир карда шудааст;
якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд;
ба қарори мазкур мувофиқ гардондани ҳуҷҷатҳои идоравии меъёриву ҳуқуқӣ ва дигари қаблан қабулшударо таъмин намоянд.
17. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Ж. Раматов ва муовини мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Н. С. Отаҷонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон          Ш. Мирзиёев 

Шаҳри Тошканд,
 7 июни соли 2019. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: