Бо мақсади таъмини муттасили чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва такмили минбаъдаи механизмҳои дастгирии оилаҳои ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷ:
Бо мақсади таъмини муттасили чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва такмили минбаъдаи механизмҳои дастгирии оилаҳои ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷ:
Бо дарназардошти пешниҳоди Вазорати рушди иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Вазорати молия дар бораи аз нав дида баромадани миқдори ҳадди ақалли нафақа ва кӯмакпулӣ аз 1 июли соли 2021:
а) ба шахсоне, ки дар ҳаҷми ҳадди ақалли нафақаи барои синну сол муқарраршуда ва аз он камтар нафақа мегиранд, ба андозаи 20 фоизи миқдори базавии ҳисобкунии нафақа пардохти иловагӣ (минбаъд – пардохти иловагӣ) ҷорӣ карда шавад.
Бо ин, андозаи ҳадди ақалли нафақа дар сурати собиқаи нопурра бо назардошти пардохти иловагӣ аз 256 675 сӯм то 400 000 сӯм зиёд карда шавад;
б) андозаи нафақа бинобар синну сол ва маълӯлии шахсоне, ки ба миқдори андозаи муқарраршудаи ҳадди ақалли нафақаи бинобар синну сол то 565 000 сӯм мегиранд, ба 565 000 сӯм расонда шавад;
в) ҳаҷми кӯмакпулиҳо барои шаҳрвандони пиронсол ва ғайри қобили меҳнат, ки собиқаи кории ногузир надоранд, аз 315 030 сӯм то 400 000 сӯм зиёд карда шавад;
ж) дар сурати гум кардани саробон:
барои ҳар як аъзои ғайри қобили меҳнати оилаи нафақагиранда пардохти иловагӣ ҷорӣ карда шавад;
ҳадди ақалли нафақа барои як аъзои ғайри қобили меҳнати оилаи нафақагиранда аз 256 675 сӯм ба 400 000 сӯм расонида шавад ва барои ҳар як узви ғайри қобили меҳнати оилаи нафақагиранда тибқи тартиби ҷорӣ нафақа дода шавад;
бо мақсади фарогирии ҳамаи аъзои оилаҳое, ки нафақа мегиранд, миқдори кӯмакпулӣ барои як узви ғайри қобили меҳнати оилаи мазкур 400 000 сӯм ва барои ҳар як аъзои минбаъдаи ғайри қобили меҳнати чунин оилаҳо 150 000 сӯмӣ муқаррар карда шавад;
г) миқдори кӯмакпулии ҳармоҳа ба маъюбон аз кӯдакӣ аз 513 350 сӯм то 565 000 сӯм зиёд карда шавад.
2. Вазорати молия ҷудо кардани маблағҳои заруриро барои маблағгузории хароҷоти вобаста ба тадбирҳои муқаррарнамудаи Фармони мазкур аз ҳисоби бақияи маблағи фонди ғайрибуҷавии нафақа, инчунин буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин намояд.
3. Ба Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон якҷоя бо Вазорати молия васеъ равшан намудани мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкур дар васоити ахбори омма ва Интернет тавсия дода шавад.
4. Ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тағйирот ворид карда шавад.
5. Вазорати молия дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муддати як моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз ин Фармон бармеоянд, пешниҳодҳо тақдим кунад.
6. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ.А.Қучқоров гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
4 июни соли 2021.