ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГИИ ДАСТГИРИИ АҲОЛӢ, СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ, СОҲАИ ХӮРОКИ УМУМӢ, САВДО ВА ХИДМАТРАСОНӢ БАРОИ КОҲИШ ДОДАНИ ТАЪСИРИ МАНФИИ ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Бо мақсади дастгирии иловагии аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан дар соҳаи хӯроки умумӣ, савдо ва хизматрасонӣ, дар давраи пандемияи коронавирус, нигоҳ доштани даромади онҳо, ҳарчи зудтар барқарор намудани онҳо ба андозаи беҳтар шудани вазъияти санитарию эпидемиологӣ, инчунин нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ:

Бо мақсади дастгирии иловагии аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан дар соҳаи хӯроки умумӣ, савдо ва хизматрасонӣ, дар давраи пандемияи коронавирус, нигоҳ доштани даромади онҳо, ҳарчи зудтар барқарор намудани онҳо ба андозаи беҳтар шудани вазъияти санитарию эпидемиологӣ, инчунин нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ:
1. Муқаррар карда шавад, ки:
а) дар давраи аз 1 июли соли 2020 то 31 декабри соли 2020:
корхонаҳои хӯроки умумӣ ва корхонаҳое, ки ба пешниҳоди бино ба иҷора махсусонида шудаанд, аз додани андоз аз гардиши корхона озод карда мешаванд;
шахсони ҷисмонӣ аз пардохти андози даромад, ки аз пешниҳоди иҷораи амволи ғайриманқул ба даст овардаанд, озод карда мешаванд;
тартибе, ки ба мақсади андозситонии ставкаҳои ҳадди ақалли пули иҷора барои шахсони ҷисмонӣ, ки амволро (биноҳо ва нақлиёти автомобилӣ) ба иҷора медиҳанд, татбиқ мегарданд, боздошта мешавад;
ба иҷорадиҳандагон тавсия дода мешавад, ки дар соли 2020 миқдори иҷорапулиро ба  мақсади кам кардани он, аз ҷумла бо назардошти имтиёзҳои андоз аз нав дида бароянд;
б) дар давраи аз 1 апрели соли 2020 то 31 декабри соли 2020 корхонаҳои хӯроки умумӣ аз пардохти хироҷ барои ҳуқуқи анҷом додани савдои чаканаи маҳсулоти спиртдор озод карда мешаванд;
в) амали имтиёз оид ба кам кардани андозаи маблағи ҷудошудаи корхонаҳои фурӯши яклухти машрубот аз 5 то 3 фоиз, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 марти соли 2020 №ФП-5969 «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба нарм гардондани таъсири манфии пандемияи коронавирус ва зуҳуроти бӯҳрони ҷаҳонӣ   ба соҳаҳои иқтисодиёт” муқаррар шудааст, то 31 декабри соли 2020 дароз карда мешавад;
г) ба корхонаҳои хӯроки умумӣ ҳуқуқи фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ бо расонда додани онҳо дода мешавад.
2. Аз 1 июли соли 2020 шумораи ҳадди миёнаи солонаи кормандон барои корхонаҳои хӯроки умумӣ аз 25 то 50 нафар барои таснифи онҳо ҳамчун ба тоифаи корхонаи хурд, бо ба онҳо паҳн намудани имтиёз ва сабукиҳо, ки ба субъектҳои тиҷорати хурд дода мешаванд, зиёд карда шавад.
3. Тартибе ҷорӣ карда шавад, ки мувофиқи он то 1 июли соли 2021 корхонаҳои хӯроки умумӣ бо қатъ шудани маҳдудиятҳои карантинӣ ҳуқуқ доранд дар қитъаҳои замини холии наздашон конструксияҳои сабукро бепул  ҷойгир намоянд ва иншооти сабукро барои хизматрасонӣ ба истеъмолкунандагон бо огоҳ кардани ҳокимиятҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо) бо назардошти риояи талаботи муваққатӣ оид ба ҷойгиркунӣ, бунёд намудан ва истифодабарии онҳо, ки Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон муқаррар намудааст.
4. Муайян карда шавад, ки дар давраи то 1 июли соли 2021 ба субъектҳои соҳибкорӣ ба андозаи бекор кардани  маҳдудиятҳои карантинӣ ҳуқуқи амалӣ намудани  савдо тавассути дӯконҳои мошин, мағозаҳои автомобилӣ, автоприсепҳо, зарфҳои мошин ва  фудтракҳо бо роҳи огоҳ намудани мақомоти давлатии хидмати андоз бо нишон додани мӯҳлат, молҳо ва ҷойҳои савдо, ки барои қарор гирифтани воситаҳои нақлиёт манъ намебошанд, бидуни ба имзо расондани шартнома бо мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо дода мешавад.
Кумитаи давлатии андози Ӯзбекистон қабули огоҳиномаҳои электрониро оид ба оғози савдои сайёр тавассути сайти расмии худ ва иловаҳои мобилӣ таъмин намояд.
5. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
дар давоми ду рӯз оид ба ҷойгиркунӣ, бунёд намудан ва истифодаи конструксияҳои сабук барои хӯрокхӯрӣ ё истироҳати истеъмолкунандагон дар корхонаҳои хӯроки умумӣ талаботи муваққатиро тасдиқ намояд;
ба муҳлати то 1 январи соли 2021 бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ тартиби кори қаҳвахонаҳои мавсимиро дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, инчунин амалӣ гардондани савдои сайёрро тасдиқ кунад.
6. Муқаррар карда шавад, ки дар соли 2020 дар ҳолатҳое, ки Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян намудааст, барои дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории андоз пешниҳод накардани ҳисоботи андоз, агар аз мӯҳлати муқаррарнамудаи пешниҳоди  ҳисоботи андоз беш аз панҷ рӯз нагузашта бошад, ҷарима ситонида намешавад.
7. Амали имтиёзҳои андоз ва сабукиҳо, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18 майи соли 2020 №ФП-5996 «Дар бораи чораҳои навбатӣ оид ба дастгирии аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи пандемия аз коронавирус» муқаррар шудааст, то 31 декабри соли 2020 дароз карда шавад:
а) барои озод кардан аз пардохти андози амвол ва андози замин барои:
субъектҳои соҳибкории хурд;
бозорҳо ва маҷмӯъҳои савдо, кинотеатрҳо, корхонаҳои хӯроки умумӣ,  корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, муассисаҳои варзишиву солимгардонӣ, инчунин шахсони юридикие, ки фаъолияти мусофиркашониро анҷом медиҳанд, хизматрасонии маишӣ, пешниҳоди бино барои иҷора, аз ҷумла барои зиёфатҳо;
б) оид ба кам кардани меъёри андози иҷтимоӣ барои микрофирмаҳо ва корхонаҳои хурд аз 12 то 1 фоиз, ба истиснои истеҳсолкунандагони маҳсулоти зераксизӣ, корхонаҳои давлатӣ, шахсони ҳуқуқие, ки дар фонди оинномавӣ (сармояи оинномавӣ) ҳиссаи давлат ба миқдори 50 фоиз ё бештар аз он мебошанд;
в) оиди ба микрофирмаҳо ва корхонаҳои хурд, ки бо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғуланд, на камтар аз як соли то рӯзи муроҷиат ба  мақомоти гумрук дода шудани батаъхиргузорӣ дар пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андози аксизӣ, ки  ҳангоми воридоти молҳо ситонида мешаванд, ба истиснои молҳои истеъмолӣ, бо пардохти минбаъдаи маблағи батаъхиргузошташуда бо ҳиссаҳои баробар дар давоми 120 рӯз;
г) оид ба боздоштани ҷарима, ки  дар микрофирма ва корхонаҳои хурд то ҳолати  15 майи соли 2020 оид ба андоз, пеня ва ҷаримаҳои барои вайрон кардани қонунгузории андоз ҳисобшуда қарздорӣ мавҷуд мебошанд.
Муайян карда шавад, ки истифодаи меъёри камкардашудаи андози иҷтимоӣ аз ҷониби корхонаҳои хӯроки умумӣ новобаста аз шумораи кормандон амалӣ карда мешавад.
8. Мақомоти ваколатдор мӯҳлати эътибори шаҳодатномаҳои тахассусии аудиторҳо, риэлторҳо, нархгузорҳо, актуарҳо, мудирони дорухонаҳо ва филиалҳои онҳо, кормандони ташкилотҳои туристӣ ва гидҳо  (роҳнамо), омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, ки 1 марти соли 2020 ба охир мерасанд, то санаи имтиҳони навбатии тахассусӣ дароз кунанд.
9. Амали андози даромад, андози арзиши иловагӣ, андоз аз гардиш ва андози даромади шахсони ҷисмонӣ дар қисми интиқоли ройгон (гирифтани ёрии ройгон) ба Фонди ҷамъиятии хайрияи Ӯзбекистон «Маҳалла», Бунёди «Саховат ва кӯмак», Фонди ҷамъиятии «Ӯзбекистон меҳр-шафкат ва саломатлик», аз ҷумла филиалҳои онҳо дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳияҳо ва шаҳрҳо то 31 декабри соли 2020 дароз карда шавад.
Ба эътибор гирифта шавад, ки кӯмакпулиҳо барои оилаҳои дорои фарзандони то 14-сола, инчунин кӯмакпулӣ барои модарон оиди нигоҳубини кӯдак то синни ду солагӣ ҳангоми ҳисоб кардани андози даромади шахсони ҷисмонӣ ба даромадҳои умумӣ дохил карда намешавад.
10. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
 20 июли соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: