Дар мамлакат бобати ташаккул додани низоми самарабахши дастгирии шахсони ногиро, баланд бардоштани сифат ва сатҳи ҳаёташон аз ҳисоби ба фаъолияти меҳнатӣ васеъ ҷалб намудани онҳо корҳои мустақим татбиқ мегарданд.
Баробари ин дар шароити иқтисодиёти бозаргонӣ қабул кардани чораҳои иловагӣ тақозо карда мешавад, ки амали устувори корхонаҳоро, ки бо шуғлфарогирии шахсони ногироро таъмин мекунанд, рағбатнок менамояд.
Ба мақсади дастгирии давлатии шахсони ҳуқуқие, ки дар моликияти иттиҳодияҳои ҷамъияти шахсони ногиро қарор доранд, минбаъд бозсозӣ кардан, навсозии техникӣ ва технологии иқтидорҳои истеҳсолии онҳо, ҳамчунин таъсис додани ҷойҳои нави кор барои шахсони ногиро:
1. Ба таклифи Ваколатдори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ, Вазорати молия, Иттиҳодияи ногироҳои Ӯзбекистон, Ҷамъияти нобиноёни Ӯзбекистон ва Ҷамъияти гаронгӯшони Ӯзбекистон (минбаъд – иттиҳодияҳои ҷамъиятии шахсони ногиро) дар бораи дастгирии давлатии ашхоси ҳуқуқӣ, ки иттиҳодияи ҷамъиятии шахсони ногиро иштирокдори ягонаи он ба шумор меравад, ризоият дода шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки шахсони ҳуқуқие, ки иттиҳодияи ҷамъиятии ашхоси ногиро иштирокдори ягонаи он ба шумор мераваду дар шумораи умумии онҳо шахсони ногиро на камтар аз 50 нафарро ташкил медиҳад ва бунёди пардохти меҳнати шахсони ногиро аз бунёди умумии пардохти меҳнат на кам аз 50 фоизро ташкил медиҳад:
Аз пардохт ва додани андоз барои даромади ашхоси ҳуқуқӣ, андоз барои арзиши иловагӣ ва андоз барои моликияти шахсони ҳуқуқӣ озод карда мешаванд;
андози заминро бо ашхоси ҳуқуқӣ, дар кисмати заминҳое, ки ба андозситонӣ тааллуқ доранд, бо истифодаи коэффисенти поёнии 0,1 нисбат ба ставкаи андози замин бо шахсони ҳуқуқӣ, ки вобаста аз мавқеи қитъаҳои замин муқаррар карда мешавад, мепардозанд.
3. Ба супоришдиҳандагони давлатӣ барои хариди молҳо (корҳо, хидматҳо) аз шахсони ҳуқуқӣ, ки иттиҳодияи ҷамъияти ашхоси ногиро иштирокдорони ягонаи он ба шумор мераванду миқдори умумии ашхоси ногиро на камтар аз 50 фоиз ва бунёди пардохти меҳнати шахсони ногиро аз бунёди умумии пардохти меҳнат на кам аз 50 фоизро, бинобар рӯихате, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятии шахсони ногиро бо ризоияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ кардаанд, квотаҳо пешниҳод карда шаванд.
4. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар лоиҳаи таҳрири нави Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон меъёрҳоеро ба эътибор гирад, ки дар қарори мазкур пешбинӣ шудаанд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қучқоров гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
23 августи соли 2019