ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГИИ ДАСТГИРИИ МОДДИИ ҚИШРИ АҲОЛИИ БА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ВА КУМАК МУҲТОҶ

Бо мақсади ба сатҳи сифатан нави баланд бардоштани хидматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ, фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои мутобиқшавии иҷтимоии маъюбон дар ҷомеа, инчунин дастгирии минбаъдаи давлатии типи оилавӣ ва дигари алтернативии ҷойгиркунии кӯдакони ятим ва кӯдакони бепарастор:

1. Тартибе муқаррар карда шавад, ки тибқи он аз 1 июли соли 2022: 
а) тартиби зерини аз ҳисоби Буҷаи давлатӣ ба хонаҳои бачагони типи оилавӣ ҷудо кардани маблағ ҷорӣ карда мешавад: 
ҳангоми аз Буҷаи давлатӣ ҷудо кардани маблағ барои хароҷоти нигоҳ доштани хонаҳои бачагони шакли оилавӣ ба ҳар як тарбиягиранда, инчунин маблағи зарурӣ бо назардошти шумораи бачаҳо ба картаҳои бонкии пластикӣ, ки ба номи волидон кушода шудааст, гузаронда мешавад; 
ба таркиби хароҷоти ҳармоҳае, ки аз ҳисоби Буҷаи давлатӣ барои ҳар як тарбиягирандаи хонаҳои бачагони типи оилавӣ маблағгузорӣ мешавад, инчунин хароҷоти коммуналӣ ҳам ворид мегардад;
б) пардохт барои хидматрасониҳои коммуналӣ, ки хонаҳои кӯдакони типи оилавӣ истеъмол мекунанд, аз рӯи нархҳое, ки барои шахсони воқеӣ муқаррар карда шудаанд, амалӣ гардонда мешавад; 
в) ба ставкаҳои асосии тарифии коркунони техникӣ ва ёрирасони мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳо барои бачаҳои дар инкишофи ҷисмонӣ ва руҳӣ нуқсондошта, инчунин мактабҳои касбӣ барои бачагони маъюб ба миқдори 50 фоиз иловапулӣ дода мешавад. 
Вазорати маорифи халқ (Саидов Б.) якҷоя бо Вазорати молия: 
дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон лоиҳаи қарори Ҳукуматро, ки тартиби аз Буҷаи давлатӣ ҷудо кардани маблағро ба хонаҳои бачагонаи типи оилавӣ муайян мекунад, бо тартиби муқарраргардида пешниҳод намояд;
инвентаризатсияи фонди китобхонаҳои мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳои бачагони дар инкишофи ҷисмонӣ ва руҳӣ нуқсдоштаро гузаронад, барои мунтазам бо адабиёти бадеӣ таъмин намудани ин муассисаҳо аз ҳисоби Фонди ҷумҳуриявии мақсадноки китоб ҳар сол 5 миллиард сӯм ҷудо кунад; 
давра ба давра дар байни талабагони мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳо барои бачаҳои дар инкишофи ҷисмонӣ ва руҳиашон нуқсдошта ташкил кардани олимпиадаҳои фаннӣ аз рӯи ҳамаи фанҳоро таъмин намояд.
2. Ба эътибор гирифта шавад, ки: 
дар натиҷаи якҷо бо созмонҳои байналмилалии ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ дар соли 2021 барои кӯдакони шунавоиашон суст, ки дар муассисаҳои таълимии тахассусӣ таҳсил мекунанд, интиқол додани 4 ҳазор адад дастгоҳи муосири шунавоӣ бо мақсади мусоидат намудан ба мутобиқшавии кӯдакони дорои нуқсони шунавоӣ ба ҳаёти муқаррарӣ  қобилияти шунавоии онҳо беҳтар гардид, дараҷаи азхудкунии фанҳои таълими ҳамагонӣ баланд шуд;
дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Қашқадарё, Навоӣ ва Тошканд яктогӣ ташкилоти серсоҳаи махсуси таълими томактабии “Имкон”, ки имконияти расондани хидматро оид ба офият дар баробари додани таълим ба бачаҳои ногирои синну соли томактабӣ дорад, ташкил карда шуд.
Агентии рушди хидматрасонии тиббию  иҷтимоӣ (А. Инаков), Вазорати таълими халқ (Б. Саидов), Вазорати тандурустӣ (Б. Мусаев) ва Вазорати молия (Т. Ишметов) муассисаҳои таълимӣ барои кӯдакони шунавоиашон сустро то охири соли 2022 пурра бо асбобҳои муосири шунавоӣ таъмин намояд ва аз соли 2023 ба таври мунтазам бо назардошти эҳтиёҷот таҷрибаи харидорӣ намудани дастгоҳҳои шунавоии замонавиро ҷорӣ кунад. 
Девони Вазирон оид ба  дар солҳои 2023-2025 дар 10 вилояти боқимонда ташкил кардани марказҳои тавонбахшии ташкилотҳои таълими томактабии бисёрсоҳаи махсуси «Имкон» ва ба ин муассисаҳои фаро гирифтани кӯдакони ногирои синни томактабӣ чораҳо андешад. 
3. Муқаррар карда шавад, ки:
а) кӯдакони ятим ва кӯдакони бепарастори волидайн монда ҳангоми ба номи худ расмигардонии манзили барояшон аз ҷониби давлат аз бозори дувум харидшуда, дар асоси моликият аз пардохти боҷи давлатӣ барои хизматрасонии нотариалӣ ва кадастр (шартномаи хариду фурӯш ва бақайдгирии давлатии объектҳои амволи ғайриманқул) озод карда мешаванд; 
б) амалияи чудо кардани маблағ ба донишҷӯёни ятим ё бепарастор барои харидани озуқаворӣ, сару либос ва асбобу анҷоми санитарию гигиенӣ дар мактабҳои таълими олии давлатӣ, инчунин, ба донишҷӯёни муассисаҳои таълими олии ғайридавлатӣ татбиқ карда мешаванд.
Дар баробари ин, маблағҳо барои ин мақсадҳо дар захираҳое, ки дар параметрҳои буҷети давлатӣ барои Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ҷудо карда шудаанд, пешбинӣ гардида, бо дархости муассисаҳои таҳсилоти олии ғайридавлатӣ ҷудо карда мешаванд; 
в) аз 1 июни соли 2022 ба маъюбоне, ки дар мономаркази «Ишга марҳамат» дар заминаи таълими инклюзив ба касбу ҳунар тайёр карда мешаванд, дар баробари кумакпулии маъюбият, инчунин ҳар моҳ ба андозаи дукаратаи маблағи ҳисобкардаи базавӣ аз ҳисоби Фонди давлатии мусоидат ба шуғл стипендия дода мешавад.
4. Аз 1 майи соли 2022 тартиби ба шаҳрвандони пиронсол ва ғайриқобили меҳнате, ки дар хонаҳои «Саховат» зиндагӣ мекунанд, собиқаи зарурии корӣ надоранд,  ҳармоҳа пардохтани ба андозаи 20 фоизи нафақаи дахлдор барои хароҷоти шахсӣ ҷорӣ карда шавад.
 5. Пешниҳоди Агентии рушди хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ, Вазорати молия, Иттиҳодияи собиқадорони ҷангчӣ ва ногироҳои Ӯзбекистон «Veteran» дар бораи таъмини собиқадорони ҷангчии ногиро, ки дар ҷанги Афғонистон иштирок кардаанд,  бо маснуоти дахлдори замонавии протезию ортопедӣ, ки аз рӯи ченакҳои инфиродӣ тайёр карда шудаанд,  тасдиқ карда шавад. 
Агентии рушди хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ (А. Инаков), Иттиҳодияи собиқадорони ҷангчӣ ва ногироҳои Ӯзбекистон «Veteran»  дар давоми ду моҳ нақша-ҷадвали таъмини собиқадори ҷангчии ногироро, ки дар ҷанги Афғонистон иштирок кардаанд,  бо маснуоти протезию ортопедӣ таҳия ва тасдиқ намояд. 
Вазорати молия (Т. Ишметов) аз Буҷети давлатии дар соли 2022 барои чорабиниҳои дар ҳамин банд пешбинишуда тибқи ҳисобҳои асосноки Агентии рушди хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо намояд.
6. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2023 тартиби дар ҳар ду сол аз нав ҳисоб кардани андозаи нафақаи маъюбӣ бо назардошти собиқаи кор ва музди меҳнат барои шаҳрвандоне, ки баъди таъини нафақаи маъюбии гурӯҳҳои I ва II кор кардаанд, ҷорӣ карда мешавад. 
Вазорати молия (Т. Ишметов) якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати се моҳ ба Девони Вазирон ба тартиби муқарраргардида лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон “Дар бораи таъминоти давлатии нафақаи шаҳрвандон”-ро бинобар ҷорӣ кардани тартиби дар банди мазкур зикршуда ворид намояд.
7. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 январи соли 2023 низоми ҷудо кардани субсидияҳои давлатӣ ба воҳидҳои ҳудудии Ҷамъияти маъюбони Ӯзбекистон, Ҷамъияти нобиноёни Ӯзбекистон, Ҷамъияти ношунавоҳои Ӯзбекистон, инчунин Ассотсиатсияи ногироҳои Ӯзбекистон  аз ҳисоби фондҳои ҷамъиятии дастгирии созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандии назди Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятҳо ва шаҳри Тошканд (минбаъд – фондҳои ҳудудии ҷамъиятӣ)  ҷорӣ карда мешавад.
Пешниҳоди Ҷамъияти маъюбони Ӯзбекистон, Ҷамъияти нобиноёни Ӯзбекистон, Ҷамъияти ношунавоҳои Ӯзбекистон ва Ассотсиатсияи маъюбони Ӯзбекистон дар бораи ҷорӣ намудани амалияи ба воҳидҳои ҳудудӣ аз 1 январи соли 2023 дар ҳар семоҳа пешниҳод кардани ҳисобот мутаносибан дар назди Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯроҳои депутатҳои халқи вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар бораи натиҷаҳои корҳои оид ба тавонбахшии шахсони ногиро дар ҳудуди дахлдор, ба онҳо расондани кумаки иҷтимоӣ, мусоидат дар пайдо намудани ҷойи худ дар ҷомеа анҷомдодашуда маъқул дониста шавад.
Ба Комиссияи парлумонӣ оид ба идоракунии маблағҳои Фонди ҷамъиятии дастгирии созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратӣ ва институтҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки бо мувофиқа бо Вазорати молия, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ  дар муддати ду моҳ меъёрҳои штатӣ ва миқдори музди меҳнати тавсияшавандаи зершӯъбаҳои ҳудудии Ҷамъияти маъюбони Ӯзбекистон, Ҷамъияти нобиноёни Ӯзбекистон, Ҷамъияти ношунавоҳои Ӯзбекистон, инчунин Ассотсиатсияи ногироҳои Ӯзбекистонро тасдиқ намоянд ва то ба фондҳои ҳудудии ҷамъиятӣ расонанд. 
Вазорати молия аз соли 2023 сар карда барои фондҳои ҳудудии ҷамъиятӣ ҷудо кардани маблағҳои дахлдори дар буҷаҳои маҳаллии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд пешбинишударо таъмин намояд.   
8. Таклифи Вазорати молия, Вазорати маорифи халқ, Агентии оид ба рушди хидмати тиббию иҷтимоӣ дар бораи ҷудо кардани 600 миллиард сӯм барои сохтмон, таъмир ва таҳкими базаи моддию техникии муассисаҳои давлатии иҷтимоӣ дар солҳои 2022-2023 маъқул дониста шавад.
Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ (А. Бобоев):
якҷоя бо Вазорати молия, Вазорати  таълими халқ,  Агентии рушди хидматрасонии тиббию иҷтимоӣ дар муддати ду моҳ барномаи мақсадноки сохтмон, таъмир ва таҳкими пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои давлатии иҷтимоиро дар солҳои 2022-2023 таҳия намояд ва барои тасдиқ ба Девони Вазирон тақдим созад;
амалӣ гардондани сохтмон, таъмир ва таҳкими пойгоҳи моддию техникиро дар доираи Барномаи рушди инфрасохтори иҷтимоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2023 ба тартиби муқарраргардида таъмин намояд. 
Вазорати молия (Т. Ишметов) барои таъмири ҷорӣ ва таҷҳизонидани муассисаҳои давлатии иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои бинобар прогнозҳо дар охири сол сарфашуда, ки дар параметрҳои Буҷаи давлатӣ дар соли 2022 барои маблағгузории барномаҳои бо манзил таъмин кардани аҳолӣ пешбинӣ шудааст, 150 миллиард сӯм ҷудо кунад, дар соли 2023 —  дар доираи Барномаи рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ барои соли 2023 ба тартиби муқарраргардида корҳои сохтмону таъмирро ба назар гирад.  
9. Вазорати молия (Т. Ишметов) барои маблағгузории хароҷоти вобаста ба татбиқи тадбирҳои пешбининамудаи ҳамин қарор аз ҳисоби Буҷаи давлатиӣ ҷудо кардани маблағҳоро бинобар ҳисоби асоснок таъмин намояд. 
10. Ба зиммаи вазири молия Т. А. Ишметов, директори Агентии рушди хидматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ А. Қ. Инаков, вазири маорифи халқ Б. О. Саидов ва вазири тандурустӣ Б. А. Мусоев масъулияти шахсӣ барои ташкили самараноки иҷрои қарори мазкур гузошта шавад. 
Баррасии рафти иҷрои қарори мазкур, мутобиқсозӣ ва назорати фаъолияти идораҳои ба иҷрои он масъул ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қӯчқоров ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдувахитов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
29 апрели соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: