Рӯшан аст, ки таъмин сохтани волоияти Сарқонун ва қонунҳо маҳаки муҳимтарини сохтани давлати ҳуқуқбунёди демократӣ дар кишвари мо ба шумор меравад.
Самаранокии ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мегарданд, кафолати асосии сулҳу пешрафт низ бо таъмин сохтани волоияти Сарқонун ва қонунҳо бевосита алоқаманд мебошанд. Бинобар ҳамин ҳам фароҳам овардани муҳите хеле муҳим ва вазифаи рӯзмарра аст, ки дар он ҳамватанонамон, пеш аз ҳама роҳбароне, ки дар тамоми соҳа ва самтҳои ҳаёти мо кор мекунанд, ҳамчунин шаҳрвандон бояд Сарқонун ва қонунҳоро хуб донанд, иҷрои онҳоро дуруст ба роҳ монанд, тамоми аъзои ҷомеа бидуни истисно ба онҳо қатъиян риоя кунанд.
Навсозӣ ва дигаргуниҳое, ки дар кишвари мо бо суръати баланд татбиқ мешаванд, маҳз ин ҷиҳат, яъне ҳадафи неки дар амалия татбиқ намудани меъёрҳоеро, ки пеш аз ҳама, дар Сарқонун зикр шудаанду ӯҳдадориҳои мақомоти давлатиро дар бораи таъмин намудани хидмат кардан ба манфиатҳои халқро дар бар мегиранд, тақозо мекунанд.
Дар самти мазкур қабул намудани бисёр қонунҳои нав ва ҳуҷҷатҳои зерқонунӣ барои таъмин сохтани иҷрои вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудаанд, аҳамияти бузург дорад.
Ҳамзамон волоияти Сарқонун ва қонунҳо муборизаи самаранокро бар муқобили оқибатҳои манфии ҳуқуқ-вайронкунӣ, ҳамчунин ташаккул додани низоми муассиреро, ки ба пешгирӣ кардани чунин ҳодисаҳо нигаронида шудаанд, тақозо мекунад.
Баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқӣ дар ҷомеа бобати мустаҳкам намудани қонунҳо аҳамияти бағоят муҳим дорад, ки дар ҳар як шахс ташаккул додани муносибати боэҳтиромона ба қонунҳо, ҳуқуқ, ва озодиҳои инсон, ҳамчунин фароҳам овардани муҳити тоқатнопазирӣ ба қонунвайронкуниро ба сифати вазифаи муҳимтарин пеш мегузорад.
Баробари ин барои муваффақ шудан ба волоияти Сарқонун ва қонунҳо ҷорӣ намудани шаклҳои муассири назорати ҷамъиятӣ, дар ҳама гуна шакл роҳ надодан ба тангкунии ҳуқуқи қонунии намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ аҳамияти махсус дорад.
Ба мақсади пурзӯр кардани самаранокии ислоҳоти татбиқшудаистода, бечуну чаро таъмин сохтани волоияти қонун, баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқдонӣ дар ҷомеа, ҷорӣ кардани шаклҳои самарабахши назорати ҷамъиятӣ дар пешбурди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин вусъат додани иштироки расонаҳои ахбори оммавӣ дар ин ҷараёнҳо:
1. Мувофиқи вазифаҳое, ки дар ҷамъомади тантанавии бахшида ба 27-умин солгарди қабул шудани Сарқонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудаанд, Барномаи чораҳо бинобар таъмин сохтани волоияти Сарқонун ва қонунҳо, пурзӯр намудани назорати давлатӣ дар самти мазкур, ҳамчунин баланд бардоштани маданияти ҳуқуқдонӣ дар ҷомеа (минбаъд – Барнома) мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
2. Натиҷаҳои ниҳоии зерин мақсади асосии татбиқ намудани Барнома муайян карда шаванд:
таъмин сохтани волоияти Сарқонун ва қонунҳо, мувофиқати пурраи қарорҳои мақомоти давлатӣ ва фаъолияти шахсони мансабдор ба қонунҳо, самарабахш ба роҳ мондани иҷрои қонунҳо;
ба дараҷаи нав бардоштани кор оид ба зиёд кардани шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқдонӣ дар ҷомеа, ба оммаи васеъ расонда додани маълумоти ҳуқуқӣ аз тариқи усулҳои замонавӣ, дар ҳар кадом шаҳрванд ва шахси мансабдор ташаккул додани эҳсоси эҳтиром ба Сарқонун ба қонунҳо;
ба мақсади муваффақ шудан ба волоияти Сарқонун ва қонунҳо такмил додани механизмҳои назорати ҷамъиятӣ нисбат ба фаъолияти идораҳои давлатӣ, кӯмакрасонӣ ба расонаҳои ахбори оммавии мустақил ва воқеънавис, рушди минбаъдаи идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ;
минбаъд такмил додани низоми суди одил, баланд бардоштани обрӯ ва таъмин намудани ҳокимияти ҳақиқатан мустақили судӣ;
пурзӯр кардани равандҳои ошкорбаёнӣ ва рӯшодгӯйӣ дар идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, фаъолияти ҳамарӯзаи мақомоти давлатӣ, ба хидматгори манфиатҳои халқ табдил додани идораи мақомоти ҳуқуқу тартибот;
минбаъд ба сифати қадри олии инсон мустаҳкам кардани ҳаёт, озодӣ, виҷдон, ифтихор ва дигар ҳуқуқҳои ҷудонопазири ӯ, ки дар Сарқонун ва қонунҳо мушаххас шудаанд, кафолатдиҳӣ ба дахлнопазирии моликияти хусусӣ.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
а) аз 1 марти соли 2020:
қарор дар бораи куллан нав кардани симои меъморӣ ва ободонии нуқтаҳои аҳолинишин, ҳамчунин дар онҳо баргузор кардани корҳои маҷмӯӣ оид ба сохтмон ва таҷдид пешакӣ дар байни сокинони ҳудудҳои мазкур муҳокима карда мешаванд ва аз экспертизаи ҷамъиятӣ мегузаранд;
ҳуҷҷатҳо дар бораи ҷудо кардани замин ба шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ дар тӯли як рӯзи баъди қабул шудан (расмикунонӣ)-и онҳо дар веб-сайтҳои расмии ҳокимиятҳои дахлдор чоп карда мешаванд;
б) аз 1 апрели соли 2020:
тартиби ҳатмии ба наворбардории видеоии амалиёт оид ба дастгир кардани шахс, ба ӯ маънидод кардани қонунҳои протсессуалӣ, сартобӣ аз ҳимоятгар ҷорӣ карда мешаванд;
барои ходимони мақомоти ҳуқуқу тартибот баъди аз ҷониби онҳо дастгир шудани шахс бобати зуд огоҳкунии бинобар дастгиршавии ӯ ва ҷойи нигоҳдориаш ба яке аз аъзои оила, дар мавриди набудани онҳо, ба хешовандон ё худ қарибони дигараш ӯҳдадорӣ гузошта мешавад;
в) аз 1 июли соли 2020 санадҳои истифодаи чораҳои иҷбории протсессуалӣ, ки ҳуқуқро маҳдуд мекунанд, аз ҷумла дастгир кардани шахс ба низоми ягонаи ҳисоби электронӣ дохил карда мешавад.
4. Барои баланд бардоштани самаранокии таъмин кардани иҷрои қонунҳо:
а) ба Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки фаъолиятро оид ба омӯхтани ҳолати иҷрои ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва амалиёти истифодаи қонун, ҳамчунин баргузор кардани мониторинг барои қабули ҳуҷҷатҳои зерқонунӣ, тарғибу ташвиқи васеи қонунҳои қабулшуда бар байни аҳолӣ такмил диҳанд ва пурзӯр намоянд;
б) ба Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки дар ҳар чоряк амалиёти судиро бобати омӯхтани ҳолати истифодаи ягона ва дурусти қонунҳо ҳангоми татбиқ намудани ҳифзи судии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ғанӣ кунад, дар мавриди зарурӣ қарори дахлдори пленумро қабул намояд;
в) ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки омӯзиши маҷмӯӣ ва мақсадноки қонунҳо, ҳамчунин баррасии ҳар семоҳаи натиҷаҳои онро дар ҷамъомадҳои президиуми Девони Вазирон дар асоси нақша таъмин кунад.
5. Ба Суди олӣ супурда шавад, ки якҷо бо Прокуратураи генералӣ, Хидмати амнияти давлатӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 майи соли 2020 лоиҳаи қонуни дахлдорро кор карда барояд ва мувофиқи тартиби муқарраршуда тақдим кунанд, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
шикояти бевосита ба суд аз ҷониби шахсони манфиатдор нисбат ба қарорҳои прокурор, пурсуҷӯкунанда ё худ муфаттиш дар бораи кушодани парвандаи ҷиноӣ, сартобӣ аз кушодани парвандаи ҷиноӣ, таъин кардани тафтишот, боздоштани пурсуҷӯ ё худ тафтишоти пешакӣ ва қатъ намудани парвандаи ҷиноӣ;
пурзӯр кардани ҷавобгарӣ бинобар санадҳои дахолат ба ҳаллу фасли парвандаҳои судӣ, аз ҷумла дар ҳама гуна шакл таъсиррасонӣ ба суд ба мақсади монеъ шудан ба тафтишоти ҳамаҷониба, пурра ва воқеъбинонаи парванда, баровардани ҷазо, қарор, таъинот ва натиҷаи ғайриодилона.
6. Ба Шӯрои машваратӣ оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (А. Саидов) супурда шавад, ки:
якҷо бо Маркази рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Иттиҳодияи миллии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 марти соли 2020 барномаи маҷмӯиро бинобар созмон додани низоми муассир ва ҳозиразамони татбиқкунии назорати ҷамъиятӣ дар қисмати ҳар кадом соҳа ва ҷанба кор карда барояд ва тасдиқ кунад;
мувофиқи тартиби муқарраршуда таклифро бобати ҷорӣ намудани механизмҳои замонавии ҳамкории самарабахш бо идораҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ дар соҳаи назорати ҷамъиятӣ, ҳамчунин чораҳои дастгирии фаъолияти онҳоро пешниҳод кунад.
Ба Бунёди ҷамъиятии оид ба дастгирӣ кардани созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва идораҳои дигари ҷамъияти шаҳрвандии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки дар муҳлати то 1 майи соли 2020-ум озмуни грантҳои давлатиро барои пешниҳоди беҳтарини байни созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва расонаҳои ахбори оммавӣ оид ба ҷорӣ намудани механизмҳои самарабахш ва замонавии татбиқсозии назорати ҷамъиятӣ, ҳамчунин вусъат додани иштироки идораҳои мазкур дар идоракунии ҷамъият баргузор кунад.
7. Ба Маркази миллии оид ба ҳуқуқҳои инсони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати то 1 майи соли 2020-ум аз тариқи муҳокимаи васеъ бо иштироки созмонҳои байналхалқӣ, ҷомеаҳо, мутахассисон ва коршиносони соҳа лоиҳаи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқҳои инсонро кор карда барояд ва мувофиқи тартиби муқарраршуда пешниҳод намояд, ки ҷиҳатҳои зеринро пешбинӣ мекунад:
таъмин кардани иҷрои комили ӯҳдадориҳои байналхалқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон;
такмил додани механизмҳои татбиқкунии мониторинг оид ба риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон;
ташкил кардани низоми чораҳои маҷмӯии ташкиливу ҳуқуқӣ ва ғайра, ки ба таъмин сохтани ҳифзи муътамади ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нигаронида шудааст;
баланд бардоштани самаранокии механизмҳо ва тартиби имплементатсияи меъёрҳои байналхалқӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар қонунгузорӣ ва фаъолияти амалии мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, мақомоти ҳуқуқу тартибот;
баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқдонии аҳолӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла дар ин самт паҳн кардани маълумот ва маърифати самарабахш, ба роҳ мондани фаъолияти таълимӣ;
ба дараҷаи нав бардоштани ҳамкорӣ бо сохторҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, идораҳои миллии кишварҳои хориҷӣ оид ба соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон.
8. Ба Оҷонсии иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
дар муҳлати то 1 июли соли 2020-ум лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи телевизион ва радио» ва «Дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи расонаҳои ахбори оммавӣ», ки таъмин кардани озодии фаъолияти воситаҳои ахбори оммавӣ ва истифодаи ахбор, пурзӯр кардани кафолати ҳифз аз ҳаракатҳои (қарорҳо) ғайриқонунии мақомоти давлатӣ ва мансабдорон, мушаххас кардани ӯҳдадориҳои касбии журналистонро пешбинӣ менамояд, кор карда барояд ва ба Девони Вазирон тақдим созад;
дар муҳлати то 1 марти соли 2020 Барномаи чораҳои маҷмӯӣ оид ба таъмин сохтани рӯшодии фаъолияти тамоми мақомот ва ташкилоти давлатӣ, ба дараҷаи нав бардоштани робитаҳои тарафайни онҳо бо ҷамъият, аз ҷумла, бо воситаҳои ахбори оммавиро кор карда барояд ва тасдиқ кунад.
9. Ба Палатаи адвокатҳо супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати адлия, Суди олӣ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 майи соли 2020-ум лоиҳаи ҳуҷҷати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки минбаъд такмил додани идораи адвокатура ва куллан баланд бардоштани мақоми адвокатҳоро пешбинӣ менамояд, кор карда барояд ва мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим созад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
тасдиқ кардани консепсияи рушди идораи адвокатура;
минбаъд баланд бардоштани нақш ва аҳамияти Палатаи адвокатҳо аз тариқи таҷдиди назар кардани ваколатҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо фаъолияти сохтори мазур алоқаманд мебошад;
дар асоси меъёрҳои байналхалқӣ таҷдиди назар кардани механизмҳои аз ҳисоби давлат ҷалби адвокатҳо аз ҷониби муфаттиш, прокурор ва суд;
муқарар кардани имтиёзҳои иловагӣ барои адвокатҳо.
10. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки то 1 марти соли 2020:
лоиҳаи «Харитаи амалиёт» оид ба самарабахш татбиқ кардани Консепсияи баланд бардоштани маданияти ҳуқуқдонии ҷамъият дар тӯли солҳои 2020-2021, ки истифодаи механизмҳои амалӣ, муассир ва инноватсиониро, ҳангоми ба аҳолӣ, ба хусус ҷавонон маънидод кардани ҳуқуқҳои онҳоро пешбинӣ менамояд, кор карда барояд ва ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кунад;
таклифро оид ба ташаккул додани низоми нав бинобар навсозӣ ва ба танзим даровардани қонунгузорӣ тайёр кунад ва ба Девони Вазирон пешниҳод намояд.
11. Ба роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳо супурда шавад, ки:
иҷрои саривақтӣ ва босифати дар Барномаи чорабиниҳо муайяншуда, коркарди лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии дар он пешбинишударо бо баргузор кардани таҳлили амиқи қонунгузорӣ ба амалиёт, ҳамчунин дар пояи таҷрибаи пешқадами кишварҳои мутараққӣ ва баррасии фаъоли лоиҳаҳои мазкур дар байни ҷомеаи васеъ, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ;
дар ҳар семоҳа ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим намудани ахборро дар бораи ҷараёни иҷрои Барнома таъмин кунанд.
12. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
мониторинги доимии ҳолати иҷрои чорабиниҳоеро, ки дар Барнома муайян шудаанд, баргузор кунад;
дар ҳар семоҳа ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Девони Вазирон тақдим намудани ахборро дар бораи натиҷаҳои мониторинг таъмин намояд.
13. Ба Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон дар расонаҳои ахбори оммавӣ, ҳамчунин дар шабакаҳои Интернет васеъ равшан кардани мақсад ва вазифаҳои қарори мазкурро ба роҳ монад.
14. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ.
Шаҳри ТОШКАНД,
13 декабри соли 2019.