ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ БОБАТИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ СИФАТИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИ ОЛӢ ВА ТАЪМИН КАРДАНИ ИШТИРОКИ ФАЪОЛИ ОНҲО ДАР ИСЛОҲОТИ ВАСЕЪМИҚЁСЕ, КИ ДАР МАМЛАКАТ ТАТБИҚ МЕШАВАНД

Тӯли солҳои охир дар мамлакат бобати фароҳам овардани низоми таълими олӣ, самтҳои дахлдори бартариноки рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва талаботи меъёрҳои байналхалқӣ чораҳои васеъмиқёс андешида мешаванд.

Ташкил кардани муассисаҳои нави таълими олӣ дар минтақаҳо, кушодани самтҳои нави таълим ва ихтисос оид ба тайёркунии кадрҳо, ҳамчунин бахшҳои ғоибонаву шабона, зиёд кардани квотаи қабул дар муассисаҳои таълими олӣ дар ин самт ислоҳоти муҳим ба шумор мераванд.
Баробари ин як қатор мушкилоте мавҷуданд, ки ба баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ, таъмин кардани иштироки фаъоли муассисаҳои мазкур дар ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар ҷумҳурӣ амалӣ мешаванд, дигаргуниҳо дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ монеъ мегарданд, аз ҷумла:
якум, ҷараёни ташкил кардани маълумотгирӣ дар низоми таълими олӣ, низоми баҳогузорӣ ба дониши донишҷӯён ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд;
дуввум, набудани низоми замонавии баҳодиҳӣ ба фаъолият, дониш ва иқтидори педагогии ҳайати профессорону омӯзгорон ба сифати таълим таъсири манфӣ мерасонад;
саввум, саволҳои имтиҳоноти дохилшавии тестӣ имкон намедиҳанд иқтидори тафаккури мантиқии довталаб муайян карда шавад, ки дар қабули ҷавонони боистеъдод ба муассисаҳои таълими олӣ мушкилот фароҳам меоварад;
чаҳорум, набудани назорати самарабахши ҷамъиятӣ нисбат ба ҷараёни маълумотгирӣ дар муассисаҳои таълими олӣ боиси боқӣ мондани мушкилоти зиёд, пеш аз ҳама ҳодисаҳои тамаъгарӣ дар соҳаи мазкур мегардад;
панҷум, иштирок ва ташаббускории муассисаҳои таълими олӣ барои дар мамлакат татбиқ намудани тағйироти васеъмиқёсу мунтазам ба назар намерасад, фаъолияти онҳо дар самти мазкур ҳанӯз қаноатбахш нест;
шашум, кори таъмин сохтани иштироки фаъоли муассисаҳои таълими олӣ барои дар байни аҳолӣ, ҷомеаи васеъ маънидод кардани мазмуну моҳияти ислоҳоти куллие, ки дар ҷумҳурӣ татбиқ мешаванд, аз тариқи расонаҳои ахбори оммавӣ ба роҳ монда нашудааст;
ҳафтум, муассисаҳои таълими олӣ ба маркази мубодилаи фикру ақидаҳо оид ба ғояҳои инноватсионӣ ва технологӣ табдил наёфтаанд, барои зуҳуроти ташаббускории ҳайати профессорону омӯзгорон, олимони ҷавон ва донишҷӯён бино бар мунтазам омӯхтан, таҳлил кардан ва пешниҳод намудани таклиф бобати ҳаллу фасли мушкилот ва камбудиҳои мавҷуда дар соҳаҳои дахлдор шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда нашудаанд.
Бо мақсади куллан такмил додани сифати маълумотгирӣ дар муассисаҳои таълими олӣ, таъмин кардани иштироки фаъоли онҳо дар ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат амалӣ мешаванд, ҳамчунин мунтазам татбиқ сохтани вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайян шудаанд:
1. Ба таклифи Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорат ва идораҳое, ки дар ихтиёри худ муассисаҳои таълими олӣ доранд: 
дар бораи аз соли таҳсили 2018/2019 ҷорӣ кардани бакалавриат ба муҳлати таълими на камтар аз се сол ва магистратура ба муҳлати таълими на камтар аз як сол бино бар самтҳои алоҳида, дар ин маврид бо назардошти тайёр кардани мутахассисон дар магистратура дар пояи барномаҳои махсуси истеҳсолӣ (амалӣ) (на камтар аз як сол) ва самтҳои илмиву педагогӣ (на камтар аз ду сол);
дар бораи аз соли хониши 2018/2019 ба бакалавриати муассисаҳои таълими олӣ қабул кардани шаҳрвандони хориҷӣ берун аз квотаи қабул аз тариқи суҳбат, бидуни супурдани имтиҳоноти тест ризоият дода шавад.
2. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супурда шавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда дар асоси аризаҳои Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорат ва идораҳое, ки дар ихтиёри худ муассисаҳои таълими олӣ доранд, раводидҳои сафариро барои шаҳрвандони хориҷие, ки хоҳиши ба муассисаҳои таълими олӣ дохил шудан доранд, бидуни ситондани боҷҳои консулгарӣ ва ғайра таъмин намояд.
3. Аз соли хониши 2018/2019 тартибе ҷорӣ карда шавад, ки мувофиқи он муассисаҳои асосӣ (пойгоҳӣ)-и таълими олӣ бо дарназардошти талаботи супоришгарони кадрҳо бо ризоияти Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дастур ва барномаҳои таълимиро бино бар самтҳои дахлдори таълим ва ихтисос мустақилона кор карда бароянд ва тасдиқ кунанд.
4. Ба Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳое, ки дар ихтиёри худ муассисаҳои таълими олӣ доранд:
а) дар зарфи ду моҳ мувофиқи тартиби муқарраршуда Дастурро дар бораи низоми назорат ва баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯёнро дар муассисаҳои таълими олӣ кор карда барояд ва тасдиқ кунад, дар ин маврид ба инҳо эътибори асосӣ диҳад:
мувофиқсозии низом ва маҳаки баҳогузорӣ бо давраҳои низоми таълими муттасил;
ҷорӣ кардани усулҳои замонавӣ, шаффоф ва одилона (усулҳои автоматиконидашуда, портфолио, санҷишҳои тест, корҳои эҷодӣ, зидди нусхабардорӣ ва ғайра)-и баҳодиҳӣ ба дониши донишҷӯён бо дарназардошти махсусиятҳои самти таълим, аз ҷумла самтҳое, ки иштироки муаллими фанни муайянро дар ҷараёни назорати ниҳоӣ аз байн мебарад;
муайян кардани миқдори фанҳое, ки донишҷӯён бино бар онҳо ба аз нав супурдани имтиҳон барои қарзи академӣ дар ҷамъбасти семестр ва тағйир додани муҳлати  аз нав супурдани онҳо роҳ дода мешаванд;
б) то муҳлати 1 декабри соли 2018 ба тартиби муқарраршуда кор карда баромадан ва тасдиқ намудани лоиҳаи дахлдори ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ бобати минбаъд такмил додани тартиби баргузор кардани аттестатсияи давлатии ҷамъбастии хатмкунандагони муассисаҳои таълими олӣ;
в) дар муҳлати то 1 марти соли 2019 бобати муайян кардани механизмҳои мушаххаси аз ибтидои соли хониши 2019/2020 ба муассисаҳои таълими олӣ ҷорӣ кардани раванди «дараҷаи азхудкунии донишҷӯ – маҳаки асосии баҳодиҳӣ ба фаъолияти профессорону омӯзгорон» чораҳои дахлдор андешида шаванд. Дар ин маврид чорабиниҳо то ба ҳадди бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо омӯзгороне, ки ба талаботи равандҳои мазкур ҷавобгӯ нестанд, пешбинӣ карда шавад;
г) ба мақсади пешгирӣ намудани талафи вақти кории профессорону омӯзгорон ҳангоми кор ба ҷараёни берун аз таълим, сафарбар намудани онҳо ба кори беш аз пеш фаъолтар бо донишҷӯён, аз ҷумла ҷорӣ намудани низоми «устоду шогирд», аз ибтидои соли хониши 2018/2019 мувофиқи тартиби муқарраршуда механизми нави «меъёри вақт»-и профессорону омӯзгорон бо дарназардошти вазифаи таълимӣ андешида ва тасдиқ карда шавад.
5. Ҷалби профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълими олӣ ба ҷамъомад ва чорабиниҳои дигаре, ки бо вазифа ва самти фаъолияти онҳо вобаста нестанд, манъ карда шавад.
Роҳбарони мақомот ва ташкилоти давлатӣ, ҳокимони тамоми дараҷаҳо қатъиян огоҳ карда шаванд, ки барои вайрон кардани талаботи мазкур аз вазифаи ишғолкардаашон сабукдӯш карда хоҳанд шуд.
6. Бо мақсади ҷорӣ намудани назорати самарабахши ҷамъиятӣ дар тамоми муассисаҳои таълими олӣ шӯроҳои ҷамъиятӣ ташкил карда шаванд, ки аз донишҷӯён, падару модарон, фаъолони Иттифоқи ҷавонони муассисаҳои таълими олӣ, супоришгарони кадрҳо, профессорону омӯзгорон, ҳамчунин намояндагони идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ таркиб ёфтаанд.
Инҳо вазифаҳои асосии шӯроҳои ҷамъиятӣ муайян карда шаванд:
ҷорӣ намудани мониторинги мунтазам барои сифати таълим, дониш ва маҳорати педагогии профессорону омӯзгорон, шароитҳое, ки барои донишҷӯён фароҳам оварда шудаанд;
пешниҳоди тавсияҳо ба муассисаҳои таълими олӣ бино бар номзадҳое, ки барои кор ба ҳайати профессорону омӯзгорон қабул карда мешаванд;
баррасӣ намудани муроҷиати донишҷӯён, баргузор кардани пурсишҳои иҷтимоӣ ба мақсади дақиқ омӯхтани фикру ақидаи донишҷӯён дар бораи кадрҳои педагогӣ;
тайёр кардани таклифҳо бино бар такмил додани ҷараёни таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ва ба муҳокимаи шӯрои дахлдори муассиса пешниҳод кардани онҳо.
Муайян карда шавад, ки ба роҳ мондани фаъолияти шӯрои ҷамъиятӣ аз ҷониби роҳбари Иттифоқи ҷавонони муассисаҳои таълими олӣ таъмин карда мешавад.
Ба Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳое, ки дар ихтиёри худ муассисаҳои таълими олӣ доранд, дар зарфи ду моҳ Дастури намунавии тартиби ба роҳ мондани фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии назди муассисаҳои таълими олиро кор карда барояд ва тасдиқ кунад.
7. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 сентябри соли 2018:
қабул барои кор ба ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълими олӣ дар асоси тавсияи ҷамъомади кушоди васеи кафедраҳои дахлдор бо иштироки кадрҳои педагогӣ ва аъзои шӯрои ҷамъиятӣ бино бар натиҷаҳои машғулиятҳои санҷишие, ки дар муассисаи мазкур гузаронида шудаанд, татбиқ мегардад;
амалияи ба роҳ мондани таълими донишҷӯён дар пояи муоҳида ва барномаҳои муштараки таълимии байни муассисаҳои таълими олии Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҳамчунин дар навбати худ ба онҳо додани дипломҳои эътирофшуда ҷорӣ карда мешавад.
8. Ба Маркази давлатии тести назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсус, Вазорати таълими халқ дар муҳлати то 1 январи соли 2019:
методикаи тайёр кардани саволҳои тести имтиҳоноти дохилшавӣ ба муассисаҳои таълими олиро дар пояи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ таҷдиди назар карда, мувофиқи тартиби муқарраршуда бино бар такмил додани онҳо ба Девони Вазирон таклиф пешниҳод кунад;
ба довталабоне, ки сертификати низомҳои машҳури байналхалқии имтиҳонӣ (TOEFL, IELTS, CEFR, SAT General, SAT Subgect ва ғайра), миқдори ҳадди баланди холҳоро бино бар фанҳои дахлдор доранд, бо озод кардани онҳо аз имтиҳоноти тест бино бар фанҳои мазкур андешида ва мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Девони Вазирон пешниҳод карда шавад.
9. Вазифаҳои иловагии зерин ба дӯши Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳое, ки дар ихтиёри худ муассисаҳои таълими олӣ доранд, гузошта шаванд:
ба роҳ мондани кори мунтазами зиёд кардани иштирок ва ташаббускории муассисаҳои таълими олӣ дар ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд;
аз тариқи телевизион ва воситаҳои дигари ахбори оммавӣ ба табақаи васеи аҳолӣ фаҳмонда додани аҳамият ва моҳияти тағйирот ва ислоҳоти куллие, ки дар ҳаёти давлат ва ҷамъият татбиқ мегарданд, аз ҷониби муассисаҳои таълими олӣ таъмин карда шавад;
иштироки фаъоли муассисаҳои таълими олӣ ба баррасии васеи лоиҳаи ҳуҷҷат ва барномаҳои меъёриву ҳуқуқие, ки ба тезондани рушди минтақаҳо, соҳаҳои иқтисодиёт ва ҷабҳаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, таъмин карда шавад;
фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои рушди ҳамаҷониба ва дастгирии ғояҳои инноватсиониву технологӣ, қабул кардани чораҳои мушаххас бино бар баланд бардоштани ташаббускории ҳайати профессорону омӯзгорон, олимони ҷавон ва донишҷӯён дар коркарди технологияҳои инноватсионӣ;
мунтазам баргузор кардани машваратҳо ва «мизҳои мудаввар» бо роҳбарон, мутахассисони пешбари соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, соҳибкорони фаъол бино бар масъалаҳои рӯзмарра, баргузор намудани тадқиқоти илмиву амалие, ки ба ҳаллу фасли мушкилот, ки дар фаъолияти онҳо ба миён меоянд, нигаронида шудаанд;
муайян намудани чораҳои маҷмӯӣ бино бар баланд бардоштани масъулияти роҳбарияти муассисаҳои таълими олӣ дар масъалаҳои иштироки фаъол дар ҷараёни ислоҳсозии мамлакат, таъмин сохтани коркард ва тасдиқ намудани «харитаи амалиёт» барои ҳар кадом ректор ва проректор дар самти мазкур, татбиқ сохтани назорати иҷрои онҳо.
10. Муқаррар карда шавад, ки:
ба ҷойи вазифаи проректор оид ба корҳои маънавиву маърифатии муассисаҳои таълими олӣ вазифаи проректор оиди кор бо ҷавонон ҷорӣ карда мешавад, вазифаҳои оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти проректорон бобати кор бо ҷавонон ба зиммаи Хидмат доир ба масъалаҳои сиёсати ҷавонони Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон гузошта мешавад;
вазири маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар ихтиёри худ муассисаҳои таълими олӣ доранд, моҳе на камтар аз як бор натиҷаи фаъолияти ректорон ва проректорони муассисаҳои дахлдори таълими олӣ, вазири рушди инноватсионӣ – проректорони оид ба корҳои илмӣ ва инноватсияҳои тамоми муассисаҳои таълими олиро бобати иҷрои вазифаҳое, ки дар «харитаи амалиёт»-и онҳо муайян шудаанд, аз нуқтаи назари танқидӣ муҳокима мекунанд;
дар ҷамъомадҳои Девони Вазирон ҳар сол ҳисоботи вазири маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарони вазорату идораҳое, ки дар ихтиёри худ муассисаҳои таълими олӣ доранд, бобати таъмин кардани иштироки фаъоли муассисаҳои дахлдори таълими олӣ ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мегарданд, муҳокима карда мешаванд;
Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи натиҷаи муҳокима масъалаи ба вазифаашон мувофиқат кардан ё худ мувофиқат накардани ректорони муассисаҳои таълими олиро баррасӣ мекунад;
ҳангоми баҳодиҳӣ ба самаранокии фаъолияти ректорони  муассисаҳои таълими олӣ васеъ ҷалб гардидани олимони баландихтисоси хориҷӣ, омӯзгорону мутахассисон ба ҷараёни таълим, ҳамчунин ташаббускории онҳо бобати дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон кушодани бахшҳои муассисаҳои пешқадами таълими олии хориҷӣ ба инобат гирифта мешаванд.
11. Ба Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсус супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ лоиҳаи барномаи чораҳоро, ки ба ҷалби донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ба фаъолияти илмӣ ва дар онҳо ташаккул додани шуури инноватсионӣ нигаронида шудаанд, кор карда барояд ва мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кунад, ки:
дар ҳар кадом муассисаи таълими олӣ ташкил кардани «Гурӯҳи коршиносони ҷавон»-ро ба мақсади ташаккул додани ғоя ва ташаббусҳои нав;
ба роҳ мондани машғулиятҳои таълимиро аз тариқи ҷорӣ кардани технологияҳои таълимӣ ва усулҳои интерактив, ки ба ташаккул додани афкори инноватсиониву соҳавӣ дар донишҷӯён нигаронида шуда, дар ин маврид ба механизмҳои мустақилона таълим гирифтани донишҷӯён эътибор медиҳад;
дар ҳар кадом муассисаи таълими олӣ барои донишҷӯёни боистеъдодтарин, ки дар давоми курси 1-ум баргузида шудаанд, (миқдори донишҷӯён дар гурӯҳҳои мазкур аз ҷониби муассисаҳои таълими олӣ муайян карда мешавад), ташкил кардани гурӯҳҳои махсус ва аз курси 2-юм  омӯзондани онҳо дар пояи нақшаҳои махсуси таълимӣ ва барномавӣ, ҷорӣ намудани низоми кадрҳои соҳибтахассус барои кафедраҳои муассисаҳои таълими олӣ аз тариқи қабули мақсадноки донишҷӯёни табақаи мазкур ба магистратураро пешбинӣ менамояд.
12. Нишони сарисинагии «Пешоҳанги ғояҳои инноватсионӣ» таъсис дода шавад, ки ба олимони ҷавон ва донишҷӯён, ҳамчунин ба шаҳрвандони ташаббускор барои саҳми муносибашон дар рушди ғоя ва технологияҳои инноватсионӣ дар мамлакат супурда мешавад.
Ба Вазорати рушди инноватсионӣ, Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи қарори ҳукуматро дар бораи тасдиқ кардани Дастур оид ба нишони сарисинагии «Пешоҳанги ғояҳои инноватсионӣ» таклиф пешниҳод кунанд.
13. «Харитаи амалиёт» оид ба баланд бардоштани сифати таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ва иштироки  фаъоли онҳо дар ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд, мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
14. Ба Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳое, ки дар ихтиёри худ муассисаҳои таълими олӣ доранд, супурда шавад, ки якҷо бо Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон дар зарфи як моҳ дурнамо-ҷадвали солонаи ҳар кадом муассисаи таълими олиро бобати ба роҳ мондани баромадҳо дар телевизион ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ бино бар маънидод кардани аҳамият ва моҳияти ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд, кор карда бароянд ва тасдиқ кунанд.
15. Ба таклифи Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсус ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи:
дар сохтори Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсус ташкил додани Хидмати иттилоотӣ бо ҷудо кардани 2 воҳиди  штати иловагӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмин карда мешавад;
дар сохторҳои муассисаҳои таълими олӣ ҷорӣ намудани вазифаи котиби матбуот бо ҷудо кардани 1 воҳиди штати иловагӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавӣ таъмин карда мешавад, ризоят дода шавад.
16. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муддати як моҳ:
а)  қарори Ҳукуматро қабул кунад, ки инҳоро дар назар дорад:
таъмин кардани муассисаҳои таълими олӣ бо адабиётҳои замонавӣ, таълимиву услубӣ ва илмӣ, маҷаллаҳои даврӣ, мунтазам нав кардани хазинаи марказҳои иттилоотиву захиравӣ;
фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои хариди адабиёти пешқадами таълимӣ ва илмии хориҷӣ, маҷаллаҳо, тарҷумаи адабиётҳои навтарини хориҷӣ ва ҷорӣ кардани онҳо ба ҷараёни таълим;
б) Дастур дар бораи тартиби баргузор кардани амалиёти ихтисосии донишҷӯён дар муассисаҳои таълими олӣ тасдиқ карда шавад.
17. Ба Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсус супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
а) дар зарфи як моҳ чораҳоро бобати:
фароҳам овардани шароит барои дастёбии муассисаҳои таълими олӣ ба пойгоҳҳои байналхалқии ахбори илмиву техникӣ, васеъ интишор кардани натиҷаҳои илмии кори профессорону омӯзгорон дар сатҳи байналхалқӣ, таъмин намудани давра ба давра муваффақшавии маҷаллаҳои  асосии илмии ҷумҳурӣ ба импакт – омили баланд;
умумӣ кардани ҷараёнҳои идора дар низоми таълими олӣ дар пояи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, қаробати низомҳои мавҷудаи иттилоотӣ, ҷорӣ намудани низомҳои самарабахши тайёркунии маълумотҳои таҳлилӣ;
б) дар муҳлати то 1 январи соли 2019 мувофиқи тартиби муқарраршуда дар Девони Вазирон чораҳо бино бар давра ба давра ба роҳ мондани низоми қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро дар шакли электронӣ кор карда барояд ва ҷорӣ кунад;
ба Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсус супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад.
19. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р.С.Қосимов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон О.Б.Муродов ва вазири маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон И.У.Маҷидов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
5    июни соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: