ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ БОБАТИ ДАСТГИРӢ КАРДАНИ ФАЪОЛИЯТИ СОДИРОТИИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 январи соли 2022 №ФП-60 «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026», ҳамчунин ба мақсади фароҳам овардани шароитҳои мусоид баҳри пешбурди маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои нави пешомаднок аз тариқи дастгирии иловагии фаъолияти содиротӣ:

1. Муқаррар карда шавад, ки:
ба субъектҳои соҳибкорӣ, ки вомҳои аз ҳисоби захираҳои молӣ пешниҳодкардаи Оҷонсии пешбурди содиротӣ барои бо маблағ таъмин кардани амалиёти пеш аз содиротӣ ва бо содирот алоқаманди тиҷоратиро сари вақт сарпур кардаанд, ба ҷудо намудани вомҳои иловагии қисмати мутаносибан сарпуркарда иҷозат дода мешавад;
дар муҳлати то 1 январи соли 2024 ҳангоми содироти маҳсулот аз матоъ ва газвори трикотажӣ ба давлатҳои Аврупо, Туркия, Миср ва Марокаш барои ҷуброн намудани 70 фоизи хароҷот бинобар ҳамлу нақл бо нақлиёт субсид пешниҳод карда мешавад.
2. Ба Комиссияи ҳукуматӣ оид ба масъалаҳои савдои хориҷӣ, сармояҳо, рушди саноати маҳаллӣ ва танзими техникӣ (Ҷ. Хоҷаев) супурда шавад, ки дар зарфи ду ҳафта ба тартиби аз ҷониби Оҷонсии пешбурди содироти захираҳои молиявӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ пешниҳодшуда барои вомҳо ба амалиёти тиҷоратии вобаста ба содирот ва бо маблағтаъминкунӣ ҳамчунин ҷуброни як қисми хароҷоти ҳамлу нақл ҳангоми содирот тағйироти дахлдор ворид намояд. 
3. Ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тағйирот дохил карда шавад.
4. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазир Ҷ. А. Хоҷаев гузошта шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии
 Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
21 декабри соли 2022. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: