ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ БОБАТИ КУМАК ОИДИ БОШУҒЛФАРОГИРӢ ВА БО КОРИ ДОИМӢ ТАЪМИН НАМУДАНИ ҶАВОНОН

Ба мақсади мунтазам идома додани ислоҳоте, ки бинобар вусъат додани шароит барои ворид шудан ба ҳаёти мустақилона, пурра истифода бурдани иқтидор ва имконияти ҷавонон, кумакрасонӣ барои бо шуғл фарогирӣ, бо кори доимӣ ва даромади сазовор таъмин кардани онҳо татбиқ мешаванд:

1. Муқаррар карда шавад, ки дар давраи аз 1 майи соли 2023 то 1 январи соли 2025 ба коргузорон (ғайр аз ташкилоти буҷавӣ, корхонаҳои давлатӣ, ашхоси ҳуқуқие, ки дар бунёд (сармоя)-и оинномавии онҳо саҳми давлат 50 фоиз ва беш аз онро ташкил медиҳад, ҳамчунин пардозгарони андози иҷтимоӣ бинобар миқдори 1 фоиз) миқдори андози иҷтимоӣ, ки онҳо барои кормандони то 25 сола мепардозанд, пурра аз Буҷаи давлатӣ сарпур карда мешавад.
Дар ин маврид миқдори андози иҷтимоӣ бо шарти таъмин шудани кормандони ҷавон бо фаъолияти муттасили меҳнатӣ дар тӯли шаш моҳ ибтидо аз моҳи ҳафтум сарпур карда хоҳад шуд.
2. Муайян карда шавад, ки сарпур кардани миқдори андози иҷтимоӣ аз ҳисоби трансфертҳое, ки ба Бунёди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати иқтисодиёт ва молия аз буҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои соли 2023-юм ҷудо карда шудаанд,  сарпур карда мешавад. 
3. Ба Вазорати иқтисодиёт ва молия супурда шавад, ки бо назардошти он ки ҳисобот бинобар андози иҷтимоӣ ҳар моҳ на дертар аз санаи 15-уми моҳ, ки баъди давраи ҳисоботӣ пешниҳод мегардад, бо ҷамъбасти рӯзафзун, ҳангоми ташаккул додани Буҷаи давлатӣ барои солҳои 2024 ва 2025 харҷҳои пешбинишуда, барои сарпур сохтани миқдори андози иҷтимоии коргузорон дар семоҳаи якуми солҳои 2024 ва 2025 махсус пешбинӣ кунад. 
4. Ба Вазорати сиёсати ҷавонон ва варзиш супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати иқтисодиёт ва молия, Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ корро бобати васеъ равшан кардани ҳадафҳо ва вазифаҳои Фармони мазкур дар расонаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои Интернет ба роҳ монад. 
5. Ба қарори Девони Вазирон аз 24 июли соли 2021 №460 «Дар бораи тасдиқ кардани Қоидаи муваққатӣ бобати тартиби пурра сарпур кардани миқдори андози иҷтимоӣ ба коргузорон аз Буҷаи давлатӣ, ки онҳо ба кормандони то 25 сола мепардозанд» мувофиқи замима тағйирот ва иловаҳо дохил карда шаванд.
6. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

шаҳри ТОШКАНД,
26 апрели соли 2023.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: