ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ БОБАТИ РАҚАМИКУНОНИИ НИЗОМИ НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТӢ

Ба мақсади истифодаи технологияҳои пешқадами рақамӣ дар низоми нигаҳдории тандурустӣ, ташаккул додани платформаи нигаҳдории тандурустии рақамӣ, ҷорӣ намудани маҷмӯи пойгоҳи маълумот барои муассисаҳои табобатию ташхисии тамоми дараҷаҳои соҳа, ҳамчунин коркарди таъминоти барномавӣ ва платформаи электронӣ:

1. Барои маълумот қабул карда шавад, ки дар байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бонки «KfW» барои бо маблағ таъмин сохтани лоиҳаи «Дастгирӣ намудани ислоҳоти рақамикунонии нигаҳдории тандурустӣ» (минбаъд – Лоиҳа) муоҳидаи заёмӣ дар ҳаҷми 45 миллион евро ба муҳлати 12 сол, аз ҷумла давраи панҷсолаи имтиёзнок, ҳамчунин созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 5,5 миллион евро ба имзо расидааст.
2. Нишондиҳандаҳои техникиву иқтисодии лоиҳаи «Дастгирӣ намудани ислоҳот бобати рақамикунонии нигаҳдории тандурустӣ» мувофиқи замимаи №1;
Ҷадвали пешгӯии баргардондани маблағҳои заёмии бонки «KfW», аз ҷумла пардохти иловапулӣ ва фоизҳо, дар доираи татбиқсозии лоиҳаи «Дастгирӣ намудани ислоҳот бобати рақамикунонии нигаҳдории тандурустӣ» мувофиқи замимаи №2;
«Харитаи амалиёт» бинобар татбиқ сохтани лоиҳаи «Дастгирӣ намудани ислоҳот бобати рақамикунонии нигаҳдории тандурустӣ» мувофиқи замимаи №3;
Нақшаи чорабиниҳо бинобар рақамикунонии низоми нигаҳдории тандурустӣ дар солҳои 2023-2025 мувофиқи замимаи №4 тасдиқ карда шаванд.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
а) Вазорати нигаҳдории тандурустӣ:
мақомоти иҷроия, масъули саривақт татбиқ кардан ва ҳамоҳанг сохтани Лоиҳа, ҳамчунин мувофиқи мақсад ва босифат истифода бурдани маблағҳои заёмӣ ва грантии бонки «KfW»;
мақомоти кории комиссияи тендерӣ ва контрагент оид ба имзои муоҳидаҳо дар доираи татбиқсозии Лоиҳа ба шумор меравад;
б) баргардондани маблағҳои заёмии бонки «KfW», аз ҷумла, харҷҳои вобаста ба пардохт ва фоизҳо, пардохтҳои дигар аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарпӯш карда мешаванд;
в) андоз барои арзиши иловагӣ, ки ба пардохт барои молҳо (хидматҳо)-е, ки харид ва дар доираи татбиқсозии Лоиҳа кашонда мешаванд, аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатӣ пардохта мешаванд.
Дар ин маврид маблағҳое, ки дар натиҷаи истифодаи имтиёзҳои андоз ва гумрукӣ ё худ пардохт аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ сарфа мегарданд, ба сифати саҳме пазируфта мешаванд, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар татбиқсозии Лоиҳа ворид кардааст.
4. Ба мақсади саривақт ва самарабахш татбиқсозии Лоиҳа Идораи лоиҳавии идоракунии рақамикунонии муназзами нигаҳдории тандурустӣ ташкил карда шавад ва фаъолияти он аз ҳисоби маблағҳое, ки дар тартиби асосноки техникиву иқтисодии Лоиҳа муқаррар шудаанд, бо маблағ таъмин гардад.
Дар ин маврид Вазорати нигаҳдории тандурустӣ фаъолияти ҳамоҳанги Идораи лоиҳавии идоракунии рақамикунонии муназзами нигаҳдории тандурустиро татбиқ менамояд.
5. Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ бобати муоҳидаи заёмӣ ва грантӣ, ки дар байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва бонки «KfW» имзо гардидааст, хулосаи ҳуқуқӣ диҳад.
6. Муайян карда шавад, ки:
пардохт барои рухсатномаи истифодаи низоми иттилоотӣ, ки дар доираи Лоиҳа ҷорӣ карда мешавад, ба рӯихати хароҷот бинобар ҷорӣ кардани онҳо дохил карда мешавад ва ин рухсатномаҳо дар тӯли на камтар аз 5 сол баъд аз пурра ба амалиёти низоми иттилоотӣ ҷорӣ намудани онҳо амал мекунанд;
маблағҳое, ки дар ҷараёни татбиқсозии Лоиҳа сарфа шудаанд, дар тартиби бартаринок барои рақамикунонии фаъолият ва хариди воситаҳои техникаи компутерӣ барои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ равона карда мешаванд;
тартиби қабул барои дар амалиёт истифода бурдани низоми иттилоотӣ, ки дар доираи Лоиҳа коркард шудаанд, бо ризоияти Вазорати технологияҳои рақамӣ амалӣ карда мешаванд;
хароҷоте, ки ба коркард, устувор кардан ва дастгирии техникии барнома ва низомҳои иттилоотӣ алоқаманд мебошанду барои ташкилоти давлатии тиббӣ заруранд, аз ҳисоби маблағҳое, ки ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ аз Буҷаи давлатӣ ҷудо карда шудаанд, сарпӯш карда мешаванд.
7. Бинобар татбиқ намудани чораҳое, ки ба рақамикунонии низоми нигаҳдории тандурустӣ равона шудаанд, мувофиқи замимаи №5 Ҳайати  гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад.
Вазифаҳои зерин ба зиммаи Гурӯҳи корӣ (А. Иноятов) гузошта шаванд:
рақамикунонии равандҳо дар низом ва ташкилоти нигаҳдории тандурустӣ, ҳамчунин таъмин намудани қаробати онҳо бо низомҳои иттилоотии мақомоти давлатҳои дигар;
ба роҳ мондани иҷрои саривақтӣ ва босифати супоришҳое, ки дар «харитаи амалиёт» бинобар рақамикунонии низоми нигаҳдории тандурустӣ ва татбиқсозии Лоиҳа дар солҳои 2023-2025 муайян карда шудаанд;
ба роҳ мондани назорат барои муваффақ шудан ба ҳадафҳое, ки дар нишондодҳои асосии техникиву иқтисодии Лоиҳа мушаххас гардидаанд;
таъмин сохтани иҷрои самарабахш ва саривақтии супоришҳое, ки дар қарори мазкур муайян карда шудаанд, ҳамчунин дар ҳар семоҳа ба Девони Вазирон пешниҳод кардани маълумот дар бораи натиҷаи корҳои татбиқшуда.
8. Ба Вазорати технологияҳои рақамӣ супурда шавад, ки коркарди қарорҳои саривақтии баҳодиҳӣ ба натиҷаҳои низоми иттилоотӣ, ки дар доираи Лоиҳа ҷорӣ карда мешаванд, ҳамчунин татбиқсозии равандҳои тиҷоратиро таъмин намояд.
9. Ба Палатаи ҳисоб супурда шавад, ки назорати доимиро барои истифодаи самарабахши маблағҳое, ки дар доираи Лоиҳа ҷалб ва ҷудо карда мешаванд, ҳамчунин натиҷаи нишондиҳандаҳоеро, ки дар асоси техникиву иқтисодии Лоиҳа пешбинӣ шудаанд, муқаррар кунад.
10. Масъулияти шахсӣ барои самарабахш ба роҳ мондани иҷрои қарори мазкур ба зиммаи вазири нигаҳдории тандурустӣ А. Ш. Иноятов ва вазири технологияҳои рақамӣ Ш. Х. Шерматов гузошта шавад.
Назорати иҷрои қарори мазкур ва ба роҳ мондани ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳое, ки барои иҷрои он масъул мебошанд, ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
1 майи соли 2023.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: