ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ БОБАТИ ТАКМИЛ ДОДАНИ МЕХАНИЗМҲОИ ТАТБИҚ НАМУДАНИ БАРНОМАИ СОХТМОНИ ХОНАҲОИ АРЗОНИ ИСТИҚОМАТӢ БИНО БАР ЛОИҲАҲОИ НАВИ НАМУНАВӢ ДАР МАҲАЛҲО ВА ХОНАҲОИ АРЗОНИ БИСЁРҲУҶРА ДАР ШАҲРҲО БАРОИ СОЛИ 2018

Ба мақсади самарабахш татбиқ намудани барномаи сохтмони хонаҳои арзони истиқоматӣ бино бар лоиҳаҳои нави намунавӣ дар деҳот ва хонаҳои бисёрҳуҷра дар шаҳрҳо барои соли 2018, қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ ба манзилҳои мусоид, ҳамчунин минбаъд боло бардоштани дараҷаи некӯҳолии шаҳрвандон ва беҳтар намудани шароити истиқоматии онҳо:

1. Ба таклифи Вазорати иқтисодиёт, Вазорати молия, Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Қишлоқ қурилиш банк», Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Бонки ипотекаи саҳҳомиву тиҷоратии «Ипотека банк», Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Халқ банки», Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Асака» ва Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Ӯзсаноатқурилишбанк» (минбаъд – бонкҳои тиҷоратии иштирокдор) оиди дар давраи аз 1 июли соли 2018 то 1 январи соли 2020 пешниҳод кардани вомҳои ипотека ба муҳлати 20 сол бо давраи 3-солаи имтиёзнок ва миқдори фоизӣ дар ҳаҷми 7 фоизи солона дар тӯли 5 соли аввал ва дар ҳаҷми миқдори бақайдгирифташудаи Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давраи баъдина:
а) ба бинокорон барои сохтмони хонаҳои арзони истиқоматӣ бино бар лоиҳаҳои нави намунавӣ дар деҳот, бо дарназардошти аъзобадали ибтидоӣ дар ҳаҷми:
10 фоиз – барои хонаҳои ду, се, чаҳор, панҷошёнаи бисёрҳуҷра (2 ва 3 ҳуҷрагӣ) ва якошёна 2, 3  ҳуҷрагии арзони истиқоматӣ, ки дар қитъаҳои замини андозааш 0,02 гектар ҷойгир шудаанд;
25 фоиз – барои хонаҳои дуошёнаи дорои чорҳуҷраи арзони истиқоматӣ, ки дар қитъаҳои замини андозааш 0,04 гектар ва хонаҳои якошёнаи 3, 4 ва 5 ҳуҷрагии арзони истиқоматӣ, ки дар қитъаҳои замини андозаашон 0,06 гектар ҷойгузин шудаанд;
б) ба оилаҳои ҷавон, сокинони хонаҳои фартути истиқоматӣ ва табақаҳои дигари шаҳрвандоне, ки ба беҳбуди шароити истиқоматӣ эҳтиёҷ доранд, барои хариди ҳуҷраҳо аз хонаҳои арзони бисёрҳуҷра дар шаҳрҳо бо аъзобадали ибтидоии миқдори миёнааш 15 фоиз бо дар амалия ҷорӣ кардани миқдори дифференсиалии аъзобадали ибтидоӣ  ризоият дода шавад.
2. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
бино бар аризаи бонкҳои тиҷоратии иштирокдор хатҳои вомро бо асъори миллӣ ба муҳлати 20 сол барои сохтмони хонаҳои арзони истиқоматӣ барои оилаҳое, ки ба беҳбуди шароити истиқоматӣ эҳтиёҷ доранд, аз ҷумла бо давраи панҷсолаи имтиёзнок, ба миқдори 3 фоизи солона дар тӯли 5 соли аввал дар ҳаҷми миқдори ба қайдгирифташудаи Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давраи минбаъда бо дарназардошти маржҳои бонкҳои тиҷоратии иштирокдор дар ҳаҷми 4 фоизи солона, бо самти мақсадноки маблағи хатҳои вом барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар доираи Барномаи сохтмони хонаҳои арзони истиқоматӣ бино бар лоиҳаҳои нави намунавӣ дар деҳот кушояд;
дар соли 2018-ум аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои бо маблағ таъмин кардани сохтмони хонаҳои истиқоматӣ дар деҳот бо дарназардошти тағйироте, ки аз қарори мазкур бармеоянд, маблағҳои иловагӣ сафарбар кунад.
3. Ба Кумитаи давлатӣ оид ба сармояҳо ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
дар зарфи як моҳ бо Бонки рушди осиёӣ бино бар татбиқ сохтани лоиҳаи «Вусъат додани бозори ипотекаи Ӯзбекистон» дар доираи сохтмони хонаҳои арзони бисёрҳуҷра дар шаҳрҳо гуфтушунид кунанд;
якҷо бо Вазорати иқтисодиёт бино бар натиҷаи ташаккул додани ҳаҷми манзилҳои иловагӣ, ки аз мулоқот бо аҳолӣ муайян шудаанд, ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати бо маблағ таъмин кардани сохтмони манзилҳои иловагии арзони истиқоматӣ бино бар лоиҳаҳои нави намунавӣ дар деҳот ва хонаҳои бисёрҳуҷра дар шаҳрҳо таклиф пешниҳод намоянд;
то охири соли 2018-ум бобати ворид кардани тағйирот ба муоҳидаи заёмӣ бо идораҳои байналхалқии молиявӣ (Бонки рушди осиёӣ, Бонки рушди исломӣ, Бонки рушди Арабистони Саудӣ) барои бо маблағ таъмин кардани сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар деҳот бо дарназардошти талаботи қарори мазкур чораҳо андешанд.
4. Барои хариди чӯбу тахта ва бомпӯшҳои филизотии воридотӣ муваққатан маблағҳои озоди ғайрибуҷавии Бунёди нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 210 миллиард сӯм, ки дар депозити Бонки саҳҳомиву тиҷоратии «Қишлоқ қурилиш банк» ба миқдори 3 фоизи солона ба муҳлати то 1 ноябри соли равон, бо минбаъд кушодани хати вом ба миқдори на бештар аз 5 фоизи солонаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ШИ «Қишлоқ қурилиш инвест» гузошта шудаанд, манбаи истифода муайян карда шавад.
5. Ба Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ШИ «Қишлоқ қурилиш инвест» супурда шавад, ки якҷо бо бонкҳои иштирокдор:
дар муҳлати ду ҳафта ба Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аъзобадалҳои ибтидоии ташаккулдодашудаи бинокоронро барои солҳои 2015-2017, ки дар ҳисобсуратҳои Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «ШИ «Қишлоқ қурилиш инвест» мувофиқи хатҳои вомии Бонки рушди исломӣ ғун шудаанд, равона кунад;
бино бар натиҷаи ҳар нимсола ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи вомҳои пеш аз муҳлат сарпӯшкардашуда, ки пештар барои аҳолӣ ҷудо гардида буданд, маълумот пешниҳод кунад ва бо ризоияти вазорат маблағҳои мазкурро барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ сафарбар намояд.
6. Ба баъзе қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тағйирот ва иловаҳо ворид карда шаванд.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, раиси раёсати Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» А. Ҷ. Раматов ва муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қӯчқоров гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
18 июли соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: