ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ БОБАТИ ТАЪМИН НАМУДАНИ РӮШОДӢ ВА ШАФФОФИЯТИ ИДОРАҲОИ ДАВЛАТӢ, ҲАМЧУНИН БАЛАНД БАРДОШТАНИ ИҚТИДОРИ ОМОРИИ МАМЛАКАТ

Дар кишвар бобати баланд бардоштани самаранокии истифода аз ахбори оморӣ, ташаккул додани ҳисоботи муътамади омори давлатӣ мунтазам чораҳо андешида мешаванд.

Қаробати саҳифаҳои миллии иттилооти умумӣ дар шабакаи Интернет бо васеъ ва мунтазам паҳн кардани маълумоти Бунёди байналхалқии асъор татбиқ карда шуд.
Баробари ин ҳолати кунунии рӯшодии маълумот барои истифодаи умум, дараҷаи рӯшодӣ ва сифати маълумотҳои ошкоро, механизмҳои дар амали то ба шаҳрвандон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонда додани онҳо ба талаботи аз ҷониби умум қабулшудаи байналхалқӣ пурра ҷавоб дода наметавонад, ки дар натиҷаи он мавқеи мамлакат дар индекси иқтидори оморӣ паст боқӣ мемонад.
Ба мақсади минбаъд амиқсозии ислоҳот бинобар таъмин намудани рӯшодӣ ва шаффофияти идораҳои давлатӣ, ки ба таҳкими нуфуз ва ҷолибияти сармоявии мамлакат нигаронида шудаанд, ҳамчунин барои иҷрои Барномаи давлатӣ бинобар татбиқ намудани Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ»:
1. Ба маълумот гирифта шавад, ки дар доираи Портали ҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Портали маълумоти ошкорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Портал) амал мекунад, ки ба шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ барои маълумотгирӣ дар шакли мошиннавис бо истифодаи  бисёрдафъаина, озод ва ройгон имконият фароҳам меоварад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
а) Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба омор (минбаъд – Кумитаи давлатии омор) фаъолияти мақомот ва созмонҳои давлатиро бинобар кор бо ташаккулдиҳӣ, ҷорӣ  ва нав кардани рӯйхати теъдоди маълумоти ошкоро (минбаъд – Рӯйхат) ва саривақт инъикос намудани маълумоти дахлдорро дар Портал ҳамоҳанг мекунад;
б) Оҷонсии миллии идораи лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Оҷонсӣ) барои дастгирии техникӣ ва истифодаи он, ҳамчунин кори мунтазами Портал масъул ба шумор меравад;
в) маълумот дар Портал:
қатъиян аз ҷониби сохторҳои болоии мақомот ва созмонҳои давлатии дараҷаи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла аз ҷониби Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва ҳокимияти шаҳри Тошканд нашр мешаванд;
онҳо ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ, аз ҷумла дар шаклҳои мошиннавис ва ғайра интишор меёбанд;
онҳо бояд бо маълумоте, ки дар сайтҳои расмии мақомот ва созмонҳои давлатӣ чоп мешаванд, мувофиқ ва ба якдигар вобаста бошанд;
г) ба мақомот ва созмонҳои давлатӣ додани  вазифа бобати тайёркунӣ ва дар Портал ҷойгиркунии маълумот ба зиммаи шуъбаҳои махсусе, ки барои кор бо рейтингҳои байналхалқӣ ва ҷорӣ намудани низоми «Ҳокимияти электронӣ», ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон №ФП-5635 аз 17 январи соли 2019 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба татбиқ намудани Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2019» дар Соли сармоягузории фаъол ва рушди иҷтимоӣ» таъсис ёфтааст, масъул мебошанд, гузошта мешавад. 
3. Дар сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии омор шуъбае таъсис дода шавад, ки ба кори вобаста ба ҳамоҳангсохтани фаъолияти мақомот ва созмонҳои давлатӣ бинобар ташаккул додан, ҷорӣ намудан ва нав кардани рӯйхат дар Портал дар ҳудуди миқдори штатии кормандони идоравии Кумитаи давлатии омор масъул мебошад. 
Ба Кумитаи давлатии омор супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ онро бо кадрҳои баландихтисос таъмин намояд.
4. Ба Кумитаи давлатии омор дар доираи татбиқ кардани фаъолият бинобар пешбурди Портал барои: 
дастёбӣ ба маълумот ва манбаъҳои онҳо, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои локалӣ ва дигаре, ки муносибати қонуниро дар соҳаи ташаккул додани маълумот ва дастёбӣ ба онро танзим мекунанд;
дар пояи беподош гирифтани кумакҳои машваратӣ аз мақомот ва созмонҳои давлатӣ бинобар масъалаҳои рушди Портал, ҳамчунин вобаста ба маълумотҳои интишоршуда;
дар асоси шартномавӣ ҷалб намудани коршиносон, мушовирон ва ташкилотҳо (аз ҷумла ташкилотҳои хориҷӣ) дар доираи иҷрои қарори мазкур;
ҷалби маблағи идораҳои байналхалқии молиявӣ, кишварҳои васоятгар, аз ҷумла грантҳо (кӯмакҳои техникӣ), барои такмил додани Портал, ҳамчунин баргузор намудани баҳои фаъолияти мақомот ва созмонҳои давлатӣ дар соҳаи маълумоти ошкоро ҳуқуқ дода шавад.
5. Муайян карда шавад, ки аз 1 апрели соли 2019:
ҳангоми муайян кардани маоши вазифавии кормандони дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии омор мувофиқи ҷадвали тасдиқшудаи пардохти меҳнат бинобар Миқдори ягонаи тарифии коэффитсиенти тарифӣ бо 1,3 баробар зиёд қабул карда мешавад;
ба кормандони мақомоти давлатии омор иловапулиҳои ҳармоҳа барои собиқаи корӣ дар ҳаҷмҳои зерин (бо коэффитсиентҳо барои маоши вазифавӣ бо назардошти коэффитсиенти рағбатноксозӣ): аз 2 то 5 сол-0,1; аз 5 то 10 сол-0,2; аз 10 то 15 сол-0,3; аз 15 то 20 сол-0,4; аз 20 то 25 сол-0,5; зиёда аз 25 сол-0,6 пардохта мешаванд. Собиқаи корие, ки барои гирифтани мукофот барои собиқаи корӣ ҳуқуқ медиҳад, мувофиқи тартибе, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии омор бо ризоияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ шудааст, ҳисоб карда мешавад.
Хароҷоти вобаста ба татбиқ намудани чорабиниҳое, ки боби мазкур пешбинӣ намудааст, аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон татбиқ мегардад.
6. Тасдиқ карда шавад:
Маҷмӯи чорабиниҳо оид ба такмил додани Портали маълумоти ошкорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №1;
Рӯйхати вазорат ва идораҳое, ки барои омӯхтани пойгоҳи бартариноки маълумоти байналхалқӣ ҳангоми тартиб додани рӯйхати номгӯйи маълумоти ошкоро барои дар Портали маълумоти ошкорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир кардан масъул мебошанд, мувофиқи замимаи №2;
Рӯйхати вазорат ва идораҳое, ки барои омӯхтани ҳолати рӯшодии маълумот мувофиқи талаботи «Индекси ҷаҳонии маълумоти ошкоро» ва «Барометри маълумоти ошкоро», ҳамчунин ҷойгиркунии индикаторҳои дахлдор дар Портали маълумоти ошкорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №3;
«Харитаи амалиёт» доир ба беҳтар намудани мавқеи мамлакат дар индекси иқтидори оморӣ оид ба индикатори махсуси тартибӣ мувофиқи замимаи №4;
Нишондиҳандаҳои мақсадноки беҳтар намудани рейтинги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳисоботи ҳарсолаи Бонки умумиҷаҳонӣ мувофиқи замимаи №5;
«Харитаи амалиёт» оид ба таъмин намудани иштироки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли 2020 ба Индекси рӯшодии буҷавии Ҷамъияти байналхалқии буҷавӣ мувофиқи замимаи №6;
Рӯихати таҷҳизоти низоми иттилоотиву коммуникатсионӣ, ки бояд дар солҳои 2020-2021 нав карда шаванд, ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба омор, мувофиқи замимаи №7 тасдиқ карда шавад.
7. Масъулияти шахсии: 
а) роҳбарони мақомот ва созмонҳои давлатӣ барои:
пуррагӣ, эътимоднокӣ, саривақтии ташаккул додан ва нав кардани маълумоте, ки дар Портал чоп мешаванд;
мазмун ва сифати маълумоте, ки дар Портал ҷойгузин карда мешаванд;
таъмин намудани шаффофият ва дастрасии маълумоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шабакаҳои Интернет;
омӯхтани меъёрҳо, тавсияҳои методологии байналхалқӣ ва истифодаи амалии онҳо ҳангоми ташаккул додани маълумоти дахлдор;
б) Оҷонсӣ дар фароҳам овардани қулайӣ барои истифодабарандагони дохиливу хориҷӣ бобати дастрас намудани маълумоти зарурӣ дар бораи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Портал;
в) Кумитаи давлатии омор барои таъмин намудани мунтазам нав кардани Рӯихати маълумоти дар Портал чопшаванда бо назардошти омӯхтани таҷрибаи байналхалқӣ ва муроҷиати истифодабарандагон мушаххас карда шаванд. 
8. Ба Оҷонсӣ супурда шавад, ки дар муҳлати то 1 августи соли 2019 якҷо бо Кумитаи давлатии омор бобати созмон додани низоми давлатии идораи маълумотҳое, ки қаробати тамоми хелҳои ҳисобот ва маълумоти пойгоҳиро пешбинӣ менамоянд, бо ташаккул додани реестери ягонаи номгӯйи маълумот ва соҳибони онҳо кор карда барояд ва «Харитаи амалиёт»-ро  барои тасдиқ пешниҳод кунад.
9. Ба вазоратҳо ва идораҳое, ки дар замимаи №2-и қарори мазкур нишон дода шудаанд, супурда шавад, ки якҷо бо Оҷонсӣ ва Кумитаи давлатии омор:
дар муҳлати то 10 майи соли 2019 нишондиҳандаҳои байналхалқиеро, ки миқдор, сифат ва мазмуни параметрҳои тағйироти вазъияти ҷории иҷтимоӣ ва иқтисодиро дар соҳаҳои иқтисодиёт, дар қисми муайян намудани будан ё худ набудани индикаторҳои дахлдор дахл доранд, баргузор кунанд;
дар муҳлати то 20 майи соли 2019 Рӯйхати маълумоти зарурӣ (индикаторҳо)-ро, ки дар Портал ҷойгузин карда мешаванд, дар пояи омӯхтани нишондиҳандаҳои байналхалқии вазъияти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, ҳамчунин маълумот доир ба низоми маълумоти пойгоҳиро, ки дар мақомот ва созмонҳои давлатӣ истифода мешаванд, мукаммал кунанд;
дар муҳлати то 1 июни соли 2019 усули ташаккул додани индикаторҳои мавҷуд набуда омӯхта, бинобар коркарди онҳо барои минбаъд дар Портал ҷойгузин кардан чораҳои зарурӣ андешиданд.
10. Ба масъулони иҷрои вазифаҳое, ки дар замимаи №3-и қарори мазкур нишон дода шудааст, супурда шавад, ки якҷо бо Оҷонсӣ ва Кумитаи давдатии омор дар муҳлати то 20 майи соли 2019-ум ҳолати ошкороии маълумотҳоро мувофиқи самтҳои асосии методикаи «Индекси ҷаҳонии маълумоти ошкоро» ва «Барометри маълумоти ошкоро» бо минбаъд дар Портал чоп кардани маълумоти мавҷуда омӯзанд ва таҳлил кунанд.
11. Ба Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
якҷо бо Вазорати иқтисодиёт ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва ҳокимияти шаҳри Тошканд дар муҳлати то 1 июли соли 2019-ум ба Кумитаи давлатии омор ва Оҷонсӣ рӯихати ахбор ва маводеро, ки иқтидори сармоявии минтақаҳоро бо назардошти коркард ва истифодаи муносибати ягонаи методологӣ барои минбаъд дар Портал ҷойгузин кардани онҳо куллан кушода медиҳанд, пешниҳод намоянд;
ба Кумитаи давлатии омор барои ҷалби маблағи идораҳои байналхалқии молиявӣ, кишварҳои васоятгар, аз ҷумла грантҳо (кӯмакҳои техникӣ)-ро барои такмил додани Портал, ҳамчунин баргузор намудани баҳодиҳӣ ба фаъолияти мақомот ва созмонҳои давлатӣ дар соҳаи рӯшодии маълумот кӯмак расонанд.
12. Ба Кумитаи давлатии омор ва Оҷонсӣ супурда шавад, ки:
а) дар муҳлати то 1 июни соли 2019-ум:
Рӯихатро бо муайян кардани муҳлат ва шаклҳои мушаххаси ҷойгиркунии маълумот дар Портал тасдиқ кунанд;
пойгоҳи байналхалқии маълумотҳоро бори дигар омӯзанд ва бобати коркарди параметрҳои нави маълумот бо минбаъд ба Рӯихат дохил кардани онҳо чораҳо андешанд;
якҷо бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нақшаи чораҳоро барои таъмин кардани иштироки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар рейтингҳои байналхалқии соли 2020-ум ба «Индекси ҷаҳонии маълумоти ошкоро» ва «Барометри маълумоти ошкоро» тасдиқ кунанд;
б) дар муҳлати се моҳ дар пояи Модели муайянии маълумоти ошкоро («Open Data Maturity Model») ва таҷрибаҳои дигари байналхалқӣ механизмҳои баҳодиҳӣ ба фаъолияти мақомот ва созмонҳои давлатӣ дар соҳаи маълумоти ошкоро бо дар ҳар чоряк чоп кардани  натиҷаҳо дар Портал кор карда бароянд ва ҷорӣ кунанд;
в) мониторинги доимиро барои ҷойгиркунӣ ва мунтазам нав кардани маълумоти ошкорои мақомот ва созмонҳои давлатӣ, ҳамчунин мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳоро таъмин намоянд.
13. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
барои хароҷоти Кумитаи давлатии омор дар доираи татбиқ намудани қарори мазкур барои соли 2019-ум дар ҳудуди параметрҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маблағҳои иловагӣ ҷудо кунад ва аз соли 2020-ум ҳар сол маблағҳои зарурии буҷавиро пешбинӣ намоянд;
минбаъд зиёд кардани ҳаҷми музди камтарини меҳнатро ҳангоми ҳисобу китоби арзиши Барномаи корҳои давлатии омор, ки ҳар сол тасдиқ мегардад, ба инобат бигирад;
ҷудо кардани маблағҳои заруриро аз Буҷаи давлатӣ барои Кумитаи давлатии омор дар солҳои 2020-2021-ум барои хариди таҷҳизоти низоми иттилоотиву коммуникатсионӣ, ки барои навсозии Кумитаи давлатии омор даркоранд, мувофиқи замимаи №7 таъмин кунад.
14. Дар муҳлати то 1 январи соли 2022-юм техникаҳои компутерӣ, таҷҳизоти серверӣ ва коммуникатсионӣ, таъминоти барномавие, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд, ҳамчунин қисмҳои эҳтиётӣ ва маснуоти маҷмӯии онҳоро, ки Кумитаи давлатии омор барои амалӣ намудани бозсозии инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионии мақомоти омори давлатӣ, бинобар номгӯйҳое, ки бо тартиби муқарраршуда ташаккул меёбанд, аз пардохтҳои гумрукӣ (ғайр аз андоз барои арзиши иловагӣ ва боҷҳои гумрукӣ) озод карда шаванд.
15. Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва ҳокимияти шаҳри Тошканд супурда шавад, ки:
дар муҳлати ду моҳ бобати ҷойгиркунии мақомоти ҳудудии омор, ки биноҳои худӣ надоранд, чораҳо андешанд;
арзиши музди иҷораро барои мақомоти ҳудудии омор барои истифодаи иморат ва биноҳои моликияти давлатӣ мувофиқи миқдори «сифрӣ» муайян кунанд.
16. Ба таклифи Кумитаи давлатии омор, Оҷонсӣ ва Вазорати иқтисодиёту саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
бобати дар солҳои 2020-2021-ум баргузор кардани тафтишоти мултииндикатории  кластерӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо ЮНИСЕФ;
дар бораи таъсис додани Донишкадаи такмили ихтисоси кадрҳо ва муҳаққиқони омории назди Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба омор (минбаъд – Донишкада) дар пойгоҳи Маркази бозомӯзонии кадрҳо ва тадқиқоти омории назди Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба омор дар ҳудуди миқдори муқарраршудаи воҳидҳои штатӣ ризоият дода шавад.
17.Инҳо вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти Донишкада муайян карда шаванд:
ба роҳ мондани низоми тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони мақомоти омори давлатӣ ва кормандони дигари вазорату идораҳо, ки пешрафт ва такмил додани донишу маълумоти онҳо, ҳамчунин дараҷаи баланди касбдониро таъмин мекунанд;
ҷорӣ намудани меъёрҳои замонавии таълимӣ ва низоми сифатан нави таълим, ки асосан аз фанҳои соҳавӣ иборат буда, ба рушди маълумот дар соҳаи омор, ташаккул додани шуури таҳлилкунӣ ва истифодаи онҳо дар амалия нигаронида шудаанд;
ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмиву таълимии ватанӣ ва хориҷӣ, созмонҳои байналхалқии омор бинобар мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва дастовардҳои илмиву тадқиқотӣ дар соҳаи омор, ҳамчунин дар соҳаи тайёркунии мутахассисон, баланд бардоштани ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ;
баргузор намудани экспертизаи тахассусии дар сатҳи миллӣ истифодашавандаи воситаҳои методологӣ, мушоҳидаҳои давлатӣ ба идоравии оморӣ дар қисмати ҳамоҳангсозӣ, ҳамгароӣ ва муқоисавӣ дар сатҳи байналхалқӣ;
баргузор намудани тадқиқоти илмӣ ва татбиқ намудани кашфиётҳои инноватсионӣ дар соҳаи усулҳои пешқадами оморӣ ва технологияҳо, ҳамчунин маълумоти ошкоро барои истифодаи минбаъдаи онҳо дар амалия.
18.Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
а) якҷо бо Кумитаи давлатии омор:
дар муҳлати то 1 июли соли 2019-ум лоиҳаи қонунро, ки ҷорӣ кардани масъулияти маъмуриро барои вайрон кардани тартиби нашр ва нав кардани маълумоти дахлдор дар Портал, ҳамчунин ҷиддӣ намудани чораҳои ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти давлатиро барои пешниҳоди ҳисоботи номукаммали омори давлатӣ пешбинӣ менамояд;
дар муҳлати то 1 декабри соли 2019-ум лоиҳаи қонун «Дар бораи омори расмӣ» бо назардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ кор карда барояд ва ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод намояд;
б) якҷо бо Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 октябри соли 2019-ум лоиҳаи қонунро дар бобати паҳн кардани маълумоте, ки ягона сохтани меъёри қонунҳоро «Дар бораи шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ», «Дар бораи кафолатҳо ва озодии дастёбӣ ба маълумот» ва «Дар бораи равандҳо ва кафолатҳои озодии ахбор», ҳамчунин ҳуҷҷатҳои дигари меъёриву ҳуқуқие, ки ба паҳн кардани маълумот дахл доранд, кор карда барояд.
19. Ба Кумитаи давлати омор супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
а) лоиҳаи қарори ҳукуматиро:
доир ба ташкил кардани фаъолияти Донишкадаи такмили ихтисоси кадрҳо ва тадқиқоти омории назди Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба омор;
дар солҳои 2020-2021-ум баргузор намудани тафтишоти мултииндикатории кластерӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷо бо ЮНИСЕФ;
б) таклифро бобати ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод намояд.
20. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири молия Ҷ. А. Қӯчқоров гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
9 апрели соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: