ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ДОИР БА РУШДИ МИНБАЪДАИ СОҲАИ АХБОР ВА КОММУНИКАТСИЯҲОИ ОММАВӢ

Дар мамлакат бобати таъмин сохтани озодии сухан ва ахбор, ташаккул додани асосҳои идоравиву ҳуқуқии рушди соҳаи иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ корҳои мустақим амалӣ мешаванд.

Баробари ин ҳанӯз низоми самарабахши дастгирии давлатии рушди расонаҳои ахбори оммавӣ, матбуот, фаъолияти табъу нашр ва  ахбору китобхонавӣ ташаккул наёфтааст.
Ҳамкории тарафайни хидматҳои матбуоти мақомоти давлатӣ, мақомоти идораи хоҷагидорӣ, корхона ва ташкилотҳои давлатӣ, (минбаъд – мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигар) бо ҷомеа ва расонаҳои ахбори оммавӣ ба дараҷаи бояду шояд ба роҳ монда нашудааст. 
Ғайр аз ин ба ҷалби сармояҳо ва истифодаи имкониятҳои шарикии давлативу хусусӣ дар бобати ташкил кардани фаъолияти табъу нашр ва ахбору китобхонавӣ, татбиқ сохтани  барномаҳои хусусигардонӣ эътибори зарурӣ дода намешавад. 
Ба мақсади такмил додани низоми дастгирии давлатии соҳаи иттилоот, рушди ҳарчи зудтари бозори матбуоти мамлакат, таъмин намудани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигар, баланд бардоштани сифати истеҳсоли китоб ва маҳсулоти дигари матбаа, ҳамчунин мувофиқи вазифаҳои Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021:
1. Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Оҷонсӣ) дар пойгоҳи Оҷонсии оид ба матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон;
идораи иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд (минбаъд – бахшҳои ҳудудӣ) дар пойгоҳи Оҷонсии оид ба матбуот ва иттилооти Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва раёсати оид ба матбуот ва иттилооти шаҳри Тошканд;
Бунёди дастгирии рушди соҳаи иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Бунёд) бидуни таъсис додани шахси ҳуқуқӣ;
Маркази оид ба масоили коммуникатсияҳои оммавии Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Марказ) дар пойгоҳи Маркази мониторинги соҳаи коммуникатсияҳои оммавии Оҷонсии оид ба матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон таъсис дода шавад.
2. Коллеҷи касбии ноширии Тошканд ба ихтиёри Оҷонсӣ бо тағйир додани номи он ба Коллеҷи касбии оид ба тайёркунии мутахассисони соҳаи фаъолияти табъу нашр ва нигоҳдоштани тартиби мавҷудаи бомаблағтаъминкунӣ дода шавад.
3. Инҳо вазифаҳои асосӣ муайян карда шаванд:
а) барои Оҷонсӣ:
таъмин сохтани татбиқсозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба озодии сухан ва ахбор, пурзӯр намудани нақши расонаҳои ахбори оммавӣ дар пешрафти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, барои онҳо фароҳам овардани шароити баробар дар бозори матбуот, ҳамчунин ҳифзи ҳуқуқи журналистон;
кор карда баромадан ва таъмин намудани татбиқи чораҳо оид ба дастгирии давлатии рушди расонаҳои ахбори оммавӣ, матбуот, фаъолияти табъу нашр ва иттилоотиву китобхонавӣ, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояҳо ва татбиқ сохтани лоиҳаҳо дар шароити шарикии давлативу хусусӣ;
умумӣ кардани амалиёти қабули қонунгузорӣ дар соҳаи иттилоот, ташкил додан ва кор карда баромадани лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи дастгирии давлатии  рушди расонаҳои ахбори оммавӣ, матбуот, фаъолияти табъу нашр ва иттилоотиву китобхонавӣ;
кӯмакрасонӣ ба мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигар бобати таъмин сохтани фаъолияти шаффофи онҳо, ба роҳ мондани маданияти ҳамкории тарафайни ошкорову рӯшоди ходимони давлатӣ бо расонаҳои ахбори оммавӣ, аз ҷумла бо роҳи мувофиқсозӣ ва таъминоти услубии фаъолияти хидматҳои матбуотии онҳо (шуъбаҳо оид ба кор бо ҷомеа);
ҳамкории тарафайн бо мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигар, ҳамчунин бо намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷа бинобар масъалаҳои тарғибу ташвиқ ва васеъ маънидодкунӣ, пеш аз ҳама дар байни доираҳои корчаллонҳо, соҳибкорон, сармоягузорони асосӣ, арбобони давлативу ҷамъиятии хориҷӣ дар бораи ҷараёни татбиқи ислоҳоти васеъмиқёс дар мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорон ва беҳтар шудани иқлими соҳибкорӣ;
кор карда баромадан ва татбиқ намудани чораҳои оид ба рушд ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникии  корхонаҳои соҳа, ҳамчунин ба роҳ мондани низомҳои замонавии стандарткунонӣ ва сертификатсия, ғояҳои инноватсионӣ ва технологияҳо;
ташаккул додан ва таъмин намудани татбиқи чораҳои барномавӣ дар соҳаи нашри китоб, ташкил намудани китобҳои электронӣ ва аудиоӣ, баланд бардоштани маданияти қироат, оммавӣ кардани адабиёти ватанӣ дар хориҷа;
татбиқ сохтани чораҳои маҷмӯие, ки ба тайёр кардан, бозомӯзонидан ва баланд бардоштани ихтисоси журналистон, кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ, матбуот, табъу нашр ва ахбору китобхонавии корхонаҳо нигаронида шудаанд, ҳамчунин кӯмакрасонӣ ба кори омодакунии мутахассисони муҳандисиву техникии соҳа, таъмин кардани ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии онҳо;
иштирок дар таъмин сохтани амнияти иттилоотии ҷумҳурӣ ва татбиқ намудани чораҳо бобати аксуламали саривақтӣ ва сазовор ба таҳдиду хурӯҷҳо дар соҳаи ахбор;
ба роҳ мондани масъалаҳои ҳамкории байналхалқӣ, ки ба ваколатҳои Оҷонсӣ дахл доранд;
б) барои Марказ:
ба роҳ мондани таҳлили ҳолат ва дараҷаи шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигар;
татбиқ намудани мониторинги соҳати миллии ахбор ва самаранокии чораҳо оид ба дастгирӣ намудани рушди расонаҳои ахбори оммавӣ, матбуот, фаъолияти табъу нашр ва ахбору китобхонавӣ;
мунтазам ба роҳ мондани таҳлили мувофиқаткунии мазмуни маводи талаботи ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки дар расонаҳои ахбори оммавӣ эълон мешаванд, аз ҷумла бо роҳи таъмин намудани ҳифзи манфиатҳои шахс, ҷамъият ва давлат;
ошкор кардани мушкилот ва монеаҳо дар соҳаи расонаҳои ахбори оммавӣ, матбуот, фаъолияти табъу нашр ва ахбору китобхонавӣ;
умумӣ кардан ва пешниҳод намудани тавсияҳо оид ба натиҷаҳои таҳлил ва мониторинг.
4. Ба Оҷонсӣ ваколати Инспексияи давлатӣ оид ба назорати соҳаҳои иттилоот ва коммуникатсияҳои телевизионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати назорати давлатии риояшавии ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва меъёрӣ дар ҷанбаи ҳуқуқи муаллифӣ ҳангоми паҳн кардани (татбиқ намудан, фурӯш ва то ба маълумоти умум расондан)-и фонограмма, асарҳои аудиовизуалӣ дода шавад.
5. Инҳо манбаъҳои ташаккул додани маблағҳои Бунёд муайян карда шаванд:
маблағҳое, ки аз ҳисоби пулгузаронӣ дар асоси шартномавӣ дар ҳаҷми 10 фоиз аз пулҳое, ки аз фурӯши маҳсулоти корхонаҳои табъу нашри тобеи Оҷонсӣ ба миён меоянд;
маблағҳое, ки дар як вақт аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 20 миллиард сӯм ҷудо карда мешаванд;
маблағҳое, ки аз пардохти боҷҳои давлатӣ барои ба Оҷонсӣ додани ҳуҷҷатҳои рухсатномавӣ ҷамъ меоянд;
маблағҳои хайрияи шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
маблағҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои Бунёд барои:
рағбатноксозии рушди расонаҳои ахбори оммавии давлативу ғайридавлатӣ ва дастгирӣ намудани фаъолияти онҳо, ҳамчунин мустаҳкам сохтани пойгоҳи моддиву техникии корхонаҳои соҳа;
бо маблағ таъмин намудани лоиҳа ва барномаҳо оид ба баланд бардоштани маданияти мутолиа, оммавӣ намудани адабиёти ватанӣ, рушди бунёди китоби муассисаҳои ахбору китобхонавӣ, баланд бардоштани дараҷаи касбӣ ва бадеии матолиби таълимӣ ва бадеии нашриётҳо;
боло бурдани нуфузи мусбати Ӯзбекистон дар хориҷа, баргузор намудани маъракаҳои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқ ва маънидодкунии васеъ, пеш аз ҳама, дар байни доираҳои корчаллон, соҳибкорон, сармоягузорони асосӣ, арбобони давлативу ҷамъиятии хориҷӣ, дар бораи ҷараёни татбиқшавии ислоҳот дар мамлакат, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои сармоягузорӣ ва беҳтар намудани иқлими корӣ;
бо маблағ таъмин сохтани чораҳо бинобар тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси журналистон, кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ, матбуот, корхонаҳои табъу нашр ва ахбору китобхонавӣ, аз ҷумла аз тариқи ҷалби мутахассисони ватанӣ ва хориҷӣ, ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии таълимӣ дар хориҷа;
рағбатноксозии моддии кормандон ва мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии Оҷонсӣ, шуъбаҳои ҳудудӣ ва сохтории он;
пардохти хароҷот бобати ҳамчун мушовирон, дар доираи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Оҷонсӣ гузошташуда ҷалб намудани кормандони баландихтисоси мақомоти давлатӣ ва созмонҳои дигар, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, муассисаҳои илмиву таълимӣ, ташкилот ва ширкатҳои  машҳури байналхалқӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин мутахассисон, аз ҷумла мутахассисони хориҷӣ.
Ба Оҷонсӣ супурда шавад, ки бо ризоияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муддати як моҳ Дастури тартиби ташаккул додан ва истифода бурдани маблағҳои Бунёди дастгирии рушди соҳаи иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро тасдиқ кунад, дар он аз ҷумла бевосита ба Бунёд гузаронидани як қисми маблағҳоро аз маоши тозаи корхонаҳои зеридоравии Оҷонсиро пешбинӣ намояд. 
6. Ба Оҷонсӣ ба сифати раёсати таъҷилӣ бино ва иншооти ҳудуди Маркази бачагонаи ҷумҳурӣ  «Баркамол авлод»-и Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар нишонии: шаҳри Тошканд, ноҳияи Шайхонтаҳур, кӯчаи Ҳ. Раҳматуллоев, хонаи 3 ҷойгир шудааст, дода шавад, дар он коллеҷи касбии оид ба тайёркунии мутахассисони соҳаи фаъолияти табъу нашр ҷойгузин карда шавад.
7. Ба Оҷонсӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати адлия ва идораҳои манфиатдори дигар дар муҳлати як моҳ:
ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод кунад;
ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии қабулкардаи онҳоро ба Фармони мазкур мувофиқ созад.
8. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов ва муовини мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ф. Ш. Маҳмудов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
2 феврали соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: