Ҷалби фаъоли аҳолӣ дар идораи корҳои ҷамъиятиву давлатӣ шарти муҳими баланд бардоштани маданияти ҳуқуқӣ ва саводи ҳуқуқии аҳолӣ, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъминшавии шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идораҳои давлатӣ, қабули қарорҳои самарабахш ҳангоми коркард ва татбиқ намудани сиёсати давлат дар соҳаҳои дахлдор ба шумор меравад.
Баробари ин суръати баланди рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷамъияиву сиёсии мамлакат афзудани нақши иштироки шаҳрвандон, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва идораҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандиро дар идораи корҳои ҷамъиятиву давлатӣ, фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ барои кори фаъоли онҳоро дар самти мазкур бо назардошти равандҳои аз ҷониби умум эътирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ тақозо доранд.
Ба мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани қарорҳои идоравӣ дар пояи таҳлили фикру ақидаи ҷамъиятӣ, вусъат додани иштироки шаҳрвандон дар идораи корҳои давлативу ҷамъиятӣ, таъмин сохтани шаффофияти минбаъдаи фаъолияти мақомот ва созмонҳои давлатӣ, ҳамчунин мувофиқи Стратегияи амалиёт бинобар панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021:
1. Таклифоти Вазорати адлия дар бораи муқаррар кардани тартиботе, ки мувофиқи он натиҷаҳои баррасии ҷамъиятии лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби созмонҳо – офарандагон дар Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгир шудаанд, маъқул дониста шавад, вай ба Вазорати адлия (барои экспертизаи ҳуқуқӣ) ва ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (барои баррасӣ), чун қоида бо нишондоди ҳатмии натиҷаҳои баррасии таклифҳои пешниҳодшуда дохил карда шавад.
2. Ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки дар муҳлати се моҳ Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи назорати ҷамъиятӣ»-ро дида барояд ва дар он аз ҷумла:
ҷорӣ намудани шаклҳои муассири дар таҷрибаи байналхалқӣ васеъ паҳншудаи назорати ҷамъиятӣ;
регламентатсияи муфассали механизмҳои татбиқсозии шаклҳои назорати ҷамъиятӣ, истифодаи самарабахши онҳо дар амалия;
масъалаҳои фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятии назди мақомот ва созмонҳои давлатӣ, нақш ва иштироки самарабахши онҳо бобати беҳтар намудани ҳолати корҳо дар соҳаҳои дахлдорро пешбинӣ кунад.
3. Ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Р.С.Қосимов) супурда шавад, ки дар зарфи ду ҳафта лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки куллан такмил додан ва бо маблағ таъмин кардани фаъолияти Пажӯҳишгоҳи мустақил оид ба мониторинги ташаккулдиҳии ҷомеаи шаҳрвандиро пешбинӣ менамояд, пешниҳод кунад, дар он аз ҷумла:
маърӯзаи ҳарсолаи пажӯҳишгоҳ дар бораи ҳолат ва анъанаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ӯзбекистон барои баррасии Шӯрои машваратӣ бино бар рушди ҷамъияти шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо минбаъд хабардоркунии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
аз ҷониби пажӯҳишгоҳ коркард ва тасдиқ намудани индикаторҳои баҳодиҳии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, дараҷаи ҳамкории тарафайни он бо пажӯҳишгоҳҳои дорои мақомот ва созмонҳои давлатӣ, ҳамчунин саҳми онҳо дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву ҳуқуқии мамлакат, аз ҷумла дар доираи татбиқсозии Мақсадҳои рушди устувори СММ дар давраи то соли 2030-юмро пешбинӣ кунад.
4. Аз 1 январи соли 2020-ум миқдори боҷҳои давлатие, ки барои қайди давлатии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии ҷумҳуриявӣ, байнивилоятӣ ситонида мешаванд, аз миқдори 4 каратаи ҳисоби азими пойгоҳӣ то 3 карат, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии вилоятӣ аз миқдори 2 каратаи ҳисоби азими пойгоҳӣ то ба 1 карат кам карда шавад.
Аз 1 январи соли 2020-ум миқдори боҷҳои давлатӣ барои қайди давлатии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, ки фаъолияташон дар ҳудуди ноҳия (шаҳр), шаҳрак, деҳа ва овул паҳн карда мешавад, дар ҳаҷми 50 фоиз аз ҳисоби азими пойгоҳӣ муқаррар карда шавад.
5. Ба хароҷоти буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, буҷаҳои вилоятии вилоятҳо ва буҷаи шаҳрии шаҳри Тошканд, ҳамчунин буҷаҳои ноҳияҳо ва шаҳрҳо маблағҳо барои дастгирии давлатии фаъолияти созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва идораҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шакли грантҳо, субсидияҳо ва супоришоти иҷтимоии давлатӣ дохил карда шавад.
Ба Вазорати молия супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ ба Девони Вазирон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси буҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо назардошти талаботи боби мазкур ворид намояд.
6. Муқаррар карда шавад, ки дар тамоми мақомот ва созмонҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла мақомоти ҳуқуқу тартибот, новобаста аз манбаъҳои бо маблағтаъминкунии фаъолияти онҳо, ҳатман веб-сайти онҳо аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷавии мақомот ва созмонҳои мазкур ташкил карда мешаванд.
Ба мақсади минбаъд беҳтар кардани рӯшодӣ ва шаффофияти фаъолияти мақомот ва созмонҳои давлатӣ ба Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Оҷонсии миллии идораи лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати оид ба рушди технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати ду моҳ:
лоиҳаи қарори ҳукуматиро бобати ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба талаботи асосии веб-сайтҳои расмии мақомот ва созмонҳои давлатӣ кор карда бароянд ва пешниҳод кунанд;
инвентаризатсияи мавҷуд будан ва дар шабакаҳои Интернет амал кардани веб-сайтҳои тамоми мақомот ва созмонҳои давлатии ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла мақомоти ҳуқуқу тартиботро баргузор кунанд.
Натиҷаҳои инвентаризатсиякунӣ дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои минбаъд қабул кардани чораҳо бобати ташкил намудани веб-сайтҳои нав ва бозсозии веб-сайтҳои мавҷудаи мақомот ва созмонҳои давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳуқуқу тартибот бо назардошти талаботи нав нисбат ба онҳо пешниҳод карда шаванд.
7. Таклифи Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон бобати дар шабакаи телевизионии «O`zbe-kiston» таъсис додани таҳририяти «Jamoatchilik fikri», ки тайёр кардан ва намоиш додани силсилаи барномаҳои телевизиониро, ки ба маънидодкунӣ ва тарғибу ташвиқи васеи вазифаҳои соҳаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмон додани «майдони мубоҳиса»-и мунтазам амалкунанда бо иштироки олимон, ҷамъиятшиносон, муҳаққиқон, коршиносон, арбобони ҷамъиятӣ, занон, ҷавонон ва шаҳрвандон барои баррасии масъалаҳои рӯзмаррае, ки аҳолиро ба ташвиш овардаанд, пешбинӣ менамояд, маъқул дониста шавад.
Муайян карда шавад, ки бо маблағтаъминкунии таҳририяти «Jamoatchilik fikri» аз ҳисоби маблағҳои худии Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, ҳамчунин дар ҳудуди маблағҳои буҷавӣ, ки ба ширкати миллии телевизион ва радио аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо карда мешаванд, амалӣ мегардад.
Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи ду ҳафта дар шабакаҳои давлатии телевизиони марказӣ ба тарзи мунтазам ташкил кардани барномаҳои махсуси телевизионӣ ба мақсади баррасии масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсиву ҳуқуқии мамлакат (мубоҳисаҳои ҷамъиятӣ)-ро таъмин намояд.
8. Бино бар тайёр кардани лоиҳаи Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ Гурӯҳи корӣ дар ҳайати мувофиқи замимаи №1 таъсис дода шавад, мушаххаскунӣ ва низомнокии қонунгузорӣ дар бораи созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ дар пояи омӯхтани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ ва таҷрибаи ташаккулёфтаи миллии ҳуқуқу тартибот вазифаҳои асосии он муайян карда шаванд.
Ба Гурӯҳи корӣ супурда шавад, ки дар муҳлати то 1 феврали соли 2020-ум ба Девони Вазирон лоиҳаи Кодекси Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратиро пешниҳод кунад, онро мувофиқи тартиби муқарраршуда бо вазорату идораҳои манфиатдор мувофиқ созад.
9. Ба Академияи идораи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Иттиҳодияи миллии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратии Ӯзбекистон, аз соли таҳсили 2019/2020, мунтазам курсҳои бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси роҳбарони созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратиро дар пояи пулакӣ ба роҳ монад.
10. Ба Шӯрои машваратии оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (А.Х.Саидов) супурда шавад, ки дар зарфи ду моҳ ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаҳои зеринро мувофиқи тартиботи муқарраршуда бо ризоияти вазорату идораҳои манфиатдор пешниҳод кунад:
Дастур дар бораи Шӯрои машваратӣ оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
Дурнамои чораҳои амалӣ бобати дар ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани меъёрҳои байналхалқии иштироки шаҳрвандон дар идораи корҳои давлатӣ.
11. Ба Оҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки дар расонаҳои ахбори оммавӣ чоп ва тайёр кардани барномаҳои мавзӯиро бобати равшан намудани мақсад ва вазифаҳои қарори мазкур ташкил кунанд.
12. Дурнамои чорабиниҳои муфассали амалӣ бобати татбиқ намудани қарори мазкур мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.
Ба роҳбарони масъули вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳои дигар супурда шавад, ки иҷрои бечунучаро ва босифати тамоми чорабиниҳоро дар муҳлати муқарраршуда таъмин намоянд.
13. Ба қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 декабри соли 2013 №ҚП-2085 «Дар бораи чораҳои иловагӣ бино бар кӯмакрасонӣ ба рушди идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ» мувофиқи замимаи №3 тағйирот ворид карда шавад.
14. Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
Дурнамои коркарди ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқиеро, ки барои татбиқ намудани меъёрҳои пешбинишудаи қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ заруранд;
таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод кунад.
15. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р.С.Қосимов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Ӯзбекистон
Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
4 октябри соли 2019.