ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ САМАРАНОКИИ ТАЪМИНСОЗИИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ, ПЕШГИРИИ ҚОНУНВАЙРОНКУНӢ ВА МУБОРИЗА БАР МУҚОБИЛИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД

Дар давраи сипаришуда дар пойтахт бобати ҷорӣ намудани низоми сифатан нави ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, таъмин сохтани ҳуқуқу тартибот ва ҳифзи муътамади ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар пояи ҳамкории қарин бо мақомоти давлатӣ ва идораҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд.

Баробари ин омӯзиши таҷрибаи ташкили хидматрасонӣ ба дараҷаи бояду шояд самарабахш набудани ҷобаҷогузории нирӯ ва маблағҳои мақомоти ҳуқуқу тартиботро ҳангоми шом ва шабона нишон дод, ки саривақт ба танзим овардан, назорат кардан ва баҳо додан ба вазъи  ҷиноиро дар пойтахт таъмин карда наметавонанд. Аз ин санадҳое шаҳодат медиҳанд, ки дар ин давр беш аз нисфи миқдори умумии қонунвайронкуниҳо, ҷиноятҳои бахусус вазнин ва вазнинтарин содир мегарданд.
Бо мақсади баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти мақомоти  ҳуқуқу тартиботи Тошканд, ба роҳ мондани ҳамкории қарини онҳо бобати таъмин сохтани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ҳангоми шом ва шабона:
1. Таклифи Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва Шӯрои оид ба танзими фаъолиятии мақомоти худидораи шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои ҳамчун таҷриба аз 1 июли соли 2018-ум ба роҳ мондани низоми таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дар шаҳри Тошканд Консепсияи «Пойтахти бехавф» (минбаъд – Консепсия) пазируфта шавад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
ба роҳ мондани тартиби шабонарӯзии себастии патрулӣ бо ҷалби на камтар аз 70 фоизи нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятии  шуъбаҳои қатории мақомоти корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ, ҳамчунин намояндагони ҷомеаҳо (минбаъд – нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ) дар давраи аз соати 16.00 то 8.00;
аз ҷониби кормандони профилактикӣ, таъҷилӣ ва тафтишотии мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура, судҳои маъмурӣ, адвокатура, ҳамчунин хидматҳои экспертизаи судиву тиббӣ пурра ба роҳ мондани фаъолияти хидматӣ ҳангоми шом ва шабона бо дарназардошти аз вазифаҳои бевоситаашон ҳангоми рӯз дар тӯли 16 соат озод кардани онҳо;
таъмин кардани ҳарчи зудтар ба ҷойи ҳодиса омадани онҳо ё худ даъвати шуъбаҳои мақомоти корҳои дохилӣ, дар навбати аввал гурӯҳҳои нирӯии патрулӣ, таъмин сохтани тартиботи ҷамъиятӣ ба мақсади сари вақт пешгирӣ ва боздоштани қонунвайронкуниҳо.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
маҳаки муҳимтарини баҳо ба фаъолияти нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ, ки шом ва шабона хидмат мекунанд, зоҳир нагардидани санадҳои вайронкунии тартиботи ҷамъиятӣ, сари вақт огоҳ кардан ва боздоштани онҳо дар ҳудудҳои вобасташудаи патрулӣ ба шумор меравад;
кор ҳангоми шом ва шабона дар ҳамкории қарини тарафайн бо нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳайати шахсии шуъбаҳои мақомоти дарамали давлатӣ ташкил карда мешавад;
посбонӣ бо автомобилҳо ҳангоми шом ва шабона аз ҷониби нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ҳамҷиҳатона, ҳам бо автомобилҳо ва ҳам пиёда ҷорӣ карда мешавад;
фаъолияти ҳайати шахсии нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва шуъбаҳои дарамали мақомоти давлатӣ ҳангоми шом ва шабона бояд давра ба давра бо кори рӯзона иваз карда шаванд.
3. Дар доираи татбиқ намудани Консепсия таҷрибаи амалиёти марказҳои мобилии алоқа ва ҳамоҳангсозии нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ (минбаъд – марказҳои мобилӣ) бо вобаста кардани онҳо ба ҳудуди шуъбаҳои хидматрасонии корҳои дохилӣ ҷорӣ карда шавад.
Инҳо вазифаҳои асосии марказҳои мобилӣ муайян карда шаванд:
кӯмакрасонӣ ба шуъбаҳои корҳои дохилӣ бобати татбиқ сохтани назорат, идора ва ташкили ҳамкориҳои самарабахши тарафайни нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва шуъбаҳои дарамали мақомоти давлатӣ дар хидмати шомгоҳӣ ва шабона;
амалиёти таъҷилӣ бинобар ариза, хабар ва маълумоти дигар дар бораи қонунвайронкуниҳо аз тариқи таъмин кардани сари вақт расида омадани гурӯҳҳои нирӯии посбонони наздиктарини таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ба ҷойи воқеа ё худ маҳали даъватшуда;
иҷрои вазифаҳои ситоди мобилӣ ба мақсади ҳамоҳангсозӣ ва корбарии нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла аз тариқи бевосита рафтан ба ҷойи воқеа;
татбиқ намудани назорати бевосита ва баҳои визуалӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба вазъияти таъҷилӣ ва ҷиноӣ ҳангоми баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ ва дар ҷойҳои ҳамоиши умумии одамон;
ба роҳ мондани ҷалби шуъбаҳои профилактикӣ, таъҷилӣ ва тафтишоти мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура барои мувофиқи чораҳои муқарраркардаи қонун ҳангоми аз ҷониби нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ошкор гардидани ҳодисаҳои қонунвайронкунӣ ва боздошти ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда.
4. Тартиби ба роҳ мондани режими муттасили шабонарӯзии хидмат бобати таъмин кардани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ дар шаҳри Тошканд мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
5. Вазифаи муовинони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, сардорони Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд ва раёсати корҳои дохилии вилоятҳо мувофиқан ба вазифаи муовинони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, сардорони Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд ва раёсати корҳои дохилии вилоятҳо оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ тағйир дода, ба зиммаи онҳо вазифаҳои зерин гузошта шаванд:
ҷавобгарии шахсӣ барои ба роҳ мондани кор бобати таъмин сохтани натиҷабахшии ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бахусус шомгоҳ ва шабона;
вазифаҳо бино бар ба роҳ мондани кори самарабахш ва тарафайни шуъбаҳои хидмати патруливу ситодӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии сӯхтор, мудофиа, ҳамчунин таъмин кардани бехатарии ҳаракати роҳи мақомоти корҳои дохилӣ.
9. Ба таклифи Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Шӯрои оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандони ҷумҳурӣ бобати дар ҳар як маҳаллаи шаҳри Тошканд ташкил кардани гурӯҳҳои ҷамъиятии посбонии «Фидокор ёшлар» (минбаъд – гурӯҳҳои ҷамъиятӣ), бо дарназардошти ташаккул додани ҳайати онҳо аз ҷумлаи:
даъватшавандагоне, ки ба шуъбаҳои ноҳиявии кор бо мудофиа бо хоҳиши хидмати ҳатмии ҳарбӣ муроҷиат кардаанд;
номзадҳое, ки хоҳиши дохил шудан ба муассисаҳои олии таълими ҳарбии ҷумҳурӣ, ҳамчунин муассисаҳои таълимии мақомоти корҳои дохилиро доранд;
номзадҳое, ки хоҳиши ба мақомоти корҳои дохилӣ хидмат кардан доранд, ризоият дода шавад.
Муайян карда шавад, ки:
дохил шудан ба гурӯҳҳои ҷамъиятӣ дар асоси роҳхатҳое, ки аз ҷониби шуъбаҳои ноҳиявии оид ба мудофиа ё худ мақомоти корҳои дохилӣ дода шудаанд, татбиқ карда мешавад;
гурӯҳҳои ҷамъиятӣ аз ҷумлаи ҷавононе, ки дар ҳудуди маҳаллаи кору фаъолияти онҳо зисту зиндагӣ мекунанд, ташаккул дода мешаванд;
ҷавобгарӣ барои ташкили самарабахши фаъолияти гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ба зиммаи муовинони сардорони мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои ҷавонон ва инспекторони оид ба профилактика гузошта мешавад;
ҳар як узви гурӯҳҳои ҷамъиятӣ ба посбонии шомгоҳӣ ва шабона бино бар хатсайри муқарраршудаи вақти умумии муддаташ на камтар аз 100 соат ҷалб карда мешавад, ки барои қабули ниҳоии ҳуҷҷатҳо ба хидмат (таҳсил) асос ба шумор меравад.
10. Аз 1 августи соли 2018 тартибе ҷорӣ карда шавад, ки мувофиқи он бино бар натиҷаи кори ҳармоҳа ба ходимон ва хидматчиёни ҳарбие, ки дар ҳайати нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятии шаҳри Тошканд хидмат мекунанд, мукофоти якдафъаинаи пулӣ дар ҳаҷми то 50 фоизи маоши вазифавии онҳо барои пешгирии бевосита, ошкор кардан ё худ кушода додани ҷиноятҳои вазнин ва бахусус вазнин, ҳамчунин боздошти ашхосе, ки аз суду тафтишот дар ҳудуди посбонии онҳо пинҳон шудаанд, пешбинӣ мегардад.
15. Ба Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ таклифи асоснокро бобати тақсим кардан ва зиёд намудани воҳиди штатии маъмурияти ноҳиявии судҳои шаҳри Тошканд пешниҳод кунад.
16. Ба Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ:
бобати боз кардан ва ба роҳ мондани фаъолияти нуқтаҳои байниноҳиявии экспертизаи судиву тиббӣ бо дарназардошти зарурияти ҷойгиршавии басо мусоиди онҳо дар шаҳри Тошканд таклиф пешниҳод намояд;
якҷо бо Прокуратураи генералӣ, Суди олӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон тартиби соддаи муайян кардани ҳолати  сармастии ронандагони воситаҳои нақлиётиро, аз ҷумла аз тариқи воситаҳои доимии техникӣ кор карда барояд ва тасдиқ кунад.
17. Ба Палатаи адвокатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки бобати ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ба онҳо расондани хидматҳои тахассусии ҳуқуқшиносӣ бино бар татбиқсозии амалиёти протсессуалӣ  дар шомгоҳ ва шабона чорабиниҳои иловагиро татбиқ кунад.
18. Ба Вазорати корҳои дохилӣ супурда шавад, ки якҷо бо Гвардияи миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо дарназардошти талаботи Консепсия дар зарфи ду ҳафта:
тартиби хидмати муштараки посбониро дар ҳайати нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ кор карда барояд ва тасдиқ кунад, аз ҷумла механизми усулҳои ҳамҷиҳатонаи посбониро бо автомобилҳо ва пиёда пешбинӣ намояд;
тағйироти хатсайрҳои дарамали посбониро бо ҷорӣ намудани механизми корбарии таъҷилии нирӯҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мувофиқи тағйир ёфтани вазъияти таъҷилӣ ва ҷиноӣ таҷдиди назар кунад;
тақсимоти ҳайати шахсии нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятиро мувофиқи вақтҳои муайяни рӯз таъмин намояд;
бобати баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шуъбаҳои амнияти шахсӣ бино бар таъмин кардани назорати муассир барои хидмат шомгоҳ ва шабона чораҳо андешад.
19. Ба ҳокимияти шаҳри Тошканд супурда шавад, ки дар муддати як моҳ бобати ба роҳ мондан ва фароҳам овардани шароити таомхӯрии ходимон ва хидматчиёни ҳарбие, ки дар хидматанд ва ҳангоми шом ва шабона фаъолият мебаранд, мувофиқи Консепсия чораҳои зарурӣ андешад.
20. Ба Прокуратураи генералӣ супурда шавад, ки якҷо бо Суди олӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зарфи ду моҳ бино бар:
а)  такмил додани низоми кор бо шахсони пештар судшуда, бо дарназардошти:
қатъиян риоя кардани меъёрҳои қонунгузорӣ ҳангоми муайян кардани шахсони пештар судшуда;
аз байн бардоштани таҷрибаи пешниҳоди маълумот бино бар дар собиқа маҳкум гардидани шахсоне, ки ин муддатро гузаштаанд ё худ он аз байн бардошта шудааст, ҳангоми дохил шудан ба таҳсил, кор ва ғайра;
пурзӯр кардани чораҳои ҷавобгарӣ барои содир кардани ҷиноят нисбати шахсоне, ки пештар маҳкум шудаанд;
б) соддатар кардани тартиботи кор оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми шом ва шабона таклиф пешниҳод кунад.
21. Ба Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати мудофиа, Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Шӯрои оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худидораи шаҳрвандони ҷумҳурӣ супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ Дастурро дар бораи гурӯҳҳои ҷамъиятии посбонии «Фидокор ёшлар» кор карда баояд ва тасдиқ кунад, ки тартиби ба роҳ мондани кори онҳо, механизмҳо ва маҳаки баҳои фаъолияти онҳоро мушаххас мекунад.
22. Ба Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар ҷараёни татбиқсозии маҷмӯи дастгоҳиву барномавии «Шаҳри бехавф» муҷаҳҳазсозии тамоми шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Тошкандро бо низоми ташхиси интеллектуалии ашхос ва рақами қайди воситаҳои нақлиётӣ пешбинӣ намояд.
23. Ба Комиссияи ҷумҳуриявии оид ба пешгирии саривақтии ҷиноятҳо ва мубориза ба муқобили қонунвайронкунӣ дар маҳалҳо (Н.Йӯлдошев) супурда шавад, ки мониторинги мунтазами самарабахшии татбиқшавии Консепсияро дар шаҳри Тошканд таъмин кунад ва бино бар натиҷаи  соли 2018-ум бобати ҷорӣ кардани чунин таҷриба дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ таклиф пешниҳод намояд.
24. Ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ бобати пешбарӣ кардани ходимони пешқадами хидматҳои патруливу ситодӣ ва роҳу патрулии мақомоти корҳои дохилӣ ба вомҳои имтиёзнок барои хариди воситаҳои нақлиёти сабукрави буҷавии истеҳсоли ватанӣ таклиф пешниҳод кунад;
дар зарфи як моҳ тартиби ба роҳ мондани кори марказҳои мобилиро тасдиқ кунад, механизми муназзами аз ҷониби онҳо ташкил кардани ҳамкориҳои маҷмӯии тарафайни нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва амалиёти таъҷилии онҳоро нисбат ба қонунвайронкуниҳо тасдиқ намояд;
дар зарфи як моҳ лоиҳаи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки тартиби баҳодиҳӣ ба фаъолияти нирӯҳои таъминкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ аз мавқеи муайян кардани маҳакҳои мушаххаси низоми мукофотонии пулӣ бо дарназардошти талаботи қарори мазкурро муқаррар мекунад, пешниҳод намояд;
дар зарфи ду моҳ воҳидҳои дарамали штатии мақомоти корҳои дохилии ҷумҳуриро аз нуқтаи назари танқидӣ баррасӣ кунад ва бобати такмил додани сохтор ва зиёд кардани воҳидҳои штатии хидматҳои патруливу ситодӣ ва роҳу патрулии мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошканд бо дарназардошти кори воқеии онҳо чораҳо андешад;
дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Барномаи муҷаҳҳазсозии шуъбаҳои хидмати патруливу ситодии мақомоти корҳои дохилиро бо воситаҳои махсуси замонавии ҳифзи шахсӣ ва мудофиаи босифат таклиф пешниҳод кунад;
дар муҳлати се моҳ дар аоси таҳлили маҷмӯӣ бино бар давра ба давра муҷаҳҳазсозӣ ва беҳтар кардани хиёбони автомобилии хидматҳои патруливу ситодӣ ва роҳу патрулии мақомоти корҳои дохилии шаҳри Тошканд таклиф пешниҳод намояд.
25. Муайян карда шавад, ки хароҷоти вобаста ба татбиқкунии чораҳое, ки қарори мазкур пешбинӣ намудааст, дар ҳудуди маблағҳои буҷавӣ, маблағҳои ғайрибуҷавии вазорату идораҳои манфиатдор, ҳамчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ мешаванд.
26. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В.В.Маҳмудов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон О.Б.Муродов, муовини аввали Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.М.Мавлонов ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон П.Р.Бобоҷонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
19 июни соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: