ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА ДАСТГИРИИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ

Дар кишвар ҷиҳати нарм гардондани таъсири манфии пандемияи коронавирус ба сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ва дастгирии моддии оилаҳое, ки ба кӯмак ниёз доранд, корҳои муназзам амалӣ карда мешаванд.

Дар кишвар ҷиҳати нарм гардондани таъсири манфии пандемияи коронавирус ба сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ва дастгирии моддии оилаҳое, ки ба кӯмак ниёз доранд, корҳои муназзам амалӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла, мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 июли соли 2020 № ФП-6038 «Дар бораи чораҳои иловагии дастгирии моддии аҳолии дар давраи пандемияи коронавирус ба кӯмак ва ҳифзи иҷтимоӣ  ниёзманд», ба шахсони камтаъмин ва ба ҳифз эҳтиёҷманд кӯмаки васеъмиқёси иҷтимоӣ расонда шуд.
Бо мақсади ривоҷ додани Ҷунбиши миллии «Саховат ва кӯмак», ки арзишҳои таърихӣ ва маънавии халқи моро намоиш додааст, инчунин бо либосҳои зимистона, либоси мактабӣ ва анҷомҳои дарсӣ таъмин кардани  фарзандони оилаҳое, ки ба кӯмаки моддӣ ва дастгирӣ ниёз доранд:
1. Дар моҳи сентябри соли 2020 ба табақаҳои зерини аҳолӣ кӯмаки якдафъаинаи моддӣ расонда шавад:
кӯдакони то 16-сола аз оилаҳое, ки ба рӯйхатҳои кӯмаки моддӣ ва дастгирӣ эҳтиёҷманд шомил карда шудаанд («дафтари оҳанин»);
фарзандони то 16-сола аз оилаҳое, ки барои гум кардани саробон нафақа ё ёрдампулӣ мегиранд;
кӯдакони маъюби то 16-сола.
2. Миқдори кӯмаки якдафъаинаи моддӣ, ки дар банди 1-уми ин қарор пешбинӣ шудааст, барои ҳар як бачаи то 16-сола 500 ҳазор сӯм муқаррар карда шавад.
3. Пешниҳоди Вазорати таҳсилоти томактабӣ, Вазорати таълими халқ, Вазорати ҳифзи тандурустӣ ва Вазорати молия дар бораи эмгузаронии ройгон аз зуком барои кормандони тамоми муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тиббии ҷумҳурӣ то 1 октябри соли 2020 ба таври мутамарказ маъқул дониста шавад.
Вазорати тандурустӣ бояд барои эмкунии кормандон бо рафтан ба ҳар як муассисаи таълимӣ ва тиббӣ, инчунин бо ваксинаҳо ва маҳсулоти таъиноти тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои дахлдори тиббӣ чораҳо андешад.
4. Девони Вазирон аз ҳисоби манбаъҳое, ки дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 июли соли 2020 № ФП-6038 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии моддии аҳолӣ, ки дар давраи пандемияи коронавирус ба кӯмак ва ҳифзи иҷтимоӣ ниёз доранд», пешбинӣ шудаанд, инчунин дигар манбаъҳои иловагӣ маблағҳои барои кӯмаки якдафъаинаи моддӣ ва эмгузаронии коргарон зарурро, ки дар қарори мазкур муайян шудаанд, ҷудо кунад.
5. Масъулияти ба оилаҳои ниёзманди кӯмак ва дастгирӣ мақсаднок ва манзилнок расондани маблағҳои дар ин қарор пешбинишуда  ба зиммаи инҳо гузошта шавад:
Фонди нафақаи назди Вазорати молия – дар қисми ташкили ба фарзандони ноболиғ аз оилаҳое, ки саробонашонро гум кардаанд ва бачаҳои маъюби то 16-сола мақсаднок расонидани маблағҳои кӯмаки моддӣ дар муҳлати барои пардохти нафақа (кӯмакпулӣ) муқарраршуда;
Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳияҳо (шаҳрҳо), инчунин роҳбарони секторҳо ва шуъбаҳои ҳудудии Вазорати дастгирии маҳалла ва оила – дар қисми ташаккули ведомостҳои пардохтӣ бо назардошти  шумораи кӯдакони то 16-сола, аз оилаҳое, ки ба рӯйхати ба кӯмаки моддӣ ва дастгирӣ эҳтиёҷманд («дафтари оҳанин») ворид шудаанд, инчунин ташкил ва назорати сари вақт ва мақсаднок расонидани маблағҳои пулии кӯмаки моддӣ тавассути шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ) оид ба дастгирии маҳалла ва оила;
Вазорати молия — дар қисми сари вақт ҷудо кардани маблағҳои зарурӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ аз Буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
Бонки марказӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ — дар қисми бо воситаҳои пули нақд, ки барои расонидани кӯмаки моддӣ заруранд, таъмин намудан.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ж.А. Қӯчқоров ва Б.А.Мусаев, Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Ш.МИРЗИЁЕВ

ТОШКАНД, 
26 августи соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: