ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА ДАСТГИРИИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ХУДИДОРАИ ШАҲРВАНДОН

Бо мақсади пурзӯр намудани нақш ва аҳамияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандон дар ҷомеа, таҳкими мақоми онҳо дар ҳалли мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ ва амалисозии назорати самараноки ҷамъиятӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии низом тавассути дастгирии иҷтимоии кормандони ҷамоатҳои шаҳрвандон:

Бо мақсади пурзӯр намудани нақш ва аҳамияти мақомоти худидоракунии шаҳрвандон дар ҷомеа, таҳкими мақоми онҳо дар ҳалли мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ ва амалисозии назорати самараноки ҷамъиятӣ, инчунин баланд бардоштани самаранокии низом тавассути дастгирии иҷтимоии кормандони ҷамоатҳои шаҳрвандон: 
Бо пешниҳодҳои Вазорати дастгирии маҳалла ва оила ва Вазорати молия розигӣ дода шавад, ки аз 1 ноябри соли 2021 инҳоро пешбинӣ менамояд: 
а) 35 фоиз зиёд кардани маоши вазифагии ҳармоҳаи кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, ки дар ҳудуди онҳо шумораи хонаводаҳо ҳазор ё бештар аст; 
б) маблағгузории хароҷоти вобаста ба нигоҳдории мақомоти худидораи шаҳрвандон аз ҳисоби маблағҳои дахлдори буҷетҳои маҳаллӣ; 
в) додани вазифаҳои ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрвандон, расонидани хизматрасониҳои баҳисобгирии онҳо аз ҳокимиятҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо) ба шӯъбаҳои дастгирии маҳаллаҳо ва оилаҳои ноҳияҳо (шаҳрҳо); 
г) таъсиси Фонди ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрвандон (минбаъд Фонд) бе мақоми шахси ҳуқуқӣ дар назди шӯъбаҳои дастгирии маҳалла ва оилаи ноҳияҳо (шаҳрҳо).
2. Манбаъҳои асосии ташаккули маблағҳои Фонд инҳо муайян карда шаванд:
маблағҳои буҷа дар ҳаҷми 10 фоизи фонди солонаи музди меҳнати мақомоти худидоракунии шаҳрвандон (ба истиснои маблағҳои фонди махсуси ҳавасмандгардонии моддӣ); 
маблағи ҷудошуда, ба миқдори 3 фоизи манбаъҳои иловагии буҷа-ҳои маҳаллӣ, ки дар асоси қарори Шӯроҳои депутатҳои халқии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) ҷудо мешаванд; 
маблағҳое, ки аз иҷо-раи амволи мақомоти худидораи шаҳрвандон тибқи тартиби муқарраргардида гирифта шудаанд;
маблағҳои хайрия; 
дигар манбаъҳое, ки ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ манъ накардааст. 
3. Вазорати дастгирии маҳалла ва оила якҷоя бо Вазорати молия дар давоми як моҳ Низомномаи Фонди ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрвандонро ба Девони Вазирон пешниҳод созад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
тартиби ташаккули маблағҳои Фонд ва муайян кардани самтҳои истифодаи онҳо; 
пардохти иловапулиҳои шахсӣ ва ҳавасмандкунӣ, мукофотпулӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағи Фонд.
4. Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии  Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, инчунин Вазорати дастгирии маҳалла ва оилаи Ҷумҳурии  Қароқалпоқистон, раёсатҳои оид ба дастгирии маҳалла ва оилаи вилоятҳо ва шаҳри Тошканд:  
назорати доимии ташаккули маблағҳои Фондро амалӣ намояд; 
аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрвандон инвентаризатсияи биноҳо ва иншоотҳое, ки онҳо фаъолият мекунанд ва дар ихтиёри онҳо монондани дигар амволҳоро таъмин кунанд; 
ба шуъбаҳои оид ба дастгирии маҳалла ва оилаи ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар асоси ҳуқуқи идоракунии фаврӣ бепул додани бино ва иншоотҳоро, ки мақомоти худидоракунии шаҳрвандон истифода мебаранд, таъмин намоянд.
5. Вазорати молия инҳро таъмин намояд: 
дар соли 2021 ҷудо кардани 9,2 миллиард сӯм барои хариди молҳои канселярии барои ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрвандон зарур, аз соли 2022 сар карда – дар андозаҳои буҷаи давлатӣ пешбинӣ намудани ҷудо кардани маблағҳои ба ин мақсадҳо зарурӣ;  
пӯшонидани хароҷоти иловагӣ, ки ба афзоиши ҳаҷми музди меҳнати ҳармоҳаи кормандони мақомоти худидоракунии шаҳрвандон алоқаманд аст, дар соли 2021 — аз ҳисоби маблағҳое, ки бинобар ҷойҳои холӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳрвандон озод шудаанд, инчунин манбаъҳои иловагии буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
6. Ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тағйирот ва иловаҳо ворид карда шавад. 
7. Вазорати дастгирии маҳалла ва оила якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар давоми ду моҳ ба Девони Вазирон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ, ки аз ин Фармон бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд. 
8. Ба зиммаи вазири дастгирии маҳалла ва оила Р.Т.Маматов ва вазири молия Т.А. Ишметов масъулияти шахсӣ барои ташкили самараноки татбиқи ин Фармон гузошта шавад. 
Назорати иҷрои Фармон, мутобиқсозии фаъолияти вазорату идораҳои масъул ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов гузошта шавад.  

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
18 октябри соли  2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: