ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА ДАСТГИРИИ ИШТИРОКДОРОНИ ФАЪОЛИЯТИ САВДОИ ХОРИҶӢ

Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 январи соли 2022 №ФП-60 «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» ба мақсади такмил додани механизмҳои танзими савдои хориҷӣ, густариши содироти маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд бо роҳи минбаъд пурзӯр гардондани чораҳои дастгирии ҳамаҷониба ва ҳавасмандгардонии фаъолияти содиротии субъектҳои соҳибкории ватанӣ:

1. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 апрели соли 2022:
а) то 1 апрели соли 2023:
ба корхонаҳои ватанӣ (намояндагони ваколатдори онҳо) ҳангоми содироти маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд ба мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо барои ҷуброни хароҷоти нақлиётӣ ба миқдори то 70 фоиз субсид дода мешавад;
ҳангоми содироти маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд, ки ба давлатҳои ҳамсоя содир карда мешаванд, барои ҷуброни хароҷоти нақлиёт ба миқдори то 50 фоиз субсид дода мешавад;
б) хароҷоти вобаста ба номнавискунии мақомоти арзёбии мутобиқат аз ҷониби мақомоти оид ба номнавискунӣ, ки узви созмони байналмилалии ILAC/IAF мебошад, аз ҷониби Агентии пешбурди содирот ҷуброн карда мешавад;
в) андозаи пешпардохт, ки ҳангоми амалӣ намудани содироти молҳо аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои намудҳои махсуси мол), кор ва хидматрасонӣ дар асоси ҳисобнома (инвойс) бидуни бастани шартнома аз 100 фоиз то 50 фоиз кам карда мешавад.
Комиссияи ҳукуматӣ оид ба масъалаҳои савдои хориҷӣ, сармоя, рушди саноати маҳаллӣ ва танзими техникӣ (Умурзоқов С.) (минбаъд – Комиссияи ҳукуматӣ):
дар муддати ду ҳафта руйхати маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд, ки ҳангоми содироти он барои ҷуброни хароҷоти нақлиётӣ субсид пешбинӣ шудааст, тасдиқ карда шавад ва нашри мунтазами он дар Портали ягонаи дастгирии содиркунандагон (www. exportportali.uz) таъмин карда шавад;
барои харҷи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои Фонди дастгирии содирот назорати доимӣ муқаррар карда шавад.
3. Вазорати молия дар асоси дархости Агентии пешбурди содирот аз буҷаи ҷумҳурӣ барои татбиқи чораҳои дастгирӣ, ки дар банди якуми Фармони мазкур пешбинӣ шудаанд, маблағҳои зарурӣ ҷудо намояд.
4. Ба Комиссияи ҳукуматӣ ваколат дода шавад, ки муҳлати қарзҳои аз Фонди дастгирии содирот ҷудошударо барои маблағгузории амалиёти пеш аз содирот ва марбут ба содирот тибқи дархости корхонаҳои содиркунандаи ватанӣ ба муҳлати шаш моҳи иловагӣ дароз кунад.
Дар баробари ин муқаррар карда шавад, ки тағйир додани муҳлати қарзҳои мазкур аз ҷониби Бонки марказӣ ҳамчун активҳое, ки шартҳои қарздиҳиашон аз нав дида баромада шудаанд, ба ҳисоб намераванд.
5. Тартиби манъи истифодаи имтиёз бинобар пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми расмигардонии гумрукии молҳо, ки дар тартиби анбори гумрукӣ қарор доранд, ба муҳлати беш аз шаш моҳ бекор карда шавад.
6. Ба мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкории ҷавонон, аз он ҷумла ҳавасмандгардонии фаъолият оид ба истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигарондашуда ва расондани хидмат дар асоси технологияҳои инноватсионӣ, ба ҷудо кардани вомҳо то 500 ҳазор доллари ИМА аз ҳисоби маблағи Фонди дастгирии соҳибкорони ҷавон дар асоси қарори Комиссияи ҳукуматӣ иҷозат дода шавад.
7. Ба Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ оид ба то 1 январи соли 2023 ҷорӣ намудани механизмҳои муваққатии танзими амалиёти савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси хулосаи Комиссияи ҳукуматӣ ваколат дода шавад.
Дар замми ин оид ба ҳавасмандгардонии содироти маҳсулоти тайёр, пешгирӣ намудани ҳолатҳои сунъӣ баланд бардоштани арзиши қарордодҳои воридотӣ, ворид намудани маҳсулоти бесифат ба бозори дохилӣ ва ҳолатҳои контрабанда чораҳо пешбинӣ карда шаванд.
8. Ба ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзтрейд» ва «Ӯзсаноатэкспорт» аз ҳисоби Фонди дастгирии содирот ба мақсади таъмини ширкати савдои хориҷӣ бо маблағҳои гардон 10 миллион доллари ИМА ҷудо карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки Агентии пешбурди содироти назди Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуқуқи саҳҳомро барои пакетҳои саҳмияҳои давлатӣ (ҳиссаҳо) дар оинномаи сармояи (фондҳо) ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ӯзтрейд» ва «Ӯзсаноатэкспорт» амалӣ намояд.
9. Агентии оид ба идоракунии активҳои давлатӣ дар муҳлати як ҳафта ба Агентии пешбурди содироти саҳмияҳои давлатӣ додани (ҳиссаҳо) дар сармояҳои оинномавии (фондҳо)-и ҷамъиятҳои саҳҳомии «Ӯзтрейд» ва «Ӯзсаноатэкспорт»-ро таъмин намояд.
10. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тағйирот ва иловаҳо ворид карда шаванд.
11. Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд.
12. Масъулияти шахсӣ барои ташкили самарабахши иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини якуми вазири сармояҳо ва савдои хориҷӣ А.Б.Воитов гузошта шавад.
Баррасии рафти иҷрои Фармони мазкур, амалӣ намудани мутобиқат ва назорати фаъолияти идораҳои барои иҷрои он масъул ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон С. У. Умурзоқов гузошта шавад.

Президенти 
Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
 Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри Тошканд, 
6 апрели соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: