ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ПАРДОХТИ НАФАҚАИ ДАВЛАТӢ, КУМАКПУЛӢ, ҶУБРОНПУЛӢ ВА ПАРДОХТҲОИ ДИГАРИ ИҶТИМОӢ

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои пардохт ва расондани нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандон, васеъ ҷорӣ намудани усулҳои замонавии низоми пардохт дар кишвар, инчунин ташкили истифодаи самарабахши технологияҳои пешқадами иттилоотиву коммуникатсионӣ дар соҳаи мазкур:

1. Ба эътибор гирифта шавад, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 майи соли 2021 №ҚП-5102 «Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд содда гардондани раванди таъин кардани нафақаи давлатӣ ва такмил додани низоми расондани нафақа ва кумакпулӣ ба шаҳрвандон» пардохти нафақа ва кумакпулӣ аз ҳисоби маблағҳои зарурӣ ҳар моҳ то санаи панҷум таъмин карда мешавад.
2. Ба пешниҳоди Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ, Бонки марказӣ ва БСТ «Халқ банки» розигӣ дода шавад, ки мувофиқи онҳо:
а) аз 1 майи соли 2022:
намудҳои кумакҳои моддӣ, ки ба шаҳрвандон ва оилаҳое, ки ба «Дафтари оҳанин», «Дафтари ҷавонон» ва «Дафтари занон» дохил шудаанд, расонда мешаванд, аз ҳисоби маблағҳои фондҳои дахлдор, кумакпулӣ оид ба бекорӣ ва стипендияе, ки мақомоти оид ба меҳнат мепардозанд, инчунин маблағҳои пулии кумаки моддӣ, ки ба шаҳрвандони муҳлати ҷазоро адо намуда ва аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озодшуда (минбаъд – маблағи кумаки моддӣ) дода мешаванд, ҳар моҳ то санаи панҷум таъмин карда мешаванд ва ба маҳаллаҳо аз ҷониби кассаҳои сайёри БСТ «Халқ банки» якҷоя бо нафақа ва кумакпулӣ расонда мешаванд;
барои хидмати ба шаҳрвандон аз ҷониби кассаҳои сайёри БСТ «Халқ банки» расонда додани маблағҳои пулии нафақа, кумакпулӣ ва ёрии моддӣ дар шакли нақд бонк ба миқдори як фоизи маблағи пардохташуда ҳақ меситонад. Дар баробари ин ба БСТ «Халқ банки» вазифаи аз картаҳои гирандагони нафақа ва кумакпулиҳо бинобар хоҳиши онҳо бо баромадан ба ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳо ба пули нақд  иваз кардан тавассути кассаҳои сайёр гузошта мешавад;
барои гирандагони тамоми намудҳои нафақаи давлатӣ, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохтҳои дигар, ки аз ҷониби Фонди ғайрибуҷавии нафақа амалӣ гардонда мешаванд, инчунин кумакпулиҳо барои бачаҳо ва ёрии моддӣ ба оилаҳои камтаъмин (минъбаъд – нафақа ва кумакпулӣ), ки тавассути кортҳои бонкӣ пардохта мешаванд, ба миқдори як фоизи ҷамъи нафақа ва кумакпулии ҳармоҳа ҳаққи иловагӣ ҷорӣ карда мешавад. Дар баробари ин, пешбурди ҳуҷҷатҳо дар шакли коғазӣ бо роҳи ворид намудани маблағ ба корти бонкӣ дар асоси розигии шаҳрвандон бекор карда мешавад;
б) то 1 сентябри соли 2022 амалиёти пешбурди карточкаҳои нафақа аз ҷониби бонкҳои хидматрасонандаи тиҷоратӣ ба воситаи автоматиконӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор низоми гузарондан ва пардохти нафақаи низоми ҳарбикунонидашуда бекор карда мешавад.
3. БСТ «Халқ банки» (Ш.Х.Атабаев):
якҷоя бо Бонки марказӣ (Б.Э.Зоҳидов) ба мақсади баланд бардоштани сатҳи фарогирии аҳолӣ бо банкоматҳо ба муҳлати то 1 октябри соли 2022 аз хориҷ 1800 адад банкоматҳо ворид намояд ва насби онҳоро дар минтақаҳо, аз ҷумла ноҳияҳои дурдаст таъмин кунад;
ба муҳлати то охири соли 2022 иловаҳои нави мобилии банк таҳия карда шавад, ки имконияти идоракунии масофавии маблағҳои нафақа ва кумакпулиро ба мақсади минбаъд фароҳам овардани қулаӣ барои соҳибони онҳо фароҳам меорад;
хидмате ба роҳ монда шавад, ки ба аҳолӣ аз ҷониби Вазорати адлия, ба воситаи иловаи мобилии бонк расонда мешавад.
4. Вазорати молия (Т.А.Ишметов):
ҷудо намудани маблағҳои барои маблағгузории хароҷот зарурии бо чораҳои дар қарори мазкур муайяншуда марбутро аз ҳисоби бақияи маблағи Фонди ғайрибуҷавии нафақа ва фондҳои дахлдори мақсаднок, инчунин маблағҳои буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмин намояд;
дар муҳлати ду ҳафта ба Девони Вазирон лоиҳаи фармоиши ҳукуматиро дар бораи такмил додани низоми иттилоотии идоракунии фондҳои ғайрибуҷавии нафақа тақдим намояд;
дар муҳлати се моҳ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд.
5. Вазорати молия, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ оиди дар воситаҳои ахбори оммавӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ равшан намудани мақсад, вазифа ва натиҷаҳои пешбинишудаи иҷрои қарори мазкур корро ташкил намоянд.
6. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи илова тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд.
7. Ҷавобгарии шахсӣ барои ташкили самарабахши иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазир Ҷ. А. Қӯчқоров ва вазири молия Т. А. Ишметов гузошта шавад.
Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
7 апрели соли 2022.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: