ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ТАЪЛИМИ КАСБӢ

Дар мамлакат бинобар ислоҳсозии низоми таълим бо роҳи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯйи талаботи бозори меҳнат, ҷорӣ кардани андозаҳои байналхалқии баҳогузорӣ ба сифати таълим, фароҳам овардани механизмҳои самарабахши дар амал ҷорӣ кардани комёбиҳои инноватсионии илмӣ ва татбиқи вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайян шудаанд, пайваста корҳо амалӣ мегарданд.

Баробари ин, ба дараҷаи Андозаҳои байналхалқии таснифи таълим (МСКО), ки ЮНЕСКО қабул намудааст, мувофиқат накардани барномаи таълими касбӣ, ба ҷараёни таълим ба таври пурра ҷорӣ карда нашудани Низоми миллии квалификатсионии Ӯзбекистон бобати дар бозори меҳнат ҷойи муносибро ишғол намудани кадрҳои тайёркардамешуда монеъ мегарданд. 
Ба мақсади такмил додани низоми таълими касбӣ дар асоси таҷрибаҳои пешқадами хориҷӣ, тайёр кардани кадрҳои боихтисос ва рақобатпазир барои бозори меҳнат бо роҳи ҷорӣ кардани дараҷаҳои таълими ибтидоӣ, миёна ва миёнаи махсуси касбӣ, инчунин васеъ ба ин ҷараён ҷалб намудани кордиҳандагон:
1. Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз соли таҳсили 2020/2021 сар карда шабакаи муассисаҳои таълимӣ бо ба фаъолияти онҳо ҷорӣ кардани низоми нави таълими ибтидоӣ, миёна ва миёнаи махсуси касбӣ ва барномаҳои таълими тафриқадодашудаи ҷавобгӯйи дараҷаи Таснифгари байналхалқии стандарти таълим (минбаъд – Таснифгари байналхалқӣ) ташкил карда шавад. 
2. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
рӯйхати муассисаҳои таълим, ки ба дастгирии иҷтимоии хатмкунандагони синфҳои нӯҳум нигаронда шуда, тайёркунии кадрҳоро дар дараҷаи таълими ибтидоии касбӣ дар асоси барномаҳои таълими ба дараҷаи сеюми Таснифгари байналхалқӣ мувофиқаткунанда амалӣ менамояд, мувофиқи иловаи № 1; 
рӯйхати муассисаҳои таълим, ки тайёр кардани кадрҳоро дар дараҷаи таълими миёнаи касбу ҳунар дар асоси барномаҳои таълими ба дараҷаи чоруми Таснифгари байналхалқӣ мувофиқаткунанда амалӣ менамояд, мувофиқи иловаи № 2;
рӯйхати муассисаҳои таълимӣ, ки дар назди муассисаҳои таълими олӣ фаъолият нишон дода, тайёр кардани кадрҳоро дар дараҷаи таълими миёнаи махсуси касбӣ дар асоси барномаҳои таълими бо низоми таълими олӣ якҷоякардашуда ва ба дараҷаи панҷуми Таснифгари байналхалқӣ мувофиқаткунанда амалӣ менамояд, мувофиқи иловаи № 3;
рӯйхати коллеҷҳои касбу ҳунар, ки ба низоми Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои созмон додани Марказҳои таълими касбӣ дода мешаванд, мувофиқи иловаи № 4;
рӯйхати коллеҷҳои касбу ҳунар, ки ба мақсади афзун гардондани иқтидори муассисаҳои таълими олӣ ва  дар пешомад ташкил кардани муассисаҳои таълими олии хориҷӣ ва филиалҳои онҳо дода мешаванд, мувофиқи иловаи № 5;
рӯйхати коллеҷҳои касбу хунар, ки барои созмон додани марказҳои серсоҳа ва полигонҳои амалиёти муассисаҳои таълими олӣ дода мешаванд, мувофиқи иловаи № 6;
рӯйхати коллеҷҳои касбу ҳунар, ки биноҳояшон ба сифати муассисаҳои таълими умумии миёна истифода мегарданд, мувофиқи иловаи № 7.
Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми зарурат ҳуқуқи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба рӯйхатҳо, ки бо банди мазкур тасдиқ шудаанд, дода шавад. 
3. Муқаррар карда шавад, ки:
а) ба муассисаҳои  таълими ибтидоӣ, миёна ва миёнаи махсуси касбӣ, ба ғайр аз барномаҳои таълимӣ бинобар дараҷаи асосии Таснифгари байналхалқӣ ҳуқуқи тайёр кардани кадрҳо бинобар барномаҳои таълимии дараҷаҳояшон паст дода шавад;
б) дар низом шабакаи муассисаҳои таълими касбии иборат аз мактабҳои касбу ҳунар, коллеҷҳо ва техникумҳо бо ба фаъолияташон ба таври муносиб ҷорӣ кардани барномаҳои таълими муассисаҳои таълими ибтидоӣ, миёна ва миёнаи махсуси касбу ҳунар ташкил карда шавад;
в) дар мактабҳои касбу ҳунар:
тайёр кардани кадрҳо дар гурӯҳҳо, ки аз хатмкунандагони синфҳои нӯҳуми муассисаҳои таълими умумӣ ташаккул ёфтаанд, дар асоси барномаҳои дусолаи якҷоякардашудаи фанҳои таълими умумӣ ва фанҳои ихтисосӣ бинобар шакли рӯзонаи таълим амалӣ гардонда мешаванд;
хонандагон ба миқдори андозаи ҳаҷми базавии ҳисобии якдафъаина бо стипендияи ҳармоҳа ва аз ҳисоби Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон се маҳал хӯрок таъмин карда мешаванд. Бо ин мактабҳои касбу ҳунар ҳуқуқ доранд хонандагонро се маҳал бо хӯрок таъмин кунанд ё ки ба онҳо арзиши хӯрокро пардозанд;
хароҷот барои нигоҳдории ҷорӣ, ҷорӣ кардани фаъолият, таҳкими пойгоҳи моддиву техникӣ ва тайёркунии кадрҳо аз ҳисоби маблағи Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пӯшонда мешаванд;
г) дар коллеҷҳо: 
кадрҳо дар асоси тамоюли «Таълим дар тӯли тамоми умр» дар гурӯҳҳое, ки аз сафи шахсоне, ки ақаллан таълими умумии миёна доранд ва барномаҳои таълимии ақаллан ба дараҷаи сеюми Таснифгари байналхалқӣ оид ба шаклҳои рӯзона, шабона ва ғоибонаи таълими муддаташон то ду сол мувофиқаткунандаро ба охир расондаанд, бо назардошти мураккабии касб ва ихтисос дар асоси фармоиши давлатӣ ва қарордоди пулӣ тайёр карда мешаванд;
хароҷот барои нигоҳдории ҷорӣ, пеш бурдани фаъолият, мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ ва тайёр кардани кадрҳо аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавии вазорату идораҳои дахлдор, инчунин маблағе, ки аз таълими хонандагон дар асоси фармоиши давлатӣ ва қарордоди пулӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст,  пӯшонда мешаванд;
д) дар техникумҳо:
кадрҳо дар асоси тамоюли «Таълим дар тӯли тамоми умр» дар гурӯҳҳое, ки аз сафи шахсоне, ки ақаллан таълими умумии миёна доранд ва барномаҳои таълимии ақаллан ба дараҷаи сеюм ё ки чоруми Таснифгари байналхалқӣ оид ба шаклҳои рӯзона, шабона ва ғоибонаи таълими муддаташон камаш то ду сол мувофиқаткунандаро ба охир расондаанд, бо назардошти мураккабии касб ва ихтисос дар асоси фармоиши давлатӣ ва қарордоди пулӣ тайёр карда мешаванд;
ба хатмкунандагоне, ки барномаҳои таълимии миёнаи махсусро бомуваффақият хатм кардаанд, ҳуқуқи идома додани таҳсил дар муассисаҳои таълими олӣ бинобар ихтисоси касби таълими бакалавриат, аз курси дуввум сар карда бидуни додани имтиҳонҳои дохилшавӣ дар асоси суҳбати алоҳида дода мешавад;
хароҷот барои нигоҳдории ҷорӣ, пеш бурдани фаъолият, таҳкими пойгоҳи моддиву техникӣ ва тайёр кардани кадрҳо аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавии вазорату идораҳои дахлдор, инчунин маблағе, ки аз таҳсили хонандагон дар асоси фармоиши давлатӣ ва қарордоди пулӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, мерасанд, пӯшонда мешаванд; 
е) роҳбарии таълимиву услубии мактабҳои касбу ҳунар, коллеҷҳо ва техникумҳо сарфи назар аз мансубияти идоравии онҳо, инчунин татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур аз ҷониби Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон амалӣ гардонда мешавад.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 1 январи соли 2020-ум сар карда дар параметрҳои Буҷаи давлатӣ маблағҳои заруриро барои бомаблағ таъмин кардани муассисаҳои таълими созмондашавандаи ибтидоӣ, миёна ва миёнаи махсуси касбу ҳунар, инчунин нигоҳдории ҷорӣ, пеш бурдани фаъолият ва мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникӣ ба назар гирад.
5. Ба таклифи Вазорати таълими халқ ва Инспексияи давлатӣ оид ба назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи барҳам додани маҷмуъҳои таълимиву истеҳсолӣ, ки барои таҳсили касбии хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таълими умумии миёна ихтисосонида шудаанд, розигӣ дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки маблағҳои аз ҳисоби барҳам додани маҷмуъҳои таълимиву истеҳсолӣ барои таълими касбу ҳунари хонандагони синфҳои 10-11-и муассисаҳои таълими умумии миёна ихтисосонидашуда холигардида барои бо маблағ таъмин кардани низоми таълими  касбу ҳунар равона карда мешаванд.
6. Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнат, Вазорати иқтисодиёт ва саноат, Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор;
а) дар муҳлати ду моҳ Таснифгари вазифаҳои асосии хидматчиён ва касби кормандонро мувофиқи Низоми миллии таснифи Ӯзбекистон аз нав дида бароянд;
б) дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ инҳоро таҳия ва дар амал ҷорӣ намоянд:
дар муҳлати се моҳ – Рамкаи миллии квалификатсионии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
ба муҳлати то 1 январи соли 2020-ум – Рамкаи квалификатсионӣ барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт; 
ба муҳлати то 1 апрели соли 2020-ум – Стандартҳои миллии касбӣ.
7. Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
а) ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи қарори Ҳукумат, ки инҳоро пешбинӣ менамояд, тақдим намояд:
дар муҳлати ду моҳ –  тасдиқ кардани Низом дар бораи таълими бефосилаи ибтидоӣ, миёна ва миёнаи махсуси касбу ҳунар; 
дар муҳлати се моҳ – тасдиқ кардани оинномаҳои намунавии мактабҳои касбу ҳунар, коллеҷҳо ва техникумҳо;
ба муҳлати то 1 январи соли 2020 – аз нав тақсим намудани таҷҳизоти мавҷуда боназардошти ихтисоси муассисаҳои таълим, ҷойҳои корӣ, ки дар асоси лоиҳаҳои сармоягузорӣ боназардошти эҳтиёҷоти воқеӣ ба кадрҳо созмон дода мешаванд;
ба муҳлати то 1 апрели соли 2020 – ҷорӣ кардани низоми нави азнавтайёркунӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва устодони таълимиву истеҳсолии муассисаҳои таълими касбу ҳунар, сарфи назар аз тобеияти идоравиашон; 
б) ба муҳлати то 1 июни соли 2020  барои низоми таълими ибтидоӣ, миёна ва миёнаи махсуси касбу ҳунар барномаҳои таълимӣ таҳия ва тасдиқ карда шаванд. 
8. Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон бино бар васеъ равшан намудани мақсад ва вазифаҳои Фармони мазкур дар воситаҳои ахбори оммавӣ, баромадҳо ва барномаҳои мавзӯъиро ташкил намоянд. 
9. Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намоянд. 
10. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдувахитов ва муовини Сарвазири  Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуҳакимов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
6 сентябри соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: