ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА РУШДИ МИНБАЪДАИ СОҲАИ НОШИРӢ ВА МАТБАА

Дар ҷумҳурӣ оид ба такмил додани низоми дастгирии соҳаи ноширӣ ва матбаа, рушди бозори маводи чопӣ корҳои васеъмиқёс ва низомнок гузаронда мешаванд.

Дар ҷумҳурӣ оид ба такмил додани низоми дастгирии соҳаи ноширӣ ва матбаа, рушди бозори маводи чопӣ корҳои васеъмиқёс ва низомнок гузаронда мешаванд.
Ҳамзамон, вазъи кунунии соҳаи ноширӣ ва матбаа пурзӯр гардондани рақобатро байни ташкилотҳои ноширӣ ва матбаа, пешгирии вайронкунии ҳуқуқи муаллиф, маҳдуд кардани нашри маҳсулоти пастсифат, аз нав дида баромадани нашри китобҳои дарсӣ ва маҷмӯъҳои таълимию методиро тақозо дорад.
Бо мақсади якбора коҳиш додани дахолати давлат, инчунин фароҳам овардани фазои мусоиди корӣ дар соҳаи ноширӣ ва матбаа, таъминоти китобҳои дарсии баландсифат ва маводҳои таълимиву услубӣ барои муассисаҳои таълимӣ:
1. Пешниҳодҳои Вазорати иқтисод ва саноат, Вазорати молия, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд Агентӣ) оид ба:
аз 1 октябри соли 2020 бекор кардани танзими давлатии нарх (муқаррар кардани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ) ҳангоми интишори (аз нав чоп кардани) китобҳои дарсӣ ва маҷмӯъҳои таълимию методӣ барои муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ ва Фонди ҷумҳуриявии китобҳои мақсаднок;
аз 1 июли соли 2020 ҷорӣ кардани системаи огоҳ кардани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи оғози фаъолияти ноширӣ ва матбаа бо бекор кардани тартиби додани иҷозатномаҳо барои фаъолияти иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи табъу нашр, инчунин тартиби додани иҷозат барои фаъолияти чопӣ;
аз 1 январи соли 2021 бекор кардани маблағи ҷудошуда ба фонди «Ижод»-и назди Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон бо пули савдо, ки аз фурӯши маводи чопии корхонаҳои табъу нашр  ва матбаа, инчунин пешниҳоди хидматҳои таҳрирӣ, ноширӣ ва матбаа вобаста ба истеҳсол ва фурӯши маводи чопӣ мерасанд, маъқул дониста шавад.
2. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
корхонаҳои табъу нашр ва матбаа, аз ҷумла корхонаҳое, ки фармоишҳои давлатиро иҷро мекунанд, сиёсати нархро озодона дар асоси механизмҳои бозор ташаккул медиҳанд;
аз 1 сентябри соли 2020 мутобиқи қонунгузории хариди давлатӣ омодагӣ ба чоп ва нашри маводи чопӣ, аз ҷумла китобҳои дарсӣ ва маҷмӯъҳои таълимиву методӣ ба тартиби дар бораи харидҳои давлатии мувофиқи қонунгузорӣ муқарраршуда амалӣ карда мешавад, ки он инчунин ба иштироки ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон имкон медиҳад. Бо ин  тартиби мазкур  барои  фармоишгарони корпоративӣ ҳатмӣ мебошад;
огоҳонидани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар бораи оғози фаъолияти табъу нашр ва матбаа аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ тавассути системаи автоматикунондашудаи иттилоот амалӣ карда мешавад.
3. Бо пешниҳоди Вазорати иқтисод ва саноат, Вазорати молия, Агентӣ ва Агентии идоракунии активҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи:
ба Агентии идоракунии активҳои давлатӣ барои ба тартиби муқарраргардида барои хусусигардонӣ додани корхонаҳои давлатии «Хонаи эҷодии табъу нашр ва матбааи «Ӯзбекистон», «Хонаи эҷодии табъу нашр ва матбааи ба номи Ғафур Ғулом» ва «Хонаи матбааи «Ӯқитувчи»; 
ба истифодаи самаранок ба Агентии идоракунии активҳои давлатӣ супурдани корхонаи давлатии «Чопхонаи нобиноҳо»;
қатъ намудани фаъолияти корхонаи давлатии «Маркази табъу нашри илмию методии «O’gituvchi», инчунин нашриётҳои системаи воҳидҳои ҳудудии Агентӣ (ба истиснои Ҷумҳурии Қароқалпоқистон);
таъсиси корхонаи давлатии «Ӯзбекистон нашриёти» дар низоми Агентӣ, ба он ҳамроҳ намудани корхонаи давлатии «Хонаи эҷодии табъу нашри ба номи Чӯлпон ва «Нашриёти давлатии илмии  «Ӯзбекистон миллий энсиклопедияси», инчунин  ба корхонаи давлатии «Ӯзбекистон нашриёти» додани пойгоҳи ноширии корхонаи давлатии «Хонаи эҷодии табъу нашри «Ӯзбекистон», аз ҷумла ҳуқуқи фавқулодда ба объектҳои  моликияти зеҳнӣ розигӣ дода шавад.
Комиссияи давлатӣ оид ба гузарондани савдоҳои тендерӣ ҳангоми фурӯши амволи давлатӣ (А.Н. Арипов) дар тӯли ду ҳафта ҷадвали баҳодиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ, ба савдо гузоштан ва барҳамдиҳии корхонаҳои давлатиро, ки дар банди мазкур пешбинӣ шудааст, тасдиқ кунад.
4. Агентии идоракунии активҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
а) дар мӯҳлати як моҳ тибқи тартиби муқарраргардида корхонаҳои давлатии «Хонаи эҷодии табъу нашр ва матбааи «Ӯзбекистон», «Хонаи эҷодии табъу нашр ва матбааи ба номи Ғафур Ғулом», «Хонаи матбааи  «Ӯқитувчи» ва «Чопхонаи нобиноҳо» -ро қабул намояд;
б) дар тӯли ду моҳ бо ҷалби ташкилотҳои байналмилалии аудиторӣ ва машваратӣ:
нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ба хусусигардонӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти корхонаҳои нашр ва полиграфия бо иштироки давлат тасдиқ карда, санаҳои мушаххаси ҳар як чорабинӣ ва шахсони масъулро муайян намояд;
бо тартиби муқарраргардида ба Девони Вазирон оид ба истифодаи самарабахши амволи корхонаҳои табъу нашр ва матбаа, ки ба фурӯш нарафтааст ва барҳам дода мешаванд, пешниҳод тақдим намояд.
5. Муқаррар карда шавад, ки:
ҳуқуқҳои комилан муаллифии созмонҳои ноширии аз байн бардошташавандаи Оҷонсӣ (ғайр аз ҳуқуқ барои китобҳои дарсӣ ва маҷмӯъҳои таълимиву услубӣ) ба Корхонаи давлатии навтаъсиси «Ӯзбекистон нашриёти» дода мешаванд;
ҳуқуқи дарамали муаллифӣ (ноширӣ)-и комил барои китобҳои дарсӣ ва маҷмӯъҳои таълимиву услубии созмонҳои ноширии Оҷонсӣ бидуни подош ба Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода мешаванд;
маҳсулоти чопӣ барои муассисаҳои таълимӣ мувофиқи талаботи регламенти техникӣ бояд ҳатман тасдиқ карда шаванд.
6. Ба вазири таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои қабул кардани қарор дар бораи муқаррар намудани муҳлатҳо (даврагии нашрияҳои нав ва чопи такрории онҳо), истифода аз китобҳои дарсӣ ва маҷмӯъҳои таълимию услубӣ барои тамоми синфҳои муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ, мактабҳои махсус ва мактаб-интернатҳо барои кӯдакони аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ нуқсондор, ҳамчунин мувофиқи ризоият бо Вазорати молия дар бораи нашри иловагии китобҳои дарсӣ ва маҷмӯъҳои таълимию услубӣ барои тамоми синфҳои муассисаҳои таълими миёнаи умумӣ ҳуқуқ дода мешавад. Дар ин маврид ба тағйироти беасоси мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ ва маҷмӯъҳои таълимиву услубӣ роҳ дода намешавад.
7. Ба Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи се моҳ ба Девони Вазирон дар бораи:
таҷдиди назар кардан ва куллан такмил додани фаъолияти Маркази таълими ҷумҳуриявии назди Вазорати таълими халқ (минбаъд – Марказ) таклиф пешниҳод кунад;
ба зиммаи Марказ вазифаҳои коркарди меъёрҳои давлатии таълимӣ ва барномаҳои таълимии маълумоти миёнаи умумӣ, интихоби муаллифон ва мураттибон барои иншои китобҳои дарсӣ ва маҷмӯъҳои таълимиву услубӣ, баргузор кардани экспертиза ва апробатсияи китоб ва маҷмӯъҳои таълимиву услубии иншошуда, пешниҳоди хулосаҳои илмӣ дар бораи истифодаи онҳо дар низоми таълим; 
такмил додани низоми тайёркунӣ, нашр ва паҳн кардани китобҳои дарсиву маҷмӯъҳои таълимию услубӣ дар соҳаи таълим, аз ҷумла огоҳкунӣ аз ғалат ва нуқсонҳои дар онҳо роҳдодашуда, ҳамчунин ба Вазорати таълими халқ додани ҳуқуқҳои комил барои истифодаи китобҳои дарсӣ ва маҷмӯъҳои таълимиву услубӣ, ки дар пояи супоришоти давлатӣ таҳия шудаанд;
дар асоси шартномавӣ ба муҳлати муайян ба кор қабул кардани ходимони илмие, ки барои татбиқ сохтани лоиҳаҳои илмиву техникӣ вобаста ба иншои китобҳои дарсӣ ва маҷмӯъҳои таълимиву услубӣ, бо назардошти ҳаҷми корҳои илмиву техникии иҷрошаванда, ҷалб шудаанд, гузошта шаванд.
8. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 октябри соли 2020 ба Девони Вазирон дар бораи рушди минбаъда ва дастгирии давлатии бунёди «Ижод»-и назди Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон таклиф пешниҳод намояд.
Ба Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Оҷонсӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон ва дигар идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирон бобати созмон додани озмун-азназаргузарониҳои эҷодӣ, ҳамчунин такмил додани низоми пешниҳоди кӯмаки молиявӣ барои нашри китобҳои нахустини муаллифони ҷавони соҳибистеъдод таклиф пешниҳод кунад.
9. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Б.Хоҷаев) супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ, Вазорати рушди инноватсионӣ, Оҷонсии «Ӯзстандарт» ва ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзкимёсаноат» дар муҳлати як моҳ барномаи азхудкунии истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ (коғаз, картон, ранг ва ширеш)-ро барои коҳиш додани арзиши маҳсулоти истеҳсолии ноширӣ ташаккул диҳад ва тасдиқ намояд.
10. Ба Кумитаи зиддимонополии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки назоратро барои риоя шудани талаботи қонунгузорӣ оид ба рақобат ҳангоми баргузор кардани савдоҳо (озмунҳо)-и тендерӣ барои нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва маҷмӯъҳои таълимиву услубӣ баҳри муассисаҳои таълими умумии миёна пурзӯр кунад.
11. Ба маълумот гирифта шавад, ки ба зиммаи Оҷонсӣ ва шуъбаҳои ҳудудии он ваколатҳо оид ба тайёр кардани ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии соҳаҳои иттилоот, ноширӣ ва фаъолияти ноширӣ гузошта шудаанд.
12. Ба Оҷонсӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати иқтисодиёт ва саноат, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати такмил додани самтҳои омӯхтани соҳаҳои фаъолияти ноширӣ дар муассисаҳои таълими олӣ чораҳо андешад.
13. Ба Вазорати таълими халқ супурда шавад, ки дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати дар муассисаҳои таълими ҳамагонии ҷумҳурӣ ҷорӣ намудани китобҳои дарсии замонавӣ бинобар фанҳои STEAM (Science – фанҳои табиӣ, Technology – технологияҳо, Engineering – эҷодиёти техникӣ, Art – санъат, Mathematics – математика), ки дар низоми таълими давлатҳои хориҷӣ истифода мешаванд, таклиф пешниҳод намояд.
14. Ба Оҷонсӣ супурда шавад, ки дар зарфи ду моҳ:
якҷо бо Вазорати адлия ба Девони Вазирон Дастурро бинобар тартиби огоҳкунии мақомоти ваколатдори давлатӣ доир ба оғози фаъолияти табъу нашр пешниҳод кунад;
талаботи ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёриву техникиро дар соҳаҳои табъу нашр таҷдиди назар намояд, бобати бекор кардани меъёр ва дастурҳои ба талаботи замон номувофиқ, аз ҷумла таҷрибаи гирифтани хулосаи Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон барои тайёр кардан ба нашр ва чопи корҳои эҷодӣ чораҳо андешад;
якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи қонунро дар бораи пурзӯр кардани масъулияти маъмурӣ бинобар вайронкунии қонунгузорӣ дар соҳаи табъу нашр кор карда барояд ва ба Девони Вазирон пешниҳод кунад;
якҷо бо оҷонсии «Ӯзстандарт», Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва Вазорати таълими халқ таклифро дар бораи баргузор кардани «Регламенти умумии техникӣ дар бораи бехатарии маҳсулоти ноширӣ баҳри муассисаҳои таълимӣ» мувофиқи талаботи байналмилалӣ кор карда барояд ва ба Девони Вазирон пешниҳод кунад;
ба Девони Вазирон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод намояд.
15. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
16 марти соли 2020.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: