ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА РУШДИ ШОҲМОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Бо мақсади тайёр кардани шоҳмотбозони боистеъдоди ҷавон бо ҷалб намудани кадрҳои мураббии баландихтисос, таъмин кардани равобит бо аъзоҳои дарамали дастаҳои мунтахаби миллӣ оид ба шоҳмот, инчунин минбаъд ҳамчун намуди варзише, ки ҷараёни зеҳнӣ ва тафаккури инсонро инкишоф медиҳад, оммавӣ гардондани шоҳмот:
1. Таклифоти Вазорати таълими халқ, Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон дар бораи:
ба тариқи таҷриба ба хонандагони 150 мактаби таълими умумӣ дар доираи барномаи ҳатмии мактаб мувофиқи замима ташкил кардани омӯзиши шоҳмот;
ба ихтиёри Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон додани Мактаби ҷумҳуриявии махсуси бачагонаву наврасони варзиш оид ба шоҳмот;
муқаррар намудани тартибе, ки мувофиқи он аз 1 сентябри соли 2018 тамоми клубҳои шоҳмот ва иншоотҳои дигари варзишӣ, ки шоҳмотбозонро тайёр мекунанд, (минбаъд – клубҳои шоҳмот), сарфи назар аз шакли моликияташон дар Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон бино бар ризоияти Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз аккредитатсияи ҳатмӣ мегузаранд;
ҷорӣ кардани механизм оиди дар ҳар семоҳа аз ҷониби клубҳои шоҳмот додани ҳисобот оиди фаъолияти худ ба Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон пазируфта шавад.
2. Ба Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон тавсия дода шавад, ки бо розигии Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зарфи як моҳ инҳоро тасдиқ намояд:
низом дар бораи тартиби аккредитатсияи клубҳои шоҳмот;
барномаи чорабиниҳо, ки зина ба зина фаро гирифтани тамоми мактабҳои таълими умумии ҷумҳуриро ба омӯзиши шоҳмот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси тренерӣ, мустаҳкам кардани пойгоҳи моддиву техникии клубҳои шоҳмот ва синфҳои шоҳмоти мактабҳои таълими ҳамагониро пешбинӣ менамояд;
шакли ҳисобот оиди фаъолияти клубҳои шоҳмот.
3. Муайян карда шавад, ки:
Мактаби ҷумҳуриявии махсуси бачагонаву наврасони варзишӣ  оид ба шоҳмот фаъолияти худро дар асоси бомаблағтаъминкунии пурраи худӣ амалӣ менамояд, масъалаҳои фаъолияти хоҷагӣ ва молиявиро мустақилона ҳаллу фасл мекунад;
бо маблағ таъмин кардани фаъолияти Мактаби ҷумҳуриявии махсуси бачагону наврасони варзишӣ оид ба шоҳмот аз ҳисоби маблағи худии он, маблағҳои хайроти ҳомигии шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ, инчунин манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, амалӣ менамояд. 
4. Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон ба муҳлати то 20 августи соли 2018 бино бар омӯзондани шоҳмот дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ барномаи таълимиро тасдиқ намояд.
5. Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Федератсияи шоҳмоти Ӯзбекистон ва идораҳои дигари манфиатдор дар мӯҳлати як моҳ:
паспортикунонии тамоми клубҳои шоҳмотро таъмин намояд;
ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бино бар ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифот тақдим созад.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва муовини аввали Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон      Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
9 августи соли 2018

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: