ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ИДОРАИ ТАЪЛИМИ ХАЛҚ

Ҷорӣ намудани механизмҳои самарабахши идораи низоми таълими халқ шарти муҳимтарини ба дараҷаи сифатан нав бардоштани рушди маънавиву ахлоқӣ ва зеҳнии насли наврас ба шумор меравад, он ҳамчунин барои ба ҷараёни таълиму тарбия истифода бурдани шакл ва усулҳои инноватсионии таълим мусоидат менамояд.

Баробари ин таҳлили танқидии вазъи кор дар соҳаи мазкур як қатор мушкилот ва камбудиҳоро бобати ба роҳ мондани идораи низоми таълими халқ, ҳамоҳангсозии муассири фаъолияти муассисаҳои давлатии таълими миёнаи умумӣ (минбаъд – муассисаҳои таълими умумӣ), бо маблағ таъмин кардани чорабиниҳои оид ба беҳтар кардани ҳолати моддиву техникии онҳоро ошкор сохт. Аз ҷумла:
якум, нақши мақомоти идораи таълими халқ дар татбиқсозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таълими умумии миёна ва беруназмактабӣ дар маҳалҳо, ҳаллу фасл кардани масъалаҳои интихоб намудан ва ҷо ба ҷо гузоштани роҳбарони муассисаҳои таълими умумӣ, самарабахш истифода бурдани моликияти созмонҳои зеридоравӣ ба дараҷаи бояду шояд нест;
дуввум, ба зиммаи роҳбарони муассисаҳои таълими умумӣ кору вазифаҳои хоси онҳо гузошта нашудаанд, ваколатҳои байни директори муассиса ва муовинони ӯ дуруст тақсим нашудаанд, маҳак ва меъёрҳои мушаххаси баҳодиҳӣ ба фаъолияти онҳо мавҷуд нестанд;
саввум, тадқиқи амиқи илмӣ бинобар масъалаҳои рӯзмарраи таълими миёнаи умумӣ ва ҷорӣ кардани натиҷаҳои онҳо ба амалиёт ҷой надорад, дараҷаи ҳамкории тарафайни байни шуъбаҳои таълими халқ ва муассисаҳои таълими умумӣ дар масъалаҳои таъминоти услубии ҷараёни таълиму тарбия паст мебошад;
чаҳорум, механизмҳои ҳифзи роҳбарон, омӯзгорон ва кормандони дигари муассисаҳои таълими умумӣ аз дахолати беасос ба фаъолияти касбии онҳо, побандии изофавии мактабҳо бинобар санҷишҳои мақомоти назораткунанда ва мақомоти дигари давлатӣ самарабахш нестанд;
панҷум, дараҷаи рӯшодӣ ва шаффофияти фаъолияти муассисаҳои таълими умумӣ дар масъалаҳои таъмин намудани сифати таълим, баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорати педагогии омӯзгорон ба қадри бояду шояд нест, назорати самарабахши ҷамъиятӣ оид ба ҷараёни таълиму тарбия вуҷуд надорад;
шашум, механизми бо маблағ ва аз ҷиҳати моддиву техникӣ таъмин сохтани муассисаҳои низоми таълими халқ мукаммал нест, сатҳи ҷорӣ намудани усулҳои замонавии меъморӣ, кашфиётҳои инноватсионӣ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар фаъолияти онҳо паст мебошад.
Бо мақсади минбаъд такмил додани низоми таълими халқ аз тариқи ҷорӣ намудани механизмҳои нави идоракунӣ ва меъёрҳои сифат дар ҷараёни таълиму тарбия, баланд бардоштани обрӯи касби муаллим дар ҷамъият, беҳтар намудани аҳволи моддиву техникаи муассисаҳои таълими умумӣ:
1. Инҳо самтҳои асосии ислоҳсозии низоми таълими халқ муайян карда шаванд:
ба дараҷаи сифатан нав бардоштани таълими миёнаи умумӣ ва беруназмактабӣ, тарбия намудани насли навраси ҳамаҷониба комил, таъмин кардани пешрафти маънавиву ахлоқӣ ва зеҳнии хонандагон;
пурзӯр намудани нақши мувофиқсозӣ ва масъулиятшиносии Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд- Вазорат) дар татбиқсозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи мазкур– ҳамчунин регламент ва ҳадди дақиқи вазифа, кор ва ваколати вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ дар самти мазкур;
ҷорӣ намудани равандҳои замонавии ташаккул додани сиёсати кадрӣ дар низоми таълими халқ аз тариқи истифодаи механизмҳои пешқадам ва шаффофи ташкиливу ҳуқуқии интихобкунӣ, тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои роҳбарӣ ва педагогӣ;
васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ дар низоми идораи муассисаҳои таълими халқӣ, муваффақ шудан ба шаффофият ва назорати самарабахши ҷамъиятӣ, аз ҷумла таъмин кардани дастёбии тамоми муассисаҳо ба шабакаҳои коммуникатсияҳои телевизионӣ, фароҳам овардани пойгоҳи маълумоти дастрас, ба роҳ мондани низоми электронии баҳодиҳии рейтингӣ ба фаъолияти онҳо;
беҳтар намудани рағбатноксозии моддӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони муассисаҳои таълими халқ, фароҳам овардани шароитҳои сазовор барои кори пурмаҳсули онҳо;
рушди минбаъдаи шабакаи ашхоси ҳуқуқӣ, ки бо фаъолияти хидматрасонии ғайридавлатӣ дар соҳаи таълими миёнаи умумӣ ва беруназмактабӣ (минбаъд – созмонҳои ғайридавлатии таълими умумӣ) машғул мебошанд, аз тариқи фароҳам овардани шароитҳои зарурии ташкиливу ҳуқуқӣ ва техникиву иқтисодӣ, барои онҳо, самарабахш ҷорӣ намудани шаклҳои гуногуни шарикии давлативу ҳусусӣ дар соҳаи мазкур;
ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар низоми таълими халқӣ, технологияҳои замонавии педагогӣ дар ҷараёни таълиму тарбия, аз ҷумла усулҳои инноватсионии таълим, ба роҳ мондани омӯзиши адабиёти нави таълимӣ ва таълимиву услубӣ, баргузор намудани тадқиқоти фундаменталӣ ва илмиву амалӣ. 
2. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
меъёрҳои давлатии таълим дар таълими миёнаи умумӣ ва талаботи давлатие, ки нисбат ба таълими беруназмактабӣ пеш гузошта мешаванд, аз ҷониби вазири таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо назардошти маблағҳое, ки дар параметрҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои бо маблағ таъмин сохтани таълими миёнаи умумӣ пешбинӣ шудаанд, тасдиқ карда шаванд;
ба вазифа таъин кардан ва аз вазифа озод кардани роҳбарони Вазорати таълими халқи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, раёсатҳои таълими халқи вилоятҳо ва Сарраёсати таълими халқи шаҳри Тошканд, роҳбарони шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и таълими халқӣ, ҳамчунин ташкилоту муассисаҳои дигари зеридоравии Вазорат аз ҷониби вазири таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бидуни ризоияти мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо амалӣ мешаванд;
қарор дар бораи созмон додани мактабҳои шабакавӣ дар пойгоҳи муассисаҳои таълими умумии бомуваффақият амалкунанда бо назардошти ба шабакаи мазкур дохил кардани мактабҳои дигари камтаъмин аз ҷониби вазири таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул карда мешавад;
аз 1 январи соли 2019 Инспексияи давлатӣ оид ба назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Инспексияи давлатӣ) мунтазам дар пояи интихобӣ рейтинги самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълими умумӣ (минбаъд – рейтинг)-ро дар миқёси ноҳия ва шаҳрҳо тартиб медиҳад;
натиҷаҳои рейтинг дар расонаҳои ахбори оммавӣ ва дар веб-сайти Инспексияи давлатӣ на дертар аз ибтидои соли хониши минбаъда ҷойгузин карда мешаванд;
аз 1 январи соли 2019 ба нафақахӯрон – кормандони муассисаҳои таълими умумӣ нафақаҳо бо шарти он ки фаъолияти онҳо дар муассисаҳои мазкур ҷойи асосии кор ба шумор меравад, пурра пардохта мешавад;
аз 1 марти соли 2019 зина ба зина механизми қабули бачагон ба муассисаҳои давлатии таълими умумӣ аз тариқи Маркази хидматрасонии давлатӣ ё худ Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷорӣ мегардад.
3. Ба Вазорат супурда шавад, ки якҷо бо Оҷонсии хидматрасонии давлатии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати ду моҳ рӯйхати муассисаҳои таълими умумиро дар миқёси ноҳия ва шаҳрҳое, ки дар онҳо қабули бачагон аз тариқи Маркази хидматрасонии давлатӣ ё худ Портали ягонаи хидматҳои интерактивии давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон татбиқ мешаванд, ташаккул диҳад. 
Муайян карда шавад, ки раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва ҳокими шаҳри Тошканд барои ба муассисаҳои таълими халқӣ бобати дастгирӣ кардан ва инкишоф додани инфрасохтори онҳо ҳамаҷониба кӯмак расондан, аз ҷумла: 
ташкил кардан ва ба роҳ мондани кӯмаки ҳамаҷониба ба муассисаҳои таълими умумӣ дар ҳудудҳои дахлдор, инчунин кӯмакрасонӣ бобати беҳтар кардан ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор ва корманди соҳаи мазкур;
мувофиқи тартиби муқарраршуда шунидани ҳисоботи роҳбарони шуъбаҳои ҳудудии вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳои дигар бинобар масъалаҳои кӯмакрасонӣ ба муассисаҳои таълими халқӣ;
тасдиқ намудани рӯйхат ва дар соҳати ягонаи электронии савдои «E-IJRO AUKSION» татбиқ кардани ҳуқуқи истифодаи доимии қитъаҳои озоди замин ( дар ҳар кадом минтақа соле на камтар аз 50 лот) барои пешниҳод ба созмонҳои ғайридавлатии таълими умумӣ;
татбиқ намудани вазифаи супоришгар бинобар сохтмон, таҷдид, таъмири умумӣ ва ҷории муассисаҳои таълими халқӣ, ободсозии ҳудудҳои атрофи онҳо, дар ҳолати зарурӣ нигоҳ доштани инфрасохтор (пайроҳаҳо, роҳҳо ва ғайра);
таъмин намудани таъминоти муттасили муассисаҳои таълими халқ бо энергияи электр, гази табиӣ, оби ошомиданӣ, шароитҳои зарурии санитариву гигиенӣ ва хидматҳои дигари коммуналӣ;
якҷо бо роҳбарони секторҳои оид ба рушди маҷмуии иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳо (шаҳрҳо) татбиқ намудани чорабиниҳо бинобар сари  вақт ва босифат тайёр кардани муассисаҳои низоми таълими халқ ба соли хониш ва мавсими тирамоҳу зимистон;
қабул кардани чораҳо бобати таъмин сохтани амнияти муассисаҳои таълими умумӣ, аз ҷумла оид ба иҳота намудани ҳудудҳо, таъин кардани инспекторони доир ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, ҷойгир намудани камераҳои назорати видеоӣ, низомҳои огоҳкунии сӯхтор, асбобҳое, ки вайронкориҳоро дар роҳҳои даромад ба қайд мегиранд;
мувофиқи тартиби муқарраршуда таъмин кардани якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудудҳо, моликияти ғайриманқули муассисаҳои таълими халқӣ;
кӯмакрасонӣ ба ҷалби сармояҳо ва кӯмакҳои васоятгарӣ барои рушди муассисаҳои таълими умумӣ;
ба роҳ мондани қабул кардани чораҳои дигар бинобар ҳаллу фасли зуд ва самарабахши мушкилоте, ки дар муассисаҳои таълими халқӣ мавҷуданд, масъулияти шахсӣ доранд.
4. Таклифи Вазорат:
дар бораи аз 1 октябри соли 2018-ум бекор кардани шӯрои парасторони муасссисаҳои таълими умумӣ;
дар бораи ташкил кардани шӯроҳои мушоҳидон муассисаҳои таълими умумӣ бидуни мақоми шахси ҳуқуқӣ бо ба ҳайати онҳо дохил намудани падару модарони фаъол, хатмкунандагон, васоятгарон ва шахсони дигаре, ки дар фаъолияти муассиса саҳми назаррас расонда метавонанд, маъқул дониста шавад.
Инҳо вазифаҳои асосии Шӯрои мушоҳидони муассисаҳои таълими умумӣ муайян карда шаванд:
интихоб намудани роҳбари муассисаи таълими умумӣ аз ҷумлаи номзадҳое, ки Вазорат тавсия кардааст, ҳамчунин мувофиқи тартиби муқарраршуда ворид намудани таклиф бобати аз вазифа озод кардани ӯ;
мушаххас намудани самтҳои бартариноки рушди муассисаи таълими умумӣ;
мунтазам шунидани ҳисоботи роҳбари муассисаи таълими умумӣ дар бораи чораҳои андешидашуда бинобар такмил додани фаъолияти ӯ, ҳолати молиявиву хоҷагидорӣ, даромадҳо ва хароҷот, истифодаи маблағҳои буҷавӣ, ғайрибуҷавӣ, васоятгарӣ ва ғайра;
мувофиқи пешниҳоди роҳбари муассисаи таълими умумӣ баррасӣ ва тасдиқ кардани дурнамоҳои ҳарсолаи молиявӣ, миқдори тарифҳо барои хидматҳои пулакӣ ва миқдори пардохти иҷора барои истифодаи моликияти муассиса, аз ҷумла баҳои аввалин барои баргузор кардани савдои музояда;
ба роҳ мондани мониторинги мунтазам бинобар шароитҳое, ки барои хонандагон фароҳам оварда шудаанд;
баррасӣ намудани муроҷиати хонандагон ва падару модарони онҳо, баргузор кардани пурсишҳои иҷтимоӣ дар бораи фаъолияти педагогӣ ва кадрҳои роҳбарии муассисаи таълими умумӣ;
иштирок дар ҳаллу фасли масъалаҳои дигаре, ки ба тарзи фаъолияти муассисаи таълимӣ дахл доранд.
Ба Вазорат супурда шавад, ки бо ризоияти Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ ҳайати намунавӣ ва дастурро дар бораи Шӯрои мушоҳидони муассисаи таълими умумӣ тасдиқ намояд.
5. Ба Инспексияи давлатӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорат дар муҳлати то 1 январи соли 2019:
тартиби гузаронидани аттестатсияи кадрҳои педагогии муассисаҳои таълими умумиро дида барояд,   дараҷаи дониш ва маҳорати онҳоро бинобар омӯзондани фанни дахлдор маҳаки асосии муайянсозии ихтисоси онҳо муқаррар кунад;
бинобар такмил додани табақаи ихтисоси онҳо ва талабот ба дараҷаи саводнокии кормандони низоми таълими халқӣ бо назардошти таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, ки ба мунтазам баланд бардоштани маҳорати педагогӣ ва дараҷаи дониш мусоидат менамояд, таклифҳои мушаххас пешниҳод кунад.
Маҳаки баҳодиҳии фаъолияти самарабахши муассисаҳои таълими умумиро ба мақсади тартиб додани рейтинги онҳо тасдиқ намояд;
иштироки хонандагони муассисаҳои таълими умумиро дар барномаҳои байналхалқӣ ва тадқиқот бинобар баҳодиҳӣ ба дараҷаи дониши хонандагон (PISA, TIMSS, PIRLS ва ғайра) ба роҳ монад.
6. Ба таклифи Вазорат, Вазорати молия ва Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат бобати аз 1 октябри соли 2018-ум ҷорӣ намудани тартиботе, ки мувофиқи он:
1 фоизи маблағҳо аз иҷораи моликияти ғайриманқули муассисаҳои таълими халқӣ ба марказҳои иҷораи моликияти давлатии назди шуъбаҳои ҳудудии Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат равона мешаванд, қисми боқимондаи маблағҳо барои ҳисоби мукофотонидани оператори соҳати савдои электронӣ – ба бунёди ғайрибуҷавии рушди муассисаҳои таълими халқӣ истифода мегарданд;
барои муассисаҳои таълими халқӣ талабот бобати истифодаи маблағи бунёдҳои ғайрибуҷавии рушди муассисаҳои таълими халқӣ аксаран барои мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникии онҳо бо ба роҳбари муассисаи таълими умумӣ додани ҳуқуқи истифодаи озодонаи маблағҳои бунёд, аз ҷумла 10 фоизи миқдори умумии даромади бунёдҳоро ба рағбатноксозии моддии худӣ равона кардан ризоият дода шавад.
Ба Вазорат супурда шавад, ки бо ризоияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати ду моҳ дастурро дар бораи тартиби ташаккул додан ва истифода бурдани маблағи бунёдҳои ғайрибуҷавии рушди муассисаҳои таълими халқиро кор карда барояд ва тасдиқ кунад.
7. Ба Инспексияи давлатӣ супурда шавад, ки якҷо бо Прокуратураи генералӣ, Вазорати адлия ва идораҳои дигари манфиатдор дар зарфи ду моҳ лоиҳаи қарори ҳукуматиро кор карда барояд ва ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кунад, ки тартиби баргузор кардани санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълими умумиро бо нишон додани рӯйхати тасдиқкунандаи ваколатдории мақомот, асосҳои ҳуқуқӣ ва маҳаки таъин кардан ва гузарондани санҷишҳо мушаххас мекунанд.
Дар ин маврид муқаррар карда шавад, ки давомияти гузаронидани санҷишҳои фаъолияти муассисаҳои таълими умумӣ аз ҷониби мақомоти назораткунанда аз мавқеи онҳо дар рейтинг вобаста мебошад.
8. Ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки  мувофиқи қонунгузорӣ назоратро барои роҳ надодан ба санҷишҳои ғайриқонунии фаъолияти муассисаҳои таълими умумӣ бо назардошти дар нисбати шахсони айбдор қабул намудани чораҳои қатъии ҷавобгарӣ пурзӯр намояд.
Ба мақомоти назораткунанда супурда шавад, ки якҷо бо мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо бобати аз байн бардоштан ва роҳ надодан ба вайронкунии минбаъдаи қонунҳо, ки дар ҷараёни санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълими умумӣ ошкор шудаанд, ҳамаҷониба кӯмак расонад.
9. Ба Вазорат супурда шавад, ки:
а) якҷо бо Оҷонсии миллии идораи лоиҳабандии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорат ва идораҳои манфиатдори дигар дар муҳлати то 1 феврали соли 2019 ба Девони Вазирон Консепсияи дарозмуҳлати рушди низоми таълими халқиро пешниҳод кунад, ки самтҳои бартариноки рушди мунтазам, минтақавӣ ва умумии таълими миёнаи умумӣ ва беруназмактабиро дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон то соли 2030, ҳамчунин «харитаи амалиёт»-ро бинобар татбиқи онро дарбар мегирад;
б) якҷо бо Вазорати сохтмон, Вазорати молия, Кумитаи давлатӣ оид ба сармояҳо бо ҷалби пажӯҳишгоҳҳои пешқадами лоиҳавӣ таҷрибаи байналхалқии сохтмони муассисаҳои таълими умумиро омӯзад ва дар муҳлати то 1 январи соли 2019 ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи тасдиқ кардани Барномаи давлатии «Мактаби замонавӣ»-ро пешниҳод кунад, ки:
сохтмони мактабҳои замонавиро дар пояи лоиҳаҳои намунавӣ бо истифодаи маводи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва манбаъҳои муқобили энергия;
муҷаҳҳаз сохтани мактабҳо бо мебелҳои нави эргономӣ, таҷҳизоти замонавии таълимӣ ва лабораторӣ, китобҳои дарсӣ ва матолиби таълимиву услубӣ, техникаҳои компутерӣ ва мултимедӣ, низомҳои мушоҳидаи видеоӣ, аз ҷумла дохили синфҳои таълимиро пешбинӣ менамояд:
в) дар муҳлати се моҳ тартибот ва низоми баланд бардоштани ихтисоси роҳбарон ва кормандони педагогии муассисаҳои таълими умумиро куллан таҷдиди назар кунад, дар ин маврид мувофиқсозии нақша ва барномаҳои таълимӣ, вусъат додани усулҳои инноватсионии таълим, аз ҷумла таълими масофавӣ, умуман боло бардоштани самаранокии ҷараёни мазкурро пешбинӣ намояд.
10. Ба Инспексияи давлатӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати молия, Вазорат ва идораҳои дигари манфиатдор дар муҳлати то 1 ноябри соли 2018 ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бинобар пурзӯр кардани нақши Инспексияи давлатӣ дар таъмин сохтани сифати таълим, такмил додани сохтори ташкиливу штатии он, беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандони он пешниҳод кунад.
11. Ба Вазорат супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати адлия дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод намояд.
12. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов, мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдувахитов, муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуҳакимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии 
Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
5 сентябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: