ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ТАЙЁРКУНӢ, БОЗОМӮЗОНӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КАДРҲОИ СОҲАИ ИДОРАКУНИИ КОРПОРАТИВӢ, ЛОИҲАВӢ ВА ХАРИДҲОИ ДАВЛАТӢ

Ба мақсади ба муассисаҳои таълими олӣ ва муассисаҳои таълими баъд аз мактаби олӣ ҷорӣ кардани усулҳои пешқадами таълим, инчунин минбаъд такмил додани низоми тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳаи идоракунии корпоративӣ, лоиҳавӣ ва харидҳои давлатӣ:

1. Маркази илмиву таълимии идоракунии корпоративии назди Агентии миллии идоракунии лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Мактаби олии ҷумҳуриявии тиҷорат ва идоракунии ба номи Абӯ Райҳон Берунии назди Агентии миллии идоракунии лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Мактаби олии тиҷорат ва идоракунӣ) табдил дода шавад.
2. Ба Мактаби олии тиҷорат ва идоракунӣ бино бар розигии Агентии миллии идоракунии лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Агентии миллӣ) ҳуқуқҳои зерин дода шаванд:
ба имзо расондани созишнома бо муассисаҳои бонуфузи соҳавии хориҷии таълимӣ бино бар ташкил кардани таълим аз рӯйи барномаи магистратура бино бар модели «ду диплом» (double degree) дар асоси нақшаву барномаҳои таълимии муассисаи мазкур бо додани намунаи дипломҳои  давлатӣ, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон эътироф мешаванд;
бо назардошти беҳтарин таҷрибаи ҷаҳонии фаъолияти таълим ва эҳтиёҷоти воқеии бозори меҳнат дар муҳлатҳои меъёрӣ ва кӯтоҳшуда (технологияи анъанавӣ ва масофавӣ) ташкил кардани таҳсил дар магистратура бидуни тарк кардани истеҳсолот,  инчунин муайян намудани маҳаки хоста гирифтани номзадҳо барои таҳсил бино бар барномаи Мактаби олии тиҷорат ва идоракунӣ;
муқаррар намудани меъёрҳои вақт бино бар намудҳои фаъолияти таркиби профессорию омӯзгории Мактаби олии тиҷорат ва идоракунӣ, инчунин сарбории интиҳоии таълим барои онҳо;
муайян намудани сохтор, ҷадвали штат, миқдор ва низоми пардохти музди меҳнат, аз он ҷумла, соатбайи кормандони Мактаби олии тиҷорат ва идоракунӣ ва коршиносони (экспертҳои) ҷалбшаванда.
3. Инҳо манбаъҳои бо маблағ таъмин кардани фаъолияти Мактаби олии тиҷорат ва идоракунӣ  муайян карда шаванд:
маблағе, ки аз таҳсил дар асоси пуливу қарордодӣ мерасанд;
мадохилот аз хидматрасонӣ бино бар фаъолияти хоҷагидорӣ ва дар асоси шартномавӣ;
даромад аз ворид намудани маблағҳои озод ба депозитҳои бонкҳои тиҷоратӣ;
маблағҳои хайрияи васоятгирии шахсони ҷисмониву ҳуқуқӣ;
грантҳои идораҳои байналхалқии молиявӣ ва ташкилотҳои хориҷӣ;
манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
4. Ба муассисаҳои олии таълим, муассисаҳои таълими баъд аз мактаби олӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон ҳуқуқи ташкил кардани таҳсили масофагӣ дода шавад.
5. Агентии миллӣ:
а) ба муҳлати то 1 октябри соли 2018:
якҷоя бо Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Низом дар бораи тартиби амалӣ гардондани таҳсили масофавӣ дар муассисаҳои таълими олӣ, муассисаҳои таълими баъд аз мактабҳои олӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо;
Низом дар бораи сертификатонии ҳатмии мутахассисон дар соҳаи харидҳои давлатӣ, ки фаъолиятро дар мақомоти идораҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, корхонаҳои давлатӣ ва шахсони ҳуқуқии дар бунёди оинномавӣ (капиталашон) ҳиссаи давлат ба миқдори 50 фоиз ва аз он бештар, шахсони ҳуқуқие, ки дар бунёди оинномавӣ (капитал) 50 фоиз ва беш аз он ба шахсони ҳуқуқӣ бо ҳиссаи 50 фоизи давлат ва аз он бештар тааллуқ доранд, фаъолият нишон медиҳанд, бо назардошти амалӣ гардондани сертификатонии ҳатмии мутахассисони мазкур аз 1 марти соли 2019;
б) ба муҳлати то 1 ноябри соли 2018:
оинномаи Мактаби олии тиҷорат ва идоракунӣ, аз он ҷумла таркиби шӯрои парасторон;
низом дар бораи тартиби қабул ва ташкил кардани таҳсил дар Мактаби олии тиҷорат ва идоракунӣ;
низом дар бораи тартиби хоста гирифтани таркиби профессорию омӯзгории Мактаби олии тиҷорат ва идоракуниро таҳия ва тасдиқ намояд.
6. Ба Агентии миллӣ ҳуқуқҳои зерин дода шаванд:
тасдиқ кардани андозаҳои давлатии таълим, аз он ҷумла ҳаҷми сарбории таълим, талаботи квалификатсионӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ дар соҳаи идоракунии лоиҳавӣ ва корпоративӣ, фаъолияти баҳодиҳӣ ва харид, маблағгузории лоиҳавӣ, менеҷменти стратегӣ ва молиявӣ;
муайян кардани квотаи қабул барои таҳсил дар магистратураи Мактаби олии тиҷорат ва идоракунӣ;
тасдиқ кардани шаклҳои гузарондан, рӯйхати фанҳо, барномаҳо, маҳакҳои арзёбии натиҷаҳои имтиҳонҳои дохилшавӣ ба магистратураи Мактаби олии тиҷорат ва идоракунӣ.
7. Амали имтиёзе, ки дар банди 8-уми қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 сентябри соли 2015 №ҚП-2414 «Дар бораи чораҳо оид ба ташкил кардани фаъолияти Маркази илмиву таълимии идоракунии корпоративӣ» пешбинӣ шудааст, то 1 июли соли 2022-ум дароз карда шавад.
8. Сархати чоруми банди 4-уми қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 сентябри соли 2015 №ҚП-2414 «Дар бораи чораҳо оид ба ташкил кардани фаъолияти Маркази илмиву таълимии идоракунии корпоративӣ» дар таҳрири зерин баён карда шавад:
«Ба директори Мактаби олии тиҷорат ва идоракунӣ ҳуқуқи ҳангоми зарурат ворид намудани тағйирот ба сохтори ташкилии Мактаби олии тиҷорат ва идоракунӣ бино бар розигии Агентии миллии идоракунии лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода шавад».
9. Аз 1 ноябри соли 2018 сархатҳои дуввум – чоруми банди 1-уми қарори Девони Вазирон аз 27 октябри соли 2015 №305 «Дар бораи чораҳои ташкилӣ бино бар таъмин кардани фаъолияти самарабахши Маркази илмиву таълимии идоракунии корпоративӣ», инчунин иловаҳои №№1-3 ба он беэътибор дониста шаванд.
10. Агентии миллӣ якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ бино бар ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд.
11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш.Низомиддинов, муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.М.Мавлонов, муовини аввали директори Агентии миллии идоракунии лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Д.Р.Ли ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдуҳакимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
 Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
5 сентябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: