ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА ТАЪМИН СОХТАНИ ЭЪТИДОЛИ НАРХ ДАР БОЗОРҲОИ ИСТЕЪМОЛӢ

Ба мақсади мустаҳкам намудани имконияти харидории аҳолӣ, қонеъ гардондани талаботи вай ба хелҳои асосии озуқаворӣ ва маҳсулоти истеъмолӣ, диверсификатсияи силсилаи асосии таъминот бо молҳо, ҳамчунин боздоштани дараҷаи муфлисӣ:

1. Рӯйхати молҳое, ки ҳангоми ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 1 январи соли 2024 кашондани онҳо миқдори сифрии боҷи гумрукӣ қабул карда мешавад, мувофиқи замимаи №1 тасдиқ карда шавад.
2. Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 31 майи соли 2022-юм № ФП-145 «Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати таъмин намудани эътидоли нарх дар бозорҳои истеъмолӣ ва баланд бардоштани таъсири чораҳои зиддимонополӣ»:
дар боби 1-ум ва дар замимаи ҳамноми №1 суханони «то 1 июли соли 2023» бо суханони  «то 1 январи соли 2024» иваз карда шавад;
дар боби 4 суханони «то 1 январи соли 2023» ба суханони «то 1 январи соли 2024» бадал карда шавад.
3. Ба Девони Вазирон (Ҷ. Хӯҷаев) супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ якҷо бо вазорат ва идораҳои манфиатдор ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи:
баланд бардоштани самаранокии ҷараёни назорати давлатӣ ҳангоми кашондани маҳсулоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ ба ҳудуди ҷумҳурӣ ва ба роҳ мондани кори он дар асоси раванди таваккал-таҳлил;
вусъат додани номгӯйи молҳои ҳамарӯзаи истеъмолӣ, ки нисбати онҳо ҳангоми воридот миқдори сифрии боҷи гумрукӣ истифода мешавад, ворид намояд.
4. Ба Вазорати сармояҳо, саноат ва савдо супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорие, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунанд.
5. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазир Ҷ. А. Хӯҷаев гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
23 марти соли 2023

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: