ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИЛОВАГӢ ОИД БА ТАЪМИНИ МУВОФИҚАТИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ СИФАТ ВА БЕХАТАРИИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА АНДОЗАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар солҳои охир оид ба истифодаи самараноки захираҳои обу замин, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот ва васеъ кардани ҷуғрофияи содироти маҳсулот пайваста ислоҳот татбиқ мегарданд.

Дар солҳои охир оид ба истифодаи самараноки захираҳои обу замин, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот ва васеъ кардани ҷуғрофияи содироти маҳсулот пайваста ислоҳот татбиқ мегарданд.
Дар солҳои 2016-2019 маҷмӯи умумии истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ   – 171,2 фоиз, аз он ҷумла, меваву  сабзавот   – 172,6 фоиз, чорводорӣ  – 170 фоиз, ҷангал ва моҳипарварӣ  – 177,5 фоиз зиёд гардид.
Афзоиши ҳаҷми содироти меваву сабзавот – ба зиёда аз 1,4 миллион тонна расонда шуд, ки нисбат ба соли 2016-ум 1,5 баробар зиёд аст.
Ҳамзамон, афзудани  талабот, ки барои сифат ва бехатарии маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ пешниҳод мегарданд,  андешидани чораҳои иловагиро барои мустаҳкам намудани мавқеи маҳсулоти дар ҷумҳурӣ рӯёндашаванда дар бозорҳои ҷаҳонӣ тақозо менамояд.
Бо мақсади рушди истеҳсоли маҳсулот дар ҷумҳурӣ, системаи танзим ва мувофиқат дар асоси талаботҳои байналмилалии Organic ва Global G.A.P., беҳтар намудани нишондиҳандаҳои сифат ва бехатарӣ, густариши ҷуғрофияи содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, инчунин зиёд кардани имконияти истифодаи пурраи потенсиали истеҳсоли маҳсулоти органикӣ дар кишвар:
1. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
Консепсияи рушди истеҳсоли маҳсулоти органикии кишоварзӣ ва органикии хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Консепсия) тибқи замимаи №1;
«Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Консепсияи рушди истеҳсоли маҳсулоти органикии кишоварзӣ ва органикии хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи № 2;
Нишондиҳандаҳои пешгӯии гузариши марҳилавӣ ба истеҳсолоти органикӣ дар заминҳои кишоварзӣ ва фонди ҷангал дар солҳои 2020-2025 мувофиқи замимаи № 3;
Нишондиҳандаҳои пешгӯии намудҳои асосии зироатҳои ба содирот нигаронидашудаи майдонҳои замин, ки бинобар талаботи стандартҳои байналмилалии амалияи пешқадами кишоварзӣ (Global G.A.P.) дар солҳои 2020-2025 тасдиқ шудаанд, тибқи замимаи № 4;
Нақшаи чорабиниҳои амалӣ оид ба ташкили парвариши ашёи хоми пахтаи органикӣ ва истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии органикӣ аз ҷониби корхонаҳои истеҳсолии пахтаву маҳсулоти бофандагӣ  ва кластерҳо мувофиқи замимаи № 5;
Нақшаи чорабиниҳо оид ба ташкили бозорҳо ва тарабхонаҳои органикӣ барои боз ҳам баланд бардоштани ҷолибияти агроэкотуризм дар минтақаҳои ҷумҳурӣ мувофиқи замимаи № 6.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
а) Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва танзими фаъолияти тамоми ташкилотҳои манфиатдор дар доираи истеҳсолоти органикӣ ва таҷрибаи сазовори кишоварзӣ (Global G.A.P.) мебошад;
б) Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуқуқ дода мешавад:
аз ҳамаи вазорат, идора, ҳокимиятҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва соҳибкорони манфиатдор гирифтани маълумоти зарурӣ дар доираи истеҳсолоти органикӣ ва таҷрибаи сазовори кишоварзӣ (Global G.A.P.);
ташкили низоми баҳодиҳӣ ва авторизатсияи баробарарзиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ, ки бо истеҳсол, коркард, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, фурӯш ва сертификатсияи маҳсулоти органикӣ ва ашёи хом машғуланд.
3. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мутобиқи он ҷойгиркунии зироатҳо дар қитъаҳои заминҳои барои кишоварзии органикӣ ҷудошуда тибқи схемаҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи киштгардон бо назардошти талаботи стандартҳои органикӣ амалӣ гардонда мешавад, дар ин ҳол ба дахолати давлатӣ дар ҷойгиркунии зироатҳо роҳ дода намешавад.
4. Вазорати кишоварзӣ:
а) ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
якҷоя бо Вазорати тандурустӣ, Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангал, Кумитаи давлатии рушди байторӣ ва чорводорӣ, Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зист, ширкати холдингии «Ӯзбекозиқовқатхолдинг» ва Академияи илмҳо ба муҳлати то 1 октябри соли 2020  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи парвариши маҳсулоти органикии кишоварзӣ»-ро бо мақсади ташкили хоҷагии кишоварзии органикӣ ва низоми истеҳсолӣ дар асоси стандартҳои байналмилалӣ;
якҷоя бо Агентии “Ӯзстандарт» дар тӯли ду моҳ Низом дар бораи тартиби сертификатсияи ихтиёрии истеҳсоли маҳсулоти органикии кишоварзӣ ва маҳсулоти хӯроквориро тақдим намояд;
б) якҷоя бо Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус маводи таълимиву услубиро барои тайёр намудани мутахассисон дар Донишгоҳи аграрии Тошканд бинобар самти  “Парвариш, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзии органикӣ” таҳия намояд ва аз соли таҳсили 2021/2022 сар карда ташкил кардани қабули донишҷӯёнро дар самти мазкури таълим ба роҳ монад;
в) дар тӯли як моҳ дар сохтори вазорат дар доираи шумораи муқарраршудаи штатӣ раёсати оид ба рушди истеҳсолоти органикӣ ва таҷрибаи муносиби кишоварзӣ, ки аз чор воҳиди штатӣ иборат мебошад, таъсис дода шавад;
д) то 1 январи соли 2021 лабораторияҳои дар пажӯҳишгоҳҳои самти кишоварзӣ мавҷударо бо таҷҳизоти ҳозиразамони баландтехнологӣ муҷаҳҳаз гардонад ва фаъолияти хоҷагиҳои фермериро, ки тухмиҳои аввалияи органикӣ парвариш менамоянд, ташкил кунад;
е) ба муҳлати то 31 декабри соли 2020 оид ба  созмон додани маҷмӯи лабораторияи таҷрибавии назди Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази стандартикунонии кишоварзӣ» мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалии Organic ва Global G.A.P. аз ҳисоби қарзҳои Бонки ҷаҳонӣ, ки ҷиҳати навсозӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии соҳаи кишоварзӣ ҷудо шудаанд, чораҳо андешад.
5. Вазорати рушди инноватсионӣ якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар тӯли ду моҳ барномаҳои давлатии илмию техникии панҷсоларо, ки ба парвариш (истеҳсол), коркард, нигоҳдорӣ ва бастубанди маҳсулоти органикӣ, инчунин рушди тухмипарварии органикӣ бо ташаккул додани лоиҳаҳо дар асоси рақобат нигаронда шудааст, таҳия намояд.
 6. Агентии «Ӯзстандарт»:
якҷоя бо Кумитаи давлатии экология ва ҳифзи муҳити зист, Вазорати тандурустӣ, Кумитаи давлатии байторӣ ва рушди чорводорӣ, Инспексияи давлатии карантини растании назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ширкати холдингии «Ӯзбекозиқовқатхолдинг», Вазорати кишоварзӣ, Вазорати рушди инноватсионӣ, Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ дар мӯҳлати як моҳ нақшаи барномаи чораҳоро оид ба ҷоннокгардонии фаъолияти савдо бо Иттиҳоди Аврупо мувофиқи талаботи стандартҳои Комиссияи Кодекси Aлиментариус барои солҳои 2020-2024 таҳия намояд;
то 1 сентябри соли 2020 силсилаи стандартҳои байналмилалии ISO 28000 «Системаи менеҷменти бехатарии занҷири таҳвил”-ро қабул намояд;
дар муддати се моҳ ба тариқи муқарраргардида гузарондани арзёбии мувофиқати ҷараёнҳоро, ки дар фаъолияти ҳамаи корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки дар ташкили занҷири арзиши иловагии маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ иштирок мекунанд, ба талаботи стандартҳои байналмилалии ISO 28000 «Системаҳои идоракунии амнияти занҷираи таъминот» таъмин намояд.
7. Инспексияи давлатии карантини растании назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо Вазорати кишоварзӣ дар муддати ду моҳ рӯйхати усулҳо ва воситаҳои безараргардонии маҳсулоти органикиро, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ истифода мешавад, ташаккул диҳад, инчунин баргузор намудани корҳоро оид ба  безараргардонии маҳсулоти органикӣ, ки барои содирот мувофиқи талаботи байналхалқӣ нигаронда шудаанд,  таъмин намояд. 
8. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар тӯли ду моҳ ба Девони Вазирон оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд.
9. Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон якҷоя бо Вазорати кишоварзӣ васеъ равшан кардани моҳият ва мундариҷа, инчунин мақсаду вазифаҳои ин Фармонро дар воситаҳои ахбори оммавӣ таъмин намоянд.
10. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ӯ. И. Барноев гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
18 майи соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: