ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ИНТИШОРИ КИТОБ –МУСАВВАДАИ БАХШИДА БА САҲМИ САЗОВОРИ МАРДУМИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ ДАР ҶАНГИ ДУВВУМИ ҶАҲОН

Фармоиши Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 

Дар Ҷанги дуввуми ҷаҳони солҳои 1941-1945 мардуми бисёрмиллати Ӯзбекистон дар муҳорибаҳо ва фронти меҳнат мардонагиву ҷасорати бемисл зоҳир карда, дар ғалаба бар фашизм саҳми сазовор гузошт. Аз беш аз 1,5 миллион иштирокдорони ӯзбекистонии ҷанг зиёда аз ним миллион нафар фавтиданд, тақрибан 133 ҳазор нафарашон бедарак гардида, 60 ҳазор нафар ногиро ва маъюб баргаштанд.
Дар он замони бағоят душвору мураккаб ҷумҳурии мо ба ақибгоҳи муътамаде табдил ёфт, ки фронтро бо тамоми ашёҳои зарурӣ таъмин мекард, корхонаҳои саноатӣ ба истеҳсолгарони эҳтиёҷоти ҷангӣ табдил дода шуданд. Ҳамватанони мо тамоми нирӯи худро ба он равона карданд, то ки кори беш аз сад заводу фабрикаҳоеро, ки ба Ӯзбекистон кӯчонида шуда буданд, аз нав ба роҳ монанд. Аз минтақаҳое, ки дар оташи ҷангҳо монда буданд, ба Ӯзбекистон беш аз 1 миллион нафар, аз ҷумла 200 ҳазор кӯдакон оварда шуданд. Дар ин ҷо онҳоро ҳамчун хешовандони худ қабул карданд, охирин бурдаи нонашонро ба ҳам диданд, оилаҳои ӯзбекистониён кӯдакони ятимро ба тарбияи худ гирифтанд, онҳоро бо меҳру муҳаббат қабул ва ғамхорӣ зоҳир намуданд. Ин иқдом ба тамоми ҷаҳон нишон дод, ки халқи мо соҳиби чӣ гуна фазилатҳои хуби инсонӣ мебошад.
Мутаассифона, то ҳол китоби мукаммали илмиву таърихӣ ё худ маҷмӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар он солҳои ҷанги хунин чӣ гуна душвориҳоро паси сар намудани  халқи Ӯзбекистон, саҳми бузурги ӯро дар ғалаба бар фашизм ҳамаҷониба инъикос намояд, интишор нашудаанд. Чунин манбаъҳо барои тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ аҳамияти бағоят бузург доранд. Ҷавонон бояд ҳақиқати воқеиро дар бораи он замон – дар бораи корнамоиҳои бузурги халқи мо тӯли солҳои ҷанг, ирода ва ҷасорати беназири ӯро донанд.
Бо мақсади дар асоси ҳуҷҷатҳои таърихӣ кушода додани саҳми сазовори халқи мо дар ғалабаи Ҷанги дуввуми ҷаҳони солҳои 1941-1945, абадӣ гардонидани номи ҳамватаноне, ки дар мубориза бар муқобили фашизм иштирок кардаанд, тарбия намудани насли наврас дар мисоли қаҳрамониҳои падарону бобоён, дар рӯҳи муҳаббат ва садоқат бар Ватан:
1. Таклифи Оҷонсии оид ба матбуот ва иттилоот, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Оҷонсии «Ӯзархив», Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон, Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Бунёди «Нуроний» бобати дастгирии фаъолияти ҷамъиятии собиқадорони Ӯзбекистон, Бунёди ҷамъиятии хайрияи «Маҳалла» ва ҷомеаи васеъ дар бораи тайёр кардан ва интишор намудани китоб-мусаввадаи бахшида ба саҳми сазовори мардуми Ӯзбекистон дар ғалаба бар фашизм дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон ва 75-умин солгарди ин воқеаи таърихӣ, ки соли 2020-ум қайд карда мешавад, маъқул дониста шавад.
2. Ҳайати Кумитаи ташкилӣ оид ба тайёр кардан ва интишор намудани китоб-мусаввадаи бахшида ба саҳми сазовори мардуми Ӯзбекистон дар ғалаба бар фашизм дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон (минбаъд – Кумитаи ташкилӣ) мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
3. Инҳо вазифаҳои асосии Кумитаи ташкилӣ муайян карда шаванд:
барқарор кардан ва ба ҷавонону насли оянда маънидод намудани ҳақиқати таърихӣ дар бораи мардонагиву қаҳрамоние, ки мардуми Ӯзбекистон дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон зоҳир кардааст, саҳми сазовори ҷумҳурии мо дар ғалаба;
ҷамъ овардан ва омӯхтани ҳуҷҷатҳои дахлдори таърихӣ, ки дар бойгониву осорхонаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ нигаҳдорӣ мешаванд;
сабти хотираҳои ҳамватаноне, ки дар задухӯрди фронтҳои Ҷанги дуввуми ҷаҳон иштирок ва дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат  кардаанд, ҷамъ овардани маводи таърихӣ, ки дар мусаввада ва китобхонаҳои шахсӣ ҳифз мешаванд, ҷамъ овардан ва ба нашр тайёр кардани ҳуҷҷат ва суратҳои нодири вобаста ба он давр, ки арзиши таърихӣ доранд ва дар бойгониҳои шахсии аҳолӣ нигаҳдорӣ мешаванд;
ҷамъ овардани маълумот дар бораи аҳволи иқтисодии Ӯзбекистон дар солҳои ҷанг, дар бораи заводу фабрикаҳое, ки ба ҷумҳурии мо кӯчонида шуда, аз нав ба кор сар кардаанд; кушода додани моҳияти инсонпарварӣ, кушодадилӣ ва меҳру муруввати олии хоси халқи мо, ки нисбат ба одамон, аз ҷумла нисбат ба кӯдакони ятим, ки солҳои ҷанг ба Ӯзбекистон кӯчонида шуда буданд, зоҳир гардидаанд; дар асоси санад ва рақамҳои мушаххас ба ҳамдиёронамон пешкаш кардани маълумот дар бораи эътибори бузурге, ки алҳол давлат ва ҷамъияти мо нисбат ба онҳое, ки дар муҳорибаҳо иштирок ва дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат карда, дар ғалабаи бузург шахсан саҳм гирифтаанд, зоҳир мекунанд. 
4. Ба Кумитаи ташкилӣ супурда шавад, ки бо мақсади дар дараҷаи олӣ тайёр кардан ва интишор намудани китоб-мусаввада ба ин кор роҳбарону мутахассисони вазоратҳо, идораҳо, мақомоти идораи хоҷагидорӣ, коршиносон, ҳамчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷаро ҷалб кунад.
5. Муқаррар карда шавад, ки тамоми хароҷоти вобаста ба тайёр кардан ва интишор намудани  китоб-мусаввада аз ҳисоби маблағҳои бунёди захиравии Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарпӯш карда мешавад.
6. Ба Оҷонсии оид ба матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон супурда шавад, ки бо ҳамраъйии Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат ва Вазорати молия хароҷоти вобаста ба интишори китоб-мусаввадаро мувофиқи тартиби муқарраршуда тасдиқ намояд.
7. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов ва Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Х. Султонов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон                     Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД
31 майи соли 2018.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: