ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ҶОРӢ КАРДАНИ УСУЛҲОИ ЗАМОНАВИИ ТАМҒАГУЗОРӢ БА БАЪЗЕ НАВЪИ МОЛ

Алҳол дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон, аз ҷумла барои хариди молҳои босифату барои ҳаёт ва саломатӣ безарар, ҳамчунин барои дастрас намудани маълумоти дуруст дар бораи молҳо ва истеҳсолгарони онҳо чораҳои маҷмӯӣ амалӣ, мешаванд.

Баробари ин, анъанаи зиёдшавии ҳаҷми маҳсулоти ғайриқонунӣ, бадсифат, қочоқ ва сохтаву қалбакӣ мушоҳида мегардад, ки ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон осеб мерасонад, боиси ба миён омадани рақобати ғайрисолим ва зарари Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мегардад, ҳамчунин ба зуҳуроти тамаъкорӣ ва қонунвайронкуниҳои дигар шароит фароҳам меоварад. 
Ба мақсади пешгирӣ намудани ба ҷумҳурӣ овардани борҳои ғайриқонунӣ, истеҳсол ва фурӯши баъзе анвои молҳо, таъмин сохтани ҳисобу китоби самарабахши онҳо, ҳамчунин зиёд кардани ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ:
1. Ба таклифи Оҷонсии миллии идораи лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи давлатии андоз ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аз 1 августи соли 2019-ум давра ба давра ҷорӣ кардани тамғагузории ҳатмӣ ба молҳои воридотӣ ва молҳои дар ҷумҳурӣ истеҳсолшуда бо истифода аз нишони ҳифзшаванда ва ё худ технологияҳои нано – молекулярӣ вобаста ба табақаи молҳо (минбаъд – тамғагузорӣ) ризоият дода шавад.
2. Рӯйхати гурӯҳи молҳое, ки бояд ҳатман тамға дошта бошанд, мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
Ба Девони Вазирон иҷозат дода шавад, ки Рӯйхати гурӯҳи молҳоеро, ки бояд ҳатман тамға дошта бошанд, бинобар мувофиқа бо Оҷонсии миллии идораи лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, пурра кунад. 
3. Муқаррар карда шавад, ки:
аз оғози санаи ҷорӣ шудани тамғагузории ҳатмӣ дар ҳудуди Ӯзбекистон ба фурӯш баровардани молҳои бидуни тамға, ки дар замима ба қарори мазкур нишон дода шудаанд, манъ карда мешавад;
ба фурӯхтани молҳое, ки ба Рӯйхати гурӯҳи молҳои тамғадор ворид шудаанд, дар тӯли 180 рӯз баъди ба рӯйхати зикршуда дохил кардани ин гуна молҳо бидуни тамға иҷозат дода мешавад;
хариди хидматҳо бинобар тамғагузории молҳое, ки дар замимаи қарори мазкур зикр шудаанд, аз ҷумла молҳои аксиздор, аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ бевосита дар назди хидматрасони ягона тамғагузорӣ татбиқ карда мешавад. 
4. Ба Кумитаи давлатии андоз супурда шавад, ки якҷо бо Оҷонсии миллии идораи лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи давлатии гумрук ва Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо дар муҳлати то 1 январи соли 2019-ум тартиби тамғагузории ҳатмии молҳоро бо истифода аз нишони ҳифзшуда ва технологияҳои нано – молекулярӣ кор карда барояд ва барои тасдиқ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кунад, дар он:
ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва масъулияти хидматгузор оид ба тамға, субъектҳои соҳибкорӣ ва мақомотеро, ки назорати иҷрои талабот оид ба тамғагузории  ҳатмии молҳоро таъмин мекунанд;
интизом ва тартиботи тамғагузорӣ, арзиш ва тартиби хариди хидмати тамғагузорӣ, аз ҷумла тамғаҳои аксиздор;
рӯйхати мақомоти давлатие, ки ба пойгоҳи маълумоти хидматгузор оид ба тамға дастрасӣ доранд;
тартиби мониторинги фурӯши тамға, аз ҷумла тамғаҳои аксиздор ва хидматрасонӣ оид ба тамғагузориро пешбинӣ кунад.
5. Ба Оҷонсии миллии идораи лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати то 1 феврали соли 2019-ум интихобро дар пояи саракунии таклифҳои беҳтарини хидматгузори тамғаро, ки таҷрибаи амалӣ доранд, дараҷаи баланди ҳифз, эътимоднокӣ ва сифати хидматрасониро таъмин карда метавонанд, таъмин кунад, бо хидматгузорони интихобшуда бо назардошти роҳ надодан ба хеле баланд шудани арзиши молҳое, ки бояд ҳатман тамға дошта бошанд, гуфтушунид гузаронад, ҳамчунин бо онҳо дар муҳлатҳои аз 5 то 10 сол бо қайди арзиши хидмат дар тамоми давраи муоҳидаи ба имзо расида шартнома бандад.
6. Ба Девони Вазирон супурда шавад, ки якҷо бо Оҷонсии миллии идораи лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Прокуратураи генералӣ дар зарфи ду моҳ ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи қонунеро ворид кунад, ки масъулиятро барои фурӯши молҳои бидуни тамға, аз ҷумла зиёд шудани ҳаҷми санксияҳои ҷаримавиро пешбинӣ менамояд.
7. Ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзшаробсаноат», ширкати холдингии «Ӯзбекозиқовқатхолдинг», ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекнефтегаз», Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзкимиёсаноат», Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ва Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар расонаҳои ахбори оммавӣ васеъ равшан кардани моҳият ва аҳамияти қарори мазкурро таъмин намояд.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов ва муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. М. Мавлонов гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
30 ноябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: