ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ КУЛЛАН БАЛАНД БАРДОШТАНИ НАҚШ ВА НУФУЗИ ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ БА СИФАТИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Забони ӯзбекӣ ҳамчун маҳсули рахшон ва бебаҳои тафаккури бисёрасринаи маданӣ, илмиву маърифӣ ва бадеӣ, иқтидори зеҳнии халқамон яке аз забонҳои бой ва қадимии ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

21 октябри соли 1989 дар Ӯзбекистон қабул шудани Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», ки халқамон дар тӯли асрҳо онро орзу мекард, бо он саъй менамуд ва барои он мубориза мебурд, дар роҳи соҳибихтиёрӣ ва мустақилии мамлакат қадами аввалини қатъӣ гардид. Маҳз ба туфайли ин ҳуҷҷати таърихӣ забони ӯзбекӣ асоси мустаҳками ҳуқуқӣ ва мақоми баланд пайдо кард.
Дар тӯли солҳои истиқлол забони ӯзбекӣ ба маънои том забони давлатӣ гардида, ба сифати нерӯи пурзӯре, ки халқро ба фатҳи чунин мақсадҳои бузург, мисли бунёди ҳаёти озоду фаровони мамлакатамон сафарбар месозад, ба арса баромад.
Имрӯз Ӯзбекистони азизамон дар асоси тамоюли муҳими «Аз эҳёи миллӣ – ба пешрафти миллӣ» ба зинаи нав, баландтарини рушд мебарояд. Дар ҷараёни дар мамлакат татбиқ гардидани ислоҳоти васеъмиқёс нақш ва нуфузи забони давлатӣ дар ҳаётамон торафт меафзояд.
Забони ӯзбекӣ дар соҳаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, маънавиву маърифӣ фаъол истифода гардида, аз минбарҳои байналхалқӣ баланд садо медиҳад. Эътибор ва шавқу рағбат ба омӯзиши забонамон дар мамлакатҳои хориҷӣ пурзӯр мегардад. 
Табиист, ки дар давраи имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ҳар як халқ, ҳар як давлати мустақил ба таъмин кардани манфиатҳои миллии худ, пеш аз ҳама, нигоҳ доштан ва рушди маданият, арзишҳои азалӣ, забони модарии худ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Ба мақсади куллан баланд бардоштани нуфузи забони ӯзбекӣ дар ҳаёти иҷтимоии халқамон ва дар сатҳи байналхалқӣ, тарбияи авлоди наврас дар рӯҳи ватанпарварӣ, садоқат ба урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, давомати мероси ғании гузаштагони бузург, таъмин кардани мукаммал дар мамлакат ҷорӣ намудани забони давлатӣ:
1. Таклифи палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати маданият, Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат, Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, Кумитаи занони Ӯзбекистон, Маркази «Стратегияи рушд» ва ҷомеаи васеъ дар бораи Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ эълон намудани 21 октябр – рӯзи ба забони ӯзбекӣ додани мақоми давлатӣ маъқул дониста шавад.
2. Дар сохтори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Департаменти рушди забони давлатӣ бо иборат аз 9 воҳиди штатии кормандони шумораи ҳадди аксар ташкил карда  ва сохтори он мувофиқи илова тасдиқ карда шавад.
3. Вазифаҳои асосии Департаменти рушди забони давлатӣ инҳо муайян карда шаванд:
рушди забони давлатӣ, амалӣ гардондани мониторинг бобати риояи қонунгузорӣ дар бораи забони давлатӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои самарабахши назорат дар соҳаи мазкур;
мутобиқсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо, аз он ҷумла, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, оид ба рушди забони давлатӣ, ташкил кардани назорати давлатӣ барои риояи қонунгузорӣ дар бораи забони давлатӣ;
тайёр кардани пешниҳод оид ба зоҳир намудан ва барҳам додани мушкилоти ба муомилоти забони давлатӣ алоқаманд, инчунин ҷорӣ кардани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи рушди он;
тезондани фаъолият оид ба коркарди меъёр ва қоидаҳои нутқи хаттии забони ӯзбекӣ, инчунин пурра ҷорӣ кардани алифбои ӯзбекӣ, ки аз хати лотинӣ асос ёфтааст;
коркарди лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии рушди забони давлатӣ;
коркарди барномаҳо ва «харитаҳои роҳ» бинобар рушди забони давлатӣ, амалӣ гардондани назорати татбиқи онҳо, инчунин мутобиқсозии корҳо оид ба таҷлили Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ;
мониторинг ва мутобиқсозии фаъолият бинобар ба истеъмол баровардани калима ва истилоҳоти нави аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда, офаридани истилоҳи муқобили замонавии ӯзбекӣ ва таъмин кардани истифодаи якхелаи онҳо, мувофиқи қонунгузорӣ ном гузоштан ба объектҳои ҷуғрофӣ ва дигари топонимикӣ;
дастгирӣ кардани корҳои илмиву тадқиқотӣ оид ба рушди забони давлатӣ, амалӣ гардондани ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи мазкур.
4. Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
а) дар муҳлати се моҳ:
лоиҳаи қонун оид ба муқаррар намудани Рӯзи ҷашни забони ӯзбекӣ;
лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи забони давлатӣ»-ро дар таҳрири нав, ки бо назардошти талаботи имрӯз такмил дода шудааст;
таҳия намояд ва ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим созад;
б) дар муҳлати ду моҳ дар асоси омӯзиши амиқи таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ дар бораи ташкил кардан ва танзими фаъолияти Комиссияи оид ба истилоҳот бо мақсади расман ба истеъмол баровардани калимаву истилоҳоти аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда қарор қабул намояд;
в) ба муҳлати то 1 июни соли 2020-ум лоиҳаҳои Консепсия ва Барномаи давлатии рушди забони ӯзбекӣ ва такмил додани сиёсати забон дар солҳои 2020-2030-ро, ки самтҳои зерини асосиро фаро мегиранд, тақдим намояд;
муваффақ гардидан ба истифодаи пурра ва дурусти имкониятҳои забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии мамлакат, аз он ҷумла, идоракунии давлатӣ, технологияҳои замонавӣ ва инноватсионӣ, саноат, низоми бонку молия, ҳуқуқшиносӣ, дипломатия, кори ҳарбӣ, тиббиёт ва соҳаҳои дигар;
минбаъд такмил додани низоми омӯзиши забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва баҳо додан ба дараҷаи донистани он, баланд бардоштани нуфузи забони давлатӣ ба сифати забони илм;
нигоҳ доштани тозагии забони давлатӣ ва ғанигардонии он, баланд бардоштани маданияти нутқи аҳолӣ;
таъмин кардани ҷойи муносиби забони давлатӣ дар соҳаи технологияҳои ахбор ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла дар шабакаи умумиҷаҳонии иттилоотии Интернет, офаридани барномаҳои компутерии забони ӯзбекӣ;
ба таври доимӣ ва ҳамаҷониба омӯхтани фактҳои ба вайрон карда шудани қоидаҳои забони давлатӣ алоқаманд, коркарди чораҳо оид ба барҳам додани онҳо;
фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои рушди забонҳои ҳамаи миллат ва халқиятҳо, ки дар ҳудуди мамлакатамон истиқомат мекунанд, фароҳам овардани шароити мусоид барои аз ҷониби онҳо омӯхтани забони давлатӣ;
муайян кардани пешомади нақш ва нуфузи забони давлатӣ дар дараҷаи байналхалқӣ, алоқаи он бо забонҳои дигар, коркард ва васеъ паҳн кардани китобҳои дарсӣ ва барномаҳои электронӣ оид ба забони ӯзбекӣ барои ҳамватаноне, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд ва шаҳрвандони хориҷие, ки забони ӯзбекиро омӯхтан мехоҳанд, ташкил кардани курсҳои махсус бино бар омӯзиши забони ӯзбекӣ.
5. Вазорати адлия якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд.
6. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон  А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон      
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
21 октябри соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: