ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ КУЛЛАН ТАКМИЛ ДОДАНИ ФАЪОЛИЯТИ МАҚОМОТ ВА МУАССИСАҲОИ АДЛИЯ БОБАТИ ТАТБИҚ СОХТАНИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚИИ ДАВЛАТ

Дар ҷараёни сохтори давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва ҷомеаи одили шаҳрвандӣ ба мақомот ва муассисаҳои адлия, ки бояд пеш аз ҳама сиёсати ягонаи ҳуқуқии давлат, аз ҷумла аз тариқи ба роҳ мондани фаъолияти босифати ҳуқуқӣ, мустақимона ташаккул додан ва амалиёти истифодаи ягонаи он, таъмин сохтани ҳифзи самараноки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин ҷорӣ намудани низоми мақсадноки баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии аҳолиро татбиқ намоянд, мақоми назаррас дода мешавад.

Чорабиниҳое, ки солҳои охир татбиқ шуданд, имкон доданд, ки нақш ва масъулияти мақомоту муассисаҳои адлия дар низоми мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, бахусус бино бар масъалаҳои таъминоти ҳуқуқии фаъолияти мақомот ва созмонҳои давлатӣ, ҳамоҳанг сохтани хидматҳои ҳуқуқии онҳо, баррасӣ намудани иттилооти ҳуқуқӣ, ҳамчунин беҳтар сохтани сифати хидматрасониҳои давлатӣ баланд бардошта шаванд.
Баробари ин натиҷаҳои таҳлилҳои гузаронидашуда шаҳодат медиҳанд, ки дар фаъолияти мақомот ва муассисаҳои адлия як қатор мушкилот ва камбудиҳое мавҷуданд, ки бобати расидан ба сатҳи баланди самаранокии ислоҳоти ҳуқуқӣ монеа мешаванд. Аз ҷумла:
якум, мавҷуд набудани шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и мақомоти адлия ба амиқ омӯхтани мушкилоти ҳуқуқӣ бевосита дар маҳалҳо, дараҷаи таъмин шудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар ҳамбастагӣ бо эҳтиёҷоти воқеии онҳо, татбиқ сохтани маърифати нишонадори ҳуқуқӣ вобаста ба заруриятҳои мушаххаси ҳуқуқӣ дар ҷомеа монеа мегарданд;
дуввум, кори самарабахш бобати мунтазам таҳлил кардани амалиёти истифодаи ҳуқуқ ва коркарди чораҳои муассир бино бар таъмин сохтани мустақимӣ ва ягонагии он, расондани машваратҳои ҳуқуқӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар дар маҳалҳо барои роҳ надодан ба талқини иҷборӣ ва интихобии меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда нашудаанд;
саввум, вазифадор кардани  мақомоти адлия бо корҳои ғайрихудии онҳо ва такрорӣ, бахусус дар соҳаи назорати корҳои шартномавию ҳуқуқӣ, барои истифодаи самараноки нирӯ ва воситаҳои мавҷуда баҳри иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷа дар соҳаи татбиқ сохтани сиёсати ҳуқуқии давлат имкон намедиҳанд;
чаҳорум, кори мақомоти адлия дар маҳалҳо бобати маънидод кардани моҳияту аҳамияти ислоҳоти татбиқшудаистода, ҳуҷҷатҳои қабулшудаи қонунгузорӣ, ки ба ҳуқуқ ва манфиати шаҳрвандон ва субъектҳои соҳибкорӣ дахл доранд, ба дараҷаи бояду шояд ба роҳ монда нашудаанд, дар натиҷаи ин сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус дар деҳот ғайриқаноатбахш боқӣ мемонанд;
панҷум, норасоии ҷиддии мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, пеш аз ҳама, онҳое, ки бояд манфиатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар созмонҳои байналхалқӣ ва хориҷӣ сазоворона ҳимоя кунанд, боқӣ мемонад, низоми тайёр кардани кадрҳои ҳуқуқӣ бино бар ихтисосҳои доираашон маҳдуд ва касбӣ, ки дар мақомоти идораҳои давлатӣ ва хоҷагидорӣ талабот доранд, ба роҳ монда нашудааст;
шашум, дараҷаи пасти рағбатноксозии иҷтимоӣ ва моддии кормандони мақомоту  муассисаҳои адлия барои ба соҳаи мазкур ҷалб намудани мутахассисони баландихтисос, ташаккул додани захираи устувори кадрҳо мусоидат намекунанд ва ба ташаббускориву масъулиятшиносии ходимон таъсири манфӣ мерасонанд;
ҳафтум, ҳолати ба фаъолияти мақомоту муассисаҳои адлия ҷорӣ кардани технологияҳои навтарини иттилоотиву коммуникатсионӣ, муҷаҳҳаз сохтани онҳо бо восита ва асбобу анҷомҳои замонавӣ ғайриқаноатбахш мебошад.
Мувофиқи Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021, ҳамчунин бо мақсади куллан такмил додани фаъолияти мақомот ва муассисаҳои адлия бобати татбиқ сохтани сиёсати ҳуқуқии давлат:
1. Инҳо самтҳои бартариноки фаъолияти мақомот  ва муассисаҳои адлия ҳисобида шаванд:
якум, ба хидмати касбӣ табдил додани мақомоти адлия, ки амалкарди ягонаи сиёсати ҳуқуқии давлатро, ки барои ба ҳаёт татбиқ намудани ғояи асосӣ – «Қабул кардани қонунҳои одилона, дар ҷомеа устувор кардани рӯҳи эҳтиром ба қонун – гарави сохтмони давлати ҳуқуқбунёди демократӣ» нигаронида шудаанд, таъмин мекунанд;
дуввум, ҷорӣ намудани механизмҳои сифатан нав дар фаъолияти  мақомоти адлия, ки аксаран ба таҳлили танқидӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, аз тариқи самарабахш ба роҳ мондани кор бевосита дар маҳалҳо нигаронида шудаанд;
саввум, роҳбарии услубӣ ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и  мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ дар соҳаи ба роҳ мондани иҷрои қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёриву ҳуқуқӣ, татбиқ сохтани онҳо дар пояи таҳлили танқидии чорабиниҳо бобати таъмин сохтани амалиёти мустақим ва ягонаи истифодаи ҳуқуқ;
чаҳорум, ҷорӣ намудани усулҳои замонавӣ ва муассири тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани шуури ҳуқуқии шаҳрвандон, ба онҳо фаҳмонда додани моҳият ва аҳамияти қонунҳои қабулшаванда ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёриву ҳуқуқӣ, татбиқ сохтани чорабиниҳо бино бар аз байн бардоштани бесаводии ҳуқуқии аҳолӣ;
панҷум, баланд бардоштани нақши мақомоти адлия бобати баргузор намудани таҳлилҳои маҷмӯӣ ва танқидии самаранокии низоми идораҳои давлатӣ, сифати тартиботи маъмурӣ ва хидматрасонии давлатӣ, коркарди ташаббусҳо бобати минбаъд такмил додани қонунгузорӣ ва амалиёти истифодаи ҳуқуқ дар соҳаҳои мазкур;
шашум, ҷорӣ намудани тартиби ҳисоботдиҳии ашхоси мансабдори мақомоти адлия аз тариқи мунтазам ба ҷомеа пешниҳод намудани маълумот дар бораи фаъолияти худ, роҳ надодан ба санадҳои муносибати сатҳӣ бинобар мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ, ҳамчунин мушаххас намудани маҳакҳои дақиқи баҳодиҳӣ ба кори онҳо;
ҳафтум, ба роҳ мондани низоми сифатан нави тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои ҳуқуқшиносӣ, бахусус бино бар ихтисосҳои харидоргири доираи маҳдуд ва касбӣ, ҷорӣ намудани шакл ва усулҳои инноватсионии таълими мутахассисон дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, мунтазам барои омӯзиш ба муассисаҳои пешқадами таълимии хориҷӣ фиристодани кадрҳои ҳуқуқшиносӣ;
ҳаштум, ташаккул додани низоми самарабахши ҳифзи ҳуқуқии манфиатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар созмонҳои байналхалқӣ ва хориҷӣ, механизмҳои васеъ хабардоркунии ҷомеаи байналхалқӣ ва сармоягузорони хориҷӣ оид ба ислоҳоти ҳуқуқие, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд;
нӯҳум, минбаъд беҳтар кардани таъминоти моддиву техникии фаъолияти мақомот ва муассисаҳои адлия, ҷорӣ намудани механизмҳои нави рағбатноксозии иҷтимоӣ ва моддии ходимон, аз ҷумла аз тариқи таъмин кардани онҳо бо манзилҳои хидматӣ;
даҳум, васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои замонавии иттилоотиву коммуникатсионӣ, ки ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти тамоми шуъбаҳои мақомот ва муассисаҳои адлия нигаронида шудаанд.
2. Таъсис додани шуъбаҳои адлия дар ноҳияҳо (шаҳрҳо) бо ҷорӣ намудани идораи амудӣ (вертикалӣ)-и раванди сезинавии «ҷумҳурӣ – вилоят – ноҳия (шаҳр)» аз ҳисоби воҳидҳои штатии хидматҳои ҳуқуқшиносии коллеҷҳои касбии низоми Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маблағ таъмин карда мешаванд.
Муқаррар карда шавад, ки вазифаи хидматҳои ҳуқуқшиносии ихтисоршудаи коллеҷҳои касбиро шуъбаҳои дахлдори  адлияи ноҳияҳо (шаҳрҳо) татбиқ менамоянд.
3. Инҳо вазифаҳои асосии шуъбаҳои адлияи ноҳияҳо (шаҳрҳо) муайян карда шаванд:
маслиҳатдиҳӣ ба ҳокимон ва шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ оид ба масъалаҳои истифодаи қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёриву ҳуқуқӣ;
роҳбарии услубӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ дар соҳаи ба роҳ мондани иҷрои қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёриву ҳуқуқӣ;
фаҳмондадиҳии моҳияту аҳамияти қонунҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари меъёриву ҳуқуқии қабулшуда барои  иҷрогарон дар шуъбаҳои ноҳиявӣ, татбиқ намудани чорабиниҳои ташвиқотии ҳуқуқӣ ва аз байн бардоштани бесаводии ҳуқуқии аҳолӣ, бино бар раванди «ҷумҳурӣ – вилоят – ноҳия – маҳалла», аз ҷумла дар ҳамкории тарафайн бо мақомоти ҳуқуқу тартибот ва судӣ;
баргузор кардани экспертизаи ҳуқуқии қарорҳои ҳокимон ва Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияҳо (шаҳрҳо) барои муайян сохтани мувофиқаткунии онҳо ба қонунгузорӣ, мақсад ва вазифаҳои ислоҳоте, ки дар мамлакат татбиқ мешаванд;
омӯхтан ва таҳлил кардани амалиёти истифодаи ҳуқуқ, коркарди таклифҳо бобати таъмин кардани мустақимӣ ва ягонагии он;
татбиқ намудани чорабиниҳо бобати ҳифзи ҳуқуқи инсон, дар ҳудуди ваколатҳои худ баррасӣ кардани муроҷиатҳои ашхоси ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ;
мониторинги аҳволи кори ҳуқуқӣ дар шуъбаҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ)-и мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, ҳамчунин мувофиқсозӣ, назорат ва таъминоти услубии фаъолияти хидматҳои ҳуқуқии онҳо.
4. Идораи оид ба назорати корҳои шартномавиву ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шуъбаҳои ҳудудии он барҳам дода шаванд.
5. Аз 1 июли соли 2018-ум ба ихтиёри ҳокимияти ноҳияҳо (шаҳрҳо) додани мақомоти сабти ҳуҷҷатҳои ҳолати шаҳрвандӣ (минбаъд – ЗАГС) бо гузоштани вазифаҳо бино бар мувофиқсозии амалиёти истифодаи ҳуқуқ, таъминоти услубии фаъолияти мақомоти ЗАГС, ба роҳ мондани низоми иттилоотии «Бойгонии ягонаи электронии ЗАГС» ва роҳбарияти бойгониҳои ҳудудии ЗАГС барои Оҷонсии хидматрасонии давлатии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. 
6. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он аз ибтидои соли 2018-ум:
вазири адлия ҳар сол дар бораи ҳолати фаъолияти эҷоди меъёр ва истифодаи ҳуқуқи амалиёти мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ дар Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумот пешниҳод мекунад;
вазири адлияи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, роҳбарони шуъбаҳои ҳудудии адлия бино бар натиҷаҳои ҳар як нимсола дар бораи аҳволи фаъолияти эҷоди меъёр ва амалиёти истифодаи ҳуқуқ дар маҳалҳо мувофиқан ба Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯрои депутатҳои халқии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд маълумот пешниҳод менамоянд;
сардорони шуъбаҳои адлияи ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар ҳар семоҳа оиди аҳволи фаъолияти эҷоди меъёр ва амалиёти истифодаи ҳуқуқи мақомот ва ташкилотҳои давлатии дараҷаи ноҳиявӣ (шаҳрӣ) мувофиқан ба Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияҳо (шаҳрҳо) маълумот медиҳанд.
7. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақомоти ваколатдори идораи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои баррасии байналхалқии арбитражӣ ва судӣ муайян карда шавад.
Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуқуқ дода шавад, ки:
дар тартиби муқарраршуда супоришҳоро бино бар масъалаҳои баррасии байналхалқии арбитражӣ ва судӣ ба мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар хориҷа равона кунад, ки иҷрояшон ҳатмӣ мебошанд;
кормандони мақомот ва муассисаҳои адлия, хидматҳои ҳуқуқшиносии мақомот ва ташкилотҳои давлатиро ба муассисаҳои таълимӣ ва созмонҳои дигари кишварҳои пешқадами хориҷӣ барои таълим ва баланд бардоштани ихтисоси худ дар соҳаи расондани кӯмакҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла бино бар талошҳои байналхалқии арбитражӣ ва судӣ аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷавӣ фиристонад.
8. Дар пойгоҳи Маркази тадқиқоти ҳуқуқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии сиёсати ҳуқуқии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо миқдори умумии ҳудудии кормандони идоравӣ 25 нафар таъсис дода шавад, ки аз ҷониби Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо маблағ таъмин карда мешавад.
Инҳо вазифаҳои  асосии Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти сиёсати ҳуқуқӣ муайян карда шаванд:
баргузор кардани тадқиқотҳои илмиву амалӣ ва коркарди консепсияҳои илмӣ дар соҳаи рушди қонунгузорӣ ва самтҳои он;
коркарди усул ва воситаҳои инноватсионии баланд бардоштани шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии аҳолӣ;
таҳлил кардани амалиёти истифодаи қонунгузорӣ дар соҳаи суду ҳуқуқ, коркарди таклифҳо бино бар такмил додани он;
омӯхтани мушкилоти ҳуқуқии баланд бардоштани самаранокии идораи давлатӣ, мушаххас кардани самтҳои рушди танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ;
татбиқ намудани ҳамкорӣ бо муассисаҳои пешқадами илмиву тадқиқотии хориҷӣ.
9. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
дар муҳлати як ҳафта лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро, ки чораҳои ташкилии минбаъд такмил додани фаъолияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пешбинӣ менамояд, пешниҳод кунад;
дар муҳлати як моҳ лоиҳаи қарори Девони Вазирон оиди созмон додани фаъолияти Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии сиёсати ҳуқуқии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пешниҳод намояд;
дар муҳлати ду моҳ лоиҳаи қарори Девони Вазирон дар бораи ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти сабти ҳуҷҷатҳои ҳолати шаҳрвандии ҳокимияти ноҳияҳо (шаҳрҳо)-ро пешниҳод кунад;
дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод намояд.
10. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. Р. Иноятов ва вазири адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. К. Давлетов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ 

Шаҳри ТОШКАНД, 
13 апрели соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: