ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ КУЛЛАН ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ИДОРАИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ВЕТЕРИНАРИЯ ВА ЧОРВОПАРВАРӢ

Дар мамлакати мо бобати таъмин намудани афзоиши муттасили саршумори чорво ва парранда, беҳтар намудани назорати ветеринарӣ ва баланд бардоштани сифати хидматҳои ветеринарӣ, ба роҳ мондани ҳифзи самарабахши саломатии чорво, таъмин намудани беҳбуди эпизоотикӣ ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ корҳои васеъмиқёс амалӣ шудаанд.

Ҳамзамон татбиқсозии чораҳои маҷмӯӣ бинобар беҳтар кардани нишондиҳандаҳои насли чорво, мустаҳкам кардани пойгоҳи озуқаворӣ, ҳамчунин дастгирии давлатии фаъолияти хоҷагиҳои чорвопарварӣ дар соҳаи насл ва афзудани миқдори субъектҳои азими соҳибкорӣ, ки ба парвариши маҳсулоти чорводорӣ машғуланд, тақозо мегарданд. 
Ба мақсади ҷорӣ намудани усулҳои илман асосноки инноватсионии корҳои тухмипарвариву наслпарварӣ дар ҷумҳурӣ, ба тарзи муттасил ба роҳ мондани бордоркунии сунъӣ, таъмин сохтани беҳбуди эпизоотикӣ ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ:
1. Кумитаи давлатии ветеринарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Кумитаи давлатии ветеринария ва рушди чорвопарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон табдил дода, инҳо вазифаҳои асосии он муайян карда шаванд:
татбиқсозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаҳои ветеринария, чорвопарварӣ ва наслпарварӣ, ҳамоҳанг сохтани ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба меъёрҳои байналхалқӣ, мувофиқсозии ҳамкории мақомоти идораҳои давлатӣ, хоҷагидорӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо бинобар соҳаи мазкур, татбиқ намудани фаъолияти рухсатномавии ветеринарӣ;
рушди соҳаҳои ветеринарӣ ва тамоми самтҳои чорвопарварӣ, аз ҷумла говпарварӣ, гӯсфандпарварӣ, бузпарварӣ, асппарварӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ, замбӯриасалпарварӣ ва харгӯшпарварӣ, ҳамоҳангсозии корҳои тухмпарварӣ ва наслпарварӣ, ҳамчунин коркард ва татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ дар самтҳои мазкур;
таъмин намудани ҳифзи ҳудудҳои мамлакат аз касалиҳои гузарандаи ҳайвонот, дар амалия ҷорӣ кардани усулҳои замонавии табобат ва ташхиси касалиҳои ҳайвонот, ба роҳ мондани истеҳсоли намуд ва шаклҳои нави воситаҳои давоии ветеринарӣ, ки ба комёбиҳои илми ватанӣ ва хориҷӣ такя мекунанд;
мониторинги самаранокии корҳои профилактикӣ бобати саривақт ошкор кардан, ташхис  ва пешгирӣ намудани паҳншавии касалиҳои зарарноки ҳайвонот дар мавриди таъмин сохтани беҳбуди эпизоотикӣ;
татбиқ намудани механизмҳои ягонаи дастгирии давлатии чорвопарварӣ ва наслпарварӣ, ба роҳ мондани кишти зироати озуқаворӣ дар қитъаҳои замини барои хоҷагиҳои чорвопарварӣ ба мақсади парвариши озуқаворӣ ҷудо шуда ва баргузор намудани мониторинги дастовардҳои баланди  ҳосилнокӣ;
ба роҳ мондани кор бобати идентификатсия, ҳисобу китоб, аз ҳисоб хориҷ кардан ва нигоҳубини ҳайвонот дар соҳаҳои чорвопарварӣ, ҳамчунин ба роҳ мондани маҳалликунонии ҳайвоноти зотии хоҷагии қишлоқ;
татбиқ намудани назорати давлатӣ барои риоя шудани қонунгузорӣ дар бораи ветеринария ва наслпарварӣ, ҳамчунин назорати сифат ва фурӯши воситаҳои давоии ветеринарӣ ва иловаҳои озуқаворӣ;
рушди ҳамаҷонибаи иқтидори илмӣ, услубӣ ва таълимӣ дар соҳаҳои ветеринария, тухмпарварӣ ва наслпарварӣ, мушаххас намудани самтҳои тадқиқоти илмӣ, ҳамоҳанг сохтани тадқиқоти асосӣ ва амалӣ, дар таҷрибаи ветеринарӣ ва тухмпарвариву наслпарварӣ ҷорӣ кардани дастовардҳои кашфиёти инноватсионӣ;
таъмин сохтани сертификаткунонӣ ва стандарткунонии маҳсулоти чорводорӣ мувофиқи талаботи байналхалқӣ, васеъ ҷорӣ намудани усулҳои замонавии менежменти сифат, ҷалби сармоя ва грантҳои хориҷӣ дар соҳаи ветеринария ва чорвопарварӣ;
мунтазам ба роҳ мондани тайёркунӣ, баланд бардоштани ихтисос ва бозомӯзонии мутахассисон дар соҳаи мазкур, такмил додани шакл ва усулҳои кори  роҳбарон ва мутахассисон.
2. Ба пешниҳоди Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ба Кумитаи давлатии ветеринария ва рушди чорвопарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон додани муассисаҳои зерине, ки дар ихтиёри ӯ қарор доранд:
Донишкадаи тиббии ветеринарии Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус дар Самарқанд ва литсейи академии он;
Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии чорводорӣ ва паррандапарварӣ, Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии қароқӯлпарварӣ ва экологии даштҳо, Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии моҳипарварии назди Маркази илмиву истеҳсолии чорводорӣ ва таъминоти озуқавории Академияи улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ризоият дода шавад.
3. Кумитаи давлатии ветеринария ва рушди чорвопарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақомоти ваколатдори идораи давлатӣ бинобар таъмин сохтани беҳбуди эпизоотикӣ, саривақт ошкор кардан, ташхис ва пешгирӣ намудани паҳншавии касалиҳои вазнини ҳайвонот, рушди тамоми соҳаҳои чорводорӣ ва наслпарварӣ ба шумор меравад.
4. Муқаррар карда шавад, ки:
Кумитаи давлатии ветеринария ва рушди чорвопарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар тамоми ҳуқуқҳо, ӯҳдадорӣ ва шартномаҳо, аз ҷумла бинобар муоҳидаҳои байналхалқӣ ҷойгузини Кумитаи давлатии ветеринарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шумор меравад;
қарори Кумитаи давлатӣ оид ба рушди ветеринария ва чорвопарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дар ҳудуди ваколатҳои худ қабул кардааст, барои иҷро аз ҷониби вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, ташкилоти дигар, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ ба шумор меравад;
бо маблағтаъминкунӣ ва таъминоти моддиву техникии фаъолияти Кумитаи давлатии ветеринария ва рушди чорвопарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сохторҳо ва шуъбаҳои минтақавии он аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бунёдҳои ғайрибуҷавӣ ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, татбиқ карда мешавад.
5. Дар назди Кумитаи давлатии ветеринария ва рушди чорвопарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба мақсади корҳои илмиву тадқиқотӣ, таҳкими пойгоҳи моддиву техникии созмонҳои низоми кумита, баланд бардоштани тахассуси кадрҳои соҳаи мазкур ва бозомӯзонии онҳо, ҳамчунин дастгирии моддиву иҷтимоии кормандон Бунёди хидмати ветеринарӣ ва рушди чорвопарварӣ созмон дода шавад.
Инҳо манбаъҳои ташаккулдиҳии бунёд бинобар рушди хидмати ветеринарӣ ва чорводорӣ муайян карда шаванд:
маблағҳо дар ҳаҷми 75 фоизи даромадҳо аз хидматрасонии Идораи назорати давлатии ветеринарӣ дар Сарҳади давлатӣ ва нақлиёт ва Маркази давлатии илмӣ бинобар назорати сифат ва мубодилаи маблағҳои дорувори ветеринарӣ ва иловаҳои озуқаворӣ;
маблағҳое, ки аз фурӯши тухмии хоҷагиҳои фермерии чорвопарварӣ, хидматрасонӣ бинобар бордоркунии сунъӣ ба даст омадаанд;
манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ намекунад.
6. Дар назди Кумитаи давлатии ветеринария ва рушди чорвопарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар пойгоҳи Идораи чорвопарварӣ, паррандапарварӣ ва замбӯриасалпарварӣ, Идораи моҳипарварии Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва шуъбаҳои ҳудудии онҳо Оҷонсии «Ӯзбекчорванасл» (минбаъд - Оҷонсӣ) таъсис дода шавад.
7. Инҳо вазифаҳои асосии Оҷонсӣ муайян карда шаванд:
рушди соҳаҳои чорвопарварӣ, ба роҳ мондани бордоркунии сунъӣ, такмил додани корҳои тухмпарварӣ ва наслпарварӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ, мустаҳкам намудани пойгоҳи озуқаворӣ;
ҳифз кардан ва инкишоф додани генофонди тоза дар чорвопарварӣ, татбиқ кардан ва ҳамоҳанг сохтани барномаҳои тухмпарвариву наслпарварӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ коркард шудаанд;
ташаккул додан, нигоҳ доштан, истеҳсол намудан ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои наслдор ба мақсади беҳтар намудани сифати насл ва маҳсулот дар чорвопарварӣ;
мониторинги парвариши зироатҳои озуқаворӣ дар қитъаҳои замине, ки барои парвариши онҳо ҷудо карда шудаанд.
8. Муайян карда шавад, ки аз 1 январи соли 2020-ум:
воҳидҳои алоҳидаи штатии духтури ветеринар ва зоотехник дар хоҷагиҳои махсуси чорводории дорои 100 сар ва зиёда аз он гов, ҳамчунин, дар хоҷагиҳои паррандапарварии дорои 100 ҳазор сар ва беш аз он мурғ ҷорӣ карда мешаванд;
говҳои хоҷагиҳои говпарварӣ (ғайр аз хоҷагиҳои озуқаворӣ) ва говҳое, ки дар аҳолӣ мебошанд, бо тойинҳои наслдори зотӣ, ки мувофиқи нақшаи наслпарварии Оҷонсӣ барои ин ҳудуд муайян шудаанд, сунъӣ бордор карда мешаванд.
ҳар сол то 1 декабр ҳокимияти ноҳияҳо ба Вазорати хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон нақшаи ҷойгузинии зироати озуқавориро бо ризоияти шуъбаҳои ҳудудии Оҷонсӣ пешниҳод мекунанд;
хароҷоти вобаста ба пешниҳоди тухмии яхкунонидашудаи тойинҳои наслдори зотӣ, ки дар хоҷагиҳои ёрирасон ва деҳқонии шахсӣ ва аҳолӣ нигаҳдорӣ ва барои  бордоркунии сунъии модаговҳо истифода мешаванд, ҳамчунин азоти моеъ, ки аз ҷониби корхонаҳои кимёвӣ расонда дода мешаванд, аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарпур карда шавад. 
9. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати як ҳафта мувофиқи тартиби муқарраршуда лоиҳаи қарори  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ба роҳ мондани фаъолияти  Кумитаи давлатии ветеринария ва рушди чорвопарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро пешниҳод кунад.
10. Ба Кумитаи давлатии ветеринария ва рушди чорвопарварӣ, Вазорати адлия супурда шавад, ки якҷо бо дигар идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ ба Девони Вазирон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод кунанд.
11. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ.

Шаҳри ТОШКАНД, 28 марти соли 2019.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: