ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ КУЛЛАН ТАКМИЛ ДОДАНИ ПРОФИЛАКТИКА, ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ АЛЛЕРГӢ

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Дар мамлакат бобати ислоҳсозии низоми нигаҳдории тандурустӣ чораҳои маҷмӯӣ амалӣ мешаванд, як қатор ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ бинобар такмил додани кӯмакҳои махсус, зудамал ва таъҷилии тиббӣ, фаъолияти соҳаи ҳифз ва мустаҳкам кардани саломатии шаҳрвандон қабул шудаанд.
Бо вуҷуди натиҷаҳои мусбати бадастомада, дар соҳаҳои ташхис, табобат ва пешгирии касалиҳои аллергӣ мушкилот ва норасоиҳои ҷиддӣ боқӣ мемонанд, аз ҷумла:
якум, рушди ҷудогонаи асосҳои фундаменталӣ ва амалии аллергияшиносӣ аз амалияи тиббӣ  имкон намедиҳад ба ҷорӣ кардан ва дар амалия васеъ истифода бурдани усулҳои замонавии ташхису табобати бемориҳои аллергӣ дар сатҳи куллан нав, молекулярӣ эътибори зарурӣ дода шавад;
дуввум, норасоӣ бобати таъмин кардани муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти табобативу ташхисии аллергӣ боиси истифодаи васеи беасоси антибиотикҳо, воситаҳои антигистаминӣ ва гармоналӣ дар таҷрибаи тиббӣ мегарданд;
саввум, бобати пешгирии аввалия ва баъдии бемориҳои аллергӣ, таъмин кардани дастёбӣ ба кӯмакҳои махсуси аллергияшиносӣ дар маҳалҳо чораҳои зарурӣ андешида намешаванд, дар натиҷаи он беморон маҷбур мешаванд барои табобат ба марказҳои вилоят ё худ пойтахти ҷумҳурӣ муроҷиат кунанд;
чаҳорум, низоми тайёркунии кадрҳо ва баланд бардоштани ихтисоси онҳо дар соҳаи зикршуда ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, дар натиҷаи он бо мутахассисони соҳибихтисос, аллергияшиносон ва иммунологҳо таъмин гардидани муассисаҳои тиббӣ дар ҳолати ғайриқаноатбахш мебошад;
панҷум, механизми муассири ҷамъ овардан, таҳлил кардан ва мубодилаи маълумот, гузориши ҳисоботи асосноки оморӣ ба роҳ монда нашудааст, низоми ягонаи назорат ва ҳамоҳангсозии шуъбаҳои тахассусии муассисаҳои тиббӣ дар соҳаи кӯмакрасонии аллергияшиносон вуҷуд надорад;
шашум, пойгоҳи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла Маркази илмию тахассусии аллергияшиносии ҷумҳурӣ, дараҷаи муҷаҳҳазсозии онҳо бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ имкон намедиҳанд ташхиси самарабахш ва табобати бемориҳои аллергӣ ба роҳ монда шаванд. 
Ба мақсади такмил додани кӯмаки ихтисосноки аллергӣ, беҳтар намудани сифат ва дастрасии он, ҷорӣ кардани усулҳои пешқадами ташхис ва табобати бемориҳои аллергӣ, ҳамчунин мустаҳкам намудани пойгоҳи моддиву техникӣ ва иқтидори кадрии муассисаҳои соҳавии тиббӣ:
1. Инҳо вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти Маркази илмиву тахассусии аллергияшиносии ҷумҳуриявии Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян карда шаванд:
ташаккул додани низоми ягонаи марказонидашуда бобати пешгирӣ, ташхиси молекулярӣ ва табобати бемориҳои аллергӣ дар пояи тадқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар соҳаи аллергияшиносӣ ва давра ба давра дар ҳама ҷо ҷорӣ намудани барномаҳои скринингии саривақт ошкор кардани онҳо;
баргузор намудани тадқиқоти илмиву амалӣ дар соҳаи аллергияшиносӣ, коркарди усулҳои инноватсионии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои аллергӣ дар ҳамбастагӣ бо комёбиҳои умумиҷаҳонии тибби биологӣ, ки ҷорикунии дастовардҳои мусбати илмро дар амалияи ҳифзи саломатӣ таъмин мекунанд;
баланд бардоштани дараҷаи таъминоти муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ бо воситаҳои давоӣ, маснуоти таъминоти тиббӣ ва техникаи тиббӣ, ки барои ташхис ва табобати бемориҳои аллергӣ заруранд, аз ҷумла бо воситаҳои ташхис ва табобатӣ, реагентҳо ва маводи истифода;
такмил додани низоми тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо дар соҳаи аллергияшиносӣ ва иммунологияи клиникӣ, мустаҳкам кардани иқтидори кадрии муассисаҳои тиббӣ, ба роҳ мондани ҳамкории қарини тарафайн бо муассисаҳои номдори таълимии тиббии хориҷӣ дар соҳаи мазкур;
инкишоф додани робитаҳои ҳамкорӣ бо марказҳои хориҷии илмию тадқиқотӣ ба мақсади татбиқ сохтани лоиҳаҳои муштараки илмӣ, ҷалби грантҳо ва сармояҳо дар соҳаи аллергияшиносӣ, мубодилаи таҷриба, ҳамчунин баргузор намудани конфронс, симпозиум ва машваратҳо бахшида ба масъалаҳои рушди аллергияшиносӣ.
2. Чораҳои маҷмӯӣ бобати такмил додани пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои аллергӣ (минбаъд – Чораҳои маҷмӯӣ) мувофиқи замима тасдиқ карда шавад. 
Ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати ҷалби вомҳо (заёмҳо)-и имтиёзнок ва гранти давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналхалқии молиявӣ ва маблағҳои дигари ғайрибуҷавӣ барои татбиқ сохтани Чораҳои маҷмӯӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
3. Ба таклифи Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи эълон намудани иқдоми якдафъаинаи умумидавлатӣ бинобар аз 1 январ то 1 июли соли 2019-ум баргузор кардани тафтиши бачагони то 18 солаи гурӯҳи хавфнок барои саривақт ошкор кардани бемориҳои аллергӣ (минбаъд – иқдоми якдафъаина) ризоият дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки иқдоми якдафъаина дар поликлиникаҳои оилавӣ ва бунгоҳҳои деҳотии табобат, ҳамчунин бо сафар ба мактабҳо ва муассисаҳои таълими томактабӣ бидуни подош бо иштироки фаъоли намояндагони идораи ҷамоатҳои шаҳрвандӣ гузаронида мешавад.
4. Ба Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар ҳудуди маблағҳои ҳарсолаи пешбинишудаи буҷавӣ бинобар соҳаи «Нигаҳдории тандурустӣ» дар муҳлати як моҳ:
сохтори навшудаи ташкиливу штатӣ ва ҳуҷҷатҳои муассисии Маркази илмиву тахассусии аллергияшиносии ҷумҳуриявиро бо дарназардошти вазифа ва самтҳое, ки қарори мазкур муайян намудааст, тасдиқ кунад;
талаботи муассисаҳои давлатии тиббиро ба воситаҳои табобативу ташхисии аллергӣ муайян кунад ва бобати ташкил намудани хариди онҳо ба мақсади саривақт ва муттасил барои зарурияти муассисаҳои давлатии тиббӣ расонда додани онҳо чораҳо андешад.
5. Ба Оҷонсии оид ба рушди соҳаи дорусозии назди Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо Ширкати саҳҳомии «Дори-дармон» ва Маркази илмиву тахассусии аллергияшиносии ҷумҳурӣ то 1 сентябри соли 2018-ум қайди давлатии воситаҳои табобативу ташхисии аллергиро мувофиқи тартибе, ки қонунгузорӣ муқаррар кардааст, таъмин намояд.
6. Ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати иқтисодиёт, Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, Вазорати рушди инноватсионӣ, Фарҳангистони улум, Оҷонсии оид ба рушди соҳаи дорусозӣ дар зарфи ду моҳ бобати ба роҳ мондани истеҳсоли ватании воситаҳои давоии зиддиаллергӣ, доруҳои пешгирии рекомбинатии аллергӣ, воситаҳои табобатӣ ва ташхисии аллергӣ, пеш аз ҳама дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ таклиф пешниҳод кунад.
7. Ба Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати ду моҳ:
а) якҷо ба Вазорати рушди инноватсионӣ бобати созмон додани лабораторияи клиникиву иммунологӣ дар Маркази илмиву тахассусии аллергияшиносии ҷумҳуриявӣ, ки мувофиқи меъёрҳои байналхалқии таҷрибаи лаборатории (GLP) бо таҷҳизоти баландтехнологии замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст, таклиф пешниҳод кунад;
б) якҷо бо Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус дар пояи таҳлили танқидии барномаҳо ва аёниятҳои таълимии муассисаҳои таълими тиббӣ бобати:
ташкил кардани кафедраҳои аллергияшиносӣ ва иммунологии клиникӣ дар Академияи тиббии Тошканд ва Донишкадаи тиббии педиатрии Тошканд;
аз соли хониши 2018/2019 зиёд кардани квотаи қабул ба ординатураи клиникӣ;
аз соли хониши 2019/2020 боз намудани самти магистратура бинобар ихтисоси «Аллергияшиносӣ ва иммунологияи клиникӣ»;
такмил додани  барномаи таълимии такмили ихтисоси аллергияшиносон дар Донишкадаи такмили ихтисоси духтурони Тошканд;
такмил додани барномаи таълимии тайёркунии кадрҳо барои соҳаи дорусозӣ бо дарназардошти комёбиҳои замонавии соҳаи коркард ва истеҳсоли воситаҳои давоӣ ва  маснуоти таъиноти тиббӣ, ки барои ташхис ва табобати бемориҳои аллергӣ заруранд, чораҳо андешад;
в) якҷо бо Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ташкил додани низоми автоматиконидашудаи иттилоотии  ҳисобу китоб ва мониторинги реаксия ва бемориҳои аллергӣ бо қабул кардани чораҳои оиди давра ба давра ҷорӣ намудани онҳо супоришҳои техникиро кор карда барояд ва тасдиқ кунад;
г) тартиби кӯмакрасонии тиббӣ бинобар соҳаи аллергияшиносиро тасдиқ кунад, ки ҳаҷми хидматрасонии тиббиро дар дараҷаҳои ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ (шаҳрӣ), меъёри муҷаҳҳазсозии кабинет ва шуъбаҳои аллергияшиносиро бо муайян кардани вазифаҳои тахассусии мутахассисон пешбинӣ менамояд;
д) якҷо бо Вазорати рушди инноватсионӣ бобати муқаррар кардан ва мунтазам инкишоф додани муносибатҳои шарикӣ бо созмону муассисаҳои пешқадами хориҷӣ дар соҳаи аллергияшиносӣ ва иммунологӣ, аз ҷумла бо Академияи аллергияшиносон ва иммунологҳои клиникии Аврупо, ба мақсади татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки илмӣ, ҷалби омӯзгорон ва мутахассисони хориҷӣ ба ҷараёни илмиву таълимӣ, ба роҳ мондани такмили ихтисос ва бозомӯзонии кадрҳои илмиву педагогӣ дар хориҷа чораҳои ташкиливу амалӣ андешад.
Муайян карда шавад, ки ба роҳ мондани ҷараёни таълимӣ, ки дар боби мазкур зикр гардидааст, бо истифодаи пойгоҳи илмиву амалии ҳам муассисаҳои таълими олии тиббӣ ва ҳам марказҳои махсуси тиббӣ, шуъбаҳои аллергияшиносии муассисаҳои тиббии мамлакат ва клиникаҳои машҳури хориҷӣ татбиқ карда мешаванд.
8. Ба Вазорати рушди инноватсионӣ супурда шавад, ки дар зарфи ду моҳ бо дарназардошти таҷрибаи байналхалқӣ инҳоро кор карда барояд ва ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кунад:
якҷо бо Фарҳангистони улум, Вазорати нигаҳдории тандурустӣ, Кумитаи давлатӣ оид ба экология ва ҳифзи муҳити атроф, Вазорати оид ба вазъиятҳои фавқулодда таклифро бобати созмон додани низоми мониторинги аэробиологӣ, ки дараҷаи чангбарории рустаниҳои аллергӣ ва хабардоркунии беморонро бо аллергопатология дар минтақаи муайян пешбинӣ мекунад;
якҷо бо Кумитаи давлатӣ оид ба сармояҳо таклифро бобати ба роҳ мондани ташхиси бемориҳои аллергӣ бо истифода аз микрочипҳои биологии замонавӣ, ҳамчунин коркарди минбаъдаи «шиносномаи аллергӣ»-и сокинони Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
якҷо бо Вазорати нигаҳдории тандурустӣ таклифро бобати созмон додани Маркази байналхалқии аллергияшиносии молекулярӣ ва иммунологӣ, ки ба меъёрҳои байналхалқии таҷрибаи лабораторӣ ва илмии (GLP GSP) мувофиқат мекунанд, ба мақсади рушди сармояҳои илмиву ташхисӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ дар соҳаҳои аллергияшиносӣ ва иммунология бо ҷалби мутахассисони номдори байналхалқӣ. 
9. Ба Ширкати миллии радио ва телевизиони Ӯзбекистон, Оҷонсии оид ба матбуот ва иттилооти Ӯзбекистон, Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки корҳои иттилоотиву маърифатиро дар байни аҳолӣ бинобар масъалаҳои пешгирӣ, ташхис ва табобати саривақтии бемориҳои аллергӣ мунтазам татбиқ кунанд.
10. Ба Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ:
ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод кунад;
ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии онҳоро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.
11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. С. Қосимов, Р. Р. Иноятов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон К. В. Акмалов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон                  Ш. МИРЗИЁЕВ 
Шаҳри ТОШКАНД, 
11 майи соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: