Ба мақсади ба аҳолӣ қарин кардани ёрии тиббӣ, ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон ва фароҳам овардани имконият барои барқарор сохтани иқтидори фаъоли меҳнатии онҳо аз ҳисоби кӯмаки саривақтиву таъҷилии тиббӣ, таъмин сохтани кӯдакон, занони ҳомила, занони синни таваллуд ва модарони кӯдакдор дар пояи ройгон бо воситаҳои махсуси профилактикӣ, ҳамчунин минбаъд такмил додани низоми кӯмакрасонии нефрологиву гемодиализӣ мувофиқи Барномаи давлатӣ бобати татбиқ сохтани Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартарин
Ба мақсади ба аҳолӣ қарин кардани ёрии тиббӣ, ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон ва фароҳам овардани имконият барои барқарор сохтани иқтидори фаъоли меҳнатии онҳо аз ҳисоби кӯмаки саривақтиву таъҷилии тиббӣ, таъмин сохтани кӯдакон, занони ҳомила, занони синни таваллуд ва модарони кӯдакдор дар пояи ройгон бо воситаҳои махсуси профилактикӣ, ҳамчунин минбаъд такмил додани низоми кӯмакрасонии нефрологиву гемодиализӣ мувофиқи Барномаи давлатӣ бобати татбиқ сохтани Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва таҳкими саломатии аҳолӣ»:
1. Дар тӯли солҳои 2021-2022 зина ба зина 35 адад Марказҳои байниноҳиявии табобати ҷароҳат ва касалиҳои вазнини рагҳо (минбаъд – Марказҳо) дар ҳайати иттиҳодияҳои тиббии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) мувофиқи замимаи №1 ташкил карда шаванд.
2. Инҳо вазифаҳои асосии Марказҳо муайян карда шаванд:
ба роҳ мондани кӯмакҳои таъҷилӣ ва ёрии махсуси тиббӣ нисбати шахсони ҷароҳатдор ва бемороне, ки аз касалиҳои вазнини раг азият мекашанду ба ёрии тиббӣ дар асоси раванди «соати тиллоӣ» ниёз доранд;
расондани ёрии гемодиализӣ ба бемороне, ки аз норасоии мураккаб ва мунтазами гурдаҳо азият мекашанд;
расондани хидматҳои тиббӣ ба аҳолии ноҳияҳо (шаҳрҳо)-е, ки аз ҷониби Вазорати нигаҳдории тандурустӣ тасдиқ шуда, ба Марказҳо вобаста гардидаанд.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
ба Марказ аз панҷоҳ то шаст ҷойи хоб дар доираи ҷойҳои хоби умумии шуъбаи кӯмаки таъҷилии тиббӣ ва ҷарроҳии умумӣ бо назардошти миқдори аҳолии ҳудуди дахлдор ҷудо карда шудааст;
дар Марказҳо воҳидҳои иловагии штатии нейроҷарроҳон, невроҷарроҳон, кардиологҳо, анестизиолог-реаниматологҳо ва мутахассисони дигар дар доираи воҳиди штатии муассисаҳои ҳудудии нигаҳдории тандурустӣ ҷорӣ карда мешавад;
дар Марказҳо меъёри дар бораи бо маблағ таъминкунии фаъолияти муассисаҳои тиббии ноҳиявӣ (шаҳрӣ), ки дар ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ муқаррар карда шудаанд, татбиқ карда мешавад.
Бо маблағтаъминсозии Марказҳо аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, буҷаи ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва буҷаи маҳаллии вилоятҳо амалӣ карда мешавад.
4. Нақшаи чорабиниҳо бинобар таъсис додани Марказҳои байниноҳиявии ба инобатгирии ҷароҳатҳо ва бемориҳои вазнини рагҳо мувофиқи замимаи №2 тасдиқ карда шавад.
5. Ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ (У.Собиров) супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати молия (Ж.Абруев) вобаста ба таъсис додани Марказҳо ҷудо кардани воҳидҳои иловагии штатии тақозошаванда ва маблағҳои заруриро таъмин кунад.
Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва ҳокимияти вилоятҳо супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати нигаҳдории тандурустӣ бобати таъмин сохтани Марказҳо бо кадрҳои баландихтисос, ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои молиявӣ, моддиву техникӣ ва ташкилӣ, ки бо ба роҳ мондани фаъолияти онҳо вобастаанд, чораҳо андешанд.
6. Ба маълумот гирифта шавад, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 10 ноябри соли 2020 № ҚП-4887 «Дар бораи чораҳои иловагӣ бобати таъмин кардани аҳолӣ бо хӯроквории серғизо» инҳо ба сифати таъминоти ройгон пешбинӣ шудаанд:
хокаҳои микронутриентӣ – барои кӯдакони аз 6 то 23 моҳа ба мақсади ғанӣ сохтани хӯрокиҳое, ки барои онҳо дар шароити оилавӣ тайёр карда шудаанд;
витамини А – барои кӯдакони аз 6 моҳа то 5-сола;
воситаҳои махсуси профилактикии гелминтоз – барои кӯдакони аз 2 то 10-сола;
воситаҳои йод – барои занони ҳомила ва модарони кӯдакдор, ҳамчунин бачагони аз 3 то 15-сола;
воситаҳои оҳан ва туршии фолиевӣ – барои занони синни таваллуди то 35-сола.
Барномаи чораҳо оид ба таъмин кардани кӯдакон, занони ҳомила, занони синни таваллуд ва модарони кӯдакдор бо воситаҳои махсуси профилактикӣ дар асоси ройгон барои солҳои 2021-2023 мувофиқи замимаи №3 тасдиқ карда шавад.
7. Нақшаи чораҳо бинобар минбаъд такмил додани кӯмакҳои нефрологӣ ва гемодиализаӣ, ки ба аҳолӣ расонида мешаванд, мувофиқи замимаи №4, ки инҳоро дар назар дорад, тасдиқ карда шавад:
то ба 50 ҷойи хоб расондани фонди шуъбаҳои нефрология ва гемодиализ аз ҳисоби фонди умумии ҷойи хоби минтақаҳо;
хариди асбобҳои гемодиализ ва маводи хароҷотӣ;
аз соли таҳсили 2021/2022 ба роҳ мондани фаъолияти кафедраҳои нефрология ва гемодиализ дар муассисаҳои таълими олии тиббӣ;
бунёд ва таъмир кардани биноҳои маркази махсуси илмиву амалии тиббии нефрологӣ ва трансплантатсияи гурдаҳо.
8. Ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ супурда шавад, ки:
дар зарфи даҳ рӯз тартиби мушаххас намудани талаботи кӯдакон, занони ҳомила, занони синну соли таваллуд ва модарони кӯдакдор ба воситаҳои махсуси профилактикӣ, тақсим ва расонда додани онҳоро тасдиқ кунад;
дар муҳлати як моҳ якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор ба Девони Вазирон таклифро дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод намояд.
9. Ба мақсади ҳарчи зудтар татбиқ сохтани чораҳое, ки қарори мазкур муайян кардааст, ба зиммаи инҳо ҷавобгарии шахсӣ гузошта шавад:
ба вазири нигаҳдории тандурустӣ А. М. Ҳоҷибоев – барои самарабахш ба роҳ мондани иҷрои қарори мазкур;
ба муовини вазири нигаҳдории тандурустӣ А. Ш. Иноятов – барои дар сатҳи олӣ ба роҳ мондани кӯмаки гемодиализӣ;
ба муовини вазири нигаҳдории тандурустӣ У. Ю. Собиров – барои самарабахш ташкил кардани фаъолияти Марказҳо;
ба муовини вазири нигаҳдории тандурустӣ Э. И. Баситхонова – барои бо воситаҳои махсуси профилактикӣ таъмин кардани кӯдакон, занони ҳомила, занони синну соли таваллуд ва модарони кӯдакдор;
ба Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд – барои дар минтақаҳои дахлдор босифат татбиқ намудани чораҳое, ки дар қарори мазкур муайян шудаанд.
Назорати иҷрои саривақтӣ ва самарабахши қарори мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б. А. Мусаев ва муовини аввали мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Л. Н. Тӯйчиев гузошта шавад.
Дар бораи натиҷаҳои чораҳои андешидашуда дар муҳлати то 1 январи соли 2022 ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумот дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 26 июли соли 2021.