Ба мақсади беш аз пеш фаъолтар кардани ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва мадании байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб, фароҳам овардани иқлими мусоиди сармоявӣ ва инкишоф додани имкониятҳои сайёҳии кишварҳо:
1. Аз 20 марти соли 2019 ба муҳлати 30 рӯз барои шаҳрвандони Аморати Муттаҳидаи Араб, баъд аз вуруд ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, режими бидуни раводид муқаррар карда шавад.
2. Ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки барои шаҳрвандони Аморати Муттаҳидаи Араб, ки бо мақсади соҳибкорӣ ба Ӯзбекистон меоянд, дар тӯли 3 рӯзи корӣ дар муассисаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ғайр аз рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо, бо тағйир додани талаботи муроҷиати шахси даъватшавандаи ҳуқуқӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон раводидҳои бисёркаратаро ба муҳлати то як сол ба қайд гирад.
3. Боби 32-юми Рӯйхати кишварҳое, ки шаҳрвандонашон аз 1 феврали соли 2019 имконияти дастрас намудани раводиди электронии сафарӣ доранду бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 январи соли 2019-ум №ФП-5611 тасдиқ гардидааст;
боби 62-юми Рӯйхати кишварҳое, ки нисбат ба шаҳрвандони онҳо аз 1 июли соли 2018-ум тартиби сафари бидуни раводиди транзитӣ ҷорӣ гардид, будубоши муваққатӣ ва сафар аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 июли соли 2018-ум №ҚП-3836 тасдиқ гардидааст, бекор дониста шаванд.
4. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В. В. Маҳмудов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. А. Абдуҳакимов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ.
Шаҳри ТОШКАНД,
18 марти соли 2019.