ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАНИ МЕХАНИЗМҲОИ МУҚОБИЛИ ҲАЛЛУ ФАСЛИ ТАЛОШҲО

Дар мамлакат бобати ҷорӣ намудани механизмҳои замонавии такмил додани муомилаи мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ, таъмин сохтани ҳифзи муътамади ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин ҳаллу фасли мушкилоти онҳо корҳои мустақим амалӣ мешаванд.

Дар мамлакат бобати ҷорӣ намудани механизмҳои замонавии такмил додани муомилаи мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ, таъмин сохтани ҳифзи муътамади ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳамчунин ҳаллу фасли мушкилоти онҳо корҳои мустақим амалӣ мешаванд. 
Баробари ин даврони кунунии ислоҳот дар соҳаи мазкур аз зарурияти ташаккул додани низоми ягонаи баррасии то судии талошҳо дар мақомоти давлатӣ, пешгирии медиатсия, судҳои ҳакамӣ ва арбитражҳои байналхалқиро ба идораҳои самарабахши муқобили ҳаллу фасли талошҳо, ки сазовори эътимоди шаҳрвандон ва соҳибкорон гардидаанд, шаҳодат медиҳад.
Ба мақсади такмил додани низоми ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, вусъат додани имкониятҳои муқобили ҳаллу фасли талошҳо, ҳамчунин куллан баланд бардоштани нақши идораи медиатсия, судҳои ҳакамӣ ва арбитражҳои байналхалқӣ бинобар мусоидати ҳаҷми корҳои суд: 
1. Инҳо ба маълумот гирифта шаванд:
мувофиқи Кодекси протсессуалии иқтисодӣ ва Кодекси протсессуалии шаҳрвандии Ҷумҳурии Ӯзбекистон судя ҳангоми тайёр кардани парванда ба тафтишоти судӣ дар ҷонибҳо мавҷуд будани имконияти муоҳидаи оштӣ ё худ истифодаи усулҳои муқобили ҳаллу фасли талошро муайян мекунад ва оқибатҳои ҳуқуқии онҳоро маънидод менамояд;
фароҳам овардани усулҳои муқобили ҳаллу фасли талошҳо дар ҷомеаи ҳуқуқбунёд ба сифати воситаи самарабахши барқарор гардидани ҳуқуқҳои халалдоршудаи шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ мешавад. 
2. Ба пешниҳоди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки  аз 1 августи соли 2020-ум ба сифати таҷриба:
ташкил кардани Шӯрои санҷиши шикоят бинобар танзими тосудии талошҳои байни ашхоси ҷисмониву ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ (минбаъд-Шӯрои санҷиши шикоят)-и назди Кумитаи давлатии гумрук, Кумитаи давлатии оид ба захираҳои замин, геодезия, харитасозӣ ва кадастри давлатӣ, Бунёди ғайрибуҷавии нафақаи назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин ҳокимияти вилоятҳои Намангон, Бухоро ва Тошканд; 
муқаррар намудани тартиби аз ҷониби Шӯрои санҷиши шикоят баррасӣ намудани муроҷиатҳо дар бораи халалдор шудани ҳуқуқ ва озодиҳо, ҳамчунин манфиатҳои қонуни  ашхоси ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо қонун ҳимоя карда мешаванд, дар натиҷаи амалҳои (қарорҳо)-и ғайриқонунӣ ё худ беамалии мақомоти давлатӣ ё мансабдорон ризоият дода шавад. 
Муайян карда шавад, ки тартиби мазкур ҳуқуқи муроҷиати ашхоси ҷисмонӣ ва ҳуқуқиро бинобар чунин парвандаҳо бевосита ба мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ бекор намекунад. 
3. Инҳо вазифаҳои асосии Шӯрои санҷиши шикоят муайян карда шаванд:
қабул кардани чораҳо оид ба ҳаллу фасли талошҳое, ки дар байни ашхоси ҷисмониву ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ ба миён меоянд, аз тариқи баррасии тосудӣ ва қабул намудани хулосаҳо;
қабул кардани чораҳо оид ба мувофиқи тартиби муқарраршуда ба роҳ мондани маънидодкунии расмии меъёрҳои қонунгузорӣ дар ҳолати ба миён омадани гуногунфаҳмӣ ё худ нодурустфаҳмӣ, ё истифодаи нодурусти онҳо ҳангоми баррасии муроҷиатҳо;
ворид кардани таклифҳо дар бораи аз байн бардоштани нофаҳмиҳо дар қонунгузорӣ, ки ҳангоми баррасии муроҷиатҳо ошкор шудаанд.
4. Муқаррар карда шавад, ки:
ҳайати Шӯрои санҷиши шикоят бо қарори роҳбари мақомоти дахлдори давлатӣ барои дуюнимсол тасдиқ карда мешавад;
ҳайати Шӯрои санҷиши шикоят метавонад аз 7-11 нафар аъзо иборат бошад;
ба узвияти Шӯрои санҷиши шикоят роҳбарон ва ходимони шуъбаҳои сохтории дастгоҳи марказии мақомоти давлатӣ, ки таҷрибаи амалӣ доранд ва соҳибобрӯ мебошанд, ҳамчунин шаҳрвандони бонуфузе, ки таҷрибаи бузурги амалӣ ё худ дар соҳаи мазкур донишҳои илмӣ доранд, қабул карда мешаванд. Дар ин маврид миқдори аъзои Шӯрои санҷиши шикоят, ки роҳбар ё худ ходими шуъбаҳои сохтории дастгоҳи марказии мақомоти давлатӣ ба шумор намераванд, набояд аз панҷяки миқдори умумии аъзои Шӯрои санҷиши шикоят зиёд бошад;
Шӯрои санҷиши шикоят бинобар масъалаи баррасишаванда хулоса мебарорад, ки ҷиҳати тавсиявӣ дорад. Хулосае, ки аз ҷониби Шӯрои санҷиши шикоят бароварда шудааст, дар зарфи се рӯз ба роҳбари мақомоти давлатӣ барои муҳокима, ба ҷонибҳои манфиатдори дигар барои маълумот фиристода мешавад;
роҳбари мақомоти давлатӣ ё худ муовини ӯ, ки хулосаи Шӯрои санҷиши шикоятро қабул кардааст, метавонад онро дар шакли асосноки хаттӣ ба қайд гирад ё худ боз гардонад. Дар ин маврид роҳбари мақомоти давлатӣ ё худ муовини ӯ бояд дар муддати се рӯз дар шакли хаттӣ ё худ электронӣ Шӯрои санҷиши шикоят ва ҷонибҳоро дар бораи қабул шудани қарор огоҳ кунад.
5. Дастур дар бораи Шӯрои санҷиши шикоят бинобар танзими тосудии талошҳои байни ашхоси ҷисмониву ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
6. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Р. Давлетов, М. Икромов) супурда шавад, ки:
мониторинги фаъолияти мақомоти давлатиро ба роҳ монад, ки дар он бинобар самти дахлдор барои кори доимӣ Шӯрои санҷиши шикоят ташкил карда, ба мақсади таъмин сохтани кори самарабахши низом ба онҳо кӯмакҳои амалӣ ва услубӣ расонида мешавад;
то 1 июли соли 2021 дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи натиҷаҳои таҷриба, ки мувофиқи боби 2-юми қарори мазкур гузаронида мешаванд, ба Девони Вазирон дар бораи мувофиқи мақсад будани ҷорӣ кардани он минбаъд дар мақомоти дигари давлатӣ таклифи асоснок ворид намояд. 
7. Муқаррар карда шавад, ки ба инҳо ташкил кардан ва татбиқ намудани фаъолият ба сифати созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ иҷозат дода мешавад:
Маркази медиатсия, ки ба иттиҳоди медиаторҳои касбӣ такя мекунад ва бо усулҳои муқобили ҳаллу фасли талошҳо машғул мебошад;
Маркази ҳаллу фасли талошҳо бо усулҳои муқобил, ки ба иттиҳоди медиаторҳои касбӣ, судҳои ҳакамӣ ва арбитражҳои байналхалқӣ такя менамояд.
8. Инҳо вазифаҳои асосии Маркази медиатсия ва Маркази ҳаллу фасли талошҳо бо усулҳои муқобил (минбаъд – Марказҳо) муайян карда шаванд:
фароҳам овардани шароит барои ҷорӣ намудани тартиботи ҳаллу фасли талошҳо бо усулҳои муқобил дар медиатсия, фаъолияти судҳои ҳакамӣ ва арбитражҳои байналхалқӣ;
ба роҳ мондани истеҳсолот дар пояи раванди дахл накардан ба фаъолияте, ки бо баррасии парвандаҳо дар медиатсия, судҳои ҳакамӣ ва арбитражҳои байналхалқӣ алоқаманд мебошанд;
ташкил кардани курсҳои таълимӣ барои тайёр кардан ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисон дар соҳаҳои медиатсия, судҳои ҳакамӣ ва арбитражи байналхалқӣ. Дар ин маврид медиаторҳо дар курсҳои таълимие мехонанд, ки аз 72 соат зиёд намебошад, ба онҳо сертификати шунаванда, ки курси мазкурро бо муваффақият хатм кардаанд супурда мешавад;
кӯмакрасонӣ ба рушд ва васеъ паҳн гардидани медиатсия ва усулҳои дигари муқобили ҳаллу фасли талошҳо бо дар соҳаи мазкур ба роҳ мондани машварат, тренинг ва конфронсҳо.
9. Муқаррар карда шавад, ки Марказҳо:
а) ба мақсади ташкил кардани таълими шунавандагон ҳақ доранд:
омӯзгорони соҳибихтисоси муассисаҳои таълими олӣ, медиаторҳои ватанӣ ва хориҷӣ, судҳои ҳакамӣ ва ҳакамҳо, ҳамчунин мутахассисони соҳибихтисоси вазорату идораҳоро дар асоси шартнома ҷалб намоянд;
бо марказҳои пешқадами медиатсия ва арбитражи хориҷӣ ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷрибаро дар соҳаи усулҳои муқобили ҳаллу фасли талошҳо ба роҳ монанд, ҳамчунин барои ҳаллу фасли талошҳо медиатор ва ҳакамҳои хориҷиро ҷалб намоянд;
б) онҳо аз пешниҳоди ҳисобот ба мақомоти адлия дар бораи фаъолияти медиатсия, судҳои ҳакамӣ ва арбитражҳои байналхалқӣ озод карда мешаванд;
в) марказҳо бояд на камтар аз панҷ ходим, аз ҷумла роҳбари дорои маълумоти олӣ дошта бошанд.
10. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Р. Давлетов, М. Икромов) супурда шавад, ки:
а) дар байни медиаторҳои касбӣ, дар судҳои ҳакамӣ ва арбитражҳои байналхалқӣ бинобар ҷиҳатҳои мусбии таъсис дода шудани Марказҳо корҳои тарғиботиро баргузор кунанд ва дар самти мазкур мунтазам мониторинг гузаронанд, дар ҳар чоряк ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар корҳое, ки амалӣ мешаванд, маълумот пешниҳод намояд;
б) дар муддати ду моҳ бо назардошти таҷрибаи пешқадами хориҷа:
барномаи намунавии курсҳои таълимиро бобати тайёр кардани  медиаторҳо кор карда барояд;
якҷо бо Прокуратураи генералӣ ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мувофиқи мақсад будани ҷорӣ намудани идораи медиатсия ба ҷараёни ҷиноӣ таклиф ворид кунад. 
11. Таклифи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ва Маркази такмили ихтисоси ҳуқуқшиносон дар бораи ташкил кардани Маркази медиатсияи Тошканд таҳти васояти онҳо маъқул дониста шавад.
12. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Р. Давлетов, М. Икромов) супурда шавад, ки якҷо бо Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд ва Маркази такмили ихтисоси ҳуқуқшиносон бинобар ба роҳ мондани фаъолияти Маркази медиатсияи Тошканд, дар муҳлати то 1 январи соли 2021 – бобати таъмин сохтани Маркази медиатсияи Тошканд бо бинои тайёр ва таҷҳизот, бо назардошти таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон оид ба рушди идораи медиатсия чораҳо андешад. 
13. Ба Оҷонсии хидматҳои давлатии  назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо ҳокимияти шаҳри Тошканд:
аз 1 июли соли 2020, ҳамчун таҷриба, дар бинои марказҳои хадамоти давлатии шаҳри Тошканд барои аз хидмати медиатор истифода бурдани шаҳрвандон хонаи алоҳида ҷудо кунад;
дар асоси натиҷаҳои мусбати таҷриба дар муҳлати то 1 апрели соли 2021 ба Девони Вазирон бобати паҳн кардани таҷрибаи мазкур дар биноҳои тамоми марказҳои хадамоти давлатӣ таклиф пешниҳод намояд.
14. Ба Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Таснифи мансабҳои асосии ходимон ва касбҳо дохил кардани коркунони медиатроҳои касбиро ба сифати касб таъмин намояд. 
15. Ба Шӯрои олии судӣ, Суди Олӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зарфи ду моҳ бобати бо биноҳо таъмин кардани тамоми судҳои маълумотдиҳӣ дар бораи медиаторҳои касбӣ ва судяҳои судҳои ҳакамӣ, ки ба реестери медиаторҳои касбӣ ва судҳои ҳакамӣ дохил карда шудаанд, чораҳои зарурӣ андешанд. 
16. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон (Р. Давлетов, М. Икромов) супурда шавад, ки мунтазам:
якҷо бо Суди олӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Бунёди «Эл-юрт умиди» бобати тайёр кардани мутахассисон дар хориҷа ва мулоқот бо ҳамватанони назди Оҷонсии рушди хидматҳои давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон омӯзиши ходимонеро, ки барои тайёр кардан, бозомӯзонидан ва такмили ихтисоси медиаторҳои касбӣ, судҳои ҳакамиро, мувофиқи таҷрибаи пешқадами танзими тосудии талошҳо дар давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монад;
якҷо бо Оҷонсии иттилоот ва  коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон бобати дар расонаҳои ахбори оммавӣ намоиш додан ва ба маълумоти аҳолӣ, субъектҳои соҳибкорӣ расонда додани наворҳои иҷтимоӣ, гуфтор ва барномаҳо дар бораи афзалиятҳои идораи медиатсия, судҳои ҳакамӣ ва арбитражҳои байналхалқӣ бинобар ҳаллу фасли талошҳо чораҳо андешад.
17. Ба Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати се моҳ ба Девони Вазирон бобати аз ибтидои соли хониши 2021/2022 дар муассисаҳои дахлдори маълумоти олӣ ҷорӣ кардани мутахассисҳои магистратура оид ба самтҳои муқобили ҳаллу фасли талошҳо барои соҳаҳои медиатсия, судҳои ҳакамӣ ва арбитражҳои байналхалқӣ дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ таклиф пешниҳод кунад. 
18. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори  мазкур бармеоянд, таклиф ворид намояд.
19. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва муовини мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон У. Ш. Тошхӯҷаев гузошта шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
17 июни соли 2020.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: