Дар тӯли солҳои охир дар ҷумҳурӣ бинобар ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ислоҳсозии низоми суду ҳуқуқ корҳои васеъмиқёс амалӣ шуданд.
Бинобар пешгирии бармаҳали қонуншиканиҳо ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, аз он ҷумла оид ба чунин самтҳои устувор мисли муқовимат ба савдои одам ва решакан намудани меҳнати маҷбурӣ маҷмӯи чорабиниҳо татбиқ мегарданд.
Бинобар муайян намудан, ҳифз ва офияти иҷтимоии қурбониёни савдои одам, расондани ёрии тиббӣ, психологӣ ва ғайраҳо ба шаҳрвандоне, ки қурбони ҷинояти ба ин монанд шуданд, гузарондани тафтишот ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба садои одам алоқаманд, инчунин барҳам додани шароите, ки ба содир намудани ҷиноят шароит фароҳам меоранд, чораҳои таъсирбахш андешида мешаванд.
Меҳнати бачагона барҳам дода шуд, бинобар хотима додан ба истифодаи меҳнати маҷбурии калонсолон ҳангоми корҳои кишоварзӣ, ободонӣ ва кабудизоргардонии ҳудудҳо чораҳои бемисл татбиқ мегарданд.
Оид ба таъмин кардани ҳамкорӣ бо намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматии хориҷӣ дар соҳаи мазкур бо мақсади ҳифзи кафолатноки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва баланд бардоштани имиҷи давлат дар арсаи байналхалқӣ корҳо амалӣ гардонда мешаванд.
Баробари ин, чи хеле ки таҳлил нишон медиҳад, дар айни ҳол як қатор омилҳои ногуворе, ки ба муқовимати самарбахши савдои одам ва истифодаи меҳнати маҷбурӣ монеъ мегарданд, нигоҳ дошта мешаванд. Аз ҷумла:
якум, ба дараҷаи бояду шояд ташаббус нишон надодани мақомоти ваколатдор, мавҷуд набудани ҳамкории зарурии байниидоравии мақомоти ваколатдор таҳти роҳбарии ягона;
дувум, номувофиқатии чорабиниҳое, ки оид ба то ҷомеаи васеъ ва байналхалқӣ расондани ахбори холис ва боэътимод дар бораи корҳои дар ин самт амалишаванда татбиқ мешаванд;
сеюм, ба андозаҳои байналхалқӣ мувофиқат накардани пойгоҳи қонунгузорӣ, ки ба таъқиби самарабахш ва ҷазо додани шахсони ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ алоқаманд монеъ мегарданд.
Бо мақсади фароҳам овардани низоми таъсирбахши мутобиқсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ, пеш бурдани имиҷи мусбати мамлакат дар арсаи байналхалқӣ, инчунин мувофиқи вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 муайян шудаанд:
1. Комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ оид ба савдои одам ба Комиссияи миллӣ оид ба муқовимат ба садои одам ва меҳнати маҷбурӣ (минбаъд – Комиссияи миллӣ) табдил дода, таркиби он мувофиқи замима тасдиқ карда шавад.
Муқаррар карда шавад, ки Комиссияи миллӣ аз инҳо таркиб меёбад:
а) Зеркомиссия оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одам, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки муовини раиси Комиссияи миллӣ ба ҳисоб меравад, раҳбарӣ мекунад;
б) Зеркомиссия оид ба масъалаҳои муқовимат ба меҳнати маҷбурӣ, ки вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки муовини раиси Комиссияи миллӣ ба ҳисоб меравад, роҳбарӣ менамояд.
Инҳо вазифаҳои асосии Комиссияи миллӣ муайян карда шаванд:
мутобиқсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳудудӣ, мақомоти худидораи шаҳрвандон ва созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ дар соҳаи муқовимат ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ бо мақсади таъмин кардани самарабахшии фаъолияти онҳо, ҳамкории наздик ва ботартибии корҳо;
ташкили коркард ва татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дигар дар соҳаи муқовимат ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ бо мақсади такмил додани қонунгузории миллӣ ва таҷрибаи истифодаи ҳуқуқ, инчунин назорати иҷрои онҳо;
таҳлил, арзёбӣ, мониторинг ва баланд бардоштани самарабахшии чораҳои оид ба муқовимат ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ андешидашаванда, омӯзиши таҷрибаи ошкор намудан, тафтиш кардан, пешгирӣ ва решакан кардани ҷиноят дар соҳаи мазкур;
ташкили ҳамкории самарабахши байналхалқӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ, инчунин ҷамъ овардан, таҳлил кардани маълумот ва тайёр кардани маърӯзаҳо дар соҳаи мазкур.
3. Комиссияи миллӣ дар муҳлати як моҳ:
низом дар бораи Зеркомиссия оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одам;
низом дар бораи Зеркомиссия оид ба масъалаҳои муқовимат ба меҳнати маҷбурӣ;
нақшаи чораҳои таъхирнопазир («Харитаи роҳ») бинобар баланд бардоштани самарабахшии фаъолияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ дар солҳои 2019-2020-ро таҳия ва тасдиқ намояд.
4. Ба зиммаи Раиси Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо, шаҳри Тошканд, ноҳияҳо (шаҳрҳо) роҳбарии комиссияҳои ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ гузошта шавад.
5. Вазифаи асосии комиссияҳои ҳудудӣ таъмин кардани иҷрои бечунучаро, саривақтӣ ва хушсифати қонунгузории миллӣ, қарорҳои палатаҳои Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фармонҳо, қарорҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қарорҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва тақдимномаҳои Комиссияи миллӣ дар соҳаи муқовимат ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ муайян карда шаванд.
6. Институти Маърӯзачии миллӣ оид ба муқовимат ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ (минбаъд – Маърӯзачии миллӣ) таъсис дода шавад, вазифаҳои он ба зиммаи раиси Комиссияи миллӣ гузошта шавад.
7. Инҳо вазифаҳои асосии Маърӯзачии миллӣ муайян карда шаванд:
ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим намудани маълумот дар бораи вазъияти дар мамлакат ва дар ҷаҳон дар соҳаи муқовимат ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ ба миён омада, чораҳое, ки оид ба таъқиб кардан ва ҷазо додан ба шахсони ба ин намуди ҷиноят шарик ва дастгирӣ намудани қурбониёни савдои одам андешида мешаванд;
мунтазам ташкил намудани брифингҳо барои воситаҳои ахбори оммавӣ бо ҷалб намудани ҳайатҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон номнавис шудаанд, бо мақсади то ба ҷомеаи васеъ ва байналхалқӣ расондани ахбори боэътимод дар бораи чораҳои дар соҳаи мазкури ҷумҳурӣ андешидашаванда;
таъмин кардани ҳамкории самарабахш ва ҳамҷиҳатӣ дар соҳаи муқовимат ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ бо ҷомеаи байналхалқӣ, созмонҳо ва ҳимоякунандагони ҳуқуқи ба мавзӯи мазкур ихтисосонидашуда, таъҷилӣ чора дидан ба хуруҷҳо нисбати давлатамон, инчунин ҳимоя кардани манфиатҳои миллии ҷумҳурӣ дар соҳаи мазкури арсаи байналхалқӣ.
8. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнати Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба таври муносиб лоиҳаҳои зерини қонунҳоро таҳия намоянд ва ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тақдим кунанд:
а) Дар бораи ворид намудани тағйироту илваҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одам», ки инҳоро ба назар мегирад:
– муайян намудани механизми идентификатсияи қурбониёни савдои одам мувофиқи андозаҳои байналхалқӣ;
– ҷорӣ кардани механизми миллии аз нав равона намудани қурбониёни савдои одам;
б) «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки меъёрҳои ҷавобгариро барои роҳ додан ба меҳнати бачагона ва маҷбурӣ пешбинӣ менамояд.
9. Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавии назди Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати як моҳ:
якҷоя бо Вазорати оид ба рушди технологияҳои ахбор ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон коркард ва фаъолияти веб-сомонаи расмии Комиссияи миллиро таъмин намояд;
якҷоя бо Комиссияи миллӣ бинобар ташкил кардани корҳои васеи иттилоотиву тарғиботӣ дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва интернет-захираҳо, аз он ҷумла хориҷӣ чораҳо амалӣ намояд, дар он баромади роҳбарон ва намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаро ба назар гирад, инчунин иштироки онҳоро дар брифингҳо, интернет-конфронсҳо, барномаҳои телевизион бинобар масъалаҳои муқовимат ба савдои одам ва меҳнати маҷбурӣ таъмин намояд.
10. Ба муносибати аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ратификатсия карда шудани Конвенсияи Созмони байналхалқии меҳнат № 144 Дар бораи машваратҳои сеҷониба барои кӯмак ба истифодаи меъёрҳои байналхалқии меҳнатӣ (Женева, 21 июни соли 1976) ва таъсис ёфтани Комиссияи ҷумҳуриявии сеҷониба оид ба масъалаҳои иҷтимоиву меҳнатӣ Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати даҳ рӯз дар бораи қатъ ёфтани фаъолияти Комиссияи ҷумҳуриявии байниидоравӣ оид ба татбиқи конвенсияи Созмони байналхалқии меҳнати аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон ратификатсияшуда қарори ҳукуматӣ қабул намояд.
11. Ба Сенати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барҳам додани Комиссияи парлумонӣ оид ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқи кафолатдодашудаи меҳнатии шаҳрвандон тавсия дода шавад.
12. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклифот тақдим намояд.
13. Вазорату идораҳо дар муҳлати ду моҳ ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии қабулнамудаашонро ба Фармони мазкур мувофиқ гардонанд.
14. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи роҳбари Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З. Ш. Низомиддинов ва котиби Шӯрои бехатарии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В. В. Маҳмудов гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД,
30 июли соли 2019.