ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ МИНБАЪД ТАКМИЛ ДОДАНИ НИЗОМИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ ҚОНУНИИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ

Дар мамлакат бобати таъмин кардани бемамониат татбиқ шудани фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоявии ҷумҳурӣ ислоҳоти васеъмиқёс амалӣ мешаванд.

Бо ин мақсад санҷишҳои ҷавобӣ ва ҳама гуна санҷишҳои ғайринақшавӣ бекор гардида, баъзе хелҳои рухсатномавии фаъолият ва тартиботи рухсатдиҳӣ дар соҳаи соҳибкорӣ ихтисор ва содда карда шуданд.
Чораҳои зикршуда ба рушди муҳити корӣ дар мамлакат ва нуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ таъсири мусбат мерасонанд.
Баробари ин дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ як қатор мушкилоти доимӣ боқӣ мемонанд, ки ҳаллу фасли онҳо имкон медиҳад монеаҳои мавҷудаи роҳи рушди тиҷорат аз байн бардошта шаванд, ба мамлакат сармояҳои хориҷӣ ҷалб гарданд ва ҳифзи кафолатноки ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии соҳибкорон таъмин шавад. Аз ҷумла:
якум, Консепсияи қабулшудаи такмил додани сиёсати андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба истиқрори шарикии муътамади байни мақомоти назораткунанда ва субъектҳои боинсофи  соҳибкорӣ нигаронида шудааст, куллан таҷдиди назар кардани низоми дарамали санҷишҳо, навъҳои дигари назорати давлатӣ, ҳамчунин тартиби ситондани пардохтҳои ҳатмии андоз ва ғайраро тақозо менамояд;
дуввум, қарздорӣ аз тариқи сунъӣ бино бар пардохтҳои ҳатмии андоз ва ғайра, иловапулӣ ва санксияҳои молиявӣ ҷамъ мешаванд, ки дар натиҷаи дар қонунгузорӣ мавҷуд будани механизмҳои махсуси ҳуқуқӣ ба миён омаданд ва ба талаботи замон ҷавоб дода наметавонанд;
саввум, вазифаҳои ғайрисамарабахш ва назорати изофавии мақомоти давлатӣ амал мекунанд, ки ба вайронкунии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ сабаб мегарданд;
чаҳорум, танзими маҷмӯии ҷиҳатҳои ташкиливу тартиботии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва низоми ягонаи мақсадноки мониторинги қонунмандии онҳо мавҷуд нест, ки бояд шаффофияти фаъолияти мақомоти назораткунандаро таъмин кунад ва ба асоснокии санҷишҳои баргузоршуда баҳои воқеӣ диҳад;
панҷум, низоми назорати мустақили ҷамъиятӣ нисбат ба фаъолияти мақомоти назораткунанда ҷорӣ нагардидааст, ки рӯшодӣ, ошкорбаёнӣ ва ҳаққонияти санҷишҳои гузарондашавандаро таъмин кунад;
шашум, норасоиҳои механизми дарамали аз шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ ситондани зарарҳое, ки ба мусодираи қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо вайрон кардани иншооти ғайриманқул вобастаанд, боиси вайроншавии ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо мегарданд, эътимоди субъектҳои соҳибкориро ба давлат коҳиш медиҳанд, ҳамчунин ҷолибияти сармоявии мамлакатро паст мекунанд.
Бо мақсади аз байн бардоштани монеаҳои бюрократӣ дар роҳи рушди тиҷорат, минбаъд мустаҳкам кардани механизмҳои ҳуқуқии ҳифзи субъектҳои соҳибкорӣ, дар мамлакат беҳтар намудани иқлими сармоявӣ ва муҳити корӣ:
1. Таклифи Ваколатдори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ, Вазорати молия, Кумитаи давлатии андоз ва Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи бекор кардани қарздорӣ бино бар андоз ва иловапулиҳои қайдшуда, ки ба ин қарздорӣ зам шудаанд, ҳамчунин қарздорӣ бино бар санксияҳои молиявӣ ва хароҷоти судӣ (ғайр аз санҷишҳои судӣ), ки аз замони эътибор пайдо кардани Фармони мазкур ба миён омадаанд:
барои шахсони ҷисмонии то 1 апрели соли 2018 мақоми соҳибкории алоҳидаро гум кардаанд ва соҳибкорони индивидуалӣ (аз ҷумла соҳибкороне, ки фаъолияти худро муваққатан боздоштаанд), ки фаъолияти молиявиву хоҷагидориро аз 1 апрели соли 2018 татбиқ намекунанд;
барои шахсони ҷисмоние, ки миқдори солонаи андози қайдшуда барои татбиқ кардани фаъолияти соҳибкорӣ бидуни қайди давлатӣ қайд шудааст, маъқул дониста шавад.
Муқаррар карда шавад, ки бекор кардани қарздорӣ, ки дар сархати якуми боби мазкур зикр гардидааст, дар мавриди барқарор намудани фаъолияти соҳибкорӣ ё худ қайди давлатӣ дар тартиби қонунгузорӣ муқарраркардаи шахсоне, ки мувофиқан дар сарсатри дуввум ва саввуми боби мазкур қайд шудаанд, дар муҳлати то 1 январи соли 2019-ум татбиқ карда мешавад.
Ба Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд супурда шавад, ки якҷо бо раёсатҳои ҳудудии Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар барқарор кардани фаъолияти соҳибкорӣ ва молиявиву хоҷагидорӣ, ҳамчунин қайди давлатӣ мувофиқи тартиби қонунгузорӣ муқарраркардаи шахсоне, ки дар боби мазкур нишон дода шудаанд, аз тариқи ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳар моҳ пешниҳод кардани ҳисобот дар бораи натиҷаи корҳои иҷрошуда ҳамаҷониба кӯмак расонанд.
2.  Тартиби дар як замон ситондани андози қайдшуда аз шахсони ҷисмоние, ки бидуни қайди давлатӣ, ки бо дарназардошти миқдори муқарраршуда вобаста ба хели дахлдори фаъолият дар ҳаҷми солона ситонда шудааст, ба сифати соҳибкори алоҳида фаъолият мебаранд, бекор карда шавад.
3. Ба Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
а) якҷо бо Бюрои иҷрои иҷборӣ ва Департаменти оид ба мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Вазорати иқтисодиёт ва Суди олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати се моҳ инвентаризатсияи ба ситондани қарздорӣ бино бар андозҳо ва пардохтҳои ҳатмии дигар, вобаста, иловапулиҳо, ки барои қарздорӣ ночор ҳисоб шудаанд, ҳамчунин қарздорӣ бино бар санксияҳои молиявӣ ва хароҷоти судӣ (ғайр аз қарзҳои судӣ), ки барои субъектҳои соҳибкорӣ – шахсони ҳуқуқӣ ҳисоб мешаванд, бо минбаъд қабул кардани чораҳо бобати бекор кардани ин қарздорӣ мувофиқи тартиботи муқарраршуда баргузор кунад;
б) якҷо бо Суди олӣ, Прокуратураи генералӣ, Бонки марказӣ, Вазорати молия ва Кумитаи давлатӣ оид ба кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи:
тартиби боздоштани фаъолияти соҳибкорони шахсӣ, ки бино бар андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ қарздоранд ва дар тӯли ду моҳ фаъолияти соҳибкорӣ намебаранд;
содда кардани тартиби аз байн бардоштани ташкилоте, ки фаъолияти молиявиву хоҷагидорӣ намебаранд, ҳамчунин такмил додани механизми бекор кардани қарздории ночори ташкилотҳои беамал ва ташкилоте, ки муддати дароз муассис надоранд, таклиф пешниҳод кунад.
4. Аз 1 сентябри соли 2018:
санҷишҳои нақшавие, ки ба фаъолияти молиявиву хоҷагидории субъектҳои соҳибкорӣ вобаста нестанд;
санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорие, ки ба тартиби назорат гузаронида мешаванд, бекор карда шаванд.
5. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 сентябри соли 2018:
санҷишҳои таҳияшудаи фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар асоси натиҷаҳои низоми «риск-таҳлил», ки санҷишҳои таҳияшударо бо дарназардошти дараҷаи зиёни қонунвайронкунии субъектҳои дахлдори соҳибкорӣ амалӣ мешаванд, татбиқ карда мешавад;
Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақомоти ваколатдор оид ба ҳамоҳангсозии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба шумор меравад;
тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ки аз ҷониби мақомоти назораткунанда амалӣ мешаванд, бояд ҳатман дар Низоми ягонаи қайди электронии санҷишҳо қайд карда шаванд;
натиҷаи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти назораткунанда ба Низоми ягонаи қайди электронии санҷишҳо дар тӯли се рӯзи баъд аз анҷоми онҳо дохил карда мешаванд.
6. Аз 1 сентябри соли 2018:
Номгӯйи хелҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ки бо ризоияти мақомоти ваколатдор гузаронида мешаванд, мувофиқи замимаи №1;
Рӯйхати санҷишҳое, ки ба тартиби огоҳкунии мақомоти ваколатдор аз тариқи қайди онҳо дар Низоми ягонаи қайди электронӣ гузаронида мешаванд, мувофиқи замимаи №2;
Рӯйхати вазифаҳои махсуси назоратӣ, ки аз мақомоти назораткунанда ба ташкилоти дигар дода мешаванд, мувофиқи замимаи №3 тасдиқ ва ба амал ҷорӣ карда шаванд.
7. Ба мақомоти назораткунанда супурда шавад, ки дар муҳлати то 1 сентябри соли 2018 бо ризоияти Прокуратураи генералӣ ва Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тартиби дар фаъолияти худ ҷорӣ кардани низоми «риск-таҳлил» дастури дахлдорро кор карда бароянд ва тасдиқ кунанд.
Ба Оҷонсии миллии раёсати лоиҳавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки ба мақомоти назораткунанда  бобати дар фаъолияти худ ҷорӣ кардани низоми «риск-таҳлил» кӯмак расонад.
8. Ба Вазорати оид ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо супурда шавад, ки якҷо бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 сентябри соли 2018-ум таснифи пилотии Низоми ягонаи қайди электронии санҷишҳоро кор карда барояд ва аз 1 январи соли 2019 таснифи пурраи онро ба амал татбиқ кунад, ки:
а) ба мақомоти ваколатдор имкон медиҳанд:
асоснокии қарорҳои қабулнамудаи мақомоти назораткунандаро барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ омӯзад ва бо коди нодир барои баргузор кардани онҳо рухсат диҳад;
барои аз ҷониби мақомоти назораткунанда риоя шудани тартиби баргузор кардани санҷишҳо мувофиқи қонунгузорӣ назорат ҷорӣ кунад;
б) ба мақомоти назораткунанда супурда шавад, ки натиҷаи санҷишҳои баргузоршударо пешниҳод кунад;
в) ба субъектҳои соҳибкорӣ имкон дода шавад, ки бино бар пурсишҳои онҳо дар бораи санҷишҳои баргузоршаванда дар шакли маълумоти кӯтоҳ (SMS), ҳамчунин аз тариқи шабакаҳои Интернет дар режими вақти муайян маълумот гиранд.
9. Ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
якҷо бо Ваколатдори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар муҳлати то 1 сентябри соли 2018 мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи назорати давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»-ро бо дарназардошти дастурҳои Фармони мазкур пешниҳод кунад;
дар муҳлати як моҳ Дастуруламали муваққатиро дар бораи тартиби ризоият ва гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти назораткунанда, ки то эътибор пайдо кардани Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи назорати давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ва Дастуруламал дар бораи тартиби ҷорӣ намудани Низоми ягонаи қайди электронии санҷишҳо амал мекунанд, тасдиқ кунад.
10. Ба маълумот гирифта шавад, ки мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 19 июни соли 2017-ум №ФП-5087 «Дар бораи чораҳои куллан такмил додани низоми ҳифзи давлатии манфиатҳои қонунии тиҷорат ва рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ» Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон мониторинг баргузор ва ҳангоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ – аъзои Палата иштирок мекунанд.
11. Тавсия дода шавад, ки Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ барои гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ назорати ҷамъиятӣ мебаранд, дар бораи натиҷаҳои  он дар ҳар се моҳ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумот пешниҳод менамоянд.
12. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ Дастуруламалро дар бораи тартиби баргузор кардани аттестатсияи шахсони мансабдори мақомоти назораткунанда бино бар пешниҳод кардани ҳуқуқ барои гузарондани санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тасдиқ кунад.
13. Таклифи Ваколатдори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ, Палатаи савдову саноат ва Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аз 1 сентябри соли 2018-ум додани ҳуқуқ ба соҳибкорони шахсӣ барои хариди автомобилҳои нави сабукрав, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол шудаанд, аз тариқи кортҳои корпоративии бонкӣ маъқул дониста шавад.
14. Ба таклифи Кумитаи давлатӣ оид ба захираҳои замин, геодезия, картография ва кадастри давлатӣ (минбаъд – Госкомземгеодезкадастр) ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аз 1 октябри соли 2018 бекор кардани сабти гувоҳнома дар бораи қайди ҳуқуқ барои моликияти ғайриманқул (қитъаҳои замин, биноҳо ва иншоот, дарахтони бисёрсола) бо ҷорӣ кардани тартиби дохил кардани сабти дахлдор ба реестри давлатии ҳуқуқ барои моликияти ғайриманқул ва шартнома бо онҳо дар шакли электронӣ ризоият дода шавад.
15. Аз 1 октябри соли 2018 тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он:
маълумот дар бораи ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқҳои дигар барои моликияти ғайриманқул, аз ҷумла ба миён омадан, гузаштан, маҳдуд шудан ва бекор гардидани ин ҳуқуқҳо, ҳамчунин шартнома бо онҳо аз мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо, идораҳои давлатии нотариалӣ, шуъбаҳои ҳудудии Вазорати сохтмони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин мақомоти дигари ваколатдор дар муҳлати як рӯз аз рӯзи содир шудани амалҳои дахлдор бо истифодаи низомҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ба ихтиёри мақомоти ҳудудии Госкомземгеодезкадастр дода мешавад;
мақомоти ҳудудии Госкомземгеодезкадастр қайди давлатии ҳуқуқҳои дахлдорро барои моликияти ғайриманқул дар асоси маълумоте, ки дар сарсатри дуввуми боби мазкур пешбинӣ шудааст, татбиқ мекунанд;
ҳангоми муроҷиати шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, талаботи мақомоти давлатӣ ва ташкилоти дигар мақомоти ҳудудии Госкомземгеодезкадастр аз реестри давлатӣ барои ҳуқуқ  ба моликияти ғайриманқул ва шартномаҳо бо онҳо дар шакли электронӣ ва (ё худ) хаттӣ, ки қайди давлатии ҳуқуқи дахлдорро тасдиқ мекунад, маълумот медиҳанд.
Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар зарфи ду моҳ тартиби қайди давлатии ҳуқуқ барои моликияти ғайриманқул ва шартнома бо онҳоро бо дарназардошти талаботи боби мазкур таҷдиди назар кунад.
16. Таклифи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар бораи ҷорӣ кардани механизми нави ситондани зарари шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба мусодира кардани қитъаҳои замини онҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки:
дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис додани Бунёди марказонидашударо бобати ситондани зарари шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ вобаста ба мусодира намудани қитъаҳои замини онҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ (минбаъд – Бунёд);
муайян кардани манбаъҳои мушаххаси ташаккул додани маблағҳои Бунёд, бо дарназардошти иштироки ҳатмии саҳми қисми даромади буҷаҳои маҳаллӣ;
ҷорӣ кардани тартиби ризоияти ҳатмӣ бо Бунёди мусодираи қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятиро пешбинӣ менамояд, маъқул дониста шавад.
Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки  дар муҳлати ду моҳ дар бораи ташкил кардани фаъолияти Бунёд бо дарназардошти манбаъҳои мушаххаси ташаккул додани маблағҳои он қарори ҳукуматро қабул кунад.
17. Аз 1 сентябри соли 2018 баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №4 беэътибор дониста шаванд.
18. Ба Кумитаи давлатии андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар зарфи ду моҳ дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод намояд.
Ба вазоратҳо ва  идораҳо супурда шавад, ки ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии қабулкардаашонро ба Фармони мазкур мувофиқ кунанд.
19. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон О.Б.Муродов, муовини аввали Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.М.Мавлонов ва Ваколатдори назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои соҳибкорӣ Д.С.Қосимов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
27 июли соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: