ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ МИНБАЪД ВУСЪАТ ДОДАНИ ДАСТГИРИИ МОЛИЯВИИ ФАЪОЛИЯТИ СОДИРОТӢ

Бо мақсади таъмин сохтани эътидоли макроиқтисодӣ дар даврони кунунӣ рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ аз тариқи зиёд кардани ҳаҷми содирот, рағбатноксозии иловагии молиявӣ ва ташкилии расондадиҳандагони маҳсулоти тайёр, ҳамчунин иҷрои вазифаҳое, ки дар Барномаи давлатӣ доир ба татбиқ намудани Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ», муайян шудаанд:

Бо мақсади таъмин сохтани эътидоли макроиқтисодӣ дар даврони кунунӣ рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ аз тариқи зиёд кардани ҳаҷми содирот, рағбатноксозии иловагии молиявӣ ва ташкилии расондадиҳандагони маҳсулоти тайёр, ҳамчунин иҷрои вазифаҳое, ки дар Барномаи давлатӣ доир ба татбиқ намудани Стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ», муайян шудаанд: 
1. Тартибе муқаррар карда шавад, ки мувофиқи он ба содиргарон, аз ҷумла ба навъҳои асосии фаъолияте, ки миёнравии тиҷоратӣ ба шумор меравад, Бунёди давлатӣ ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати то 1 январи соли 2022-юм:
а) ҷубронпулӣ бинобар вомҳое, ки барои бо маблағтаъминкунии пешазсодиротӣ ҷудо карда мешавад, аз ҷумла маблағҳои муомилавӣ, новобаста аз миқдори фоиз ва ҳаҷми вомҳое, ки бонкҳои тиҷоратӣ дар ҳаҷми:
то 50 фоизи хароҷоти фоизӣ бинобар вомҳо дар асъори миллӣ, вале на бештар аз 10 зинаи фоизӣ;
то 50 фоизи хароҷоти фоизӣ бинобар вомҳо дар асъори хориҷӣ, вале на бештар аз 5 зинаи фоизӣ муқаррар кардаанд;
б) пешниҳоди кафолат бинобар воми бонкҳои тиҷоратӣ, ки барои бомаблағтаъминкунии пешазсодиротӣ, аз ҷумла маблағҳои муомилавӣ, дар ҳаҷми то 50 фоиз аз миқдори вом, вале на бештар аз 8 миллиард сӯм ҷудо мекунад;
в) ҷубронпулӣ ва (ё худ) кафолат бинобар вомҳои барилова ҷудокардашуда барои бомаблағтаъминкунии пешазсодиротӣ, аз ҷумла маблағҳои муомилавӣ дар ҳаҷм ва шартҳое, ки боби мазкур новобаста аз мавҷуд будани қарз бинобар вомҳои пешина, бо шарти мавҷудияти  ҳуҷҷати мусбати вомӣ пешниҳод мекунад;
г) бинобар кафолати пешниҳодшуда дар ҳаҷми ду баробар кам пули комиссионӣ меситонад.
Ба Бунёди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ супурда шавад, ки аз оғози 1 январи соли 2022-юм дастгирии содиргаронро мувофиқи тартибе, ки қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24 майи соли 2019 №ҚП-4337 «Дар бораи чораҳои вусъат додани механизмҳои бомаблағтаъминкунӣ ва ҳифзи суғуртавии фаъолияти содиротӣ» муқаррар кардааст, татбиқ намояд.
2. Ба зиммаи Оҷонсии пешбурди содироти назди Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ (минбаъд-Оҷонсӣ) вазифаҳои иловагии зерин гузошта шаванд:
ҷудо кардани захираҳои молиявӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ барои вомҳо бинобар амалиётҳои тиҷоратӣ, бо содирот вобаста мебошанд ва бомаблағтаъминкунии пешазсодиротӣ;
ба роҳ мондани кор бинобар ҷалби маблағи идораҳои байналхалқии молиявӣ, созмонҳои ҳукуматии молиявии хориҷӣ, бонкҳои хориҷӣ ва ширкатҳои молиявӣ барои бо маблағ таъминкунии  пешазсодиротӣ.
3. Созмон додани Бунёди дастгирии содирот (минбаъд – Бунёд)-и назди Оҷонсӣ бидуни таъсис додани шахси ҳуқуқӣ ба мақсади татбиқ намудани вазифаҳое, ки барилова ба зиммаи Оҷонсӣ гузошта шудаанду пойгоҳи захиравии он аз ҳисоби:
маблағҳои Бунёди таҷдид ва тараққиёт дар ҳаҷми 100 миллион доллари ИМА бидуни подош;
заёми идораҳои байналхалқии молиявӣ, созмонҳои ҳукуматии молиявии хориҷӣ, бонкҳои хориҷӣ ва ширкатҳои хусусии молиявӣ;
даромадҳое, ки аз тақсимкунии маблағҳои Бунёд барои депозити бонкҳои тиҷоратӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда ҷудо карда мешаванд;
манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ташаккул меёбад.
4. Ба Бунёди таҷдид ва тараққиёт супурда шавад, ки дар муддати як моҳ барои Бунёд ҷудо кардани 50 фоизи маблағҳоро аз 100 миллион доллари ИМА, ки дар боби 3-юми Фармони мазкур пешбинӣ шудааст, барои ташаккул додани сармояи ибтидоии он таъмин намояд. 
5. Муқаррар карда шавад, ки:
чораҳои дастгирӣ, ки Фармони мазкур пешбинӣ намудааст, ба молҳои ашёи хом, ки ба рӯйхати бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 29 ноябри соли 2018 №ФП-5587 тасдиқ гардидааст, истифода бурда намешаванд;
Оҷонсӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ барои вомҳо ба амалиётҳои тиҷоратие, ки бо содирот вобастаанд ва бо маблағтаъминкунии пешазсодиротӣ дар ҳаҷми на бештар аз баробари 1 миллион доллари ИМА маблағро ба муҳлати то як сол пешниҳод мекунад;
ҷудо кардани чунин захираҳои молиявӣ барои содиргароне, ки қарзи аз ҳисоби захираҳои молиявии барои онҳо пешниҳоднамудаи Оҷонсиро пурра барнагардондаанд, манъ карда мешавад;
Бунёди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар мавридҳои бо маблағ таъмин кардани бонкҳои тиҷоратӣ барои амалиётҳои тиҷоратии вобаста ба содирот ва бо маблағ таъминкунӣ аз ҳисоби захираҳои молиявие, ки Оҷонсӣ ҷудо мекунад, 
ҷубронпулӣ пешниҳод наменамояд.
6. Ба Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисодӣ ва кам кардани нодорӣ супурда шавад, ки ба Девони Вазирон дар бораи кор бинобар дастгирии молиявии содиротӣ, ки Оҷонсӣ ва Бунёди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ татбиқ намудаанд, дар ҳар се моҳ маълумот пешниҳод кунанд. 
7. Иттиҳодияи бонкҳои Ӯзбекистон якҷо бо Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ бо ҷалби коршиносони хориҷӣ дар муҳлати се моҳ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ коркард ва ба амалиёт ҷорӣ намудани номгӯйи воситаҳои диверсификатсионии бомаблағтаъминкунии амалиётҳои савдои хориҷии коршиносонро таъмин кунад.
8. Ба комиссияи ҳукуматӣ бинобар масъалаҳои рушди содирот ва сармояҳо (С.У.Умурзоқов) супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ тартиби аз ҷониби Оҷонсӣ пешниҳоди захираҳои молиявӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ барои вомҳо баҳри амалиётҳои тиҷоратии  вобаста ба содирот ва бомаблағтаъминкунии пешазсодиротиро тасдиқ намояд. 
9. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тағйирот ворид карда шаванд.
10. Ба Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати рушди иқтисодӣ ва кам кардани нодорӣ, Вазорати молия, ҳамчунин вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод кунад. 
11. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон С. У. Умурзоқов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЕЁВ.

Шаҳри ТОШКАНД, 
21 октябри соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: