ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ МИНБАЪД ВУСЪАТ ДОДАНИ ИҚТИДОРИ СОДИРОТИИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ

Ба мақсади татбиқ намудани вазифаҳое, ки дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 28 январи соли 2022-юм №ФП-60 «Дар бораи Стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» муайян шудаанд ва мулоқоти кушоди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо соҳибкорон соли 2022, ҳамчунин беш аз пеш такмил додани низоми дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ:

1. Муқаррар карда шавад, ки аз 1 ноябри соли 2022:
дар мавриди миқдори асъоре, ки дар доираи як қарордоди содиротӣ ворид нашудааст ва аз 5 фоизи арзиши тамоми маҳсулоти барои содирот боршуда зиёд нест, он ба сифати қарзи ба таъхир гузошташудаи дебиторӣ баррасӣ намешавад ва нисбати субъекти соҳибкорӣ ҷарима қабул карда намешавад;
имтиёзҳо дар шакли кам кардани пойгоҳи андозситонӣ бинобар андоз барои даромад ва андоз аз муомилот нисбати ташкилотҳои содиротӣ новобаста аз саҳми ҳаҷми содирот аз даромади умумие, ки аз фурӯши молҳо (корҳо, хидматҳо) қабул мегардад;
ба содироти тухми харбуза (код бинобар ТН ВЭД 1207 70 000 0), беданҷирҳо (гарчакдона) (код бинобар ТН ВЭД 1207 30 000 0), хардолҳо (кодаш бинобар ТН ВЭД 1207 50 100 0, 1207 50 900 0), маъсар (кодаш бинобар ТН ВЭД 1207 60 000 0) рухсат дода мешавад.
2. Пешниҳоди Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ оид ба татбиқ намудани Барномаи «Ӯзбекистони Нав – кишвари маҳсулоти рақобатбардор» (минбаъд – Барнома), ки ба интихоби корхонаҳо – содиргарон аз тариқи озмуни кушод ба содиргарони пешқадам табдил додан ва ҳамаҷониба дастгирӣ кардани онҳо  нигаронида шудаанд, маъқул дониста шавад. 
Дар ин маврид дар доираи Барнома интихоби корхонаҳо – содиргарон дар пояи маҳакҳои зерин амалӣ карда мешавад:
корхонаҳо – содиргарон бояд ба сифати шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шаванд ва фаъолияти худро дар тӯли на камтар аз ду соли охир татбиқ намоянд;
миқдори маҳсулоти тайёре, ки дар тӯли 12 моҳи охир содир мешаванд, бояд аз 1 миллион доллари ИМА зиёд бошад;
саҳми даромадҳо аз содирот дар ҳаҷми умумии пардохт бояд аз 30 фоиз зиёд бошад;
миқдори хелҳои маҳсулоти тайёре, ки ба содирот нигаронида шудаанд, бояд аз 2 навъ бештар бошад;
ҷуғрофиёи содирот дар тӯли 12 моҳи охир, бидуни дарназардошти давлатҳои ҳамсоя, бояд 2 мамлакатро дарбар гирад;
дар ҳаҷми содироте, ки тӯли 12 моҳи охир амалӣ шудааст, саҳми қарздории ба таъхир гузошташудаи дебиторӣ бояд камтар аз 5 фоизро ташкил диҳад. 
Ба Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ супурда шавад, ки ташаккули автоматикиро дар режими онлайн дар асоси номгӯйи рейтингии корхонаҳо дар Портали ягонаи дастгирии содиргарон (www.export-portali.uz) мувофиқи маҳакҳои дар боло нишондодашуда ва дар ҳар 6 моҳ мунтазам нав кардани онҳоро таъмин намояд. 
3. Муайян карда шавад, ки:
а) Барнома зина ба зина аз тариқи дастгирии иловагӣ ва рағбатноксозии 200 корхона – содиргарон (дар давраи аввал дар асоси рейтинги 50, аз 1 январи соли 2023-юм 100, аз 1 июли соли 2023-юм 200) татбиқ карда мешавад;
б) ба корхона – содиргароне, ки ба Барнома дохил карда шудаанд: 
дар пояи муроҷиати корхонаҳо қисмати зиёдшудаи андоз, ки дар натиҷаи истифодаи андоз барои арзиши иловагӣ бинобар миқдори сифрӣ, ҳангоми татбиқ намудани амалиёти содиротӣ ва амалиёти ба онҳо баробар ба миён омадаанд, бо тартиби зудамал дар тӯли 7 рӯз куллан баргардонида мешавад;
ҳангоми вомгарӣ барои сарпур сохтани муомилоти маблағҳо ба бонкҳои тиҷоратӣ тавсия дода мешавад, ки шартномаҳои содиротиро бо таъминоти қарзӣ қабул кунанд;
аз ҳисоби маблағҳои Бунёди дастгирии содирот бо дарназардошти ҳаҷми содирот, ки дар тӯли 12 моҳи охир барои бо маблағ таъмин намудани амалиёти савдои пешазсодиротӣ ва содиротӣ дар ҳаҷмҳои зерин кумаки молиявӣ пешниҳод мешаванд:
то 1 миллион доллар – дар мавриди аз 1 миллион доллар то 5 миллион доллар будани ҳаҷми содирот;
то 2  миллион доллар – дар мавриди аз 5 миллион доллар то 10 миллион доллар будани ҳаҷми содирот;
то 3 миллион доллар – дар мавриди аз 10 миллион доллар то 15 миллион доллар будани ҳаҷми содирот;
то 4 миллин доллар – дар мавриди аз 15 миллион доллар то 20 миллион доллар будани ҳаҷми содирот;
то 5 миллион доллар – дар мавриди содироти беш аз 20 миллион долларӣ;
барои ҷорӣ намудани як меъёри байналхалқӣ ва ба даст овардани сертификат дар ҳаҷми на бештар аз 30 ҳазор доллар кумаки молиявӣ пешниҳод карда мешавад;
машваратгарони хориҷӣ оид ба равандҳои тиҷоратӣ, зиёд кардани ҳаҷми содирот ва баргузор намудани тадқиқоти маркетингӣ ҷалб карда мешаванд.
4. Комиссияи ҳукуматӣ оид ба масъалаҳои савдои хориҷӣ, сармояҳо, рушди саноати маҳаллӣ ва танзими техникӣ якҷо бо Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар муҳлати то 1 ноябри соли 2022 ба мақсади пешбурди ба бозорҳои хориҷӣ ворид шудани 100 адад корхонаи имконпазири маҳаллӣ аз ҳар кадом минтақаи ҷумҳурӣ барномаи чорабиниҳо дар пояи раванди «аз соҳибкор – то содиргар» андешида ва тасдиқ карда, ҳамчунин назорати иҷрои он ба роҳ монда шавад. 
5. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тағйирот ворид карда шаванд. 
6. Ба Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷӣ супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ:
пешниҳод дар бораи ворид кардани тағйирот ва иловаҳои дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи танзими асъор» кор карда баромада шавад;
ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф ворид карда шавад.
Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи муовини Сарвазир Ҷ. А. Хӯҷаев гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ 
Шаҳри ТОШКАНД, 30 сентябри соли 2022.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: