ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ МИНБАЪД ЗИЁД КАРДАНИ МИҚДОРИ ПАРДОХТИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ СОҲАҲОИ ИЛМ ВА ТАЪЛИМИ ОЛӢ, ҲАМЧУНИН ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ҶОРӢ НАМУДАНИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӣ ВА ИЛМИВУ ТЕХНИКӢ

Ба мақсади минбаъд пурзӯр кардани ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаҳои илм ва таълими олӣ, баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи касби онҳо, фароҳам овардани шароитҳои мусоиди пардохти меҳнат ва рағбатноксозии моддӣ барои ба фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ ҷалб намудани кадрҳои соҳибихтисос, ҳамчунин таъмин кардани иштироки олимон ва омӯзгорон ба татбиқсозии тағйироти васеъмиқёси сохтори соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ:

1. Ба маълумот гирифта шавад, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 апрели соли 2018 №ҚП-3655 «Дар бораи чораҳои такмил додани низоми пардохти меҳнати кормандони муассисаҳои таълими олӣ ва илмиву тадқиқотии ҷумҳурӣ» аз 1 сентябри соли 2018-ум ба тартиби дифференсиалӣ миқдори пойгоҳии маошҳои вазифавии роҳбарон ва кормандони илмии муассисаҳои илмиву тадқиқотие, ки дар татбиқсозии барномаҳои асосии илмиву техникӣ, тадқиқоти амалӣ ва корҳои инноватсионӣ иштирок мекунанд, аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин ходимони роҳбарӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълими олӣ ба ҳисоби миёна 25 фоиз зиёд карда мешаванд.
2. Ба таклифи Фарҳангистони улум, Вазорати рушди инноватсионӣ, Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсус, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, Вазорати молия ва Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон: 
дар бораи аз 1 августи соли 2018-ум 2 баробар зиёд кардани миқдори музди меҳнати кормандони дастгоҳи идоравии Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
дар бораи аз 1 сентябри соли 2018-ум вобаста ба вазифаи ишғолкарда ва соҳаи фаъолияти илмӣ ба миқдори дифференсиалӣ аз 30 то 100 фоиз зиёд кардани миқдори музди меҳнати ходимони муҳандисиву техникии муассисаҳои илмиву тадқиқотӣ, ки ба зиммаи онҳо вазифаҳои таъминоти тарроҳиву технологии фаъолияти илмӣ, хидматрасонии таҷҳизоти илмиву лабораторӣ гузошта шудаанд, ризоият дода шавад.
3. Миқдори музди меҳнати роҳбарон ва ходимони илмии муассисаҳои илмиву тадқиқотие, ки дар татбиқсозии барномаҳои асосии илмиву техникӣ, тадқиқоти амалӣ ва корҳои инноватсионӣ иштирок мекунанд, аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, кормандони илмиву техникии муассисаҳои илмиву тадқиқотие, ки ба зиммаи онҳо вазифаҳои вобаста ба таъминоти тарроҳиву технологии фаъолияти илмӣ, хидматрасонии таҷҳизоти илмиву лабораторӣ, гузошта шудаанд, ҳамчунин ходимони роҳбарӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълими олӣ дар ду давраи зерин:
аз 1 январи соли 2019-20 фоиз;
аз 1 июли соли 2019-25 фоиз зиёд карда шавад.
4. Ба Фарҳангистони улум, Вазорати рушди инноватсияҳо, Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муҳлати то 25 июли соли 2018 миқдори музди меҳнати кормандони дастгоҳи идоравии Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ходимони муҳандисиву техникии муассисаҳои илмиву тадқиқотиро бо дар назардошти талаботи қарори мазкур дида бароянд.
5. Ба Девони Вазирон супурда шавад, ки мувофиқи талаботи қарори мазкур дар муҳлати то 1 ноябри соли 2018 маоши пойгоҳии вазифавии роҳбарон ва ходимони илмии муассисаҳои илмиву тадқиқотиеро, ки дар татбиқсозии барномаҳои асосии илмиву техникӣ, тадқиқоти амалӣ ва корҳои инноватсионӣ иштирок мекунанд, аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунин ходимони роҳбарӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълими олӣ тасдиқ кунад.
6. Ба Вазорати рушди инноватсионӣ супурда шавад, ки якҷо бо Фарҳангистони улум, Вазорати молия, Бунёди тарроҳӣ ва рушд дар муҳлати ду моҳ лоиҳаи таклифро ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи таъсис додани Бунёди президентии тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ (минбаъд - Бунёд) бо кушодани ҳисобсурати он дар Бонки саҳҳомиву тиҷоратӣ ва ипотекии «Ипотека банк» дар ҳаҷми 100 миллион доллари ИМА пешниҳод кунад.
7. Инҳо вазифаҳои асосии Бунёд муайян карда шаванд:
тезонидан ва васеъ ҷорӣ намудани  натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ — мақсади рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ;
мувофиқсозии фаъолияти илмӣ ва илмиву техникӣ барои муваффақ шудан ба натиҷаҳои амалӣ аз тариқи бо маблағ таъмин сохтани лоиҳа – стартапҳои баландтехнологии соҳибкорӣ;
ба коркарди ҳарчи зудтари маснуот ва технологияҳо равона кардани тадқиқот бо дараҷаи баланди тиҷоратикунонӣ аз тариқи иштирок ба сифати муассис дар лоиҳа-стартапҳое, ки амалӣ мешаванд.
8. Ба Вазорати рушди инноватсионӣ супурда шавад, ки якҷо бо Фарҳангистони улум, Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар зарфи як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон лоиҳаи қарори ҳукуматро, ки аз ҷумла маҳакҳои дақиқи баҳодиҳӣ ва интихоб кардани натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмиву технологиро барои аз ҳисоби маблағҳои Бунёд таъмин кардани онҳоро  пешбинӣ менамояд, пешниҳод кунад.
9. Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки якҷо бо:
Фарҳангистони улум, Вазорати рушди инноватсионӣ, Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва идораҳои дигари манфиатдор саривақт бо маблағ таъмин кардани хароҷотеро, ки ба татбиқсозии чорабиниҳои муайянкардаи қарори мазкур алоқаманданд, таъмин кунад;
ба Вазорати адлия ва идораҳои манфиатдори дигар супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таклифро дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, пешниҳод намояд.
10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Р. С. Қосимов ва муовини Сарвазир – вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷ. А. Қӯчқоров гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
20 июли соли 2018.   
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: