ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ОИД БА РУШДИ ЭНЕРГЕТИКАИ АТОМ ДАР ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Сиёсати фаъоли сармоявии дар мамлакат татбиқшудаистода, ки ба вусъат додани иқтидорҳои мавҷуда ва созмон додани имкониятҳои нави истеҳсолӣ, ҳамчунин ба кори васеъмиқёси беҳтар кардани дараҷа ва сифати ҳаёти аҳолӣ нигаронида шудаанд, таъмин кардани манбаъҳои муътамади захираҳои энергетикиро, ки талабот ба онҳо сол аз сол меафзояд, тақозо менамоянд.

Баробари ин талаботи иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ ҳоли ҳозир ба захираҳои энергетикӣ аз ҳисоби истифодаи манбаъҳои нави энергия, аксаран маҳсулоти карбогидрид, ки захираҳояш маҳдуд мебошанд, сарпӯш карда мешаванд. Ҳол он ки бо вуҷуди дар мамлакат мавҷуд будани захираҳои зиёди маҳсулоти уран иқтидори энергетикаи атомӣ амалан истифода намешавад.
Бо мақсади қонеъ сохтани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодиёти мамлакат ба энергияи электр, ҳамчунин таъмин кардани таъминоти устувори энергетикӣ аз ҳисоби зиёд кардани иқтидорҳои генераторӣ, диверсификатсияи соҳаи энергетикӣ, истифодаи сулҳхоҳонаи энергияи атомӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадами инноватсионӣ ба самти мазкур:
1. Оҷонсии оид ба рушди энергетикаи атом дар назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Оҷонсии «Ӯзатом») таъсис дода шавад.
Муқаррар карда шавад, ки Оҷонсии «Ӯзатом»:
мақомоти идораи давлатӣ ба шумор рафта, ба коркард ва татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ ва самтҳои стратегии соҳаи пешбурд ва истифодаи энергетикаи атом масъул мебошад;
он ба таркиби Маҷмӯи Девони Вазирон оид ба масъалаҳои геология, маҷмӯи гармиву энергетикӣ, саноати кимиё, нафту кимиё ва филизот дохил мешавад;
он аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, бо маблағ таъмин карда мешавад.
2. Инҳо вазифа ва самтҳои асосии фаъолияти  Оҷонсии «Ӯзатом» бобати истифодаи сулҳхоҳонаи энергияи атом муайян карда шаванд:
тайёр кардани таклифҳо бинобар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ барои истифодаи сулҳхоҳонаи энергияи атом, аз ҷумла коркарди ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ;
коркард ва татбиқсозии барномаҳои давлатии рушди энергетикаи атом дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷалби сармояҳо, аз ҷумла сармояҳои хориҷӣ барои татбиқ намудани лоиҳаҳо дар соҳаи энергетикаи атом;
имзои муоҳида ва шартномаҳо бинобар лоиҳасозӣ, сохтмон ва истифодаи иншооти энергияи атом бо ҷорӣ намудани технология ва таҷҳизоти замонавӣ, ки ба талаботи байналхалқии бехатарии саноатӣ ва экологӣ ҷавобгӯ мебошанд;
тайёр ва татбиқ кардани чораҳои маҷмӯӣ бинобар рушди илм доир ба атом ва технологияҳои ядроӣ, лоиҳаҳои тадқиқоти ҷиддӣ, корҳои илмиву ҷустуҷӯйӣ, таҷрибавиву тарроҳӣ ва инноватсионӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам;
таъмин сохтани пешбурд ва амнияти кори реакторҳои тадқиқотӣ ва энергетикии атомӣ, дастгоҳҳои ядроиву физикӣ, нуқтаҳои нигоҳдории маводи ядроӣ ва манбаъҳои радиатсионӣ, безарар кардани партовҳои радиоактивӣ;
такмил додани низоми амнияти радиатсионӣ ва ядроии иншооти ҷумҳурӣ аз тариқи бо вазорату идораҳои дигар кор карда баромадани нақшаи чорабиниҳо бобати пешгирии садамаҳои ядроӣ ва вазъиятҳои садамаи радиатсионӣ;
пешгирӣ кардани паҳншавии мавод ва технологияҳои ядроӣ, маводи радиоактивӣ, татбиқ сохтани чорабиниҳо бобати ҳифзи ҷисмонӣ ва таъмин кардани амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ;
ба роҳ мондани низоми тайёркунӣ, бозомӯзонӣ ва баланд бардоштани ихтисоси кадрҳо, аз ҷумла дар донишкадаҳои пешқадами хориҷӣ;
ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва ҳамҷиҳатии байналхалқӣ бо Оҷонсии байналхалқии оид ба энергияи атом, Ҳамҷамъияти аврупоӣ бинобар энергияи атом ва созмонҳои дигари байналхалқӣ;
якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор инкишоф додани ҳамкорӣ бо идораҳои байналхалқии молиявӣ, кишварҳои васоятгар, ширкатҳо ва бонкҳо ба мақсади ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва технологияҳои пешқадам ба соҳаи энергетикаи атом.
3. Дар назди  Оҷонсии «Ӯзатом» Шӯрои илмиву техникӣ ва коршиносӣ бо ба ҳайати он ҷалб намудани намояндагони Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати оид ба вазъиятҳои фавқулодда, Кумитаи давлатӣ оид ба экология ва ҳифзи муҳити атроф, Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ИД «Саноатгеоконтехназорат», Вазорати нигаҳдории тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вазорату идораҳои дигари манфиатдор, ҳамчунин коршиносони байналхалқӣ дар соҳаи энергетикаи атом таъсис дода шавад.
Муайян карда шавад, ки қарорҳои доир ба масъалаҳои стратегии рушди энергетикаи атом қабулшуда дар асоси муоҳидаи Шӯрои илмиву техникӣ ва коршиносии Оҷонсии «Ӯзатом» татбиқ карда мешаванд.
4. Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки:
дар муҳлати як ҳафта лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ба роҳ мондани фаъолияти Оҷонсии оид ба рушди энергетикаи атоми назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистонро кор карда барояд ва мувофиқи тартиби муқарраршуда пешниҳод кунад;
дар муҳлати то 1 октябри соли 2018-ум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи истифодаи энергияи атом ба мақсадҳои сулҳхоҳона»-ро кор карда барояд ва мувофиқи тартиби муқарраршуда ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод кунад.
5. Ба  Оҷонсии «Ӯзатом», Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи давлатӣ оид ба сармояҳо супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор тайёр кардан ва барои тасдиқ пешниҳод намудани инҳоро таъмин кунанд:
то 20 декабри соли 2018-лоиҳаи Консепсияи рушди энергетикаи атом дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои давраи солҳои 2019-2029 (минбаъд – Консепсия);
то 1 июни соли 2019 – маҷмӯи лоиҳаҳои сармоявӣ бинобар рушди энергетикаи атом дар Ҷумҳурии Ӯзбекистонро мувофиқи коркарди Консепсия;
то 1 ноябри соли 2019 – лоиҳаи Барномаи давлатии рушди энергетикаи атом дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои давраи солҳои 2019-2029 (минбаъд – Барнома), ҳамчунин маҷмӯи чорабиниҳо бобати таъмин кардани татбиқсозии саривақтии Консепсия ва Барнома.
Ҳангоми коркарди лоиҳаҳои Консепсия ва Барнома ба ҳаллу фасли масъалаҳои зерин эътибори махсус дода шавад:
таҷдиди маҷмӯӣ ва вазифаҳои стратегӣ бобати татбиқ сохтани самтҳои бартариноки рушди энергетикаи атом дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
сохтмони иншооти энергетикаи атом ва инфрасохтори дахлдор бо истифодаи технологияҳои пешқадами замонавӣ, ки дараҷаи баланди амнияти саноатӣ ва экологиро таъмин мекунанд;
ба роҳ мондани назорати амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, аз ҷумла безарар кардани партовҳо ва нигаҳдории сӯзишвории истифодашудаи ядроӣ;
тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои таълими олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар хориҷа, ҳамчунин таҷрибаомӯзии онҳо дар ширкатҳои машҳури хориҷии соҳаи энергетикаи атом.
6. Ба Вазорати маълумоти олӣ ва таълими миёнаи махсус супурда шавад, ки якҷо бо  Оҷонсии «Ӯзатом», Вазорати иқтисодиёт ва Вазорати молия дар муҳлати то 1 декабри соли 2018 ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба инҳо таклиф пешниҳод кунад:
бинобар квотаҳои қабул ба Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ба номи Мирзо Улуғбек ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи энергетикаи атом;
бинобар таҳсил ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар муассисаҳои таълимии хориҷӣ доир ба тахассусҳои мушаххаси энергетикаи атом.
7. Ба Кумитаи давлатии  оид ба сармояҳо супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати молия, Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, идораҳои манфиатдори дигар кори бо идораҳои молиявии хориҷӣ (байналхалқӣ) ва дигар васоятгарони хориҷӣ мунтазам ҷалб кардани вомҳо ва грантҳоро барои рушди энергетикаи атом таъмин кунад.
8. Ба Вазорати адлия супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдори дигар дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод намояд.
9. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва котиби Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон В. В. Маҳмудов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Ш. МИРЗИЁЕВ 

Шаҳри ТОШКАНД,
19 июли соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: