ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ОИД БА ТАШКИЛ КАРДАНИ МИНТАҚАҲОИ КӮЧАКИ САНОАТӢ ДАР ВИЛОЯТИ БУХОРО

Ба мақсади истифодаи самарабахши майдонҳои истеҳсолӣ ва иншооти моликияти давлатӣ, ҳамчунин ҷамъиятҳои хоҷагӣ бо саҳми давлатӣ, ташаккул додани шароитҳои мусоид барои ҷалби фаъоли сармояҳо, дастгирии минбаъдаи рушди истеҳсолоти нави рақобатбардор ва корхонаҳои кӯчак, таъмин кардани муттаҳидкунии онҳо дар ҳудудҳои махсуси дорои инфрасохтори муҳандисию коммуникатсионӣ ва истеҳсолӣ ва дар асоси ин дар соҳаи истеҳсолот созмон додани ҷойҳои нави корӣ беҳтар кардани бошуғлфарогирӣ ва некӯҳолии аҳолӣ:

1. Ба таклифи Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат, ҳокимияти вилояти Бухоро бобати дар вилояти Бухоро ташкил кардани минтақаҳои кӯчаки саноатӣ (минбаъд МКС) дар пойгоҳи майдонҳои истифоданашавандаи истеҳсолӣ ва иншооти моликияти давлативу ҷамъиятҳои хоҷагидории давлатӣ бино бар номгӯйи замимаи №1 ризоият дода шавад.
2. Ба Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат супурда шавад, ки якҷо бо мақомоти манфиатдори давлатӣ ва идораҳои хоҷагидорӣ дар муҳлати як моҳ мувофиқи тартиби муқарраршуда ба ҳокимияти вилояти Бухоро додани майдонҳои дахлдори холии истеҳсолӣ ва иншооти моликияти давлатӣ, ҳамчунин дар ҷамъомадҳои мақомоти идораи ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ бо саҳмияи давлатӣ ба роҳ мондани баррасии масъалаҳои ба ҳокимияти вилояти Бухоро додани майдонҳои холии истеҳсолӣ ва иншоот мувофиқи замимаи №1-уми қарори мазкур, бо кам кардани дахлдории саҳми давлат ва саҳмияҳои мақомоти идораҳои давлатӣ дар бунёдҳои оинномавии онҳо ба маблағи боқимонда (баланс)-и арзиши активҳои супоридашаванда таъмин карда шавад.
3. Муқаррар карда шавад, ки:
моликияти ғайриманқули давлатӣ, ки дар ҳудудҳои МКС-ҳо ҷойгиранд, ба субъектҳои соҳибкорӣ ба иҷораи дарозмуҳлат ба муҳлати 10 сол бо минбаъд додани ҳуқуқи моликият дар мавриди иҷро кардани нақшаҳои тиҷоратӣ, ташкил кардан ва нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ, пардохти саривақтии тамоми андоз ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ пешниҳод карда мешаванд;
барои истифодаи моликияти ғайриманқули давлатӣ, ки дар ҳудудҳои МКС-ҳо ҷойгиранд, дар давраи иҷораи он ставкаи камтарини пардохти андоз бо назардошти шакли фаъолият, ки дар майдонҳои иҷорагирифташуда татбиқ мешаванд, бидуни корбурди коэффисентҳои афзоянда муқаррар карда мешавад;
қабул кардани қарорҳо дар бораи пешниҳоди қитъаҳои замин ба иштирокдорони МКС-ҳо барои  татбиқ намудани лоиҳаҳои сармоявӣ аз ҷониби шӯрои маъмурии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатии вилояти Бухоро, ки мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25 октябри соли 2017 №ҚП-3356 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатӣ» амалӣ карда мешавад.
4. Ба шӯрои маъмурии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатии вилояти Бухоро супурда шавад, ки дар зарфи як моҳ:
дар бораи ташкил кардани фаъолияти МКС-ҳое, ки дар замимаи №1-уми қарори мазкур нишон дода шудаанд, қарор қабул кунад;
дар шакли корхонаи муттаҳиди давлатӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои ҳокимияти вилояти Бухоро таъмин карда мешавад, маъмурияти ягонаи МКС созмон дода шавад.
5. Муайян карда шавад, ки барои маъмурият ва иштирокдорони МКС ба муҳлати то 1 ноябри соли 2020 талабот бино бар супурдани пардохти ягонаи андоз на камтар аз миқдори камтарини муқарраршуда – миқдори секаратаи андози замин, ки бо назардошти майдонҳои ишғолкардаи онҳо аз ҷониби қонунгузорӣ пешбинӣ шудааст, татбиқ карда намешавад.
6. Рӯйхати нишонадори кор бобати барқарор кардани инфрасохтори муҳандисиву коммуникатсионӣ ва истеҳсолии минтақаҳои кӯчаки саноатии вилояти Бухоро ва корхонаи муттаҳиди давлатии «Бухоротехнопарк» мувофиқи замимаи № 2 тасдиқ карда шавад.
Ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки бо ҳисобу китобҳои асосноки шӯрои маъмурии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатии  вилояти Бухоро аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои иҷрои корҳо бобати барқарор кардани инфрасохтори муҳандисиву коммуникатсионии МКС-ҳо ва корхонаи муттаҳиди давлатии «Бухоротехнопарк» то ҳудуди тақсимот мувофиқи замимаи № 2-юми қарори мазкур маблағ ҷудо кунад.
Ба Вазорати хидмати манзиливу коммуналии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба роҳҳои автомобилгард, Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекэнерго», Ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзтрансгаз», ҳокимияти вилояти Бухоро супурда шавад, ки дар муҳлати як моҳ ҷадвали шабакавии иҷрои корҳо бобати барқарор кардани инфрасохтори муҳандисиву коммуникатсионӣ ва истеҳсолии МКС-ҳо ва корхонаи муттаҳиди давлатии «Бухоротехнопарк»-ро мувофиқи замимаи №2-юми қарори мазкур тасдиқ кунад ва иҷрои бечунучарои онҳоро таъмин намояд.
7. Ба шӯрои маъмурии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва минтақаҳои кӯчаки саноатии вилояти Бухоро супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо ва Палатаи савдову саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
дар зарфи ду моҳ таклифи мушаххас – «харитаи амалиёт»-ро бинобар дар ҳудудҳои МКС-ҳо ҷойгир кардани истеҳсолоти оид ба истеҳсоли маҳсулоти тайёри воридотӣ ва содиротӣ, матолиб ва маҳсулоти маҷмӯиро бо назардошти талаботи иқтисодиёти вилояти Бухоро, ҳамчунин захираҳои мавҷудаи минераливу ашёвӣ, кишоварзӣ ва инфрасохториро тасдиқ кунад;
дар бораи хелҳои маҳсулоти тайёри воридотӣ ва содиротӣ, матолиб ва маснуоти маҷмӯие, ки барои дар ҳудуди МКС-ҳо азхуд кардан пешниҳод мешаванд,  ба субъектҳои соҳибкорӣ маълумот расонад;
ҷалби субъектҳои соҳибкориро барои дар ҳудудҳои МКС-ҳо татбиқ намудани лоиҳаҳо, баргузор кардани кори мунтазамро бо онҳо, ҳамчунин баррасии босифат ва саривақтии аризаҳои сармоявиро барои дар ҳудудҳои МКС-ҳо ҷойгузин кардани истеҳсолот таъмин намояд;
ба субъектҳои соҳибкорӣ дар коркарди нақшаҳои тиҷоратии лоиҳаҳои сармоявӣ бино бар дар ҳудуди МКС-ҳо ба роҳ мондани истеҳсолот кӯмак расонад.
Дар бораи натиҷабахшӣ ва самаранокии чораҳои андешидашуда то 15 ноябри соли 2018 ва то 15 январи соли 2019 ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумот пешкаш кунад.
8. Ба Кумитаи давлатии оид ба сармояҳо, Кумитаи давлатии оид ба кӯмакрасонӣ ба корхонаҳои хусусигардонидашуда ва рушди рақобат ва Вазорати иқтисодиёт супурда шавад, ки  дар муҳлати се моҳ ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба вусъат додани ваколатҳо ва пурзӯр кардани масъулияти маъмурият оид ба идораи минтақаҳои кӯчаки саноатии назди Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ба мақсади баланд бардоштани натиҷанокии лоиҳаҳои дар ҳудуди МКС-ҳо татбиқшуда таклиф пешниҳод кунад.
9. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – раиси раёсати ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекистон темир йӯллари» А.Ҷ.Раматов, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – раиси Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба сармояҳо С.Р.Холмуродов, вазири иқтисодиёти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.А.Хӯҷаев ва ҳокими вилояти Бухоро У. И. Барноев гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
11 октябри соли 2018.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: