ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ РАСОНИДАНИ КӮМАКИ МОДДӢ БА ОИЛАҲОИ КАМДАРОМАД ВА МИНБАЪД ВАСЕЪ ГАРДОНДАНИ МИҚЁСИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КАМБИЗОАТӢ

Бо мақсади равона кардани низоми пардохти кӯмакпулиҳо барои рушди нерӯи кӯдакон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи баланд бардоштани самаранокии низоми дастгирии оилаҳое, ки кӯдаконро тарбия мекунанд, пурзӯр гардондани таъминоти моддии оилаҳои ниёзманд ба ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирӣ, ҷорӣ кардани стандартҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва механизмҳои автоматикунонидашудаи шаффофи электронии арзёбӣ ҳангоми муайян кардани оилаҳои ниёзманд:

Бо мақсади равона кардани низоми пардохти кӯмакпулиҳо барои рушди нерӯи кӯдакон ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи баланд бардоштани самаранокии низоми дастгирии оилаҳое, ки кӯдаконро тарбия мекунанд, пурзӯр гардондани таъминоти моддии оилаҳои ниёзманд ба ҳифзи иҷтимоӣ ва дастгирӣ, ҷорӣ кардани стандартҳои эътирофшудаи байналмилалӣ ва механизмҳои автоматикунонидашудаи шаффофи электронии арзёбӣ ҳангоми муайян кардани оилаҳои ниёзманд:
1. Тартибе ҷорӣ карда шавад, ки тибқи он аз 1 сентябри соли 2021:
а) кӯмакпулӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоат (минбаъд — кӯмакпулӣ барои кӯдакон) ба ҷойи кӯмакпулӣ ба оилаҳои кӯдакони то 14-сола дошта ва кӯмакпулӣ барои нигоҳубини кӯдак то расидан ба ду солагӣ ҷорӣ карда мешавад. Ҳамзамон, ҳангоми таъин кардани кӯмакпулӣ барои кӯдакон:
синну соли ба назар гирифташавандаи кӯдакон аз 14 то 18-сола зиёд карда мешавад;
мӯҳлати пардохт аз 6 моҳ то 12 моҳ зиёд карда мешавад;
тартиби муайян кардани андозаи он бо назардошти шумораи кӯдакон дар оила татбиқ карда мешавад;
б) кӯмаки моддӣ ба шаҳрвандони танҳо, оилаҳои бефарзанд ё оилаҳои камбизоат, ки фарзандонашон аз 18 боло аст, таъин карда мешавад.
2. Аз 1 сентябри соли 2021 ҳаҷми зерини кӯмакпулӣ барои кӯдакон ва пардохти кӯмаки моддӣ ба оилаҳои камбизоат муқаррар карда шавад:
а) миқдори ҳармоҳаи кӯмакпулӣ барои кӯдакон:
250 000 сӯм — барои як кӯдаки аз 3 то 18-сола, 325 000 сӯм — барои як кӯдаки хурдтарини то 3-сола;
150 000 сӯм — ба таври илова барои фарзанди дуюми оила;
100 000 сӯм — ба кӯдаки сеюм ва ҳар як кӯдаки минбаъдаи оила;
б) миқдори ҳармоҳаи кӯмаки моддӣ барои оилаҳои камбизоат — 380 000 сӯм.
Ҳамзамон, то ба охир расидани мӯҳлати пардохти кӯмакпулӣ барои оилаҳои кӯдакони то 14-сола дошта, кӯмакпулӣ барои нигоҳубини кӯдак то ду солагӣ ва ёрии моддӣ ба оилаҳои камбизоат, ки то 1 сентябри соли 2021 таъин карда шудаанд, ҳаҷм ва мӯҳлати пардохти кӯмакпулиҳои намуди мазкур ва кӯмаки моддӣ нигоҳ дошта мешаванд.
3. Вазорати молия ҷиҳати маблағгузории ин чорабиниҳо дар соли 2021 бо дарназардошти ба ҳисоби миёнаи ба 20 фоиз зиёд шудани шумораи оилаҳои камбизоате, ки то охири соли 2021 кӯмакпулии бачагона  ва ёрии моддӣ мегиранд, аз буҷет маблағҳои иловагӣ ҷудо кунад, инчунин хароҷоти марбут ба иҷрои Фармони мазкурро ҳангоми ташаккул додани параметрҳои Буҷети давлатӣ барои соли 2022 пешбинӣ намояд.
4. Тартибе муқаррар карда шавад, ки тибқи он аз 1 октябри соли 2021 маълумот дар бораи оилаҳо ва ашхоси камбизоат эътирофшуда  тавассути системаи иттилоотии «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ» ба вазорату идораҳои манфиатдор ба воситаи платформаи интегратсионии байниидоравии системаи «Ҳукумати электронӣ» тақдим карда шавад.
Вазорати молия (Т. Ишметов) якҷоя бо Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия ( Ш. Содиқов) пешниҳоди маълумотро дар бораи оилаҳо ва шахсони камтаъмин эътирофшуда  ба вазорату идораҳо тавассути платформаи ҳамгироии байниидоравии системаи «Ҳукумати электронӣ» ба пойгоҳи маълумотҳои низоми «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ», инчунин самарабахш амалӣ намудани мубодилаи маълумот таъмин намоянд. 
5. Вазорати молия (Т. Ишметов) якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ (И. Норқулов), Вазорати дастгирии маҳалла ва оила (Р. Маматов), Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ (Н. Хусанов) то 20 августи соли 2021 лоиҳаи қарорҳои ҳукуматро, ки тартиби зеринро пешбинӣ мекунанд, ба Девони Вазирон тақдим намояд:
таъин кардан ва пардохти ёрдампулӣ ба оилаҳои камбизоати фарзанддор, инчунин кӯмаки моддӣ ба оилаҳои камбизоат;
ҳисоб кардани арзиши хароҷоти ҳадди ақалли истеъмолӣ.
6. Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисодӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Агентии ахбор ва коммуникатсияҳои оммавӣ корҳоро оид ба васеъ равшан намудани мақсад ва вазифаи Фармони мазкур ва натиҷаҳое, ки аз онҳо ҳосил мешаванд, дар воситаҳои ахбори оммавӣ, шабакаи Интернет ташкил намоянд. 
7. Ба баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замимаи №1 тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд.
8. Баъзе ҳуҷҷатҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон тибқи замимаи № 2 беэътибор дониста шаванд.
9. Вазорати молия дар давоми як моҳ ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, ки аз ин Фармон бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд.
10. Ба зиммаи вазири молия Т.А. Ишметов ва муовини аввали вазири рушди иқтисод ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ И.И. Норқулов масъулияти шахсӣ барои ташкили самараноки иҷрои Фармони мазкур гузошта шавад.
Баррасии рафти иҷрои Фармон, амалӣ намудани мутобиқат ва назорати фаъолияти ташкилот-иҷрогарони масъул ба зиммаи ҷонишини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ж.А. Қӯчқоров гузошта шавад.
Дар бораи самарабахшии чорабиниҳои татбиқшаванда Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон то 1 ноябри соли 2021 ва то 1 апрели соли 2022 хабардор карда шавад. 

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД,
11 августи соли 2021

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: