ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ РУШДИ МИНБАЪДАИ ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ ВА ТАКОМУЛИ СИЁСАТИ ЗАБОН ДАР МАМЛАКАТ

Бо мақсади ба таври куллӣ баланд бардоштани нуфузи забони ӯзбекӣ дар ҳаёти ҷамъиятии халқамон ва дар арсаи байналмилалӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ, садоқат ба анъана ва арзишҳои миллӣ, татбиқи пурраи забони давлатӣ дар кишвар, ҳифз ва рушди забонҳои миллатҳо ва халқиятҳои маскуни Ӯзбекистон, фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забони ӯзбекӣ ба ҳайси забони давлатӣ, муайян кардани ҳадафҳои стратегӣ, самтҳо ва вазифаҳои афзалиятнок, марҳилаҳои умедбахши рушди забони ӯзбекӣ ва сиёс

Бо мақсади ба таври куллӣ баланд бардоштани нуфузи забони ӯзбекӣ дар ҳаёти ҷамъиятии халқамон ва дар арсаи байналмилалӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ, садоқат ба анъана ва арзишҳои миллӣ, татбиқи пурраи забони давлатӣ дар кишвар, ҳифз ва рушди забонҳои миллатҳо ва халқиятҳои маскуни Ӯзбекистон, фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забони ӯзбекӣ ба ҳайси забони давлатӣ, муайян кардани ҳадафҳои стратегӣ, самтҳо ва вазифаҳои афзалиятнок, марҳилаҳои умедбахши рушди забони ӯзбекӣ ва сиёсати забон, инчунин тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21 октябри соли 2019 № ФП-5850 «Дар бораи чораҳо оид ба куллан баланд бардоштани нақш ва нуфузи забони ӯзбекӣ ба сифати забони давлатӣ»:
1. Инҳо тасдиқ карда шаванд:
а) Консепсияи рушди забони ӯзбекӣ ва такомули сиёсати забон дар солҳои 2020-2030 (минбаъд – Консепсия) мутобиқи замимаи №1 ва дар он инҳо ба назар гирифта шаванд:
ноил шудан ба истифодаи пурра ва дурусти имкониятҳои забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар;
такмили минбаъдаи системаи таълими забони давлатӣ дар ташкилотҳои таълимӣ, баланд бардоштани нуфузи он ҳамчун забони илм;
нигоҳ доштани тозагии забони давлатӣ ва ғанӣ гардонидани он, баланд бардоштани маданияти нутқи аҳолӣ;
таъмини ҳамгироии фаъоли забони давлатӣ бо технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
баланд бардоштани нақш ва нуфузи забони давлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт;
фароҳам овардани имкониятҳои васеъ ва баробар барои рушди забонҳои ҳамаи миллат ва миллиятҳои сокини қаламрави кишвари мо, инчунин шароити мусоид барои омӯзиши забони давлатӣ барои онҳо;
б) Барномаи дар солҳои 2020-2022 татбиқ намудани Консепсияи рушди забони ӯзбекӣ ва такмили сиёсати забон дар солҳои 2020-2030 (минбаъд – Барнома) мутобиқи замимаи № 2;
в) Самтҳои асосии рушди забони ӯзбекӣ ва такмили сиёсати забон дар солҳои 2020-2030 (минбаъд – Самтҳои асосӣ) мутобиқи замимаи № 3.
2. Муайян карда шавад, ки Самтҳои асосӣ инҳоро пешбинӣ мекунад:
а) дар соҳаи такмили минбаъдаи низоми таълими забони давлатӣ дар ташкилотҳои таълимӣ, баланд бардоштани нуфузи он ҳамчун забони илм:
то соли 2025 то 72 фоиз, то соли 2030 - то 80 фоиз расондани фарогирии гурӯҳҳои ӯзбекзабон дар системаи таълими давлатии томактабӣ аз ҳисоби васеъ кардани ҳудуди ташкилотҳои мавҷудаи таълимии томактабӣ, инчунин муассисаҳои нави сохташаванда;
то соли 2030 аз 84 соат ба 110 соат дар як ҳафта афзоиш додани ҳаҷми таълими фанни «Забони ӯзбекӣ» дар барномаҳои асосии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки барои соли таҳсил тартиб дода шудаанд;
шумораи кафедраҳои забони ӯзбекӣ дар донишгоҳҳои олӣ то соли 2025 ба 120, то соли 2030 ба 140 расонида шавад;
б) дар соҳаи ҳифзи тозагии забони давлатӣ ва ғанӣ гардондани он, баланд бардоштани маданияти нутқи аҳолӣ:
афзоиши тадриҷии нашри ҷилдҳои «Энсиклопедияи миллии Ӯзбекистон» бо алифбои ӯзбекӣ, ки бо хати лотинӣ асос ёфтааст;
дар соли 2020 офаридани 15 луғатҳои лингвистӣ, махсуси соҳавии истилоҳӣ ва тавзеҳотӣ, ки захираи луғавии забони ӯзбекиро ғанӣ мегардонанд;
ҷорӣ намудани системаи таълими дикторон ва барандагони телерадиоканалҳо дар курсҳои бозомӯзӣ, ки ба баланд бардоштани маданияти  наттоқӣ бо забони адабии ӯзбек мусоидат намуда, фарогирии онҳоро то соли 2030 ба 100 фоиз мерасонанд;
в) дар соҳаи таъмини ҳамгироии фаъоли забони давлатӣ бо технологияҳои муосири иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ:
то соли 2025 таҳия намудани намунаҳои электронии ҳуҷҷатҳои соҳавӣ оид ба коргузорӣ бо забони давлатӣ, инчунин 14 барномаи онлайн барои истифодаи онҳо бо то соли 2030 ба 25 расондани нишондиҳандаҳои мазкур;
ташкили замимаҳои маҳсулоти барномавӣ ва барномаҳои луғатҳои электронӣ ба забони ӯзбекӣ;
ташкили барномаҳои таълими забони ӯзбекӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ;
г) дар соҳаи баланд бардоштани нақш ва нуфузи забони давлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт:
то соли 2030 аз 17 то 60 адад расондани шумораи марказҳои таълими забони ӯзбекӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷии мавҷуда;
то соли 2025 ба 30, то соли 2030 ба 40 расондани шумораи клубҳои «Дӯстони забони ӯзбекӣ»;
таъмини курсҳои забони ӯзбекӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ бо адабиёти зарурии илмӣ, таълимию методӣ ва бадеӣ, афзоиши шумораи тадқиқоти илмӣ оид ба таълими забони ӯзбекӣ.
3. Девони Вазирон (А.Н. Арипов) бо мақсади таъмин намудани гузариши пурра ба алифбои ӯзбекӣ, ки  дар асоси хати лотинӣ асос ёфтааст, дар муддати се моҳ гурӯҳи корӣ таъсис дода, «Харитаи роҳ»-ро таҳия ва ба Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешниҳод намояд, ки дар он тадбирҳои мушаххас, инчунин манбаъҳо ва ҳаҷми маблағгузории онҳо пешбинӣ шудааст.
4. Муқаррар карда шавад, ки:
аз 1 апрели соли 2021 дар асоси низоми миллии тестии баҳодиҳии дониши забон ва адабиёти ӯзбек сатҳи ҳайати роҳбарикунанда дар коргузории расмӣ бо забони давлатӣ муайян карда мешавад, шаҳодатномаҳои сатҳи донистани забони давлатӣ ба шахсоне, ки ба вазифаҳои масъул таъин карда мешаванд, ҷорӣ карда мешаванд;
дар Маркази омӯзиши асосҳои коргузорӣ бо забони давлатӣ ва такмили ихтисоси назди Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбеки Тошканд ба номи Алишер Навоӣ, курсҳои кӯтоҳмуддат (то 1-2 моҳ) ба таври доимӣ аз рӯи меъёрҳои забони адабии ӯзбек ва коргузорӣ бо забони давлатӣ ташкил карда мешаванд.
Маркази давлатии тестӣ, Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муддати се моҳ ба Девони Вазирон лоиҳаи қарори ҳукуматро ба мақсади татбиқи чорабиниҳои дар сархати дуюми ин банд пешбинишуда пешниҳод кунанд.
5. Академияи илмҳо якҷоя бо Вазорати рушди инноватсионӣ, Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ, Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус, вазорату идораҳои манфиатдор дар асоси луғатҳои мавҷуда ба забони ӯзбекӣ барои фароҳам овардани луғатҳои зерин ба ҳамаи намудҳои таҳсилоти муттасил, аз ҷумла:
нашри нави иловагии бисёрҷилдаи «Луғати тафсирии забони ӯзбекӣ» (бо алифбои ӯзбекӣ, дар асоси алифбои кириллӣ ва хатти лотинӣ асос ёфтааст);
«Луғати имлои забони ӯзбекӣ»;
«Луғати муродифҳои забони ӯзбекӣ»;
«Луғати калони тафсирии синонимҳои забони ӯзбекӣ»;
«Луғати калони тафсирии воҳидҳои фразеологии забони ӯзбекӣ»;
«Луғати омонимҳои забони ӯзбекӣ» чораҳо андешад.
Маблағҳои Фонди рушди забони ӯзбекии назди Девони Вазирон барои маблағгузории тадбирҳои дар ин банд пешбинишуда равона карда шаванд.
6. Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус:
самтҳои «Забоншиносии компютерӣ» ва «Филологияи амалӣ»-ро дар самтҳои таълими соҳаи филологияи мактабҳои олӣ офарад;
якҷоя бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Академияи илмҳо фаъолияти марказҳои забони ӯзбекиро дар донишгоҳҳои олии хориҷӣ ба роҳ монад;
барои ташкили корпуси миллии забони ӯзбекӣ дар шакли электронӣ, ки  иттилооти ҳамаи илмӣ, назариявӣ ва амалиро оиди забони ӯзбекӣ фаро мегирад, чораҳо андешад;
ҳамроҳ бо Вазорати таълими халқ, Академияи илмҳо, вазорату идораҳои манфиатдор ҳамасола то 1 декабр ба Девони Вазирон дар бораи корҳои анҷомдодашуда оид ба иҷрои дастурҳои дар Барнома ва Самтҳои асосӣ муайяншуда, дар асоси таҳлили дақиқ маълумот пешниҳод кунад.
7. Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия якҷоя бо:
Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус ва Вазорати рушди инноватсионӣ оид ба таҳияи барномаи компютерии тарҷума аз забони ӯзбекӣ ба забонҳои пешрафтаи ҷаҳон ва аз забонҳои хориҷӣ ба забони ӯзбекӣ аз ҳисоби Фонди рушди забони ӯзбекии назди Девони Вазирон чораҳо андешад;
Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон пахши шабакаҳои телевизионии иттилоотӣ-таҳлилӣ, маънавӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ-гуманитариро дар кишварҳои хориҷӣ бо роҳи ба кор даровардани  платформаи OTT (системаи пахши барномаҳои телевизионӣ тавассути Интернет) -и ширкати телевизион ва радио аз ҳисоби Фонди рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва истифодаи дигар технологияҳои муосири иттилоотӣ таъмин намояд.
8. Пешниҳоди Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон, Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи равобити байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ дар бораи дар канали «O’zbekiston» таъсис додани таҳририятҳои иттилоотию маърифатии «Do’stlik», ки забон, урфу одатҳои ҳамаи миллату халқиятҳои маскуни мамлакатамонро тарғиб карда, дар густариши донишҳои иттилоотӣ-таҳлилӣ, маънавию маърифатӣ,  маданию гуманитарӣ дар мамлакат мусоидат намуда, иттилооти зеҳнӣ ва дигарро бо забонҳои хориҷӣ (забонҳои миллатҳои гуногуни муқими Ӯзбекистон) равшан мекунад, маъқул дониста шавад.
Муайян карда шавад, ки редаксияи барномаҳои иттилоотию маърифатии «Dо’stlik» дар доираи маблағҳои буҷетие, ки ба Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва воҳидҳои мавҷудаи кормандони ташкилотҳои тобеи он ҷудо карда шудааст, таъсис дода мешавад.
Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон бо ҷалби созмонҳои манфиатдор аз 1 январи соли 2021 дар шабакаҳои марказии телевизион пахши мунтазами силсилаи барномаҳои «Эҳтироми забон», «Бо забони модарӣ муошират мекунем», «Маҳорати наттоқӣ», «Забон – оинаи миллат», «Китоб – манбаи дониш», «Ҷавонони бомаърифат – созандаи оянда» ташкил намояд.
9. Манбаъҳои маблағгузории чорабиниҳои пешбининамудаи ин фармон, маблағи буҷаи давлатӣ, Фонди рушди забони ӯзбекии назди Девони Вазирон, Фонди рушди муассисаҳои таҳсилоти олии Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус, маблағҳои ғайрибуҷетии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, хайрияҳои шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, вомҳо (қарзҳо) ва грантҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, кишварҳои хориҷӣ ва дигар донорҳо, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, муайян карда шаванд.
10. Масъулияти шахсӣ ба зиммаи:
Департаменти рушди забони давлатии Девони Вазирон — барои ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба татбиқи Консепсия ва Барнома, инчунин ноил гардидан ба самтҳои асосӣ;
раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар ташкилотҳо – барои иҷрои саривақтӣ, хушсифат ва пурраи чорабиниҳои пешбининамудаи Консепсия, Барнома ва Самтҳои асосӣ.
11. Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муддати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз ин Фармон бармеоянд, тақдим намояд.
12. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н.Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш. Низомиддинов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш.МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
20 октябри соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: