ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ САМАРАБАХШ БА РОҲ МОНДАНИ РАҚАМИКУНОНӢ ДАР СОҲАИ НИГАҲДОРИИ ТАНДУРУСТӢ

Ба мақсади рақамикунонии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва ҷорӣ намудани маҷмӯи ягонаи низоми иттилоот, коҳиш додани тартиботи изофавӣ дар ҷараёни идоракунӣ, баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ, таъмин сохтани кори самарабахши ходимони тиббӣ, ҳамчунин пурра татбиқ кардани барномаҳои трансформатсияи рақамӣ, ки дар самти мазкур қабул шудаанд:

Ба мақсади рақамикунонии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва ҷорӣ намудани маҷмӯи ягонаи низоми иттилоот, коҳиш додани тартиботи изофавӣ дар ҷараёни идоракунӣ, баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ ба аҳолӣ, таъмин сохтани кори самарабахши ходимони тиббӣ, ҳамчунин пурра татбиқ кардани барномаҳои трансформатсияи рақамӣ, ки дар самти мазкур қабул шудаанд:
1. Таклифи Вазорати нигаҳдории тандурустӣ дар бораи бо ҳаммуассисаи Вазорати нигаҳдории тандурустӣ созмон додани ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «IT-Med» (минбаъд – ҶММ «IT-Med») дар пойгоҳи корхонаи муттаҳиди давлатии «Маркази рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» маъқул дониста шавад.
Муайян карда шавад, ки ҶММ «IT-Med» оид ба ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва шартномаҳо, аз ҷумла муоҳидаҳои байналхалқӣ ҷойгузини корхонаи муттаҳиди давлатии «Маркази рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ» ба шумор меравад.
2. Вазифаҳои зерини иловагӣ ба зиммаи ҶММ «IT-Med» гузошта шаванд:
умумикунонӣ, навсозӣ, стандартикунонӣ ва автоматикунонии ҷараёнҳо дар низоми нигаҳдории тандурустӣ ва ташкилотҳо;
коркарди параметрҳои техникиву иқтисодӣ, консепсияҳо, ҳамчунин дигар ҳуҷҷатҳои лоиҳавиву пешазлоиҳавии лоиҳаҳо, ки дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ барои рушди низоми иттилоотӣ татбиқ мешаванд ва аз ҳисоби маблағи созмонҳои байналхалқии молиявӣ таъмин мегарданд;
ҷорӣ кардани сиёсат ва меъёрҳои технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияҳо дар соҳаи тиббиёт ва дорусозӣ;
ҷорӣ кардан ва ба кор гузоштани маҷмӯи ягонаи низоми иттилоотии «Нигаҳдории тандурустии электронӣ», ҳамчунин таъмин сохтани қаробати онҳо бо низомҳои иттилоотии мақомоти дигари давлатӣ;
рушди ҷараёнҳои тиҷоратӣ ва IT-реинжиниринг дар низоми нигаҳдории тандурустӣ ва ба амалиёт ҷорӣ намудани таҷрибаи байналхалқӣ дар самти мазкур;
ҷалб кардани сармоягузорон, шарикони тиҷоратӣ ва хидмати аутсорсинг барои иҷрои вазифаҳои пешгузошташуда;
ҷорӣ намудани платформаи ягонаи низоми иттилоотии нигаҳдории тандурустӣ (минбаъд – Платформаи ягона), ки низоми иттилоотӣ ва маҳсулоти барномавиеро, ки ба мақсади вусъат додани миқёси рақамикунонии соҳаи тиббиёт ҷорӣ карда мешаванд, дарбар мегирад.
Дар ин маврид ба маълумот гирифта шавад, ки ҶММ «IT-Med» масъалаҳои хоҷагидорӣ ва маблағгузориро мустақилона ҳаллу фасл менамояд.
3. Инҳо манбаъҳои асосии бо маблағ таъмин кардани фаъолияти ҶММ «IT-Med» муайян карда шаванд:
маблағҳое, ки аз ҷорӣ кардани низомҳои нави иттилоотӣ, ҳамчунин аз хидматрасонии ба корхона, муассиса ва ташкилотҳо мерасанд;
маблағҳои сармоягузорон, ки ба бунёди оиномавии ҶММ «IT-Med» дар тартиби муқарраршуда ворид карда мешаванд;
грантҳои идора ва ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ;
маблағҳои кӯмаки беподоши хориҷӣ (грантҳо, кӯмакҳои техникӣ ва ғайра);
хайрияҳои шахсони ҳуқуқӣ ва ҷисмонӣ, аз ҷумла ғайрирезидентҳо;
манбаъҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
4. Ба ҶММ «IT-Med» иҷозат дода шавад, ки:
вазифаҳои созмон ва инкишоф додан, ҷорӣ кардан, идома додан ва хидматрасонии низомҳои иттилоотӣ ва пойгоҳи маълумотҳоро дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар пояи муоҳидаҳои бевосита бо ташкилотҳои дахлдор иҷро кунад;
ҷамоаи муваққатии меҳнатиро, ки дар пояи шартномавӣ барои татбиқ сохтани лоиҳаҳои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ бо ҷалби мутахассисони соҳибтахассус бо маблағ таъмин карда мешавад, ташаккул диҳад;
мутахассисони соҳибтахассус, аз ҷумла мутахассисони хориҷиро ба сифати мушовир дар пояи муоҳидаҳои бевосита дар доираи иҷрои вазифаҳои гузошташуда ҷалб намояд.
5. Муқаррар карда шавад, ки:
аз 1 январи соли 2024 тамоми ташкилотҳои тиббӣ ва дорусозии ҷумҳурӣ, аз ҷумла дорухонаҳо, зина ба зина ҳатман ба Платформаи ягона васл карда мешаванд;
коркард ва ҷорӣ намудани низомҳои иттилоотӣ, захираҳо ва маҳсулоти дигари барномавии соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ҳатман бо ризоияти ҶММ «IT-Med» татбиқ карда мешаванд.
6. Ба муовини вазири нигаҳдории тандурустӣ А.А.Азизов супурда шавад, ки:
сари вақт, пурра ва босифат ҷорӣ кардани Платформаи ягонаро дар низоми нигаҳдории тандурустӣ ташкил кунад, лоиҳаҳоеро, ки бо вазорат, идора ва ташкилотҳои масъул татбиқ мешаванд, ба роҳ монад, ба ҳолати иҷрои корҳо баҳо диҳад, ҳамчунин ҳисоботи роҳбарон ва муовинони онҳоро дар низоми нигаҳдории тандурустӣ ва ғайра мунтазам шунавад;
сармоягузоронро ба низоми рақамикунонии Вазорати нигаҳдории тандурустӣ ҷалб намояд;
дар муҳлати то 1 январи соли 2023 барномаҳои махсус ва замимаҳои мобилиеро кор карда барояд ва ба роҳ монад, ки ба аҳолӣ ва истифодабарандагон имкон медиҳанд хидматҳои интерактивии тиббиро  бигиранд.
Иҷрои пурра ва босифати вазифаҳое, ки дар боби мазкур пешбинӣ гардидаанд, аз ҷиҳатҳои асосии самаранокии фаъолият (KPI)-и муовини вазири нигаҳдории тандурустӣ А. А. Азизов муайян карда шавад.
7. ҶММ «IT-Med» дар нишонии: шаҳри Тошканд, ноҳияи Шайхонтаҳур, кӯчаи Навоӣ, хонаи 4 бо ҳуқуқи истифодаи ройгон ҷойгузин карда шавад.
8. Ба баъзе қарорҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мувофиқи замима тағйирот ворид карда шавад.
9. Ба Вазорати нигаҳдории тандурустӣ супурда шавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муҳлати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи тағйирот ва иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз қарори мазкур бармеоянд, таклиф пешниҳод намояд.
10. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.А.Абдувахитов ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Б.А.Мусаев гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш.МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
23 феврали соли 2021.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: