ДАР БОРАИ ЧОРАҲОИ ТАЪХИРНОПАЗИРИ ДАСТГИРИИ СОҲАИ САЙЁҲӢ БАРОИ КОҲИШ ДОДАНИ ТАЪСИРИ МАНФИИ ПАНДЕМИЯИ КОРОНАВИРУС

Бо мақсади дастгирии соҳаи сайёҳӣ ва ба он алоқаманд, ки бештар аз пандемияи коронавирус зарар дидаанд ва таъсири манфӣ мебинанд, нигоҳ доштани садҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ва мутахассисони баландихтисос, нигоҳдории даромади онҳо, инчунин барқарорсозии босуръати туризм ба андозаи беҳ шудани ҳолати санитарию эпидемиологии кишвар:

Бо мақсади дастгирии соҳаи сайёҳӣ ва ба он алоқаманд, ки бештар аз пандемияи коронавирус зарар дидаанд ва таъсири манфӣ мебинанд, нигоҳ доштани садҳо ҳазор ҷойҳои корӣ ва мутахассисони баландихтисос, нигоҳдории даромади онҳо, инчунин барқарорсозии босуръати туризм ба андозаи беҳ шудани  ҳолати санитарию эпидемиологии кишвар:
1. Бо пешниҳодоти зерини Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ доир ба таҳияи Барномаи чорабиниҳо оид ба пешгирии воридот ва паҳншавии намуди нави коронавирус ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва субъектҳои соҳаи сайёҳӣ розигӣ дода шавад:
аз 1 июни соли 2020 дар минтақаҳои тоифаи «сабз» ва «зард» дубора ба кор андохтани сайёҳии дохилӣ бо оғози фаъолияти ташкилотҳои марбута (операторони сайёҳӣ, агентиҳои сайёҳӣ, воситаҳои ҷойгиркунӣ, объектҳои фарҳангӣ, мероси фарҳангӣ ва ғайра) бо риояи қатъии меъёрҳои санитарӣ ва гигиенӣ;
аз нав марҳила ба марҳила эҳё намудани туризми дохилӣ бо муайян намудани номгӯйи мамлакатҳое, ки ба шаҳрвандонашон ворид шудан ба Ӯзбекистон рухсат дода мешавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки барои операторони сайёҳӣ, агентиҳои сайёҳӣ, инчунин воситаҳои ҷойгиркунӣ:
дар давраи аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 меъёри андози даромад ба андозаи 50 фоизи меъёрҳои муқарраршуда кам карда мешавад;
ҳуқуқи интиқоли зарар аз рӯйи натиҷаҳои солҳои 2020 ва 2021 бидуни маҳдудияти андозаҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон дода мешавад;
дар давраи то 1 январи соли 2021 ҳисобкунӣ ва пардохти боҷи туристӣ (меҳмонхона) боздошта мешавад.
Ба воситаҳои ҷойгиркунӣ ҳуқуқ барои  таъхири бефоиза  (муҳлатдиҳӣ) пардохти боҷи маҳаллӣ барои ҳуқуқи амалӣ гардондани савдои чаканаи маҳсулоти спиртдор ба муҳлати то 1 январи соли 2021 бо огоҳ намудани хадамоти андози давлатӣ ва пардохти минбаъдаи он бо ҳиссаи баробар  дар давоми 12 моҳ дода шавад.
3. Муайян карда шавад, ки аз ҳисоби Фонди ғайрибуҷавии дастгирии соҳаи сайёҳии назди Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд — Фонд) дастгирии иловагӣ дода мешавад:
а) дар давраи аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 дар шакли пешниҳоди якбораи қарзи мақсадноки бефоиза ба муҳлати 12 моҳ, тибқи меъёрҳои муқарраркардаи Комиссияи ҷумҳуриявии зиддибӯҳронӣ:
туроператорҳо — ба андозаи на зиёда аз се баробари фонди музди миёнаи меҳнат барои соли 2019;
воситаҳои ҷойгиркунӣ  — ба андозаи панҷ баробари андозаи  ҳисобкунии базавии ҳар як кат;
б) тавассути қисман маблағгузорӣ намудани лоиҳаҳои стартапӣ ва тиҷорат-ғояҳои инноватсионӣ дар соҳаи туризм, аз ҷумла барномаҳои иттилоотӣ ва хидматҳо, ки асосан барои фароҳам овардани шароити сайёҳӣ мутобиқи тартиби ташкили фаъолияти Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ба миқдори умумии 1,5 миллиард сӯм нигаронда шудаанд;
в) дар давраи аз 1 июни соли 2020 то 31 декабри соли 2021 бо роҳи ҷудо намудани ГРАНТҲО ба ташаббускорони лоиҳаҳо барои дар минтақаҳои ҷумҳурӣ (ба истиснои шаҳри Тошканд)  ташкил намудани нуқтаҳои махсуси савдои озуқаворӣ, ки барои таомҳои хориҷӣ ё ки самти алоҳида,  инчунин расондани хидмат оид ба расонда додани таом ва озуқаворӣ, инчунин расондани  савғотиҳо ба андозаи 30 фоизи арзиши лоиҳа, вале на зиёда аз 100 миллион сӯм барои ҳар як лоиҳа;
г) дар давраи аз 1 июни соли 2020 то 31 декабри соли 2021 бо роҳи ҷудо кардани грантҳо барои коркард  ва тарғиби маҳсулоти нав ва хатсайрҳо ба гидҳо ба маблағи 5 миллион сӯм, ба туроператорҳо - 10 миллион сӯм.
4. Аз ҷониби давлат кӯмаки зерини иловагӣ расонда шавад:
а) аз ҳисоби Фонди давлатии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ аз ҳисоби субсидияҳо:
дар давраи аз 1 март то 1 июни соли 2020, хароҷоти фоизноки субъектҳои соҳаи сайёҳӣ бинобар  қарзҳои қаблан аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ барои сохтмони воситаҳои ҷойгиркунӣ додашуда;
дар давраи аз 1 июни соли 2020 то 1 январи соли 2022 хароҷоти фоизноки субъектҳои соҳаи сайёҳӣ оид ба қарзҳое, қаблан барои сохтмони воситаҳои ҷойгиркунӣ дар қисми аз меъёри асосии Бонки марказӣ зиёд, вале на зиёд аз банди 10 фоиза дода шудаанд;
хароҷоти фоизноки субъектҳои соҳаи сайёҳӣ аз рӯйи қарзҳое, ки барои мутобиқ гардондан ба талаботи нави меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар қисми аз меъёри асосии Бонки марказӣ зиёд, аммо на зиёд аз банди 10 фоиза дода мешаванд;
дар давраи аз 1 июн то 31 декабри соли 2020 хароҷоти фоизӣ оид ба қарзҳое, ки ба субъектҳои соҳаи  сайёҳӣ барои пурра кардани воситаҳои гардон ба миқдори то 1 миллиард сӯм дар  қисми аз меъёри асосии Бонки марказӣ зиёд, вале на зиёда аз банди 10 фоиза дода мешаванд;
б) дар шакли кӯмаки молиявӣ ба воситаҳои ҷойгиркунӣ ба андозаи 10 фоизи арзиши хизматрасонӣ оид ба ҷойгиркунӣ (хизматрасонии меҳмонхонаҳо) аз 1 июни соли 2020 то 31 декабри соли 2021;
в) аз ҳисоби Фонд барои пардохти субсидияҳои мукофотӣ ба туроператорҳо ва агентиҳои сайёҳӣ - резидентҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба андозаи 15 доллари ИМА  барои ҳар як сайёҳи хориҷии оварда ва хизматрасонда  бо шартҳои будубоши ӯ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон на камтар аз панҷ рӯз, ба истиснои сайёҳони хориҷӣ, ки бо истифодаи парвозҳои чартерии ҷуброншуда мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 13 августи соли 2019 № ФП - 5781 «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон», аз оғози барқароршавии сайёҳии дохилӣ ва то ба 500 ҳазор нафар расидани миқдори умумии сайёҳони хориҷии воридшаванда омадаанд;
г) аз ҳисоби Фонд бо роҳи қисман субсидия кардани хароҷоти ширкатҳои туристӣ дар чиптаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан дар ҳаҷми 30 фоизи арзиши онҳо, ба шарти ташкил кардани сафар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои гурӯҳҳои сайёҳии хориҷӣ на камтар аз 10 нафар ва будубоши онҳо на камтар аз панҷ шаб дар воситаҳои ҷойгиркунӣ  аз оғози аз нав барқароршавии сайёҳии дохилӣ ва  то 31 декабри соли 2020;
д) то 1 июни соли 2021 аз ҳисоби Фонд бо роҳи ҷудо кардани маблағ барои ҷуброни хароҷоти меҳмонхонаҳо оид ба реноватсия, таҷдид, инчунин навсозии пойгоҳи моддию техникии барои гирифтан ё ки  такмил додани тоифаҳо бо шарти минбаъд нигоҳ доштани додани тоифа  дар тӯли 3 сол дар миқдори зерин:
5 миллион сӯм барои ҳар як хонаи меҳмонхонаҳои категорияи 3 ситорадор;
10 миллион сӯм барои ҳар як хонаи меҳмонхонаҳои категорияи 4 ситорадор;
15 миллион сӯм барои ҳар як хонаи меҳмонхонаҳои категорияи 5 ситорадор.
5. Муқаррар карда шавад, ки таълими ҳамаи шунавандагоне, ки барои таҳсил дар соли 2020-ум ба техникумҳо ва коллеҷҳо, ки дар ихтиёри  Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ мебошад, қабул шудаанд, ба таври истисно дар асоси гранти давлатӣ амалӣ гардонда мешаванд.
6. Бо пешниҳодҳои Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ, Кумитаи давлатии андоз ва Бонки марказии  Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи аз 1 октябри соли 2020 ба муҳлати аз 18 то 24 моҳ дароз кардани пардохти қарзи асосӣ аз рӯи қарзҳои қаблан аз бонкҳои тиҷоратӣ барои сохтмони воситаҳои ҷойгиркунӣ додашуда розигӣ дода  шавад.
7. Ба муҳлати то 1 январи соли 2022 шахсони ҳуқуқӣ  аз супурдани пардохтҳои гумрукӣ (ба истиснои боҷҳо барои расмигардонии гумрукӣ ва андози арзиши иловагӣ) барои таҷҳизот, техника, ҷузъҳои он ва қисмҳои эҳтиётии онҳо барои безараргардонӣ, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда мешаванд ва таҷҳизоти (эҳсосӣ) бидуни тамос идорашаванда барои сохтмон, таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии биноҳо ва иншоот, инчунин воситаҳои тамъизкунандаи бе бӯй аз рӯи рӯйхатҳое, ки бо тартиби муқарраршуда ташаккул меёбанд, озод карда шаванд.
8. Вазорати молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон:
аз ҳисоби Фонди зиддибӯҳронии назди Вазорати молия дар муддати як ҳафта ҷудо кардани 20 миллиард сӯмро ба Фонд ҷиҳати татбиқи чорабиниҳои дар ин Фармон пешбинишуда таъмин намояд, инчунин дар ҳолати зарурӣ бо дархости Кумитаи давлатии рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо кардани маблағро барои татбиқи чорабиниҳои дар банди 3 ва 4-уми Фармони мазкур пешбинишуда таъмин намояд;
дар давоми як моҳ ҷудо кардани маблағ аз Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои тайёр кардани мутахассисон дар техникумҳо ва коллеҷҳои соҳаи сайёҳӣ дар соли таҳсили 2020/2021 таъмин карда шавад.
9. Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба рушди сайёҳӣ:
якҷоя бо Вазорати молия омӯзиши самаранокии чораҳои андешидашудаи дастгириро бо дар муҳлати то 15 январи соли 2021-ум доир ба натиҷаҳои он ворид намудани  пешниҳодҳо оид ба татбиқи чораҳои дастгирии давлатӣ дар солҳои минбаъда таъмин намоянд;
якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар муддати ду моҳ ба Девони Вазирон дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, ки аз Фармони мазкур бармеоянд, пешниҳод тақдим намояд.
10. Назорати иҷрои Фармони мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш. Низомиддинов гузошта шавад.
 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон       Ш. МИРЗИЁЕВ

Шаҳри ТОШКАНД, 
28 майи соли 2020.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: